Инсон аҷаб хислате дорад: Гоҳе бо нафаре баъди аз наздик ошно шудан, ҳазорон афсӯс мехӯрӣ, ки чаро ин қадар муддат бо ин шахси дилошною дардошно аз наздик ҳамсӯҳбат набудӣ. Аз чӣ ҳарос доштӣ, аз чӣ истиҳола мекардӣ? Ман ин саволро ба хеш баъди як сафар ба Чоркӯҳ даҳҳо бор ба худ дода будам, ҳарчанд қаҳрамонамро мешинохтам, аммо аз наздик не.

Шояд он солҳо директори нашриёти “Шарқи озод” Манзурхон Додохоновро дастнорас меҳисобидаму ин гумон маро водор мекард, то ба гуфтаҳои дигарон қаноат карда он шахсро аз нигоҳи дигарон шиносаму донам?

Намедонам, вале ҳолдонҳо қисса мекунанд, ки дар рӯйхати баъди боздошт ёфтшудаи маняки одамкуше бо исми Хурсандмурод, ки солиёни зиёд дар чопхонаи “Шарқи озод” фаъолият доштаю баъди қатли 12 нафар ба даст афтода буд, ному насаби Манзурхон Додохонов дар рӯйхат аввалин будааст. Танҳо тасодуф директори “Шарқи озод”-ро аз марг наҷот медиҳад. Шояд чун ҳамеша серкорию вақт наёфтани Манзурхон Додохонов ба ин сабаб шуда бошад, шояд дар тақдири эшон ин гуна марг набудааст, шояд дуои неки касе сади роҳ гардидааст ё шояд қотилон ҷуръат накарда будаанд…

Манзурхон Додохонов муддати бист сол чун роҳбари нашриёти “Шарқи озод” фаъолият кардаанд. Унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, номзади илмҳои таърих ҳастанд. Дар он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз мансабдорон аз Душанбе гурехтаю дар ғами ҷони хеш буданд. Аммо Манзурхон Додохонов нагурехт, балки коллективи калони меҳнатиро нигоҳ дошт, нашрияҳоро сарҷамъ кард. Ин буд, ки пайваста заҳматҳояш аз ҷониби ҳукумати кишвар қадрдонӣ мешуд.

… Ёд дорам, ки Манзурхон Додохонов замони фаъолият дар нашриёти “Шарқи озод” боре занг задаю барои чанд лаҳза даъватам карданд. Ҳафтае пеш мо дар нашрияи “Фараж” матлаби давомдоре дода будем, ки дар он сухан перомуни як шаҳрванди Исфара мерафт. Он шахс тоҷири номдоре дар Русия буду мо тахмин зада будем, ки ин шахс ба зинаҳои баланд мерасад. Ҳамин ибораи “зинаҳои баланд” пайвандону наздикони тоҷирро ба таҳлука андохта буд. Зеро он рӯзҳо мо ба раиси вақти вилояти Суғд часпида будему ҳадаф он буд, ки ин қаҳрамонамонро чун як нафари лоиқ ба курсии раисии вилоят нишон диҳем. Маводи аввалин вокуниши зиёде ба бор овард. Рӯзномаро меҷустанду мехоҳанд донанд, ки ин тоҷир чӣ гуна муваффақ шудаасту чӣ ном дораду аз куҷо асту чӣ кардаву чӣ кардан мехоҳад. Он рӯз пайвандони тоҷир бисёр мехостанд, то мо дар мавриди дастоварду комёбиҳои ӯ дар як шаҳри дури Русия камтар нависем, то мабодо дар Исфара авлодашро “чап” нагиранд. Вақте ман эътироз кардам, ки мавод давомдор аст, Додохонов ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда гуфтанд:

– Ман хуб медонам, ки ту барои маводи давомдор ҳам мавзӯъ меёбӣ, вале аз он ки шояд Ҳукумати мо ӯро ба Тоҷикистон даъват карда мансаб диҳад, нанависӣ беҳтар аст. Ин мардум фақат ҳамин қадар хоҳиш доранд. Медонам, ки мавод аз назорати худи ту мегузарад, ин нуктаро ба эътибор гирӣ, кифоя аст. Хешовандонаш баумед омадаанд…

Ин хоҳиши директори вақтро ба эътибор гирифтем ва мавод боз идома ёфт, вале бе зикри ин мавзӯъ. Аммо пешгӯйии рӯзнома дуруст баромад ва айни замон ин тоҷири зодаи Исфара вакили Думаи давлатии Русия аст.

Ошноии наздики ман бо Манзурхон Додохонов хеле дертар, баъди номаи як муаллимаи чоркӯҳӣ ба идораи нашрия оғоз шуд. Муаллима бодард аз надоштани замини наздиҳавлигӣ ва зиндагии сангинаш дар ин деҳа қисса мекард. Дар ҳамин ҳол, аз қаҳрамониҳои раиси вақти ҷамоати Чоркӯҳ далелҳои аҷиберо меовард. Баъди мутолиаи нома, ки аз ҳар ҳарфи он бӯйи ришваю қонуншиканӣ меомад, ман ният карда, ки шахсан ба ин деҳа равам. Дӯстонам гуфтанд, ки дар ин деҳа аз рӯзноманигорону ошноён Манзурхон Додохонов давлати пирӣ меронанд ва аз бекорӣ ба парвариши лимӯ машғуланд. Ман рақами эшонро пайдо карда занг задам ва гуфтам, ки ду-се рӯз дар деҳаашон меҳмон мешавам, вале ҷойи иқомат надорам. Эшон бо хушнудӣ маро ба кулбаи худашон даъват кардаю сӯроғаашонро доданд. Ман баъди як ҳафта нияти сафар кардаму ногаҳонӣ барои эшон, хонаашонро кофтаю рафтам. Дар парваришхонаи лимӯ саргарми кор буданд. Маро хуш қабул карданду изҳори норизоӣ карданд, ки чаро бехабар омадам, вагарна маро пешвоз мегирифтанд.

– Каме деҳаатонро тамошо кардам – сир бой надода гуфтам ман ва сӯроғаи муаллимаи шикояткунандаро пурсидам.

Баъди чандин занги тилфонӣ муаллимаро пайдо кардем ва ман ба ҷустуҷӯйи вай рафтам. Баъди сӯҳбат бо муаллима пай бурдам, ки заминфурӯшию хешу таборбозӣ дар ин деҳаи дури кӯҳистон ба як анъана бадал шудааст ва бо роҳнамоии муаллима ба чандин кошонаи дигари шикояткунандагон сар задам. Бовар кунед, ҳоли ин мардуми аз ҷабри раиси ҷамоат ба ҳоли зор афтода, касро ба риққат меовард.

Модаре мегуфт, ки чӣ гуна фарзандашро фиреб кардаю ба ивази поразамине ба хидмати сарбозӣ фиристодаанд. Аммо баъди анҷоми хидмат чӣ тавр замини ба вай ҷудошударо ба шахси дигаре аз шаҳрвандони Русия фурӯхтаанд.

Зани дигаре бо оби чашм қисса мекард, ки бинобар надоштани манзил дар хонаи духтаронаш рӯз мегузаронаду дар ба дару овора аст.

Духтари ҷавони дигаре ҳасрат мекард, ки баъди шаш соли давидан ба вай поразамине додаанд, аммо дар минтақае, ки ҳанӯз тақдири он маълум нест. Он замин дар натиҷаи аломатгузории сарҳадӣ ба ҷониби Тоҷикистон мегузарад ё Қирғизистон, касе намедонад.

Баъди ин ҳама арзу шикоятҳо ба суроғи раиси ҷамоат афтодам. Тавре гумон мезадам, дар маҳалли кораш набуд. Он ҷой дар мавриди он ки чӣ тавр маркази хидматрасонӣ кушодаю баъди кушода шудани он аз ҷониби Президенти кишвар машинаҳои зардолухушккунӣ ва дарздӯзиро осемасар бор карда бурдаанд, перомуни он ки чӣ гуна мизу курсиҳои варзишгоҳи сохтаашонро канда бурдаанд ва ҳатто чӣ тавр шахси ношиносеро соҳибкори муваффақи ин ҳама ба ном “ободкорӣ”-ҳоро анҷом дода, муаррифӣ карда, бо ному насаби он соҳибкор ба пешвози Президент бароварданашонро шунидаму аз ҳайрату ҷуръати дастандаркорон гиребон гирифтам.

Қариби шом бо таассуроти бад ба манзили Додохонов баргаштам. Вақте ҳолпурсӣ карданд, гуфтам, ки шикояти муаллима тасдиқ шуду бояд баргардам. Дар омади гап, ёдрас шудам, ки фалониҳо мабодо ба шумо пайвандӣ надоранд чун шикоят аз болои эшон аст?

– Агар дар даъвояшон ҳақ бошанд, ман чӣ гуфта метавонам? Ман одати туро медонам, хоҳӣ-нахоҳӣ гап ба ту таъсир намекунад, менависӣ – лабханд заданд эшон ва риштаи суханро ба дигар сӯ кашида, аз маҳалли чорвочарониашон қисса карданд, ки айёми тифлии эшон ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дошту ҳоло ба Қирғизистон тааллуқ дорад.

Манзурхон Додохоновро як шахси дардошнои мардум ёфтам. Аз ғаму андӯҳи ҳамдиёронашон месӯхтанду аммо на касеро гунаҳгор мекарданд ва на ба касе санг мезаданд. Дигар роҳати хешро дар лимӯзори парваришкардаашон меёфтанду рӯзҳою ҳафтаҳои бешумор заҳмат мекашиданд.

– Ман замини лимӯзорро барои 26 сол иҷора гирифтаам. Баъди бисту шаш сол кӣ зиндаю кӣ мурда. Ҳоли ин лимӯзор чӣ мешавад? Метарсам, ки ранҷу заҳмати маро ба хок яксон мекунанд. Панҷ маротиба ариза карда ба Ҳукумати ноҳия рафтам, аммо раиси ноҳия то ҳол вақт намеёбад, ки ин номаи маро имзо намояд. Ба ҷойи ин маро чанд маротиба ҷарима карданд, ки чаро лимӯ парвариш мекунам. Ин қадар сол заҳмат кашидаю имрӯз қадри мо ба як имзои райиси як ноҳия баробар шуд – бо ҳасрат мегӯяд Манзурхон Додохонов.

Дар ҳамин ҳол, тибқи матлаби дигаре, ки аз ин ноҳия расида буд, бе қарори Ҳукумат замини обӣ барои сохтани мағоза ба хешу наздикони раиси ҷамоати ҳозираи Чоркӯҳ бе ягон санади зарурӣ ҷудо карда шудааст. Аммо барои обод кардани замини бекорхобида имрӯз аз Манзурхон Додохонове, ки тамоми асноди заруриро дар даст дорад, қарори раиси ноҳияро барои аз иҷора ба зиммаи худи Додохонов додани он мепурсанд.

Бовар дорем, ки ин масъаларо раиси ноҳия дар доираи салоҳиятҳояш мусбат ҳал мекунаду тақдири ин парваришгоҳи лимӯ боадолатона ҳал мешавад. Умед мекунем, ки охирин орзуи марди кору марди ҷонсӯзи миллат, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илми таърих, Аълочии матбуоти ҶТ, ки 20 соли умрашро барои рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, барои побарҷо мондани нашриёти он замон асосии кишвар – “Шарқи озод” дар солҳои даҳшатноки нооромӣ сарф кардааст, рӯйи коғаз намемонад.

Имрӯзҳо Манзурхон Додохонов собиқ муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба синни мубораки 75 медароянд. Эшонро бо ин санаи фараҳбахш аз номи хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон муборакбод намуда, барояшон умри дарозу тандурустӣ таманно менамоем.

Бигзор ҳамеша бошанд ва дар паҳлӯи мо бошанд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь