Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.
Саъдии Шерозӣ
Дар Африқои Шарқӣ халқе бо номи суаҳили зиндагию фаъолият мекунад ва маҳз миёни ин халқ мақоли «Қарзгирӣ мисли тӯй аст, баргардонидани қарз мисли мотам» ҷой дорад, ки ба он на танҳо одамони тамоми минтақа, балки мо низ розӣ набуда наметавонем. Оё ҳама одамон дар бораи қарз чунин фикр намекунанд? Баъзан гарчанд гирифтани қарз бамаврид аст, оё онро роҳи ҳалли душвориҳо номидан мумкин аст? Қарзгирӣ дар худ чӣ хавфу хатар ё домҳо дорад?
Халқи суаҳили боз як мақоли дигари машҳуре дорад: «Қарзгирию қарздиҳӣ дӯстиро вайрон мекунад». Дар ҳақиқат, амиқтар андеша намоӣ, ба хулосае омада метавонӣ, ки қарз байни дӯсту рафиқ ва хешу табор низоъу хархаша ва душманӣ андохта метавонад. Ҳатто агар шахс дилу нияти хуб дошта бошад ҳам, вазъият метавонад ранги дигар гирад. Масалан, агар бо гузашти вақт қарз баргардонида нашавад, ин метавонад боиси норизогӣ ва асабонияти қарздиҳанда шавад. Дар навбати худ, норизогиву хафагӣ афзун шуда, ба хунук гаштани муносибат миёни қарзгирандаю қарздиҳанда ва ҳатто оилаи онҳо оварда мерасонад. Мо ба қарз, ки сабаби нофаҳмиҳо шуда метавонад, ба ҷуз чораи охирин набояд чун ба роҳи осони ҳалли мушкилиҳо назар дӯзем.
Анбиёву азизони олам зикр кардаанд, ки қарз метавонад на танҳо ба муносибати байни одамон, балки ба муносибати шахс бо Яздони пок таъсири бад расонад. Душвориҳои бо қарздорӣ алоқаманд ғаму ташвишҳои зиёд меоранд ва ҳал кардани онҳо аз тарафи кас фидокориро талаб мекунад.
Ба ақидаи хотамуланбиё Муҳаммад (с) «Қарз зиллат аст». Боре аз пайғамбар пурсидаанд: – Оё мардон ҳам ҳайз мебинанд? Гуфт:- Оре. Пурсиданд:-Кадом вақт? Гуфт:- Дар ҳоле ки марди қаздор ба қарздода агар қарзашро напардохта бошад, ба қатори ҳайздидаҳост. Ҳазрати Довуд (а) мефармояд: «Бадкор қарз мегирад ва барнамегардонад, вале росткор меҳру вафо мекунад ва медиҳад». Дар такя ба қисмати аввали гуфта, шахсеро, ки дидаю дониста аз адо кардани қарз мегурезад, бадкирдор меноманд. Писари Довуд ҳазрати Сулаймон (а), ки одами донотарини давру замони худ маҳсуб меёфт, огоҳ мекунад, ки «Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад». Суханони мазкур таъкид менамоянд, қи қарзгиранда бояд дарк кунад, ки то пурра адо кардани қарз ӯ аз қарздиҳанда вобаста аст, ба тарзи дигар гӯем, шахси қарзгиранда аллакай дар ихтиёри худ нест. Агар баргардонидани қарз барои шахс дар ҷои аввал набошад, ин ба душвориҳои саргум оварда мерасонад. Зиёд шудани қарз ба ғаму ташвиш, шабҳои бехобӣ, хастагиву иҷрои корҳои иловагии хастакунанда, ҷангу ҷанҷоли байни ҳамсарон, аъзои оила ва ҳатто вайрон шудани он, коҳиш ёфтани муносибатҳои хешу таборӣ ва дӯстӣ оварда мерасонад. Дар баъзе мавридҳо оқибати кор ба ҷавобгарӣ кашидани шахси қарздор ё ҳатто ба маҳбус ва бехонумон шудани ӯ буда метавонад. Оқиле мефармояд: «Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар». Албатта, гӯш фаро додан ба чунин андарзи оқилона аз рӯи хирад аст.
Оё гирифтани қарз дуруст мебошад? Дар мавриди қарзгирӣ эҳтиёткор будан бисёр муҳим аст ва пеш аз иҷрои амал аз рӯи хирад мебуд, ки аз худ бипурсем: Оё ман танҳо барои оилаамро бо чизҳои зарурӣ таъмин кардан қарз мегирам? Ё аз чашмгуруснагӣ ман ба чизи доштаам қаноат намекунам ва ба кӯрпа нигоҳ накарда пой дароз мекунам? Дар бисёр маврид хуб мешуд, ки ба ҷои ба ботлоқи қарзу қавола ғӯтидан бо чизи дошта қаноат бинамоӣ. Албатта, ҳолатҳои фавқуллодоте мавҷуданд, ки ба ҷуз аз қарзгирӣ илоҷи дигаре нест. Агар кас дар ин ҳолатҳо қарз гирад, ӯ бояд инро росткорона ва аз рӯи инсоф кунад. Чӣ тавр?
Ҳеҷ гоҳ кӯшиши сӯиистифода кардани каси бойтарро набояд амалӣ сохт. Фикри он ки чунин шахс танҳо сарватманд асту барои шумо ёрдам хоҳад кард ва вақти бо одами давлатманд сарукор намудан боинсоф будан ҳатмӣ нест, низ иштибоҳ аст. Ба одамоне, ки аз ҷиҳати моддӣ сарватманд метобанд, ҳасад бурдан нашояд. Чунки, ба қавле «Бахил аз пайи сарват мешитобад ва намедонад, ки бенавоӣ ба сари ӯ меояд». Қарзгирифта кӯшиш намуданаш лозим аст, ки ҳарчи зудтар қарзро баргардонад. Агар қарздода ягон муҳлатро муқаррар накардааст, қарзгирифта худ онро муайян кунад ва то он муҳлат қарзро баргардонад. Барои он ки ҳамдигарнофаҳмиҳо сар назананд, пешакӣ ба таври хаттӣ шартнома тартиб додан ба манфиати кор аст. Шартнома навиштан, муҳр ба он задан ва барои шаҳодат шоҳидонро даъват кардан дар пиёда намудани ҳар гуна кор талаботи қонун ва аҳкоми Эзадӣ маҳсуб меёбад. Агар имкон бошад, шахсан ба назди қарздиҳанда рафта, пулро ба дасташ супоред ва миннатдорӣ баён кунед. Агар ҳанӯз қарзро пардохта натавонистаед, аз пешаш гузаред ва гӯшрас намоед, ки онро баробари даст ёфтан хоҳед пардохт. Ба ҷо овардани чунин амали боинсофона маънои бо вай хуб нигоҳ доштани муносибати доимиро дорад.
Давои хоҳиши қарзгирӣ имондорӣ ва қаноатмандӣ мебошад. Агар кас имон дошта бошад, аз Худо метарсад ва саривақт адои қарз менамояд, қаноатпешагӣ эмин нигоҳ дошта тавонистани худ аз оқибатҳои нохуши қарзгирӣ аст. Ҳарчанд бо чизи андак қаноат кардан дар ҷаҳоне, ки одамон ғуломи нафсу ҳавою ҳаваси чашмугуруснагиву дилбастагии худанд, он қадар осон нест, вале зуҳури ҳарду сифати зикршуда дар вақташ манфиатбахш мебошад.
Оилаи дӯсте доштам. Вақте онҳо ҷавонтар буданд, мехостанд мисли дигарон соҳиби хонаву дари ободи худ бошанд. Пайи иҷрои мақсад зану шавҳар пасандозашонро гирифтанд ва ҳамчунин аз бонк ва хешовандонашон қарз карданд. Аммо дере нагузашта ҳарду ҳис карданд, ки бори гарони фоизи моҳона бар гарданашон овезон аст. Барои баргардонидани қарз онҳо боз бисёртар кор мекардагӣ шуданд, айёми охир чунон банд буданд, ки рӯз аз рӯз барои фарзандонашон вақт камтару камтар мемонд. Дӯстам, сарвари оила ба ман гуфт: «Ғаму ташвиш, дард ва камхобӣ бароям мисли бори гароне буд. Ба назарам чунин метофт, ки ман нафасгир шуда истодаам».
Ӯ дар анҷоми суҳбат иброз дошт, ки маҳз андеша болои манфиати зиёд доштани қаноатмандӣ ӯву завҷаашро ба хулосае овард, ки ягона роҳи ҳалли мушкилашон фурӯхтани хона мебошад. Танҳо баъд аз ду сол онҳо пурра аз бори гарони қарз халос шуда тавонистанд. Ҳамсарон аз ин чӣ дарсе гирифтанд? Ҳарду мегӯянд: «Ба чизҳои моддӣ аз нуқтаи назари қаноатмандӣ нигаристан муҳофизат аст».
Ин ҳолат ва шароитҳои дигар ба бисёр одамон шинос бошад ҳам, аммо одамонро аз қарзгирӣ боз намедорад. Аз рӯи хирад мебуд, ки аввал қарзгирандагон болои оқибатҳои номатлуби қарз фикр кунанд ва баъд аз худ бипурсанд: оё қарз гирам?
Агар шахс қарздор аст, чӣ кор бояд кунад? Мунир ном шиносам баён дошт: «Дар вақти буҳрони молиявӣ тиҷорати ман шикаст хӯрд, дар натиҷаи ин мо дигар хароҷоти бо хона алоқамандро рӯпӯш карда наметавонистем ва барои супоридани қарзҳое, ки тавассути кортҳои кредитӣ гирифта будем, шароит надоштем. Ман аз ташвишу хавотирии зиёд шабҳо хоб карда наметавонистам». Бонуи ошно бо номи Алла низ чунин ҳасрат карда буд: «Мо хонаамонро бо меҳру муҳаббати беандоза бунёд карда будем, барои ҳамин фикри аз даст додани он бароямон даҳшатовар буд. Вақте ки ману Олим ҷиҳати чӣ тавр баргардонидани қарзамон суҳбат мекардем, он аксар вақт бо ҷанҷол табдил меёфт. Гӯр ба сари муҳрабизнес, ки моро ба кӯча афканд…».
Чунон ки аз суханони болозикр аён мешавад, сабаби қарз метавонад боиси муташанниҷ шудани муносибати аъзои оила ё ҳатто вайрон шудани он гардад. Таҳқиқотчии англис бо номи Ҷефри Дю мегӯяд, ки «ҳамсароне, ки қарздоранд, вақти камро бо ҳамдигар мегузаронанд, зуд-зуд муноқиша мекунанд ва нисбат ба пештара на он қадар хушбахтанд. Баҳси қарзу пул нисбат ба дигар масъалаҳо зиёдтар давом мекунад, боиси ҷанҷол ва зӯроварии зиёд мегардад, ба саломатии тарафайн зарар расонида, сабаби бехобӣ, дарди сар, дарди шикам, сактаи дил, афсурдаҳолӣ ва дигар бемориҳо мешавад». Барои ҳамин тааҷҷубовар нест, ки чаро дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон норизогиҳо перумони пул яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии ҳамсарон мебошанд. Тибқи як хабари мақомати қудратӣ, тоҷикзане аз сабаби надоштани имконият барои баргардонидани қарзаш, ки ба 840 доллари амрикоӣ баробар буд, даст ба худкушӣ задааст. Ӯ ин пулҳоро барои табобат кардани фарзандонаш аз ҳоҷии дорое гирифта буд.
Кадом душвориҳое мавҷуданд, ки аъзои оила бо онҳо ҳини қарздор буданашон дучор мешаванд ё зери фишорашон қарор мегиранд? Оё принсипҳое ҳастанд, ки дар чунин мавридҳои ногувор ёрӣ карда тавонанд?
Душвории 1.Мо якдигарро айбдор мекунем. «Ман занамро дар исрофкорӣ айбдор мекардам, – иқрор мешавад Мурод, – ӯ бошад, шикояткунон мегуфт, ки агар ман ҷои кори доимӣ медоштам, пуламон ба ҳама чиз мерасид». Зану шавҳар чӣ кор карда метавонанд, то ки қарздорӣ дар байнашон ҷудоӣ наандозад?
Мифтоҳи муваффақ шудан бо ин душворӣ якҷоя мубориза бурдани ҳамсарон мебошад. Новобаста аз он, ки дар қарздор шудан кадом узви оила гунаҳкор аст ё не, фурӯ гузоштани ҳар гуна кудурат, қаҳру ғазаб, фарёду бадгӯӣ вазъиятро тағйир медиҳад. Бо қарз мубориза бояд бурд, на бо ҳамдигар. Мурод, ки дар боло зикраш рафт, ҳамкории ӯву занаш ва фарзандонашро дар мубориза бо қарздорӣ чунин шарҳ дод: «Оқибат мо ба ифоқа омадем, фаҳмидем, ки аз ғурур пеши ҳамдигарӣ фақат низоъ ба миён меояд, вале фурӯтанию машваратшунавӣ роҳнамост. Мо қарзро душмани умумии худ ҳисобидем, ба ҷои он ки бо душвориҳои пулӣ дар танҳоӣ мубориза барем, хуб шуд, ки оид ба онҳо суҳбати ошкоро доштем, фикри ҳамдигарро ба инобат гирифтем ва сипас қувваҳоямонро муттаҳид сохта амал намудем. Хушбахтаона, дар ин кор ба мо фарзандонамон, ки яке кор мекунаду ду нафари дигар толибилманд, мадад карда тавонистанд. Ман ва аҳли байтам дарк намудем, ки чун оила алайҳи душвориҳо, хусусан қарздорӣ ҳамкорӣ намудан бисёр муҳим аст».
Аз тамаъ барҳазар бошед ва ҳаёти инсон аз фаровонии дороии вай вобаста нест. Аз тарафи касоне, ки ба душвориҳои пулӣ, аз ҷумла қарз рӯ ба рӯ шудаанд, санҷида дидани таҷрибаи оилаи Мурод, ба фикри мо, ба фоидаи кор аст. Яъне онҳо вақт ҷудо намоянд, то бо ҳамсару фарзандон ҷиҳати қарзашон ошкоро ва оромона суҳбат кунанд, ҳар гуна хатоҳоеро, ки эҳтимол ба онҳо роҳ дода буданд, эътироф созанд. Ба ҷои зиёд фикр кардан дар бораи гузашта, мулоҳиза намоянд, ки дар оянда ҳангоми қабули қарор аз рӯи кадом принсипи хуб амал намуданашон лозим аст.
Душвории 2. Аз қарз озод шудан ба назар ғайриимкон метобад. «Баъди бо бизнес машғул шуданам ман ба қарзи калоне ғӯтидам. Буҳрони молиявие, ки баъди инқирози муҳрабизнес сар зад, вазъияти ман ва аҳли оилааамро бадтар кард,- бо душворӣ ба хотир меоварад бону Амина, – ман шавҳару писарам ва манзиламро дар ин ҷодаи пушаймонӣ аз даст додам. Ман фикр мекардам, ки бо ду духтари муштипарам ҳеҷ гоҳ аз гирдоби қарз озод шуда наметавонам, гӯё ки маро бо занҷире ба он сахт баста бошанд». Марди обрӯманде аз як рустои шаҳри Панҷакент тамоми пасандозашро ҳангоми бо як тиҷорати хатарнок машғул шуданаш аз даст дод ва илова бар ин аз чанд бонки ноҳияву шахсони алоҳида қарздор шуд. Вай мегӯяд: «Аз шарму хиҷолат муроҷит кардани ман ба хешу дӯстонам ҷиҳати ёрӣ хеле душвор буд. Ман худро ночизу нокас ҳис мекардам».
Агар кас аз сабаби қарздор будан сахт руҳафтода бошад ё худро аз ҳад зиёд гунаҳкор ва шарманда ҳис кунад, чӣ ба ӯ мадад карда метавонад? Коршиносони соҳа маслиҳат медиҳанд, ки калиди муваффақ гаштан дар ин самт буҷаи худро назорат кардан аст. Чӣ тавр?
1.Буҷаи худро аз нав тартиб диҳанд. Тамоми даромад ва хароҷоти оиларо дар давоми ду ҳафта, ё агар беҳтар донанд, дар давоми як моҳ ба нақша гиранд. Ба ин рӯйхат маблағеро дохил намоянд, ки онҳо ба ҳисоби миёна барои супурдани андоз, пардохти ҳар гуна хизматрасониҳо, харидани сарулибос ва ғайра сарф карда метавонанд.
2.Даромадашонро зиёд кунанд. Онҳо метавонанд дар ҷои кори ҳозираашон корҳои иловагиро ба уҳда гиранд, ба кори мавсимӣ машғул шаванд, дарсҳои иловагӣ диҳанд, партовҳои истеҳсолиро ба коркарди дубора супоранд ё агар барои кардани коре маҳорати хуб дошта бошанд, онро ба дигарон пешкаш кунанд. Огоҳӣ: эҳтиёт бошанд, ки пулкоркунӣ сабаби халал ёфтани саломатии ҷисмонӣ, руҳӣ ва маънавии кас нагардад.
3.Хароҷоташонро кам кунанд. Пеш аз харидани чизе фикр кунанд, ки оё вай ба онҳо дар ҳақиқат лозим аст ё онро танҳо барои арзониаш хариданианд. Бузурге мефармояд: «Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст, вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад». Тибқи ин гуфта, хуб мешавад, ки ҳангоми харидани чизе кас саросема нашавад, зеро ин ба вай мадад мекунад то бифаҳмад, ки оё ин чиз дар ҳақиқат барояш лозим аст ё ӯ танҳо соҳиби он шудан мехоҳад. Чашмикордонҳо маслиҳат медиҳанд, ки барои кам кардани хароҷот одамон ҷои зистеро интихоб намоянд, ки пули камтар сарф мешавад ва ин ҷо аз қувваи барқ ва об сарфакорона истифода баранд, ба ҷои мунтазам дар ошхона ё кӯча хӯрок хӯрдан беҳтараш аз хона бо худ ғизое гиранд ва пеш аз маҳкамшавии бозор барои камтар сарф кардани маблағ меваҷоту сабзавот бихаранд, ба нақлиёти арзонтар савор шаванд, агар имконият бошад, бештар пиёда гарданд ва пас аз камтар кардани хароҷот пули боқимондаро дуруст истифода баранд.
4.Вазъияти худро дида бароянд ва амал кунанд. Аввал, меъёри фоиз, маблағи хизматрасонӣ ва оқибати саривақт пардохт накардани ҳар як қарзро муайян сохтан лозим аст. Ҳангоми гирифтани қарз бояд шартномаи бонк бодиққат хонда шавад, зеро қарздиҳандагон метавонанд фиреб кунанд. Масалан, бино ба ахбори як рӯзнома, як бонки Тоҷикистон вақти пешкаш кардани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба мизоҷон маълумот додааст, ки гӯё даромади бонк аз ҳисоби қарзи додааш 24 фисадро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар асл он аз 400 фоиз зиёд будааст.
Сипас, тартиби баргардонидани қарзҳояшонро бояд муайян кунанд. Дар ибтидо қарзеро баргардонанд, ки меъёри фоизаш аз ҳама калон аст. Ё аввал қарзҳои хурдро пардохт кунанд, зеро донистани он ки аллакай қисми қарзҳояшонро баргардонидаанд, онҳоро хотирҷамъ месозад.
Ниҳоят, агар аз уҳдаи супоридани қарз баромада натавонанд, кӯшиш кунанд, ки бо қарздиҳандагон гапзанон карда, роҳҳои дигари баргардонидани қарзро дида бароянд. Онҳо метавонанд хоҳиш кунанд, то муҳлати баргардонидани қарзашонро каме дарозтар кунанд ё фоизи онро пасттар намоянд. Баъзе қарздиҳандагон шояд ба кам кардани қарзатон розӣ мешаванд, ба шарте ки маблағи муайянкардаи онҳоро ҳамон замон пардохт карда шавад. Дар вақти фаҳмондани вазъияти пулию молии худ боинсофу боэҳтром будан лозим аст. Сухани кас бояд ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то ӯ бидонад, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳад. Гузашта аз ин, яқин намояд, ки виҷдони пок дорад ва дар ҳар бобат, ки мехоҳад ҳалолкорона рафтор мекунад. Ҳангоми ба қарорҳои умумӣ омадан ҳар як қарорро ба таври хаттӣ навишта, имзо гузоштан шарт аст.
Ҳамин тариқ, баъди тартиб додани буҷа маслиҳат намудан лозим аст, ки ҳар узви оила чӣ тавр хароҷотро дар оила камтар ва даромадро зиёдтар карда метавонад. Дидани он ки ҳар узви оила фидокорӣ зоҳир мекунад, ба қарздор мадад расонида метавонад, ки дар мубориза бо қарз якдилона амал кунад.
Душвории 3. Қарз тарзи фикррониро хароб мекунад. Мубориза бо қарз метавонад ба бисёр ҷонибҳои муҳими ҳаёт таъсири манфӣ расонад. Тоҷири ошное, ки ба ҷои аз фаъолияти хеш бештар манфиат бародштан бештар ба рӯпӯш кардани қарзҳо ва пардохти шаклҳои андоз машғул аст, мегӯяд: «Душвории калонтарин ин аст, ки тамоми ҳаёти мо гирди қарз давр мезанад. Чизҳое, ки бояд дар ҷои аввали ҳаёт меистоданд, моҳияти худро гум кардаанд». Новобаста аз кӯшишҳои кас, шояд қарздор дар давоми моҳҳову солҳо машғули баргардонидани қарзи худ бошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда чӣ тавр муносибат кардани кас ба вазъият дар ихтиёри худи ӯст. Ба ҷои он ки одам аз ҳад зиёд ҷиҳати пул ва норасоии он фикр кунад, оқилона аст ба чизи доштааш қаноат кунад. Қаноъатмандӣ аз вазъияти пулии худ ба кас имконият медиҳад, то дарк кунад, ки чӣ беҳтар аст. Хурсандиеро, ки қаноатмандӣ меорад, чизу чора ё пул дода наметавонад. Калиди муваффақият ҳамин аст, ки пул дар ҳаёти кас ҷои худашро дошта бошад. Дар масъалаҳои вобаста ба пул бояд воқеъбин буд, нақшаҳои беҳтарин, ки мо баъзан ба пул вобаста медонем, метавонанд амалӣ нагарданд. Аз ин ҷиҳат руҳафтода набояд шуд. «Пул барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад»,- таъкид намудааст бузурге. Аз сабаби дуру дастнорас будани пул кас набояд худро ба доми қарз афканад, балки атрофи чизҳое, ки барои кас пурарзишанд ва онҳо бо пулу мол харида намешаванд, бояд бештар фикру мулоҳиза намуд ва албатта, мувофиқи кӯрпаи худ по дароз кардан лозим меояд.
Азизмуроди АЛИАКБАР