Мо инсонҳо кӯшиш мекунем, ки ҳар як лаҳзаи зиндагиамонро самаранок гузаронем. Ҳангоми тановули хӯрок низ саъй меварзем, ки вақтамон сарфа шавад. Аз ин сабаб, ба дӯкони хӯрокҳои тезтайёр ва ё ба қавле “фастфуд” рӯ меорем, зеро дар онҳо бисёр мунтазир нашуда, ҳам аз лиҳози вақт ва ҳам аз ҷиҳати маблағ бурд мекунем.
Сараввал аз ҳот-доге, ки ҷойи «хӯроки донишҷӯ» – ролтонро гирифтааст, маълумот пешниҳод менамоем. Ҳот-дог аз вожаи англисии “hot dog” гирифта шуда, таҳтуллафзӣ маънии “хӯроки саг”-ро дорад. Барои омода намудани он нон ё булка, ҳасибча, кепчуп, майонез, хӯриш ва дигар маҳсулот лозим аст.
Ҳот-дог аслан на дар Амрико, балки дар бузургтарин макони маҳсулоти ҳасибӣ Олмон ихтироъ шудааст. Ин ҳодиса дар охирҳои қарни XIX рӯй додааст. Дар он замон ин навъи хӯроки тезпаз бо вожаи «Dachshund», ки маънои “такса-ҳасиб”-ро медиҳад, маъмул буд. Дар кӯтоҳтарин муддат ретсепет (руқъа)-и он ба Амрико ҳам интиқол ёфт. Дар онҷо дӯстдорони ҳот-дог якбора зиёд гардид. Соли 1901 мусаввири амрикоӣ Дарган лаҳзаеро тасвир намуд, ки дар он фурӯшандае дар байни нон ҳасибча гузошта, пешниҳоди харидорон мекард. Расми мазкурро Дарган на «Dachshund», балки “ҳот-дог” номгузорӣ кард ва бо ҳамин ин навъи хӯроки зудпаз бо номи зикршуда машҳур гашт.
Мавриди зикри хос аст, ки соли 1987 дар шаҳри Франкфурти Олмон 100 – солагии ихтирои ҳот-дог таҷлил гардид. Дар ИМА бошад, 23 июл ҳамчун яке аз ҷашнҳои ғайрирасмӣ – Рӯзи ҳот-дог қайд карда мешавад. Соли 1957 ҳамин рӯз Палатаи савдои ИМА 23 июлро расман қабул кард. 4 июли соли 2018 дар ИМА озмун оид ба ҳот-догхӯрӣ баргузор гардид, ки Ҷоуи Честнат дар 10 дақиқа 74 дона хот-дог хӯрда, рекорд гузошт.
Гамбургер – навъи аз сендвич буда, аз гӯшти қимаи дар тоба бирёнкарда (котлет) ва якчанд нон омода мешавад. Баромади вожаи “гамбургер” аз номи дуюмин шаҳри калонтарини Генмания – Гамбург сарчашма мегирад. 3 сентябри соли 2010 шаҳрванди Сербия калонтарин гамбургери ҷаҳонро омода сохт, ки дар он 51кг гӯшти қима истифода гардида буд. Қутри он 1,63 метр ва ғафсияш 2, 5 сантиметрро ташкил медод. Чизбургер, фишбургер, чикенбургер, эггбургер ва гарденбургер намудҳои дигари гамбургер маҳсуб меёбанд.
Ҷесси Макклендон, биохимик ва физиологи шинохтаи амрикоӣ дар яке аз донишҷӯён, ки тӯли 13 ҳафта ба ғайр аз як гамбургеру об дигар ҳеҷ чиз истеъмол намекард, озмоиш гузаронд. Таҷриба, ҳамчунин якчанд соли зиндагии ин донишҷӯ, нишон дод, ки ҳар як парҳез барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами организми зинда нақши бузург дорад.
Дар кишварҳои Шарқи наздик хӯроки тезтайёр – шаурма серхаридор аст. Барои пухтани он гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ, мурғи марҷон, дар мамлакатҳои ғайримусулмонӣ баъзан гӯшти хук истифода мебаранд. Ҳамчунин, барои болаззат баромадани он дигар маҳсулот, ба мисли кепчуп, майонез, сабзӣ, помидор ва ғайра илова мекунанд. Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ин навъи хӯроки тезпазро бо номҳои гуногун пурсон мешаванд. Масалан, озарбойҷониҳо дунар-кабоб ё дунар, юнониҳо гирос, эрониҳо кабоби туркӣ, дар Русияву дар Тоҷикистон онро шаурма мегӯянд.
Юсуфҷон БЕРДИЕВ