Наммомӣ амали мунофиқон аст

Сифати наммомӣ ва ё ин ки хабаркашӣ аз тулӯи фаҷри ҳаёти башарӣ то ин дам, ҳамоно сифати номатлуб ва мазмум боқӣ мемонад, ки соҳиби он ҳамеша мавриди мазаммату нафрини ҳамагон қарор гирифтааст. Соҳибназарони дин бо такя ба манобеи муътамади илм, аз ҷумла каломи муқаддаси Қуръон шахси хабаркашро дар раддаи афроди “валадуззино”, ё “ҳаромзода” қарор додаанд…
Дар таърихи даъвати Паёмбар (с) шахси тоғие бо номи Валид ибни Муғира ба сар мебурд ва он аз ҷумлаи мунофиқон ва мушрикони Макка маҳсуб мегашт, ки то ҷон дар рамақ дошт, ба расули Худо (с) душманӣ варзид. Худованд ояҳои аввали сураи қаламро дар ҳаққи ӯ нозил намуд ва тавассути ин оёт даҳ сифати мазмуми ӯро ба оламиён ошкоро эълом дошт. Дурӯғгӯӣ, қасамхӯрӣ, хору залил, масхарагар, хабаркаш, бахил, таҷовузкор, гунаҳкор, дуруштхӯ ва ҳаромзода тавассути Қуръон фуруд омаданд. Ба ҷуз сифати охир дигарашро ҳама аҳли Макка дар ҳаққи ӯ қоил буд ва ҳатто худи Валид ибни Муғира онҳоро эътироф мекард. Ҳангоме Валид лафзи “ҳаромзода”-ро шунид, аз ин хабари мудҳиш рангаш гулгун гашту шиддати ғазаб ақлашро пардапӯш намуд. Шамшерашро аз наём кашиду ба назди модараш омад ва гуфт, Муҳаммад маро бо даҳ сифат васф кардааст, ки нуҳтои онро дар худ пайдо кардам, аммо дар бораи ҳаромзода гуфтанаш ҳеҷ маълумоте надорам. Агар росташро нагӯӣ, саратро аз тан ҷудо мекунам. Модараш дар ҷавоб гуфт, агар ту ҳақиқатро мехоҳӣ, пас бидон, ки ту ҳаромзодаӣ! Падарат шахси сарватманд буд, аммо бе зурриёт, ман тарсидам, ки ҳама молу мулк ва дороияш мероси дигарон мешавад, аз ин хотир бо як чӯпоне ҳамхоба шудаму ту аз ӯ ба дунё омадӣ…!
Донишмандон аз ин оятҳо истинбот намудаанд, ки ҳар касе хабаркаш аст, бидонад, ки дар ҷодаи ҳаромзодаҳо қадам мезанад, чунки хабаркашӣ сифати яке аз ҳаромзодаҳои маъруфу маълуми аҳли башар Валид ибни Муғира дониста мешавад. Хабаркашӣ амали зишт ва аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ фарсахҳо дур аст, чунки Худо хабаркашро дӯст намедорад, ин буд, ки зиштии онро тавассути Қуръон ба ҳамагон эълом кард ва ин як дарси ибрат барои дигарон аст. Худое, ки сифати хабаркашӣ ва ҳаромзодагии Валидро ба оламиён эълом кард, қодир аст, то дилхоҳ шахси хабаркашу вайронкорро бо роҳу усули дигар расво ва хору залил гардонад.

Наммомӣ қаҳтсолӣ меорад
Дар ривоёт омадааст, ки як муддате бани исроилро қаҳтӣ ва хушксолӣ фаро гирифт. Ҳазрати Мусо (а) ҳамроҳи қавмаш чандин маротиба аз Худованд талаби борон намуданд, аммо мутаассифона Худо ба сарзамини онҳо борон нозил накард. Рӯзе Худованд ба Мусо ваҳй нозил карду гуфт, эй Мусо, дуоятро иҷобат намекунам, чунки дар миёни шумо хабаркаше ҳаст. Баъд аз ин сухани Худо чанд рӯз сипарӣ гашт ва борон нозил шуд. Мусо аз ин ҳодиса дар тааҷҷуб монд. Худованд боз ваҳй карду гуфт, эй Мусо, бешубҳа, ки шахси наммом тавба кард. Мусо гуфт парвардигори ман, кист ӯ? Худо гуфт, ӯ дар ҳоле, ки осиву гунаҳкор буд, ӯро сатр кардам, гуноҳашро пӯшонидам, акнун, ки тавба кардааст, оё ман ӯро расвову шармсор мекунам?
Хонандаи азиз, бубин, ки як наммом ба танҳоӣ дар сарзамини яке аз анбиёи Худо ва қавми мусалмонаш сабаби қаҳтӣ ва хушксолӣ гашт. Акнун суоле матраҳ мешавад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо адади наммомонро шумор карда метавонем?
Аз ривояти мазкур фоидаи дигаре метавонем бардорем. Яъне дари тавба ҳамеша боз аст, кадом шахсе имрӯзҳо наммомӣ мекунад, метавонад қабл аз он ки ӯро Худо фошу расво накардааст ва ба пешгоҳи ӯ нарафтааст, ба даргоҳи ӯ тавба кунад.

Наммомӣ ҷомеаро вайрон мекунад
Агар ба хабаркашҳо унвони “вайронкорони ҷомеа”-ро бидиҳем, хато намешавад. Таърихи башарӣ исбот намудааст, ки дар ҳар қишри ҷомеа аз оила сар карда то сатҳи як давлати бузург, агар наммому хабаркаш вуҷуд дошта бошад, бешак онҷо харобиву парокандагӣ ҳукмрон мегардад ва чунин ҷомеа ҳамеша рӯ ба таназзул меорад. Вайронкориҳои хабаркашон дар таърихи ҳаёти инсоният ҳазорҳо намуна дорад ва то имрӯз идома дорад, ки ҷомеа дарди онро таҳаммул мекунад. Мутафаккирони исломӣ атрофи ҳамин мавзуъ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, чунки эшон бар он ақидаанд, ки “Муолиҷаи бемории мазкур аз ҷумлаи хатарноктарин бемориҳои ҳаёти ҷамъият, махсусан миёни мусалмонон буда метавонад”. Қиссаи маъруфу нодире мавҷуд аст, ки аксари уламо онро дар мавзуи хабаркашӣ ҳамчун намуна зикр мекунанд. Нафаре аз бозор як ғуломи ҷавону боқувват ва нерӯмандро харидорӣ мекунад, аммо бо нархи хеле арзону ночиз. Аз соҳибаш мепурсад, ки ин ғулом чӣ айбҳо дорад, ки чунин камарзиш аст? Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, наммом (хабаркаш) аст. Он қадар айби ҷиддӣ надоштааст гуфта, мард ӯро мехараду ба хонааш мебарад. Ғулом дар хонаи сайидаш чанд рӯзе ғуломӣ мекунаду ба зани хона мегӯяд, шавҳарат туро дӯст намедорад ва мехоҳад аз ту ҷудо шавад. Агар маслиҳати маро гӯш кунӣ, шаб ҳангоми хобаш кордро бигиру аз паси сараш як миқдор мӯяшро биёр, ман ӯро сеҳр мекунам, то дилаш ба ту гарм шавад. Зан ба гуфтаи ӯ розӣ мешавад, аммо ғулом ба назди сайидаш рафта мегӯяд, ман фаҳмидам, ки ҳамсарат туро бо дигаре иваз намудааст ва мехоҳад имшаб туро ба қатл расонад. Хоби ҳақиқӣ нарав, то аз чанги ӯ раҳоӣ ёбӣ. Ҳамин тариқ шаб зан кордро гирифта, мехоҳад аз мӯйи сари шавҳараш миқдоре бигирад, аммо шавҳар ӯро дошта ба қатл мерасонад ва ақрабои зан бошанд, омада мардро ба қатл мерасонанд. Бо ҳамин миёни ду қабилаи бузурге набард ба миён меояду душмании абадӣ. Ин афсона нест, балки қиссаи воқеӣ аст, ҳақиқат дорад ва бештари уламо ба саҳеҳияти он таъкид кардаанд. Биноан, як нафари наммом бо як сухани дурӯғаш метавонад миёни ду давлати бузург хусумату душманиро ба вуҷуд орад.
Дар ҳадисе омадааст, ки расули Худо (с) гуфтаанд, “Оё ман ба шумо хабар надиҳам, ки бадтарини шумо киҳоянд? Бадтарини шумо хабаркашҳо, ҷудоиандозҳо миёни дӯстҳо ва онҳое, ки дар ҳаққи шахсони поку бегуноҳ шарру бадӣ ва ҳалокат мехоҳанд” (Ривояти Имом Аҳмад). Чи хеле, ки дар ҳадис мебинем, хабаркаш ва вайронкор бо ҳам зикр гаштаанд. Паҳлуи ҳам омадани ин ду гуруҳ, хабаркашону вайронкорон, ба мо он маъниро медиҳад, ки яке аз натиҷаҳои бади хабаркашӣ вайрон намудани робитаи дӯстии одамон аст. Дарвоқеъ як сухани ноҳақи суханчин дар як лаҳза маҳфилҳои гарми садҳо дӯстонро метавонад пароканда созад. Яҳёи Ямонӣ, яке аз рӯшанфикрон барҳақ гуфтааст, ки “вайронкорие, ки шахси хабаркаш дар як соат мекунад, соҳиру ҷодугар дар як сол карда наметавонад”.

Ҷазои наммомӣ
Аслан барои шахси хабаркаш ҳамин ҷазо басанда аст, ки мардум ӯро ҳамчун шахси фурӯмояву пастфитрат меҳисобанд. Наммом ба ҳар ҷое қадам монад, шахсони оқил он маконро тарк ва аз ӯ фирор мекунанд. Дар доираҳои ба қавле мардонагӣ касе ба ӯ қадру қимат ва мардонагиро сазовор намедонад. Ба таъбири дигар, хабаркаш дар ҳаёти муосир ҳамчун як қишри ҷудошаванда ва унсури бегона шинохта мешавад. Ин яке аз ҷазоҳои дунёӣ мебошад ва боз дар дунё ҷазоҳои дигар низ дорад, ки ба ҳамагон маълум аст. Истгоҳи дигари ҷазо барои наммом қабр аст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки онро Ибни Аббос ривоят мекунад, мегӯяд “Рӯзе расули Худо (с) ба назди ду қабр мегузаштанд ва чанде дар онҷо таваққуф намуда, гуфтанд: “Бешубҳа соҳиби ин ду қабр азоб карда мешаванд, на барои кори бузург (яъне онҳо ин ду корро дар дунё ҳеҷ мешумориданд). Яке аз инҳо худашро аз бавл пок намекард, аммо дигараш бошад, дар миёни мардум хабаркашӣ мекард…” (Сунани Абудовуд). Уламои ҳадис гуфтаанд, дар ҳоле, ки ин ду кор, яъне худро аз бавл (пешоб) пок кардан ва аз хабаркашӣ даст кашидан кори мушкилу вазнин набуд, ҳар касе метавонад ба осонӣ покиро риоя ва наммомиро тарк кунад. Дар ин маврид Ибни Қаййими Ҷавзӣ гуфтааст: “Аввалин коре, ки дар қабр ва қиёмат аз банда пурсида мешавад, намоз ва рехтани хуни ноҳақ аст. Касе покӣ ва назофат аз бавлро тарк мекунад, ки он муқаддимаи намоз аст ва касе хабаркашӣ мекунад, ки он решаи душманӣ ва хунрезӣ аст, бешак азоби шадид ӯро интизор аст” (китоби «Ғизоулалбоб»).
Дуюмин истгоҳи ҷазову азоб барои шахси наммом аз ҷаннат маҳрум мондани ӯ мебошад. Аз Ҳузайфа ривоят аст, ки мегӯяд, ман аз расули Худо (с) шунидам, ки гуфт: “Шахси наммом (суханчин) ҷаннат намедарояд” (Ривояти Имом Муслим). Донишмандон атрофи ин ҳадис бо таъкид андешаронӣ мекунанд, ки агар як фарди мусалмон намоз хонад, рӯза гирад, закоти мол диҳад, ҳаҷ кунад ва ҳатто ҷор бизанад, ки ӯ мусалмон аст, дар ҳоле, ки хабаркашу суханчин аст, ҷаннат намедарояд. Ин сухани Паёмбар (с) аст, ӯ аз осмон ва ё аз андешаи худ сухан намегуфт, балки ҳар он ҳукме, ки содир менамуд тавассути ваҳйи аз ҷониби Аллоҳ сурат мегирифт. Пас ҳар мусалмоне, ки сифати суханчиниро дар худ мепарварад, агар ба ин ҳадис боварӣ дошта бошад, имон дошта бошад, ки ин сухан ҳақиқату рост аст, бидуни иршоду ҳидояти касе қатъан хабаркаширо тарк мекунад.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь