“Зиндагии оянда аз наслӽои нав саводу маърифати баланд, ҷаӽонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳаёти минбаъдаи инсониятро бе техника ва технологияи нав тасаввур кардан имконнопазир аст. Зуӽури ӽар техникаи нав кори инсониятро чандин маротиба осон намуда, ба эҷоди маводу маӽсулоти нав водор месозад. Маӽз барои ҳамин Ҳукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон соли 2010-ро «Соли маориф ва фарӽанги техникӣ» ва солӽои 2020 – 2040 -ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанӽои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соӽаи илму маориф» эълон намуд. Ин иқдоми оқилонаи Сарвари давлат аӽли эҷод ва мутахассисони илмӽои дақиқро водор менамояд, ки барои ихтирои технологияи навтарин аз имкониятӽои зеӽнии хеш самаранок истифода намоянд.

Бузургони илму адаби тоҷик мисли Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоӽи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон дар рушди илми ҷаӽонӣ нақши бузург доштаанд. То имрӯз маӽсули афкори онӽо аз ҷониби мардуми олам мавриди баӽрабардорӣ қарор мегирад. Асри X нахустин рӯзгори дурахшони адабиёти халқи тоҷик мебошад. Адабиёти ин давра на фақат оғози тараққии адабиёти классики тоҷик аст, балки дар такмили илмӽои замони худ яке аз пешқадамтаринӽост. Дар ин давра устоди шоирон Рӯдакӣ ва дар охири он суханвари ҷаӽонӣ- Фирдавсӣ ва яке аз нобиғаӽои асри Х Абӯалӣ ибни Сино зиндагӣ мекарданд. Аксари адибони дигаре, ки дар ин аср рӯзгор ба сар мебурданд, соҳиби шӯӽрати хоса буда, дар адабиёти тоҷик бо фаъолияти эҷодии худ мақоми волоро соӽиб шуданд. Абушакури Балхӣ, Марвазӣ, Шаӽидии Балхӣ, Дақиқӣ, Муродӣ, Гургонӣ, Чағонӣ, Майсарӣ ва дигарон намояндагони барҷастаи адабиёти ин давра мебошанд. Дар замонӽои баъд чунин суханварони соӽибмақоми ӽамасре, ки ба камол расида, дорои табъи солиму истеъдоди фитри бошанд, кам ба назар мерасанд. Барои ҳамин пояи ҳақиқии адабиёти навини тоҷик дар асрӽои IX-X гузошта шудааст. Забони осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигарон аз ҷиҳати таркиби луғавӣ, таъбиру ифодаӽо, воситаӽои тасвир, сарфу наӽв ва тарзи талаффуз аз забони ҳозираи тоҷик фарқи куллие надорад. Бар замми ин, анъанаҳои асосии адабиёти тоҷик дар ҳамин замон ба вуҷуд омада, минбаъд инкишоф ёфтааст. Асарҳои безаволи Абӯалӣ ибни Сино дар соӽаи тандурустӣ ва тақвими Умари Хайём ҳоло ҳам нуфузи худро гум накардаанд.

Пас, аӽли илму эҷоди навинро зарур аст, ки аз имкониятӽои фароӽам истифода бурда, ба кашфи ин ё он техникаи нав шарафёб гарданд. Ҳар узви ҷомеаи фарӽангӣ метавонад дар соӽаи худ навиде офарад ва кори дигаронро чандин маротиба осон намояд.

Мутаасифона, таваҷҷуӽи мардуми мо ба технологияи навин мувофиқи талаботи замон набуда, ба дигаргунии куллӣ ниёз дорад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо бояд аз навсозиӽои технология сари вақт бархӯрдор гардем. Саъю талоши Сарвари давлат моро водор менамояд, ки аз вақт оқилона истифода бурда, дар бунёди давлати пешқадам ӽиссаи арзанда гузорем. Таъмини тамоми муассисаӽои фарӽангӣ бо техникаи компютерӣ ба хотири дарки ҷаӽони пешрафта мебошад.

Вақти он расидааст, ки олимону донишмандони тоҷик аз омӯзиш ба амал гузашта, насли имрӯзро ба ин самт равона созанд.

Зокирзода Сафаргул,

Донишҷӯи соли аввали факултаи журналистикаи ДДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь