Пойтахт оинаи ҳар як давлат маҳсуб ёфта, ҳифзу нигоҳдории дастовардҳои фарҳангиву маърифатии он вазифаи ҷонии истиқоматкунандагонаш ба шумор меравад. Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрелро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Душанбешаҳр таълил менамоянд, ки имсол он ба 16 апрел рост омад. Шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари маҳбуби мо ҳам дар шумори шаҳрҳои дар ҳоли рушду тараққӣ буда, сол то сол биноҳои наву замонавӣ, варзишгоҳҳо, боғҳо, гулгаштҳо ва истгоҳҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи як давлати пешрафта ба истифода дода мешаванд. Бешак, нафаре ки ҳадди ақал 4- 5 сол аз шаҳр дидан накардаву онро ба якборагӣ бубинад, саргум мезанад ва бо дидани биноҳои баландошёнаи бо тарҳи муосир сохта, кӯчаҳову хиёбонҳои гулпӯш, чаманистонҳо ангушти ҳайрат мегазад ва мафтун мегардад. Шаҳрдори кишвар Рустами Эмомалӣ тайи солҳои охир барои тамошобобу ҳарчи бештар зебову дилоро гаштани пойтахти мамлакат кӯшишу талошҳои зиёд намуданд, ки мо самараи онро имрӯз мебинем. Сокини пойтахт будан хуб асту ҳам ифтихор, вале масъулияташ ҳам, кам нест. Як сокини маъдании пойтахт будану ба муҳити он мутобиқ шудан барои ҳар навомада, дасти аввал, ҳам мушкил аст ва ҳам таваҷҷуҳу зиракиро талаб мекунад. Сараввал, аз маромномаи пойтахт бояд огоҳ буд. Ёд дорам, ки соли аввали донишҷӯӣ роҳбари гурӯҳамон ба мо супориш доданд, ки дар фалон минтақаи шаҳр дар таблуи калон маромномаи сокини пойтахт насб аст, ҳатман онро хонед ва дар дарси дигар аз шумо хоҳам пурсид. Аз ҳамон вақт шаҳрӣ буданро гӯё омӯхта, ҳар як нуқтаи маромномаро ҳини сар задани бемасъулиятие аз ҷониби ҳамсабақон ёдовар мешудем.
Душанбеи мудерн аз Душанбеи солҳои навадум аз замин то осмон фарқ дорад. Аз он, ки зодаи замони Истиқлолем ва солҳои фавқуззикрро надидаем, вале аз нақли бузургсолон маълум мегардад, ки шаҳр зинаҳои рушдро, аллакай, тай дораду хеле ҳам тамошобоб гаштааст.
Ба суоли мо тафовути Душанбеи солҳои навадум аз Душанбеи имрӯз ва фарҳанги шаҳрнишинии аҳолии он бо солҳои қабл чӣ гуна аст муаллима Мушаррафа Ҷӯраева зодаи шаҳри Душанбе, мудири кафедраи услубшиносии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин посух дод: “Шаҳри Душанбе нисбат ба солҳои қабл бамаротиб рушд кардааст, бунёди ин ҳама биноҳои зебову барҳаво ва боғу гулгаштҳо, ки назирашон дар дунё кам аст, онро дилработар намудаанд. Симои Душанбе воқеан, дар даҳ соли охир ба куллӣ дигар гаштааст ва ҳамаи ин зебоӣ аз мо масъулияти боз ҳам бештарро тақозо мекунад. Ҳар минтақа фарҳанги зисту зиндагии худ ва шаҳр низ қавонини зист дорад, ки мутаассифона, на аз ҷониби ҳама сокинон риоя мегардад. Фарҳанги шаҳрнишинӣ, муошират ва рафтору гуфтори аҳолии он ҳамеша бояд дар мадди назари аввал бошад. Набояд гузошт, ки маърифати шаҳрнишинӣ заррае ҳам коста гардад. Дар ҳифзи чунин маърифат ҳамаи сокинони он аз хурд то бузург масъуланд. Агар ин тавр бошад. Пас биёед бо ҳам он нуқсонҳоеро, ки баъзан дар муносибат бо ҳамсоягон, муошират бо мусофирон, поку сафо нигоҳ доштани маҳали зист ва ҳифз намудани гулу гулгаштҳои шаҳри азизамон – Душанбе мавҷуданд, бартараф намоем”. Беҳру Насулова, ҷомеашинос костагии ахлоқи бархе аз сокинони шаҳрро ба надоштани ҷаҳонбинии фарох, мутолиаи кам ва дуруст тарбия нагирифтани ҷавонон дар оилаву мактаб рабт медиҳад. “Як инсони модерн набояд дар байни ҷамъи одамон бо овози баланд ҳарф занад, баланд хандад, дашному ҳақоратҳои таҳқиркунанда намояд. Ин тарзи рафторро ҳар рӯз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт, бозор, марказҳои ороишӣ, мағозаҳои калон ва дигар ҷойҳои серодам мебинем, ки хеле нигаронкунанда ва номатлуб аст ва бешак, табъи одамонро хира мекунад. Ин гуна ашхос аз халал расондан ба ҳамроҳони худ ё парво надоранд, ё аз одоби шаҳрнишинӣ огоҳ нестанд. Ҳоло ҳам, на ҳамаи ҷавонон эҳтироми аз худ бузургтаронро дар нақлиётҳои мусофирбар ба ҷо меоранд, ки он боиси малоли хотири солхӯрдаҳо мегардад. Мутаассифона, ман низ борҳо шоҳиди чунин муносибат шудаам”, – мегӯяд ӯ.
Саид Назаров, фурӯшандаи меваҷот дар Бозори деҳқон, масъалаи тозагии бархе гӯшаҳои шаҳрро ташвишовар номид.
– Дидани манзараи ҷо-ҷо партофтаи ахлот, партовҳои маишӣ, пӯчоқи офтобпараст дар роҳравҳо, ҷойҳои серодам, бозору атрофи он ва боғҳои фароғатӣ касро нороҳат менамояд. Саволе ба миён меояд: ашхосе, ки дидаву дониста партовҳоро дар қуттиҳои махсус напартофта, атроф, муҳити зистро бӯгину ифлос менамоянд дар хона чӣ гуна бошанд? Агар дар хона низ чунин бошанд, пас алҳазар аз ин гуна одамон. Мо бояд худ биандешем, ки ба ҷуз аз тоҷикистониҳо дар пойтахт садҳо меҳмонон аз хориҷи кишвар ташриф меоранд. Онҳо бо дидани ин гуна ҳолати риққатовар ба фарҳанги сокинони шаҳр чӣ баҳо медода бошанд? Боиси таассуф аст, воқеан. Ман, ки ҳар бор аз атрофи Бозори деҳқон мегузарам, партовҳои пушти бозор маро ба даҳшат меоранд. Тозагии гирду атрофи бозори маҳсулоти хӯрокворӣ бояд сад дарсад таъмин бошад. Дар ин фасли гармо тасаввур кунед, ки аз он партовҳои маҳсулоти хӯроквории бозор ҳам бошандагон ва ҳам одамони гирду атрофи он чӣ қадар сироят меёбанд. Агар рафту ягон нафари бегона ин вазъро бубинад, пас ғхуд биандешед, ки чӣ бардоште аз он мегирад. Тозагӣ гарави саломатист ва санъати шаҳрдориву шаҳрнишинии сокинон дар покизагиву озодагии он маълум мегардад, мегӯяд фурӯшанда.
– Либосовезии сокинон ҳоло дар ҷойи худаш. Дар бархе аз гӯшаҳои шаҳр ин масъала нигаронкунанда боқӣ мемонад. Кас ба либосу тарзи либосовезии бархе занон нигоҳ кунад, шарм медорад. Наход худи онҳо инро ҳис накунанд. Овехтани либос ва пардапӯш кардани он ҳам маҳорат аст, ки мутаассифона, на ҳамаи бонувон аз он бархӯрдоранд. Ҳусни шаҳр ва шаҳрдориро ин гуна ҳолатҳо бешак мекоҳонанд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола озмуниҳои “Беҳтарин ноҳияи пойтахт”, “Беҳтарин маҳалла” баргузор мегарданд, ки, бешак, ҳадафи он рушду тақвияти ободонӣ ва пешравии пойтахти кишвари азизамон ва, ҳамзамон, боло бурдани сатҳи маърифати шаҳрнишинии сокинонаш мебошад, иброз дошт Парвона Шарифова.
Масъалаи дигаре, ки боиси таассуф аст, навиштаҷоти худсаронаи “муҳаббатномаҳои” иддае аз ҷавонон дар девору дарвозаҳои биноҳои манзилию иҷтимоӣ мебошад. Ин амалро ҷавононе анҷом медиҳанд, ки ахлоқи шоиста надоранд. Муҳаббатро зебоияш дар пардапӯшӣ ва дар таҳи қалб нигоҳ доштани исми ошиқу маъшуқ буд, вале ин худнамоии аз мантиқу фаросат берун ба вожаи зебои ишқ ҳам латма мезанад. Бо ин амали худ ин гуна ҷавонон ҳам ҳусни шаҳрро мекоҳонанд ва ҳам бефарҳангиашонро худро нишон медиҳанд.
Чӣ бояд кард, то Душанбеи азизро воқеан, ба як маркази аз ин ҳам волотари фарҳангӣ, ахлоқӣ, сайёҳӣ табдил дода, ҳамқадами замон гардонем? Ҷавоби ин суолро ҳар яки мо худ аз худ бояд бипурсем ва дар ободониву гулзоркунӣ ва тозагиву дигар паҳлуҳои ҳалталаби пойтахти кишвар саҳм гузорем. Мегӯянд, ки бетарафӣ ин бешарафист. Шаҳр моли мост, хонаи мост ва, билохира, симои мост. Пас моро мебояд сари масъалаи шаҳрнишинӣ хуб биандешем…
Оламбегими Некқадам