Устухони ман бо нони омӯзгорӣ шах шудааст.

 Падарам Ниёзов Атовулло Каримович хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат ва Институти педагогии шаҳри Хуҷанд, то вопасин нафас муаллими фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби таҳсилоти умумии рақами 49 – и деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакент, аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Омӯзгор будани падарамро замоне донистам, ки замони тифлӣ марде дар кӯча ҳангоме маро ба сӯйи худ фаро хонд, чунин хитоб кард:

-Писари муаллим, пеши ман биё!

Баъди он ман фаҳмидам, ки ҳар касе номамро намедонад, дар ин деҳа маро ба ин ном фарёд мекунад. Баъдтар дарк кардам, ки “писари муаллим” – номидани ман масъулиятамро бештар мекунаду камтар не. “Писари муаллими Атовулло” гуфтаю даъват кардан бошад, ишора ба он буд, ки маро танҳо ба хотири фарзанди фалонӣ будан, фарёд мекунанд.  Ҳоло миёни ҳамсолону пайвандон танҳо саҳифабанди аксари нашрияҳои чопӣ дар “Шарқи озод” Нурулло Исматов маро бинад, чунин ҳол мепурсад:

-Писари муаллим чӣ ҳол дорӣ?

Дигар ин номи аввалини ман дар ёдгӯшаҳои хотираҳои тифлиам мондааст…!

***

– “Писари муаллим чӣ корро кунаду чиро не?” – то ба номи падараш доғ наорад.

То ҳол намедонам, аниқтараш ёд надорам, ки аввалин шуда модарам ба ман посухи ин суолро дода буданд ё падарам. Аммо, вақте синфи якум рафтам, аллакай медонистам, ки бояд дар дарс аз ҳама фаъол бошам, аълохон бошам, боинтизом бошам, ба кӯдакони шӯху саркаш пайравӣ накунам, ҳамеша ҷониби адолатро гирам, чунки фарзанди омӯзгор ҳастаму хабари бад пеш аз ҳама ба падарам мерасад.

Дар синфи аввал мо муаллимбачаҳо чанд нафар будем:

Аввалӣ писари муаллими физикаю математика, дуюмӣ духтари директори мактаб.

Ҳар се воқеан аз муаллимҳои дигар метарсидем, зеро хуб медонистем, ки дар ҳолати баҳои ду гирифтан ё ба дарс тайёр набудан ё беодобӣ кардан, ин хабарро аввал ба падаронамон мерасониданд. Он замон бо он ақли кӯчак ҳангоме омӯзгоре ноҳақ баҳои паст мегузошт, дарк мекардем, ки ӯ на бо мо, балки бо падарамон чӣ мушкиле дорад. Аз рӯйи баҳои мегузоштааш, сатҳи муносибати падарамонро бо он омӯзгор муайян мекардему шабона дар ин маврид ба падарамон хабар мекашидем.

Он солҳо (1980 1990) барои муаллимзодаҳо натанҳо бардоштани номи падар душвор буд, балки эшон ҳатман бояд бо рафтору гуфтору одобу дониш аз дигарон боло мебуданду намуна барои дигарон!

***

Омӯзгори замони Шӯравӣ воқеан обрӯю нуфуз дошт, ки ҳама мехостанд то муаллим шаванд. Ин ки аз хидмати ҳарбӣ озод буданду аввал шуда барояшон замини назди ҳавлӣ ҷудо мешуд, як тарафи масъала, панҷоҳ фисад пардохт кардани пули обу барқу замин як тарафи дигар, ҳамеша бо либоси шинаму зебою пардозкардаю риши тоза тарошида ва маоши хубу баландтар аз дигарон гирифтанашон, чизи дигар буд.

Ҳар як ноҳия нашрияи худро дошт, ки ба омӯзгорони тамоми деҳаҳо тариқи обуна мерасониданд ва бегумон ин омӯзгоронро ба хабарнигорони ғайриштатӣ ё ҷамоатӣ бадал мекарданд. Яъне дилхоҳ муаллим метавонист дар мавриди қонуншиканиҳо дар деҳа аз ҷониби масъулин, ки баъзе ҳолат қонунро ҳам поймол мекарданд, мавод нависад, хабар нависад ва ягон дастоварду камбуди деҳаро нодида нагирад.

Яъне, омӯзгорон дар навбати хеш дастёри идеологии Ҳукумати ноҳия буданд.

Падари ман ҳам хабарнигори ҷамоатии нашрияи “Зарафшон” – и ноҳия буданд ва аз ин ҳуҷҷат ҳам меболиданд ва ҳам дар ҳолати зарурӣ онро истифода мекарданд.

Ёд дорам боре нафаре, ки баллони газҳоро пур карда меоварду ба мардум тақсим мекард, сари вазни баллон бо падарам баҳс карду чун ҳуҷҷати хабарнигори ҷамоатиашонро нишон доданд, ба зора даромад, ки баллони ҷудокаардаашро ҳатман дубора пур мекунаду дар ин маврид чизе нанависанд. Аммо падарам ҷиддӣ посух доданд:

-Баллони маро ба қадри зарурӣ пур карда меоӣ, вале аз дигарҳоро чӣ? Дигарон, ки на вазни баллонро медонанду на аз ҳуқуқи хеш дифоъ карда метавонанд, чӣ кор кунанд?

Падарам нафари масъулро водор карданд то дубора ба нуқтаи пур кардани сӯзишворӣ раваду камбудиашро ислоҳ кунад.

***

Имрӯз аст ки муаллим мисли гунаҳгор дар пеши муллоҳои деҳа лом гуфта наметавонаду ӯро ҳокими даҳр мешумораду ҳар ҳарфашро қонун медонад ва дар ҳолати аз рӯйи фармудаи вай амал накардан, миёни аҳли деҳа кофиру дузахию мушрик эълон мешавад.

Он солҳои баъди ҳаштоди асри гузашта мо ҳамагӣ як муллои деҳа доштем, ки шахси парҳезгору хоксор буд ва бо одоби салом додану алейк гирифтан, бо либоси тозаю озодааш, бо саллаи дарозе, ки нӯги он ба қафо партофта шуда буд, фарқ менамуд. Кам ҳарф мезад, боре овоз баланд намекард. Бо касе на зиддият дошту на бад мегуфт. Ба ягон баҳсе ҳам ҳамроҳ намешуд. Чун ҳама аҳли деҳа ба омӯзгорон эҳтиром дошт ва эшонро шахси пешқадами ҷомеа ҳисоб мекард.

Боре нашунидаам, ки мулло Нарзиқул (шодравонро чунин меномиданд) боре китоб кушодаанду тақдири касеро пешгӯӣ намудаанд, касеро ба касе гарм ё хунук кардаанд, ба касе тӯмори чашму ҳасад додаанд!

Муллоҳои он замон ҷавобгарӣ пеши қонун барои машғул шудан ба ин амалҳоро хуб медонистанд ва ҳеҷ гоҳ аз ҳадди хеш берун пой намегузоштанд! Омӯзгорони он замон чун тарбиятгарони фардоиёни миллат чашми ҷомеа буданду ба касе роҳ намедоданд то  аз рӯйи хурофоту таассуб амал кунанд!

***

Олимпиадаҳои мактабию вилоятию ҷумҳуриявӣ воқеан барои хонандаи мактаб “тақдирҷунбон” ҳисоб мешавад. Алалхусус барои “муаллимзодагон”. Дар олимпиада аз фанни таърих, ки моро падарам ба шаҳри Панҷекат бурда буданд, вақте ман ҷои чоруму ҳампартаам Маъруф, ки писари муаллими физикаи мактаб буд, ҷойи аввалро гирифт, ба ман сахт алам кард. Ин аст ки ба олимпиадаи дигар аз фанни забону адабиёт сахт тайёрӣ дида, ҷои аввалро гирифтам. Гарчанд ҳарду дар даври вилоятӣ ноком шудем, вале хотироти он замон ҳоло ба гузаштаҳои дур мебараду сари андеша. Охир, падарам, ки аз муаллимони беҳтарини фанни таърих дар ноҳия буданд, метавонистанд барои ман ҷои аввалро гирифта диҳанд. Аммо падарам, ки ҳамеша ҷонибдори адолат буданд, аз ҷойи аввалро гирифтани ҳамсинфам чунон шод буданд, ки ба назари ман аз ғолиби олимпиадаи фанни адабиёт шудани ман ин қадар хурсанд нашуда буданд.

Ҳоло чӣ? Фикр мекунам ҳоло омӯзгорон дар олимпиадаҳо бештар сари фарзанди хеш меандешанд…

***

Дар деҳаи мо касе мехост соҳиби замин шавад, касе ба идорае муроҷиат дошт, касе мехост то аризае нависад, бегумон дари моро мекӯфт. Зеро падарам беминнат барояшон ариза навишта медоданд, раҳнамоӣ мекарданд. Ёд дорам падарам ҳусни хати хоною хубе доштанд ва соатҳо барои аз мудири мактаб гап нашунидан, дарсашонро дар шакли дастурамал омода мекарданд. Медонам, ки чандин бор муаллимони ҷавон аз деҳаҳои дигар омада, дастурамали соли пеш навиштаи он касро бо худ мебурданд. Боре ман инро дида, шикоят кардам, ки чаро ин корро мекунед? Бигзор худаш нависад. Гуфтанд:

-Таърихи қадим, ки ман дастурамали навиштаамро ба он муаллими деҳаи ҳамсоя додам, чизи наве надорад. Бигзор омӯзаду дастурамал навиштанро ёд гирад.

Ҳоло ростӣ намедонам омӯзгорони ҳозира ҳар дарсашонро ин гуна дастурамал мекунанд ё не.

***

Дигар минтақаҳои кишвар (ва ҳатто мактабҳои ҳамсояро намедонам), вале соле як маротиба падарам ва ҳамкоронашон бо истифода аз рӯзҳои истироҳат табақу дегро бардошта, бо баҳонаи иди якуми май ба кӯҳ мерафтанд. Онро дар истилоҳи мо  “майовка” мегуфтанд. Мерафтанду муждаи баҳору наврӯзро барои мо меоварданд.

Як баҳор баъди бозгашт аз “майовка”, хато накунам дар синфи ҳашт, падарам дар ҳузури ҳамсинфон пурсиданд, ки оё ягон нафар хоҳиш дорад то ба ноҳияи Нов (ҳоло Спитамени вилояти Суғд) ба лагер равад? Ҳамсинфонам, ки боре ба онҳо имкони аз деҳа баромадан набуд, дудила шуданд. Ман бархостаму гуфтам:

-Ман меравам!

Падарам лабханд заданду гуфтанд:

-Як моҳ аз хонаю падару модар дур будан кори осон нест! Ҳоло мебинем, вале касе агар хоҳишманд бошад бо Хуршед ҳамроҳ шавад.

Бегоҳ модарам як моҳ аз хона дур шудани маро фаҳмида, хуб ашк рехтанд. Падарам бошанд, бо ҳамон табассуми пурмаъное, ки ба назари ман фақат ба худашон мезебид, гуфтанд:

-Дар як моҳ мард шуда меояд!

Модарам пушти шишаи автобус ашк мерехтанду падарам табассум карда дастафшонӣ мекарданд. Ман бошам аллакай бо рафиқи навам аллакай гарми сӯҳбат будем.

… Ҳоло орзу дорам, бахудо, шабҳо хоб мебинам то касе маро чунин садо занад:

-Эй писари муаллим, пештар биё….

-Афсӯси кӯдакию наврасии ва сад ҳайфи падари муаллимам…

Хуршед АТОВУЛЛО,

Директори Маркази тадқиқоти

рӯзноманигории Тоҷикистон

Бознашр аз “Омӯзгор”

 4.03.2024 №36 (1269)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь