Сухане нест, ки покӣ ва бузургии модарро тавонад тасвир кунад. Модар ҳаёт аст, рӯшноӣ аст, умед аст, бахт аст, беҳтарини беҳтаринҳост. Модар офтоб аст, офтоби қалби мо, ки нурҳои гарми меҳраш дили яхбастаи фарзандро об мекунад.
Модар, чунон азизӣ, чунон ғамхору ғамшарикӣ, ки ҳеҷ сухане туро тасвир карда наметавонад. Ҳеҷ як рассоме наметавонад зебоии туро рӯи авроқи сафед орад. Касе наметавонад якшаба ранҷи туро ҷуброн намояд. Не, не, модарҷон. Не! Ту аз ин ҳама болотарӣ, ту атои Худовандӣ, ту фариштаӣ. Кош метавонистам рӯймолаки сафеди сарат гардаму ҳамеша бо ту бошам ва ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо нагардам. Вале афсӯс, ки ин танҳо дар диёри орзуҳоям мемонад.
Маро бубахш, модарҷонам, барои ҳар як қатра ашки покат, ки барои ман рехтаӣ. Бубахш барои ҳар як лаҳза, ҳар як сухани ноҷоям, ки дили нозуку ҳассосатро ранҷонидаам. Он вақтҳо аз дунё бехабар будам, хурд будам. Ҳамон вақт бузург шуданамро фаҳмидам, ки аз оғӯши гарми ту дур гаштам.
Дар хурдиам бисёр мехостам, ки ҳарчи зудтар бузург шавам, лекин ҳоло мехоҳам лоақал як рӯз ҳамон кӯдаки бепарво, ҳамон Парвизи гирёни бағали ширинат гардам. Мехоҳам, ки бори дигар аз силаи дасти ту ва садои ширини аллахониҳоят ба хоби ноз равам. Ҳангоме ки афтидам, мехоҳам ба мисли пештара ҷои захмамро бибӯсӣ, то билохира тамоми захмҳоям сиҳат ёбанд. Ҳангоме ки касе маро ранҷонад ё ин ки дилсарду аз дунё ноумед гардонад, мехоҳам ба оғӯши ту дароям ва аз таҳти дил чун кӯдак бигирям. Он дам ту ашкҳоямро пок созию бо як табассуми бебаҳоят маъно ва умеди зиндагӣ карданро ба ман дубора баргардонӣ.
Имрӯз, субҳидам барвақт хестаму хоби дидаамро ба ёд овардам. Дар он хоб олиҳаи зебоӣ, фариштаи поксиришт ва нафари ба ҷону дил баробар – туро дидам. Ин хоб мани донишҷӯро ба дурихои дур бурд, ки ҳамзамон дар назарам ҳар он гузаштаҳои дирӯза буданд. Ба ёдҳои кӯдакӣ бурд, ки меҳри ту, бӯйи муаттару ширини ту ҳис карда мешуд. Ба ёдам он рӯзе омад, ки бо ифтихорнома ба назди ту омадам, аз чашмат ашки шодӣ ҷорӣ мешуд, фахри он мекардӣ, ки писари азизат боиси ифтихори дигарон гардидааст. Он ашкҳои шодиро бо табассуми хоси худ ва чеҳраи гулгунат ҳеҷ фаромӯш намекунам. Ин ҳама натиҷаи заҳматҳои ту аст, модари азизу ба ҷону дил баробарам.
Он замони хурдӣ аз бозиҳои кӯдакӣ хаста шуда, зуд хоб мекардаму саҳаргоҳон дер мехестам. Ёд меорам, он лаҳзаро, ки ҳар субҳи барвақт назди болинам омада, дастатро бо як меҳрубонӣ болои сарам силакунон гузошта, бо овози форами дилнишинат мегуфтӣ: “Писарам Парвиз, аз хобат хез! Субҳ дамидааст!”. Чун ман овози зебоятро мешунидам, бо як дилхушӣ аз хобам мехестаму он рӯз то бегоҳ хурсанд мегаштам.
То имрӯз он садо маро бедор мекунад. На танҳо аз хоби субҳгоҳӣ, балки аз хоби ғафлате, ки баъзан мехоҳад бар ман ғолиб ояд. Садои гарми ту ҳушёрам мекунад.
Аё модар, туро чӣ қадар пазмон шудам. Ёд кардам навозишҳои дастони туро. Ёд кардам садокуниҳою «Парвиз»-гӯиҳои туро. Ёд кардам, нонпазиҳою аз сари танӯр нони гармдиҳиҳои туро. Се сол мешавад аз наздат дурам ва дар ин муддат танҳоиро эҳсос кардам. Боз ҳам зиёдтар ба қадрат расидам, модари ҷонам. Ҳар шабе, ки ба осмон назар мекунам, осмон пур аз ситораҳост. Аз байни ҳамаи он ситораҳо ситораи туро меҷӯям, дар бораат бештар фикр мекунам, ки модари ман чӣ ҳол дораду бе ман чӣ кор карда истодааст? Оё дурӣ аз манро тоқат дорад ё на? Бо чунин хаёлот ба дунёе ғарқ мешавам. Гоҳо ғарқи хаёлот шуда, он лаҳзаи бо шумо буданро ба ёд меорам.
Парвиз АСАДУЛЛОЕВ