Истифодаи самаранок аз нерӯи коргариву муҳандисии НБО Роғун метавонад ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат намояд.
Расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ки 21-уми январи соли 2022 баргузор гардид, дар бахши таъмини истиқлоли комили энергетикӣ ба кор андохтани иқтидорҳои НБО Роғунро муҳим арзёбӣ кард.
Ба қавли Президент, вазифаи муҳимтарин дар панҷсолаи оянда равона кардани тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳо ба хотири вусъат додани бунёди НБО Роғун мебошад.
НБО Роғун аз 6 агрегати 600 МВт иборат буда, иқтидори лоиҳавиаш ба 3600 МВт баробар мебошад ва бузургтарин аз нерӯгоҳҳои мавҷуда дар Тоҷикистон аст. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол бикунад.
16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якум ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба кор даровард. Ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ, бо чархаҳои муваққатӣ 240 ҳазор КВт/соат барқ истеҳсол карда истодаанд.
Сохтмони НБО Роғун бояд соли 2029 ба анҷом расад ва ҳамаи 6 агрегати он барқ тавлид намояд.
Ҳоло дар сохтмони НБО Роғун 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки сохтмони НБО Роғун ба маркази омода кардани кадрҳои сохтмонӣ табдил ёфтааст. Ҳазорҳо нафар дар ин ҷо тӯли солҳо касбу малакаи корӣ меомӯзанд. Воқеан ҳам, тарбияи як кадри ҳирфаии баландихтисос камаш 10 соли фаъолияти доимиро талаб мекунад. Дар ин ҷо сулолаҳои коргарону муҳандисони ҳирфаӣ аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба камол расидаанд. Ба ёдам ҳамсояамон дар деҳа, акои Аъзам Хоҷаев мерасад. Ӯ дар замони Шӯравӣ беш аз 20 сол ронандаи мошини ЗИЛ-157 буд. Баъди барҳам хӯрдани автобаза бекор монд. Ӯ дар ҷавониаш, баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи касбӣ-техникиро хатм карда, кафшергариро омӯхта буд. Ин касбаш дар замони истиқлол ба ӯ кор дод. Дар НБО Сангтуда-1 ҳамчун кафшергар ба кор даромад. Баъди анҷоми сохтмони мазкур корро дар сохтмони НБО Роғун идома дод ва аз ин ҷо ба нафақа баромада, даврони пирӣ меронад. Ду писари ӯ касби падарро интихоб карданд ва ҳоло аз ин пеша нон мехӯранд ва зиндагии осуда доранд.
Баъди анҷоми сохтмон тақдири коргарону муҳандисони ҳирфаии НБО Роғун чӣ мешавад? Албатта, агар онҳо ба таври мақсаднок ба сохтмони НБО-и дигар ҷалб карда шаванд, бекор намемонанд.
Воқеан ҳам, чунин имконият мавҷуд аст. Баъди анҷоми сохтмони НБО Роғун 12,5 км поёнтар аз он, дар дарёи Вахш сохтмони НБО Шӯроб ба нақша гирифта шудааст. Ба фикри мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони НБО Шӯроб танҳо баъди пурра сохта шудани обанбори НБО Роғун мувофиқи мақсад аст. Зеро оғози бармаҳали сарбанди НБО Шӯроб, метавонад обанборро аз лойиқаи НБО Роғун, ки об меорад, пур бикунад.
Мувофиқи лоиҳа иқтидори НБО-и Шӯроб 862,5 МВт ва истеҳсоли солонаи барқ 3,2 миллиард киловатт-соат хоҳад буд. Баландии тахминии сарбанд 83 метр ва дарозиаш 235 метр дар назар дошта шудааст. Арзиши пешакии сохтмон 1 миллиард доллар тахмин зада мешавад. Барои сохтмони ин иншооти гидротехникӣ тамоми инфрасохтори зарурӣ аз қабили роҳ, кони сангу қум ва ғайра мавҷуданд. Овардани техника ва ҷалби коргарону муҳандисон низ осон аст. Сохтмони биноҳои иловагии истиқоматӣ ҳам зарурат надорад. Ҳамаи иншооти зарурӣ дар шаҳри Роғун сохта шудаанд.
Солҳои 1973-1976 ҳангоми лоиҳакашии техникии НБО Роғун мутахассисон зарурати сохтмони НБО Шӯробро ҳамчун танзимкунандаи ҳаррӯзаи маҳдуд барои НБО-и Роғун пешбинӣ карда буданд. Воқеан ҳам, нерӯгоҳи мазкур баъди сохта шуданаш самаранокии низоми фаъолияти силсиланерӯгоҳҳои барқии дарёи Вахшро таъмин менамояд.
Ба фикри мутахассисон, сохтмони НБО-и Шӯроб таъсири манфии иҷтимоию экологӣ надорад ва дар тараққиёти энергетикаи ҷумҳурӣ нақши калон мебозад.
Иқтидори энергетикии дарёи Вахш баъди сохтмони НБО Роғун ва Шӯроб пурра азхуд карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки НБО Шӯроб нуҳумин ва охирин нерӯгоҳи силсилаи стансияҳо дар дарёи Вахш мебошад. То ҳол нерӯгоҳҳои ин силсила Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2, Сарбанд, Шар-Шара ва Марказӣ солҳои тӯлонӣ бомуваффақият фаъолият доранд.
Ба ғайри ин дар дарёи Зарафшон сохтани 2 НБО ҳар яке бо иқтидори 160 МВт дар назар аст. Ҳангоми сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар соли 2018 дар бораи муштаракан сохтани ин ду НБО ба мувофиқа расида буданд. Албатта, ба сохтмони ин нерӯгоҳҳо низ як қисми коргарону муҳандисони НБО Роғунро ҷалб кардан мумкин аст.
Ҳоло дар Тоҷикистон 11 НБО-и бузург ва ҳудуди 300 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 132 МВт фаъолият доранд. Нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки дар асоси обанборҳо кор мекунанд, дар шароити Тоҷикистон афзалиятнок ва самаранок мебошанд.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум қарор дошта, иқтидори истеҳсоли солонаи нерӯи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мешавад. Вале аз нигоҳи техникӣ захираҳои гидроэнергетикӣ метавонанд солона 317 млрд. кВт/соат истифода гарданд. Ин дар ҳолест, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазири Тоҷикистон то ҳол аз худ нашудааст.
Бояд гуфт, ки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 3 маротиба аз истеъмоли ҳозираи нерӯи барқ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аст. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо Тоҷикистон метавонад минтақаро бо барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд. Истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз бойигарии барқароршаванда маҳсуб шуда, содироти нерӯи барқ ҳамасола метавонад бештар аз талаботи буҷаи кишвар маблағ ворид бикунад.
Иқтидори асосии гидроэнергетикии кишвар дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон ҷойгиранд. Аз ҷумла, иқтидори гидроэнергетикии дарёи Панҷ аз рӯи ҳисоби мутахассисон соле 122,9 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар амал бошад, аз нигоҳи техникӣ ва иқтисодӣ 82 миллиард киловатт-соати он метавонад мавриди истифода қарор бигирад. Ба фикри мутахассисон дар дарёи Панҷ чордаҳ НБО сохтан мумкин аст, ки иқтидори ҳар яки он аз 250 то 4000 МВт мешавад. Аз ҷумла, лоиҳаҳои калонтарини нерӯгоҳҳои барқии обии оянда инҳоянд:
НБО-и Даштиҷум бо иқтидори 4000 МВт,
НБО-и Рӯшон – 3 ҳазор МВт,
НБО-и «Дарвозаи санги хоро» – 2,1 ҳазор МВт,
НБО-и Ҷумар – 2 ҳазор МВт,
НБО-и Ширговад — 1,9 хазор МВт.
Ҳанӯз дар давраи донишҷӯии мо, солҳои 70-уми садаи гузашта, устодон дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо ифтихор мегуфтанд, ки оянда дар дарёи Панҷ бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Даштиҷум сохта мешавад. Нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум лоиҳае аст, ки сохтмонаш дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ шудааст. Тарҳрезии он ҳанӯз солҳои 1960 оғоз ёфта буд. Вале бинобар душвории муносибатҳои СССР ва Афғонистон, суст тараққӣ кардани ноҳияҳои сарҳадӣ, мавҷуд набудани инфрасохтор ва зарурати маблаггузориҳои калон, он амалй нагардид.
Иқтидори НБО Даштиҷум 4000 МВт пешбинӣ шудааст. Баландии сарбанди он 320 метр ва дарозиаш 1075 метр, ҳаҷми обанбор 17,6 километри мукааб обро ташкил медиҳад. Сарбанди обанбор аз сангреза ва гилхок сохта мешавад.
Дар натиҷаи сохтмони обанбори НБО Даштиҷум 14 маҳаллаи аҳолинишину 860 гектар замини аксар нокорами навоҳии Ҳамадонӣ ва Калъаихумби Тоҷикистон ва 13 маҳаллаи аҳолинишину 1110 гектар замини қариб нокорами вилояти Бадахшони Афғонистон зери об мемонад. НБО аз 12 агрегат сохта шуда, он солона 15,6 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол хохад кард.
Арзиши пешакии сохтмони НБО-и Даштиҷум 3 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Агар сохтмони НБО Даштиҷум пас аз анҷоми сохтмони НБО Роғун шурӯъ шавад, метавон аксари коргарону муҳандисони онро ба кор ҷалб намуд.
Соҳтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ имкон медиҳад, ки барқи зиёдатӣ ба кишварҳои хориҷӣ фурӯхта шавад. Соли гузашта Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 миллиарду 439,2 миллион кВт/соат барқ содир намуд. Пешбинӣ шудааст, ки ҷумҳурӣ содироти нерӯи барқро ба хориҷа то соли 2030 ба 10 млрд кВт/соат мерасонад.
Бо назардошти он, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии сокинони Тоҷикистон аз рушди соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, афзоиши тавлиди неруи барқ омили муҳими рушди кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ба истеҳсоли энергияи барқароршаванда таваҷҷуҳи асосӣ равона гардад ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ бояд идома ёбанд. Барои азхуд кардани иқтидори пурраи энергетикаи обии Тоҷикистон камаш 100 соли дигар лозим аст.
Дар ҳамин ҳол аз нерӯи зиёдатии коргарону муҳандисони соҳаи энергетикаи обӣ метавон дар хориҷа низ истифода кард. Ширкатҳои тоҷикистонӣ бо таҷрибаи бои худ метавонанд дар Афғонистони ҳамсоя ва Покистон дар сохтани НБО саҳм гиранд. Ҳоло дар бозори энергетикаи обии Покистон асосан ширкатҳои чинӣ фаъолият доранд. Бозори энергетикаи обии Афғонистон бошад, баъди сари қудрат омадани Ҳукумати толибон ҳоло холӣ аст. Вале кишварҳое ба мисли Хитой, Россия, Эрон, Покистон ва ғайра низ барои ворид шудан ба ин бозор фурсати муносибро интизоранд.
Ба ғайри ин, дар кишварҳои дигари дунё, ки таҷрибаи худии сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обиро надоранд, метавон ширкат кард. Ин ҳама имкон медиҳанд, ки захираҳои меҳнатии Тоҷикистон самаранок истифода шаванд ва он таҷрибаву малакаи касбии мавҷудаи коргарону муҳандисони нерӯгоҳсоз аз насл ба насл бигзарад.
Ҷовид Муқим,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ