Варзиш кафили сулҳ ва солимии ҷомеа. Руз аз руз рудту нумуи варзиш дар Тоҷикистон ба сатҳи олитар мерасад ва аҳамияти ҷиддӣ ба варзиш бештар дода мешавад. Варзишгарони тоҷик бошанд ҳунару истеъдодҳои худро дар ҳама намуди варзиш нишон дода соҳиби ҷоизаҳои чашмрас мегарданд, ки ин боиси сарфарозии кули шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ин навбат боз дар мусобиқаи Байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони аз 10 то 15 сола, ки муддати 5 руз  аз руйи синну сол дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд доир гашт, даспарварони дастаи “Солор”- Душанбе тавонистанд рақобати  арзанда нишон дода соҳиби ҷоми ин мусобиқот гарданд. Мусобиқаи байналмилали оид ба футбол рузи 20-уми августи соли равон таҳти унвони “Футболи бемаҳдуд” байни наврасони кишварҳои Фидератсия Руссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар намоиши ифтитоҳи намояндагони Федератсияи футболи Суғд қайд карданд, ки “Соли дуввум аст, ки мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон доир мегардад ва ин боиси рушду нумуи варзиш дар кишвар мегардад”.

Дастаи “Солор”-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии сармураббии ҷавон Шодиев Беҳзод дар даври ниҳои дастаи “Нефтчи”- и бошгоҳи Ӯзбекистонро  шикаст дода соҳиби ҷом гаштанд.  Ин боиси ифтихор аст, ки дар байни зиёда аз 30 даста дастпарварони “Солор”-и Душанбе ба зафар расиданд. Шодиев Беҳзод баъд аз бозӣ андешаи худро оиди бозии шогирдонаш чунин баён кард: “Дар бозӣ бо “Нефтчи”-и Ӯзбекистон шогирдонам дар як сатҳи баланд бозӣ карданд. Тактикае, ки пеш аз бозӣ доштем, яьне фишор овардан дар ҳар як қисмати майдон, дар хатти ҳимоя бо диққат бозӣ кардан ва то ҳадди имкон аз имкониятҳои худ истифода бурдан, шогирдонам аз ин ухда бо муваффақият баромаданд.”

Ҳамчунин ӯ дар бораи нақшаҳои дастаи “Солор”- Душанбе гуфт, ки: “Дар оянда нақша дорем то ба давлатҳои хориҷ аз кишвар  (Қазокистон, Россия, Белоруссия) сафар карда, сатҳи бозии худро бо ҳарифони пурқувват бисанҷем. Зеро бо ҳарифони пурқувват бозӣ кардан ин як таҷрибаи калон аст. Мо мехоҳем сол аз сол сатҳи бозии худро сайқал диҳем.”

Беҳтарин бозингари мусобиқот ҳам аз дастаи наврасони “Солор”- и Душанбе дониста шуд. Абдулҳақ Ёров бо бозии муҷалои худ беҳтарин бозингари мусобиқот байни наврасони то 11 сола дониста шуд. Ӯ тавонист дар се бозии ҳасоси ҳалталаб гол ба самар расонад. Абдулҳақ Ёров пас аз бозӣ фикри худро чунин баён кард: “Ин нахустин бозӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ  барои ман буд ва ман беҳтарин бозингари мусобиқот байни наврасони то 11 сола дониста шудам ин бароям ифтихори бузург аст. Мехоҳам футболи худро тақвият дода барои парафшонсозии парчами кишвар талоши худро дучанд созам. Ҳамчунин гуфт ки дар оянда мехоҳам дар мусобиқотҳои бонуфузи Осиёи иштирок карда ба мисли дастаҳои пурқуввати Осиёӣ “Ал Иттиҳод”-и Арабистони Саъудӣ, “Персиполис”-и Эрон, ” Истиқлол “-и Тоҷикистон корномаи худро идома диҳам ва соҳиби ҷоизаҳои бештар гардам.

Инчунин сармурабии тими “Солор”- Душанбе Шодиев Беҳзод дар бораи бозии муҷалои Абдулҳақ Ёров баён дошт: “Барои Ёров Абдулҳақ ин мусобиқаи нахустини байналмиллалӣ буд. Ва ӯ бозии беҳтарини худро тавонист нишон диҳад. Дар майдон яке аз беҳтаринҳо буд, аз ин ҷиҳат ҳам ӯ беҳтарин бозингар аз дастаи мо интихоб шуд.

Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони аз 10 то 15 сола санаи 25- уми август хотима ёфт. Ингуна  мусобиқот баҳри пайдо сохтани чеҳраҳои ҷадид дар олами футбол ва барои тақвияти наврасон бениҳоят муфид аст.

Шаҳзод Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь