Сирояти коронавирусии COVID-19 – ин бемории контогенозии баланд буда, ассосан ба роҳҳои нафас осеб мерасонад. Сарчашмаи сирояти коронавируси COVID-19 одамони сироятёфта, кӯршапарак ва морҳо мебошанд. Давраи инкубатсионнии беморӣ, яъне марҳилае, ки вирус ба организм дохил мешавад, то пайдоиши аломатҳои беморӣ то 14 рӯзро ташкил мекунад.
Яке аз фарқиятҳои коронавируси COVID-19 аз рӯи эпидемиологӣ аз дигар вирусҳои ба он монанд ин аст, ки ин вирус метавонад дар марҳилаи инкубатсионӣ қобиляти сироятнамоиро дошта бошад. Ҳамин ҷиҳат фаъолияти контагенозии онро вусъат медиҳад. Ин хусусияти коронавирус 2019-nCoV барои тез паҳншавии вирус дар бештари мамолики ҷаҳон мусоидат намуд. Сирояти коронавирусии COVID-19 аз ҷиҳати клиникӣ бештар бо ду ҳолат дида мешавад – намуди сабуки беморӣ, ки аз бемориҳои ШРН-и маъмулии мавсимӣ фарқ кардан мушкил мебошад ва намуди вазнин, чун илтиҳоби атипикии шуш дида мешавад. Дар ин ҳолат метавонад оризаҳо ба монанди норасоии шадиди шушҳо ва синдроми дистрессии респиратории шадид дида шавад.
Аломатҳои асосии бемории сироятии коронавирусӣ COVID-19 инҳо ба шумор мераванд – таб, аломатҳои заҳролудӣ (беҳолӣ, бемадорӣ, дард дар мушакҳо) хориши гулӯ, дарди сар, сулфаи хушк. Аз рӯи маълумотҳои табибони чинӣ ба мо маълум гардид, ки дар ин беморон аломати ҳароратбаландӣ то 98% дида мешавад. Ҳарорат то 38-39º баланд мешавад, беҳоливу бемадорӣ бошад, то 69% ба қайд гирифта шудааст. Сулфаи хушк бо мушкилоти ҷудошавии балғам то 59%, дарди мушакҳо (миалгия) 34%, нафастангӣ дар 6-8 рӯзи беморӣ пайваст гашта, бемориро ба ҳолати вазнин меорад, ки то 31-55% дида мешавад. Ноҷурӣ дар қафаси сина, махсусан дар марҳилаи нафасбарорӣ то 30% ва сардардӣ то 18% дида мешавад.
Аломатҳои камвохӯранда – ин балғам бо риштаҳои хунӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, шикамравӣ, дард дар шикам, дарди гулӯ, атсазанӣ, обравӣ аз бинӣ ва табларза мебошанд. Дар байни оризаҳои муҳими сироятии коронавирусӣ COVID-19 ин дистрисс-синдроми шадид, норасоии нафаскашӣ, садмаи токсики сироятӣ, илтиҳоби миокарди дил ва марг мебошад. Бештар оризаҳо дар мардуми дорои норасоии масуният дида мешавад – сироятнокии ВНМО, бемории респиратории шадид, мардуми куҳансол, бемориҳои ҳамоҳанг.
Ташхиси сирояти COVID-19
Ҷамъи пурраи собиқаи беморӣ, дар хориҷа сафар кардани бемор, алоқа бо бемор. Ҳангоми ҷамъ кардани шикоятҳо диққат диҳед ба нишонаҳои аввалин, ҳамроҳшавии дигар нишонаҳо, муддати пайдошавии онҳо баъд аз саршавии ангезиш. Ҳангоми муоинаи объективии бемор ба ритми нафаскашӣ, иштирок кардани баробари қафаси сина дар нафаскашӣ бояд аҳамият дод. Маълумотҳои аускултативӣ. Мувофиқи тавсияҳои ТУТ, усули асосии ташхисӣ-тадқиқотии биоматериалҳои бемор бо ёрии реаксияи занҷирии полимерӣ бо транскрипсияи баргарданда (ОТ-ПЦР), томографияи компютерӣ (КТ), рентгенографияи узвҳои нафаскашӣ (рентген) мебошад.
Ташхиси COVID-19-ро аз илтиҳоби шуш, ки бо дигар микроорганизмҳо ва грипп пайдо шудааст, гузаронидан лозим аст. Барои ин аз тестҳои экспресс истифода бурдан мумкин аст.
Табобати COVID-19
Дар айни ҳол барои коркарди нақшаи табобати натиҷабахш ва усулҳои табобати сирояти коронавирусии COVID-19 дар тамоми ҷаҳон олимон кор карда истодаанд. Аммо ба як чӣ ҳама розианд – табобати симптоматикие, ки барои нигоҳдории система ва узвҳои ҳаётан муҳим ёрӣ расонида, хатари пайдошавии оризаҳо ва фавтро паст мекунад, хеле муҳим аст.
Вазорати тандурустии Русия 3-юми феврали соли 2020 оид ба табобати беморие, ки коронавируси 2019-nCoV ба вуҷуд овардааст, тавсияи методии муваққатӣ нашр кард. Дар он дар байни маводҳои аз COVID-19 – «Рибавирин», «Лопинавир/Ритонавир», «Интерферони рекомбинантии бета-1b»-ро ҷудо қайд кардааст.
Барои назорати ҳарорати бадан, ҳангоми табларза маводҳои ғайристериоидии муқобили илтиҳобии «Ибупрофен», «Нурофен», «Нимесил» таъин карда мешаванд. Дар инҷо қайд кардан зарур аст, ки баландшавии ҳарорати бадан механизми ҳимояи бадан аз патогенҳо буда, аз ҳисоби онҳо микробҳо фавт мешаванд. Маводҳои ғайристериоидии муқобили илтиҳобӣ ҳангоми баландшавии ҳарорат ё вақте, ки он дурудароз – 38,5 °С дар давоми 5 рӯз дар калонсолон ва 38,0 °С дар кӯдакон паст намешавад, таъин карда мешавад. Маводҳои ғайристериоидии муқобили илтиҳобӣ инчунин дар бадан дардро нест мекунанд.
Агар ҳолати бемор миёна ё вазнин, бо заҳролудшавии намоён бошад, табобати дезинтоксикатсионӣ таъин карда мешавад. Барои дезинтоксикатсия «Гидрокарбонат натрия», «Декстран», «Декстроз» ва дигар маҳлулҳои глюкоза, электролитҳо, кристаллоидҳо истифода бурда мешаванд. Маводҳои пешоброн («Фуросемид», «Маннитол») таъин карда мешаванд, ки онҳо инчунин варамро паст мекунанд ва инкишофи оризаҳоро пешгирӣ менамоянд.
Аз сабабе, ки ба COVID-19 пеш аз ҳама иллатёбии системаи нафаскашӣ хос аст, ба бисёрии беморон оксигени иловагӣ лозим аст. Барои ин вентелятсияи сунъии шуш, ҳангоми ҳолати вазнин, инчунин ҳангоми норасоии дилӣ оксигенизатсияи мембрании экстракорпоралӣ таъин карда мешавад. Ҳангоми рафтани об аз бинӣ ва душворшавии нафаскашӣ аз бинӣ таъин намудани қатраҳои рагвасеъкунандаи «Фармазолин», «Отривин», «Нокспрей» ва ғайра рухсат дода мешавад.
Аз рӯи маълумоти табибони чинӣ, рехтани зардоби хуне, ки аз одамони беморшуда бо ҳамин сирояти коронавируси одамон аст, натиҷаи баландро ҳангоми табобати COVID-19 нишон додааст. Иллатёбии бадан бо коронавируси 2019-nCoV ҷараёни илтиҳобиро дар системаи нафаскашӣ ба вуҷуд меорад. Ба ин нигоҳ накарда, таъин кардани маводҳои ҳормониро (глюкокортикостероидҳо) ТУТ ҳангоми COVID-19 тавсия намедиҳад, чунки ҳангоми 2019-nCoV ва SARS-CoV, MERS-CoV ҳагоми ГК аз рӯи бартараф шудани сироят инкишофи баданро бозмедорад. Ғайр аз ин, мувофиқи маълумотҳо, истифодаи ГК миқдори фавтро паст намекунад. Баръакс, ҳангоми сирояти гриппозӣ, аз рӯи мълумотҳои ТУТ, миқдори фавти беморонро зиёд менамояд. Дорувориҳои зиддибактериалӣ муқобили 2019-nCoV низ таъин карда намешаванд. Дорувориҳои зиддимикробӣ танҳо ҳангоми мавҷуд будани сироятҳои дуюминдараҷаи бактериалӣ таъин карда мешаванд.
Ба мо маълум гашт, ки кӯдакон камтар ба беморӣ дучор мешаванд ва дар ҷавонҳо хавфи фавт қариб ки дида намешавад.
Чорабиниҳои пешгирикунанда
– Риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар хона ва ҷои кор, шустани дастон бо собун, агар шароити шустани дастҳо набошад, бо дастпоккунаки қоғазии бо моеъҳои безараргардон, ба мисли спиртдор намноккарда пок кардани дастон.
– Барҳам додани одатҳои бо панҷаҳо палмосидани рӯй, даст расонидан ба чашмҳо ва лабон.
– Дар масофаи то 2 метр сухан гуфтан бо одамон.
– Ҳамаи маҳсулоти хӯрокаро аз коркарди гармидиҳӣ гузаронидан.
– Дар ҳолати баландшавии ҳарорати бадан, аломатҳои заҳролудшавӣ ва ҳамроҳшавии нишонаҳои сулфаи хушк албатта ба духтури оилавӣ тариқи телефон муроҷиат намоед.
– Қабули витамини С.
– Худро аз мондашавӣ, беҳолӣ, гуруснагӣ, хунукхӯрӣ эҳтиёт намоед.
– Истеъмоли оби ҷӯшида ё оби бегаз то 2,5 литр.
– 8 соат хоби бароҳат.
– Ниқобро истифода баред.
– Рӯбучини хона ва шамол додани он 2-3 маротиба ҳар рӯз. Ҳамаи меваю сабзавоти харидашударо дар оби равон тоза шӯед.
– Хусусан дар калонсолон масунияти баданро баланд бардоштан (истеъмоли мева, шарбатҳо, шир бо асал, лимон, хӯришҳо), сайругашт, хурсандию хушҳолӣ.
– Замоне, ки ба хона меоед, либосҳои рӯйпӯшро (палто, рӯймол, сарпӯш, зонд, сумка) дар ҷойи кушод гузоред.
– Дар пеши дар гилемчаи дар маҳлули безараргардон таркардаро гузоред.
– Чайқонидани гӯлую бинӣ бо маҳлули чойкаҳак бо намак.
Дилшода ҚАЮМОВА, роҳбари шуъбаи ғизои кӯдакони Маркази ҷумҳуриявии илмии клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона,
Ниёз ОДИНАЕВ, мудири шуъбаи кафедраи эпидемиологии ДДТТ