Охири соли гузашта вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро як кӯдаки 7-соларо барои истеъдодаш қадрдонӣ кард.
Эмомҳусейн фақат 7 сол дорад, аммо бисёр намуди варзишҳоро иҷро карда метавонад. Ӯ истеъдоди ба як бор иҷро кардани 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание)-ро дорад ва ин амалро дар 6 соату 20 дақиқа бидуни ягон танаффус иҷро мекунад. Хонаводаи Эмомҳусейн талош бар он дорад, ки номи фарзандашон дар китоби рекордҳои «Гиннес» сабт шавад. Аммо намедонанд, ки тариқи кадом роҳ ба писарашон кӯмак расонанд.
Охирон нафаре, ки тариқи болофишорӣ ба китоби рекордҳои «Гиннес» ворид шуд, Минор Йошед аз Ҷопон буд, ки бо 10 507 «отжимание» сазовори ин ҷой гардид. Ин ҳолат соли 1980 буд. Аз он вақт то ба имрӯз зиёда аз 37 сол гузашт, аммо ягон нафар пайдо нашуда буд, ки болотар аз ӯ болофишорӣ кунад. Акнун Эмомҳусейн аз ӯ гузашта ва бо 11 ҳазор «отжимание» мехоҳад нафари баъдӣ дар китоби рекордҳои «Гиннес» бошад.
Раҷаб Умаров – падари Эмомҳусейн мегӯяд: «Писарам аз сесолагӣ ба машқ шуруъ карда буд. Вақте худам ҳар пагоҳирӯзӣ ба машқи бадан машғул мешудам, Эмомҳусейн ҳам бо ман машқ мекард. Чун дидам, ки фарзандам ба варзиш бисёр шавқ дорад, худам аз машқ кардан даст кашидам ва талошам он буд, ки ба писарам ҳамаи шароитҳоро муҳайё созам. Дар ҳавлиамон барои ӯ як майдончаи варзишӣ сохтам. Назди худ мақсад гузоштам, ки ҳар коре аз дастам бармеояд, барои Эмомҳусейн анҷом медиҳам, то ӯ тамрин намояд ва дар оянда ба қуллаи баланд расад. Чанд сол пеш дар муҳоҷират қарор доштам. Зиндагии оилаам аз ҳисоби маблоғе, ки аз Русия мефиристодам, пеш мерафт. Вақте ки аз муҳоҷират омадам, Эмомҳусейн се сол дошт. Чун дидам, ки писарам истеъдод дорад, дигар ба муҳоҷират нарафтам».
– Ман тавони онро надорам, ки писарамро ба варзишгоҳ барам, барои ӯ мураббии хуб интихоб намоям. Зеро, ман як ронанда ҳастам ва имконияти онро надорам, ки ҳар субҳ ва шом ӯро ба варзишгоҳ барам. Гарчанде пешниҳодҳо зиёданд. Аз бисёр варзишгоҳҳо занг заданд, ки барои Эмомҳусейнро бея гон маблағ ба тарбияти худ гирифтан розӣ ҳастанд. Вале ман, ки шароит надорам, худам ҳар саҳар ва шом бо ӯ тамрин мекунам. Ҳоло ҳамаи мо орзу дорем, ки номи Эмомҳусейн дар китоби рекордҳои «Гиннес» сабт гардад. Мо намедонем ба кӣ муроҷиат кунем, то кӯмак расонанд. Ҳоло ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ариза додаем. Инчунин, ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат кардаем. Вақте 4-сола буд, ҳамон вақт ҳам муроҷиат кардем, лекин ҳеҷ ҷавобе наомад. Мо ҳам дигар аз пайаш нашудем. Ҳозир дидам, ки сазовори китоби рекордҳои «Гиннес» аст, дубора ариза додему ҷавобашро интизорем,- афзуд Р. Умаров.
Аз гуфтаи модари Эмомҳусейн огоҳ шудем, ки вақте ӯ 9-моҳа будааст, дасташ мешиканад ва чун дигар бачаҳо бо даст ҳаракат карда натавониста, бо пой бештар ҳаракат мекардааст.
Шахсоне, ки Эмомҳусейнро мешиносанд, мегӯянд, ин кӯдак истеъдоди худододӣ дорад ва ҳеҷ кас қобилияти онро надорад, ки мисли ӯ дар ҳамаи намуди варзиш моҳир бошад.
Вазири корҳои дохилии Ҷуҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро вақте аз истеъдоди ин варзишгари хурдсол огоҳ шуд, барои дастгирӣ ва руҳбаланд кардан ӯро бо ифтихорнома, медали тилло ва соати дастӣ сарафроз намуд.
Бояд гуфт, ки Эмомҳусейн дар хонаводааш фарзанди нуҳум ва аз ҳама хурд мебошад ва боз бародари дугоник бо номи Эмомҳасан дорад. Ба гуфти падару модараш, Эмомҳасан аз аз Эмомҳусейн фарқ дорад. Ва он гуна шавқе, ки Эмомҳусейн ба варзиш дорад, ӯ надорад.
Ҳамсояҳо мегӯянд, ки Эмомҳусейн як бачаи фавқулодда аст, ҳар пагоҳӣ барвақт ба давидан машғул мешавад ва тақрибан 5-6 км медавад.
Табиби варзишӣ Амирбек Абдулло Чиллаевич ба саволи мо ки «оё ин қадар болофишорӣ метавонад зараре ба саломатии кӯдак расонад?», чунин посух дод: «Мо наметавонем гӯем, ки ин қадар болофишорӣ зарар дорад. Вақте варзишгаронро месанҷем, аввал кори дилашонро мебинем, ки дар ҳолати пеш чи хел кор мекунад ва баъди ягон намуд машқ дар кадом ҳолат қарор мегирад. Аввалан, ин кӯдак бояд ҳатман аз ҷониби табибони варзишӣ муоина карда шавад. Танҳо баъди ин гуфта метавонем, ки зарар мерасонад ё не. Аммо, то ҷое ман огоҳам, ин кӯдак аз сесолагӣ тамрин мекунад, бинобар ин, организмаш мутобиқ шудааст».
Падари Эмомҳусейн мегӯяд, ки «ду сол пеш вақте писарамро аз муоинаи табибони варзишӣ гузарондам, баъди чанде болофишорӣ кори дилашро санҷиданд, бетғйир мондааст».
Худи Эмомҳусейн ба саволи «дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?» посух дод, ки «ман парчамбардори Тоҷикистон мешавам».
Мунира АМИРХОНОВА,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ