«Умри фиреб кӯтоҳ аст” гуфтаанд, ки ин бешак дуруст буда, шахси фиребхӯрда то қиёмат дар ҳақи фиребгар ва найрангбоз носазо гуфта, дуои бад мефиристад ва номашро бо бадӣ ёд мекунад. Имрӯз низ дар муомилот, бозорҳо, нақлиёт, ташкилоту корхонаҳо ягонягон бо чунин шахсон дучор мешавем ва шахси фиребхӯрда ин дафъа ба онҳо гӯш намекунад, аммо шаҳрвандони аз ин амал бехабар ба доми фиреби онҳо меафтанду сахт пушаймон мешаванд.

Шукри ободии Ватан, сулҳу салоҳ, ваҳдату ободӣ, осудагии мардум, ки дар қисми зиёди минтақаҳо танзим дар доираи қонун ба қадри ҳол амал мекунад. Барои ба шаҳрҳои Кӯлоб, Турсунзода, минтақаи Рашт ва атрофи марказ сафар кардан роҳкирои нақлиёти мусофирбар он қадар гарон набуда, ҳамеша дар доираи танзим аст. Аммо агар ба минтақаи Суғд сафар карданӣ шавед, ё аз он тараф, хусусан аз Хуҷанд ё Истаравшан ба сӯйи Душанбе омаданӣ бошед, эҳтиёт кунед, ки ба дасти фиребгарон ё дастёрони ронандаҳо наафтед, чунки онҳо илова ба роҳкиро, бо хоҳиши худу ронанда маблағи зиёдеро ба роҳкиро зам мекунанд. Масофаи Хуҷанд-Душанбе, Истаравшан-Душанбе ҳамеша як хел аст, роҳ дар ҳолати хуб, аммо нарх бо хоҳиши фиребгарону ронандагон барои як шахс аз 50-60 сомонӣ то 100-150 сомонӣ боло меравад. Бовар надошта бошед, ба мавзеи гусели шаҳрвандон – корхонаи сементбарорӣ, терминали шимолӣ, Ёваи Хуҷанд, Гули сурхи Истаравшан рӯй оред. Шуморо бо ном масъулони шуъбаи хизматрасонии терминал бо суханҳои шевою воҳимаю таҳдидҳо бо нархи гарон ба нақлиёт мешинонанд, ки шаҳрвандон норозиёна бо дили кашол роҳкиро дода, дар васфи онҳо нозасо мегӯянд.

Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони терминалҳо пурсиданием, ки оё аз ҳоли зердастонашон огоҳ ҳастанд, кормандони терминал гуфта, онҳо то кай мардумро фиреб медиҳанд? Мо аз Душанбе то Кӯлоб як нафар 40-60 сомонӣ харҷ кунем, аз Душанбе то Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент 100-150 сомонӣ барои як шахс нарх муқаррар намудаанд. Чаро Вазорати нақлиёт барои кушодани хатсайрҳо ба ин минтақаҳо таваҷҷуҳ надорад? То ба кай мусофирону донишҷӯён бо нархҳои дандоншикан ба ин минтақаҳо равуо мекунанд?

Хушбахтона, байни давлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар натиҷаи меҳнату заҳматҳои президентҳои ду кишвар дӯстию якдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ ҳукмронӣ дорад. Бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёди қаҳрамонҳои миллати тоҷикону ӯзбекон – Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хирадманди бузург, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев байни ду давлати ба ҳам дӯст муносибати дӯстона рушду нумуъ ёфта, шартномаҳои зиёди байниҳамдигарӣ амалӣ гардида истодаанд. Инро аз равуои мардум дар сарҳадҳои байни давлатҳо, шодию хурсандӣ ва дуоҳои неки мусофирон дидану шунидан мумкин аст. Аз ин боис, зарурати кушодани хатсайрҳои давлатӣ аз сарҳадҳо то шаҳрҳои калонтарин ба миён омадааст.

Бинобар ин, масъулони Вазорати нақлиёт, бахши мусофиркашониро зурур аст, ки чораи фиребгарону қаллобонро дида, дар доираи қонун хатсайрҳо ташкил, танзимро риоя, ба ятимону маъюбону пиронсолону эҳтиёҷмандон дасти мадад дароз намоянд ва ғоратгарони маблағи мусофиронро гӯшмол диҳанд!

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь