Дар шаҳр ҳодисаи нохуш ва ғайричашмдошт рух дод. Худ аз худ мӯйсафеди 86 сола Ғафурбобо, ки марди камгапи боодоб, насиҳатгӯи ҷавонон бедарак ғайб зад. Писару духтарон ва набераҳояш ба ҷустуҷӯи вай сар карданд: ба ҳавлии хешу табор ва рафиқонаш рафта, дарак ҷустанду наёфтанд ва рӯзи дуюм ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Сардори шуъба, подполковник Зоҳидов намояндаи фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноят, майор Собириро вазифадор намуд, ки Ғафурбоборо ҷустуҷӯ намояд.
Собирӣ бо хешу пайвандони Ғафурбобо вохӯрда, ҳамсуҳбат шуду фаҳмид, ки мӯйсафед пештар ягон маротиба ғайб назадааст, фарзандонашро оғоҳ накарда, ҳеҷ куҷо нарафтааст, на ба касе хусумат дошт, на бадбинӣ.
Рӯзҳо мегузаштанд, вале ҷӯяндагон аз бедаракгашта, нишон намеёфтанд. Майор Собирӣ аз субҳ то шом аз Ғафурбобо нишон меҷуст, вай дар ин муддат хулқу хӯи бедаракшударо омӯхт ва ягон хислати манфӣ наёфт. Рӯз ба рӯз ӯ бештар хавотир мешуд. «Рафту зинда бошад, вай аз худ нишоне зоҳир мекард, ба пайвандонаш занг мезад ё ба хонааш бармегашт»…
– Ба ман аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, сардори шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ Субҳиддинов телефон карда, аз рафти ҷустуҷӯи Наимов Ғафур пурсон шуд, – гуфт дар машварати фаврӣ сардор Зоҳидов. – Вай таъкид кард, ки аз рафти ҷустуҷӯ розӣ нест, наход дар шаҳр одам гум шаваду милитсия наёбад, агар рӯзҳои наздик бедаракро пайдо накунем ба ҳамаамон ҷазо медодааст…
Собирӣ медонист, ки ҷияни Ғафур Наимов дар Кумитаи Марказӣ шахси масъул аст ва бо Субҳиддинов рафиқ мебошад. Агар рӯзҳои наздик бедаракро наёбанд, вой бар ҳолашон.
– Майор Собирӣ, ба шумо ду рӯз муҳлат, – машваратро ҷамъбаст намуд подполковник. – Дар ин муддат Наимовро наёбед, ҷазои аввал насиби шумо мешавад.
Майор нисфи рӯз ба чойхонаи «Таги Чинор» омад. Вай хаста буд, вале барои кӯфтагиашро баровардан наомада буд. Мехост бо пирамардон суҳбат карда, барои ҷустуҷӯ дастовезе ёбад. Камодам буд чойхона, маълум мешуд, ки ҳанӯз пирамардон наомадаанд. Вай ба чойхоначӣ чой фармуда, ба кате нишасту ба пиёла чой рехт.
Чанде пас ду пирамард ба чойхона даромаданд. Собирӣ онҳоро мешинохт, боре бо ҳарду вохӯрда, аз хулқу хӯи Ғафурбобо пурсон шуда буд. Майор даст пеши бар карда, салом дод ва онҳоро ба кат таклиф намуд. Пирамардон таклифро қабул карда, наздаш нишастанд. Собирӣ ба пиёлаҳо чой рехта, ба онҳо дароз кард.
Аз Ғафур дарак наёфтед? – як қулт чой нӯшида пурсид пирамарди лоғари камонқомат. – Аҷоиб, куҷо шуда бошад?
– Дар паноҳат нигоҳ дор Парвардигор, – гуфт марди дуюм. Зинда бошад кайҳо меомад, вай одати беҳудагардӣ надошт.
– Одам пир шавад, ба куҷо рафтан мехоҳад? – пурсид Собирӣ. – Дилаш чӣ меҷӯяд?
– Истед майор, суолатон беҳуда нест, пир шавад, волидон, фарзандон, хоҳару додаронашро ёд карда, ба ҷустуҷӯи онҳо меравад…
– Хоки диёраш, зодгоҳаш ҳам вайро мекашад,- гуфт марди дуюм.
– Ғафурамак дар куҷо таваллуд шудааст? – пурсид Собирӣ, ӯ магар дар ҳамин шаҳр ба дунё наомадааст?
– Не, – гуфт камонқомат, вай зодаи Табошар аст, ин ҷо хондан омада, муқимӣ шудааст.
– Он ҷо рафтанаш мумкин? – пурсид Собирӣ.
– Мумкин, – гуфт марди миёнақад. Вале дар зарфи чанд рӯз телефон мекард, ҳолу аҳвол мепурсид. Дилам ғаш мекунад, ба фикрам ягон воқеаи нохуш рӯй додааст. Шумо ба Табошар рафта, аз ӯ нишон ҷӯед, – ба Собирӣ маслиҳат дод камонқомат. Тезтар равед рафиқ майор, худи ҳозир ба роҳ бароед. Боз дар ягон ҷойи беодам афтода намонда бошад…
Собирӣ фаҳмид, ки пирамард беҳуда хавотир нашуд ва бо ҳамсуҳбатонаш хайрухуш карда, аз чойхона баромаду паси чамбараки мошинаш нишаст. Аз дил гузаронд, ки ҳозир ба Табошар меравад, аввал хешу табори Ғафурбоборо меёбад, аз онҳо пурсон мешавад, ки ӯ ба ин маҳал омада буд?
Зебо буд Табошар. Он дар домани қуҳ ҷой гирифтааст ва ба номаш мувофиқ буд, куҳансолон мегӯянд, ки он ба тоба, яъне дег шабоҳат дорад. Кӯчаҳояш ҳамвору мумфарш буданд, биноҳои сангинаш ба хонаҳои Аврупо шабоҳат доштанд. Мегӯянд, ки аксари биноҳои Табошарро бандиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохтаанд.
Собирӣ ба шуъбаи корҳои дохилӣ омад ва бо муовини сардори шуъба вохӯрда, мақсадашро гуфт, фаҳмонд, ки Ғафурбоборо меҷӯяд.
– Ман ба шумо нозири минтақа Камоловро роҳбалад таъин мекунам, вай ҷавони ҳушёр аст, маҳалли назоратиашро хуб медонад, ҳамроҳ ба зодгоҳи Ғафурбобо мераведу аз ӯ нишон меҷӯед. Нафари бегона ба шаҳри мо ояд, аз назари сокинон пинҳон намемонад.
Капитан Камолов дар ҳақиқат ҷавони ҳушёр будааст. Вай гуфт, ки Ғафурбобо дар кӯчаи Саноатчиён ҷиян дорад, ҳозир ба хонаи ӯ рафта ҷустуҷӯро оғоз мекунем.
Дари хонаи рақами 46, кӯчаи Саноатчиён маҳкам будааст, ҳамсоязан гуфт, ки соҳиби хона ба осоишгоҳи Сочи рафтааст.
– Кай рафта буданд? – пурсид пиразанро Камолов.
– Даҳ – дувоздаҳ рӯз шуд, – ҷавоб дод ҳамсоязан.
– Ба хонаи ӯ меҳмон наомадааст? – пурсид Камолов. – Шумо ин пирамардро надидед? – сурати Ғафурбоборо ба пиразан нишон дод Камолов.
Пиразан аз кисаи хилъаташ айнакашро гирифта ба хачаки биниаш гузошту бодиққат суратро аз назар гузаронида гуфт:
– Ин сурати Ғафурамак, бобои Абдулло мебошад. Вай дар ҳамин хона таваллуд шуда, ба воя расидааст, футболбози моҳир буд, дар командаи яккачини шаҳр бозӣ мекард, баъд ба маркази вилоят кӯчида рафт…
– Шумо ӯро бори охир кай дида будед? – аз нақли ӯ бетоқат шуда, пурсид капитан.
– Ҳафтаи гузашта, Ғафурамак ин ҷо омада буд, – чашмонашро нимпӯш карда гуфт зан.
– Чӣ хел? Дар куҷо дида будед?
– Вай рӯзи шанбе, қарибии нисфи рӯз омада буд, – гуфт зан. Ман шунидам, ки касе дари Содиқовҳоро мекӯбад, баромада Ғафурамакро дидам, салом – алек кардем, гуфтам, ки писари акояш бо зану бачааш ба истироҳатгоҳ рафтааст, калиди хонаи онҳо дар дасти ман, хоҳад даромада дам гирад, вале ӯ розӣ нашуд.
– Ин хел бошад, ба хонаи мо дароед, ҳамроҳи писарам хӯрок хӯред, – таклиф намудам ман, вале ӯ розӣ нашуда рафт.
– Ба кадом тараф? – суол дод Камолов. – Сӯйи комбинат равон шуд, – ҷавоб дод зан.
Онҳо бо пиразан хайрухӯш карда, сӯйи комбинати маъдани куҳӣ равон шуданд. Афсарон фаҳмиданд, ки Ғафурбобо ин ҷо омада будааст, пас ӯро дар Табошар ҷустан лозим, вале кадом тарафро.
– Аввал аз беморхона сар мекунем, баъд ба комбинат меравем, – маслиҳат дод Камолов.
– Ин ҷо албатта аз ӯ нишон меёбем.
Дар беморхона гуфтанд, ки ин хел бемор ба он ҷо муроҷиат накардааст, дар комбинат ҳам ӯро надидаанд.
– Вай футболбоз будааст, шояд ҷавониашро ёд карда, ба варзишгоҳ рафта бошад? – ақида кард Камолов.
Дар варзишгоҳ доду войи бачаҳо ба фалак мепечид. Онҳо ду тақсим шуда, аз паси тӯб медавиданд, гуруҳе бозиро тамошо мекарданд. Камолов ҷавони дар харак нишастаро наздаш хонда пурсид:
– Ту чаро бозӣ намекунӣ ё мазаат нест?
– Ман бозингари эҳтиётиам, нав баромадам, ҳоло боз медароям.
– Ту ҳар рӯз ин ҷо ҳастӣ? – боз пурсид Камолов.
– Ҳар рӯз баъди дарс меоям, ба наздикӣ мусобиқаи вилоятӣ дорем, ба он тайёрӣ мебинем.
– Ҷойи якумро мегиред?
Мактаби футболи Табошар маълуму машҳур аст. Ин ҷо Краснитский, Стадник, Гесс барин футболбозони номӣ тарбия ёфтаанд ва дар тими яккачини СССР бозӣ кардаанд. Генадий Краснитский дар майдони «Сантос»-и Рио-де-Жанейро ба дарвозаи соҳибони майдон, чемпиони се каратаи ҷаҳон, Бразилия, гол задааст. Эдгар Гесс дар чемпионати ҷаҳон ҳимоятгарону дарвозабонҳои тимҳои машҳурро ба таҳлуқа андохтааст. Станислав Стадник бо зарбаҳои нишонрасаш аз кунҷи майдон ба дарвозаи ҳариф гол мезад… Шумо ҳам анъанаи онҳоро бояд давом диҳед. Фаҳмидӣ? –
– Фаҳмидам,- ҷавоб дод ҷавон.
– Исто, ки ту ин ҷо ягон мӯйсафеди бегонаро надидӣ? – ба чашмони ӯ нигарист Камолов.
– Кадом мӯйсафед? – ҳайрон шуд вай.
– Бозингари собиқ, ана ба сурат нигар.
Ҷавон ба сурат бодиққат нигариста, андаке хаёл кард, баъд ангушт ба чакааш гузошта гуфт:
– Ҳа, ман се – чор рӯз пеш вайро дида будам, хеле бозиро тамошо кард, баъд ба он тараф рафт, – бо ангушт сӯи куҳ ишорат намуд ҷавон.
– Биё, ҳамроҳи мо он тарафро нишон деҳ, хоҳиш намуд Камолов.
Се нафар аз варзишгоҳ баромада, қади новаи об ба тарафи куҳ қадам заданд. Оби тозаи аз куҳ фаромада, чашм мерабуд. Тақрибан ним километр дуртар аз варзишгоҳ даруни нова ҷасади марди дароз хобидаро диданд. Вай рӯйяшро поён карда дароз кашида буд. Дили Собирӣ ҷиғғос зад, вай тахмин намуд, ки ин мурдаи Ғафурбобо аст ва хато накард. Рӯяш варам, пешониаш ғурӣ буд, маълум буд, ки ӯ вақти аз нова гузаштан, афтида сарашро задааст.
Афсарон магасҳои рӯйи мурдаро ронда, ҷасадро аз назар гузарониданд.
– Шумо ин ҷо монед, ман рафта гуруҳи фаврии тафтишотиро меорам, – гуфт Камолов.
Собирию ҷавон монданд. Камолов қад-қади нова поён рафт. Майор гуфтаи пирамарди дар чойхона нишастаро ба ёд оварду худ ба худ гуфт:
– Мӯйсафедро ҷозибаи хоки зодгоҳаш кашидааст.
Дере нагузашта гуруҳи фаврии тафтишотӣ омад ва ташхисгари судию тиббӣ муайян намуд, ки марҳум вақти аз нова гузаштан лағжида афтодаасту ҷароҳат бардоштааст.
Мурдаи ӯро шабона ба хонааш оварданд ва субҳ ба хок супурданд.

Ромиши Фирдавс

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь