“Разбор”-и дохили нақлиёти ҷамъиятӣ зоҳиран аз баҳсноктарин мавзуъҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Ҳафтае нест, ки касе аз сахт ё оҳиста рондан, аз зиёд таваққуф кардану мусофири бисёр гирифтан, дағаливу ҳақорати ё ронанда ва ё пулчинаки нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе шикоят накунад. Солҳост ин кашокаш ҷо дорад ва солҳост, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба танзим намедарояд. Иллат чист? Айб дар мош (мусофир) аст ё дар ош (ронанда)?

Мехоҳам муфассал ва тӯлонитар нависам.

Яке аз имтиёзҳои касби ман (рӯзноманигорӣ) ин сафар кардан ба шаҳру кишварҳои гуногун аст. Бо баҳонаи иштирок дар нишасту конфронсҳо ва барномаҳои омӯзишӣ даҳҳо шаҳри мухталифро дидам ва равнақу тараққии онҳоро бо Душанбе қиёс кардам. Душанбе хубиҳои зиёд дорад ва мутаассифона нохубиҳо ҳам. Яке аз нохубиҳояш ҳамин нақлиёти ҷамъиятиаш аст.

Биёед, нақлиёти ҷамъиятии Душанберо бо нақлиёти ҷамъиятии Алматои Қазоқистон муқоиса кунем. Ман имсол ҳудуди ду моҳ дар Алмато қарор доштам ва пайваста аз автобусҳояш истифода мекардам. Аксари автобусҳои Алмато нав ва покиза ҳастанд. Пардохтҳо ҳам нақдӣ, ҳам тариқи корт ва ҳам онлайнӣ ба роҳ монда шудаанд. Автобусҳо қатъиян дар истгоҳ меистанд ва ҳамин ки мусофирон берун шуданду мусофирони дар истгоҳбуда нишастанд, автобус ҳаракат мекунад. Агар 15-20 қадам дур бошед, лоилоҷ бояд мунтазири автобуси навбатӣ шавед. Борҳо шоҳид шудам, ки мусофирони бечора то дами дари автобус медавиданд ва дар дар пешорӯяшон пӯшида мешуд.

Чӣ қадр бераҳмона, ҳамин тавр не?! Вале назму тартибот ҳамин аст, барои ҷорӣ кардани назму тартиб гоҳо бояд бераҳму бегузашт буд. Дар пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Туркманистон, ки онҷоро надидаам) нақлиёти ҷамъиятӣ назму тартиб дорад.

Акнун ҳолати нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо баррасӣ кунем. Автобусу троллейбусу спринтерҳо ба қавле “дар любой ҷо” меистанд, илло дар истгоҳ. Графикаи муайяни рафтуомад надоранд ва ронандаву пулчинакҳояшон “шоҳу вазиранд”. Сар аз дару тиреза берун кардани пулчинак ва “Корвон”-у “Саховат”, “Садбарг”-у “Қараболо” фарёд кардани онҳо падидаи бад ва нестандарҷаҳон аст, ки Душанберо ба як рустои ақибмонда шабеҳ мекунад.

Дохили як “спринтер” агар 30 мусофир савор бошад, як-ду нафар ғаму андӯҳ дорад, ду-се нафар мушкили молӣ дорад, ду-се каси дигар дар ғами нону об аст, иддаи дигар даргири мушкилиҳои иҷтимоии дигар, касе хобашро нагирифтааст, нафари дигар ба коре/коргоҳе/мулоқоти муҳиме шитоб дорад. Дар чунин вазъият ронанда ё Зафарча ё Бобораҷаб ва ё овозхони номгуми дигарро баланд мондаву парвои одаму олам надорад ва ҳар дам салони спринтерро аз оина нигоҳ мекунад, ки чанд ҷойи рост истодан боқӣ мондааст. Дид ки салон холӣ ё нимахолӣ аст, бо суръати 10 км/дар соат ҳаракат мекунад ва ҳамин ки салон пур шуд, бо суръати 60/70 км/соат. Аҳволи автобусҳо аз спринтер бадтар.

Ду хатсайре, ки камобеш танзим доранд, автобусҳои 3 ва 8 ҳастанд, ки инҳо ҳам “пеш аз светафору баъди светафор, пеш аз гардишу баъди гардиш” меистанду мусофир мегиранду мусофир мефароранд.

Дар чунин шароит бисёре аз мусофирон ҷон ба лаб мерасанд, вале ҷуръат намекунанд, ки садо баланд созанд. Агар касе пайдо шуда эътироз кунад, аз як сӯй ҳамлаву дашноми ронандаву пулчинак, аз сӯйи дигар хомӯшиву бепарвоии мусофирони боқимонда эътирозгарро шармсор ва дар арақ тар мекунад.

Табиист, ки касеро оҳиста рондан, каси дигарро тез рондан ба хашм меорад. Он чизе, ки мусофирон мехоҳанд ва мутаассифона наметавонанд дуруст баён кунанд, назму эътидол аст. Яъне мусофири бечора наметавонад бигӯяд, ки ман эътидол ва назм мехоҳам. Эътидол ин на босуръат ва на оҳиста ҳаракат кардан аст. Назм ин аз меъёр зиёд мусофир нагирифтан, ҳар ҷойи мувофиқу номувофиқ ист накардан, танҳо дар истгоҳҳо истодан ва он ҳам зиёд наистодан аст.

Мақомоти шаҳри Душанбе натавонистанд, ки ин назму эътидолро ҷорӣ кунанд. Ҳаваскорона як замоне рейду санҷиш барпо шуд ва ҳанӯз назму тартиб ҷорӣ ношуда, рейду санҷишҳо ба поён расиданд ва мусофирон монданду ронандаҳои саркашу бетамиз.

Албатта, мусофирон низ дар навбати худ айбдор ҳастанд, ки қоидаҳои одии истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро риоя намекунанд, вале агар ронандаҳо, ки ақалият ҳастанд, ба назму тартиб дароянд, мусофирон низ ба чаҳорчӯба ворид мешаванд.

Ба умеди назму тартиби нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе.

Ёқуб ҲАЛИМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь