Зиндагӣ монанди китобест, ки баробари гузаштани як рӯз як саҳифаи китоби ҳаёти мо варақгардон мешавад. Китоби ҳаёти баъзе нафарон бузург аст, аз саҳифаҳои рангорангу бешумор иборат аст. Вале ҳаёти баъзе нафарон чун китоби кӯдакона: саҳифаҳои каму ҳаҷми хурд, рангорангу шавқовар, ҳарфҳои калон – калону хоно ва поварақҳои холӣ. Вале ҳаҷмаш басо хурд, мисли оне, ки аз муқаддима акнун ба боби аввал гузашта бошӣ.
Рӯзе дафтари хотиротамро варақ мезадаму ногоҳ чизе маро боздошт. Ҷуръат накардам, ки бепарво гузашта равам. Вуҷудамро эҳсосоти ногуворе фаро гирифт. Бе иҷозати ман чашмонам ба мутолиа пардохтанд ва чунин буд он хотирот:
Курси аввалро ҳам нисф кардем. Ҷамъбасти нимсолаи аввал. Шукри Худо, натиҷаҳо табъи дил – ҳамааш панҷ. Акнун таътил буд, бо дили пур аз фараҳ роҳи хонаро пеш гирифтам, ба Суғдзамин. Баъди чор моҳи дурӣ аз оила дар оғӯши оила будан аҷаб роҳате дорад.
Рӯзи сеюми дар хона буданам соатҳои тақрибан 20:00 як ҳамсинфи мактабиам занг зад. Баъди пурсупос гуфт:
– Пагоҳӣ меравӣ?
Ман фикр кардам, ки тӯйро дар назар дорад, чун як духтараке, ки дар синфи дигарамон таҳсил мекард, бояд тӯй мешуд. Бепарвоёна гуфтам:
– Не намеравам, маро хабар накардааст.
Он ҳамсинфам дар қаҳр шуду гуфт:
– Кадом тӯй? Ман ҷанозаро мегӯям.
Ҳуш аз сарам парид:
– Чӣ???
Шарҳ дод, ки Мавзунаи ҳамсинфамон имрӯз баъди супоридани имтиҳон ҳангоми аз Хуҷанд ба деҳа баргаштан ба садама дучор шуду ҷавонмарг гардид.
Ростӣ ҳамон шаб хобам набурд, асло бовариам намеомад. Чунон ба ҳақиқат будани ин хабар шак доштам, ки ҳатто гиря карда наметавонистам.
Саҳар соати 7:00 ҳама ҳамсинфон дар назди мактаб ҷамъ шудем, дарҳол сураташро калон кардему бо ҳамдастӣ дар камтарин вақт гулчанбар сохтем. Писарон пеш-пеш гулчанбарро гирифта ва мо духтарон аз қафо бо либосҳои мотамӣ роҳ сӯйи хонаи Мавзунаино гирифтем. Он ҳолатеро, ки он лаҳза шоҳиди он гардидам, асло ба забони қалам оварда наметавонам. Бечора модар! Чӣ сон тасвир кунам ҳолати он зани сарсахтро?! Бовар кунед, ин рӯзро ҳатто ба душманам ҳам раво намедидам. Дар назарам деҳа мотам гирифта буд, офтоб дар қаҳр, осмон ғамгин буд. Чунки ӯ духтараки одӣ набуд.
Медонед ӯ чӣ гуна буд? Дар зебоӣ беҳамто, ҳатто зеботарин духтари синф, хушмуомилаю ширинсухан ва хоксор, панҷ панҷааш ҳунар. Ҳама ҳавасашро мекарданд.
Тасаввур кунед, ӯ 11-уми январ оламро падруд гуфт, баъди як моҳи расо – 11-уми феврал ӯ зодрӯз дошт, 19-сола бояд мешуд. Аз ҳама аламовараш ҳамин аст, ки ӯ ба ҳамин наздикиҳо арӯс мешуд, бафотиҳа буд. Афсӯс, сад афсӯс, ки либоси сафеди арӯсӣ барои ӯ кафан шуд. Ба ибораи пиразанон, “арӯси қабристон” гардид. Духтараки 19-соларо бо орзуҳояш ба қабр гузоштанд.
Чӣ мешуд, ки анбуҳи одамони ба ҷанозааш омада ба тӯяш меомаданд: Чӣ мешуд, ки аз дарвозахонаи қабристон неву аз дари тарабхона медаромад? Чӣ мешуд, ки мо бо либоси мотамӣ барои дафнаш неву бо куртаҳои рангорангу базмӣ ба тӯяш мерафтем? Афсӯс! Дареғо! Ҳайҳот!
Дар болои акси ӯ ҳамсинфон чунин байтҳоро навишта будем, зеро ҳақиқати ҳол буду ин гулдухтаракро ҳам дар роҳ аҷал ба коми худ кашид:
Дар роҳ будам, аҷал омад зи пасам,
Эй марг, бимон, ки ман ба хона бирасам.
Дар пеши пойи очам ба зону бизанам,
Сар дар бағалаш ниҳам, барояд нафасам.
Гоҳе баъди мутолиаи чунин қайдҳо қаламро гунаҳкор мекунам, вале чӣ суд?! Ман метавонам қаламамро шиканам, варақро пора кунам, вале хомаи тақдирро на шикаставу на нест карда мешавад. Китоби ҳаёти Мавзуна аз муқаддима оғоз шуду бо хотима ҷамъбаст ёфт.
Ёдаш ба хайр!
Шоира МАДАЛИЕВА