Дар нимаи аввали моҳи сентябр гул кардани дарахтони ҷавони олуболу дар яке аз маҳаллаи навбунёди маркази шаҳри Панҷакент на танҳо соҳибонашон, балки роҳгузарони чашмашон ба ин манзара афтодаро дар ҳайрат мондааст.

Яке аз роҳгузарон, ки Саид бобо ном дорад, ин гулҳои олуболуро дида, мегуяд:

“Дар муддати 86 соли умрам дар нимаи моҳи сентябр дубора гул кардани олуболуро бори нахуст мебинаму мефаҳмам. Аммо ду бора гул кардани дарахти себро медонаму бо чашми хеш дидаам ва ин гуна дарахти себро дар Панҷекат себи дубара мегӯнд, ки он ду бор ҳосил медиҳад”- гуфт Саидбобо.

Дар ҳамин ҳол кишоварзи собиқадор ва коршиноси соҳаи боғдорӣ Фахриддин Тилябов мегӯяд, ки дар табиат баъзан бо тағйири обу ҳаво ё иқлим чунин ҳодисаҳои гул кардани дарахтони мевадиҳанда рух доданаш мумкин аст. Ба гуфтаи Тилябов вақте ҳаво якбора гарму сард мешавад ё худ хушкиву намӣ ва боронгариҳо зиёд баъзан дарахтон ҳам фаслҳоро чап ғалат мекунанд.

“Масалан чанд сол қабл дар шаҳру деҳоти Панҷакент фасли зимистон ғайримуқаррарӣ хеле гарм омад. Дар натиҷа мо шоҳиди он шудем, ки дарахтони бодом ва ҳатто себу зардолу сар то сар гул карданд. Аммо зимистон зимистон асту табиат табиат. Зеро ин дарахтон аз гул нафаромада, ҳарорати ҳаво якбора манфӣ шуду барфи шадид борид ва дар як шаб ҳамаи ин дарахтони мавсимгумкардаву фиреб хӯрдаро сармо зада нобуд кард. Соли дигар бошад ин дарахтон ба худ наомада, аз ҳосил монданд”-  хулоса намуд кишоварзи собиқадор Фахриддин Тилябов.

Аммо ба гуфтаи боғдорони соҳибтаҷриба ва деҳқонони асилу солманди Панҷакент агар ба ногаҳ дарахтон аранг- аранг дар фасли тирамоҳ гул кунанд, ба қавле тирамоҳ гарму дурмадороз мешудасту зимистон сард ва ин ба манфиати деҳқонон будааст,ки ҳосилро метавонистаанд аз саҳроҳо ба пуррагӣ ва беталаф ғундоранд.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь