Санаи 20-уми июли соли равон дар саҳифаи фейсбукии Раҷаби Мирзо (“Ахбор барои афкор”) маводе бо номи “Масоили хонаводагӣ танҳо ба занҳо марбут нест!” нашр шуда буд ва дар робита ба ин мавзуъ дар он ҷо мақолаи ҷомеашинос Марям Давлатова – “Чаро зани имрӯза марди ҷасуру боғайрат тарбия намекунад?”, ки моҳи марти соли 2016 дар нашрияи “Нигоҳ” чоп шудааст, бознашр гардид. Маводи мазкурро мутолиа намуда, бо назардошти муаммои доғи рӯз будани ин мавзӯи зиндагӣ, зарур шуморидам, ки баъзе фикру мулоҳизаҳои хешро дар ин бобат иброз намоям.
Дар ҳақиқат, солҳои охир муаммои оилаю оиладорӣ, тарбияи фарзанд ва дигар таззодҳои зиндагӣ вобаста ба коҳиш ёфтани тарбияи ахлоқии насли ҷавон, мавҷудияти омилҳои зӯроварӣ дар оила, муносибати бепарвоёнаи волидайн дар тарбияи фарзанд ва умуман, пойдор набудани оилаҳои навбунёд боиси нигаронии давлату ҷомеа гардидааст. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар пайдошавии чунин муаммоҳо, аз як тараф равандҳои ҷаҳонишавӣ таъсир расонида бошад, аз тарафи дигар бепарвоии насли калонсол, худкомагии ҷавонон ва бетарафии аҳли ҷомеа низ сабаб шудааст.
Солҳои кӯдакии худро ба ёд оварда, ҷиҳати бунёди оилаҳои пойдор, мавқеи хоса доштани пирони кор, шахсони барӯманди диёр ва дигар инсонҳои рӯзгордида ба хотирам меояд. Дар ҳамон солҳо низ бо сабабҳои ночиз дар баъзе оилаҳои ҷавон ҷангу ҷанҷол ба амал меомад, вале аҳли маҳалла намегузоштанд, ки оилаҳо вайрон шаванд, инсонҳои барӯманд ба ин хонаводаҳо ташриф оварда, насиҳат медоданд, ба волидайни келину домод мегуфтанд, ки ба келин ё домод ҷабру ситам накунанд, номи маҳалла доғдор нашавад ва бо панду насиҳатҳои падарона ҷавононро муросо медоданд. Ҳозир бошад, ҳама тамошобин, баъзе хусуру хушдоманҳо келинро “ғулом”-и оила меҳисобанд, баъзе мардҳо ба ҳамсарони хеш ҳамчун як инсони тамоман беқадр муносибат карда, дар ҳар як маврид бо “талоқ додан” ё худ, “ба болояшон зани дуюм гирифтан” модари фарзандони хешро метарсонанд, ки ин ҳам аз нигоҳи шариати ислом ва ҳам аз рӯи одоби инсонгарӣ куллан нодуруст мебошад.
Дигар масъалае низ вуҷуд дорад, ки баъзе хушдоманҳо он кирдореро, ки ба духтари худашон раво намебинанд, нисбати келин дуруст меҳисобанд. Ҳол он ки, модари ҳар писар агар фарзанди хешро дар асл дӯст дорад, бояд ҳамсари вай ё модари набераҳои ояндаашро мисли духтари худ дӯст дорад ва келинҳо ҳам волидайни домодро ҳамчун падару модари хеш эҳтиром кунанд ва дӯсташон бидоранд, ки чунин тарзи муносибат асоси пойдории оилаҳо хоҳад шуд.
Вале, сад афсӯс, дар ҷомеаи мо алҳол бисёр шахсон ёфт мешаванд, ки сабабгори бевоситаи хонавайрон шудани фарзандони хеш, бе падару модар мондани кӯдакони ноболиғи онҳо мегарданд ва ҳатто аз Худо шарм накарда, бо як ғурури баланд ба духтари дигар хонадор кардани писарашонро баён мекунанд. Ин ашхос фикр намекунанд, ки бо ин кирдори ноодамонаи худ ба ҳолати равонии кӯдакони ноболиғи бегуноҳ чӣ қадар зарар мерасонанд, модарони онҳоро чӣ қадар азият медиҳанд ва дар навбати худ, фарзанди хешро низ бадбахт мекунанд. Ҷоизи зикр аст, ки баҳри мустаҳкам шудани оилаҳои ҷавон мақоми махсусро хушдоманҳо бозида метавонанд ва агар хушдоманҳо нисбати келинҳояшон ҳамчун модар муносибат кунанд, пеши ҳама гуна гуногунандешиҳо гирифта хоҳад шуд.
Ин суханҳоро аз таҷрибаи ҳаётии хеш низ гуфта истодаам, зеро волидайнам маро дар синни 19-солагиам оиладор карда буданду ҳамсарам 18-сола буд. Азбаски мо ниҳоят ҷавон будем, бо ҳар гуна сабабҳои ночиз байнамон баҳсу мунозираҳо ба амал меомад, вале модари раҳматии ман ва хушдоманам (руҳашон шод бод!) ҳамеша бо насиҳатҳои оқилонаи хеш моро ба зиндагии нек даъват мекарданд. Боре нашудааст, ки модари раҳматиам келинашонро ба ман ганда карда бошанд, баръакс, агар ҳамсарам дар рӯзгордорӣ камбудие зоҳир карда бошад ҳам, онро аз ман ҳамеша пинҳон медоштанд. Падарам низ ба келинашон ҳамчун духтари худашон муносибат доштанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки ману ҳамсарам қариб 50 сол якҷоя умр ба сар бурда, алҳол соҳиби 6 фарзанд, 15 набераҳою абера ҳастем ва муносибати хуби хонаводагӣ ҳардуи моро ба зиёрати Каъбатуллоҳ рафтану ба унвони “Ҳоҷии ҳаҷҷи Акбар” соҳиб шудан шарафманд гардонд.
Афсӯс, имрӯзҳо мо шоҳиди он низ мешавем, ки баъзе хусуру хушдоманҳо нисбати келинашон хеле ҷабру ситам карда, ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд, оромона зиндагӣ кардани онҳоро намехоҳанд, ба фарзандашон маслиҳати аз ҳамсар ҷудо шуданро медиҳанд ва фарзандони онҳоро зиндаятим мекунанд.
Аз нигоҳи шариати Ислом ва қонунҳои амалкунандаи кишвар зӯроварӣ дар оила, зулм кардан нисбати зан – модар гуноҳ аст ва Худованд ҳуқуқҳои занонро ва уҳдадориҳои мардонро нисбати ҳамсару фарзандон дар Қуръони маҷид муфассал баён кардааст, вале ин талаботҳоро ҳатто баъзе ашхосе, ки бо унвонҳои “ҳоҷигӣ” доштанашон ифтихор мекунанду даъвои “ашрофзодагӣ” доранд, риоя намекунанд, ки он боиси вайроншавии оилаҳо мешавад.
Дар ин бобат сухан ронда, мехоҳам қиссаи ҷавоби пандомӯзи пирамардеро ба саволи “Чаро занҳо ба осонӣ ва бидуни ангеза гиря мекунанд?” манзури шумо намоям ва баъзе тавсияҳои хешро баҳри мустаҳкам намудани пойдории оилаҳо иброз дорам.
Ба саволи дар боло зикршуда пирамард андаке таваққуф карду гуфт: “Ҳангоме, ки Худованд (ҷ.ҷ.) занро офарид, шонаҳои вайро нерӯманд ва мустаҳкам сохт, то битавонад ҳама ҷаҳонро ба дӯш бардорад, то сари ҳама ҷаҳон рӯи он шонаҳо ором гирад. Оғӯшашро гаҳвора сохт, то ҷаҳон дар оғӯшаш бузург шавад. Ба вай сабри дарунӣ ва тани нерӯманд дод, то ҳангоми таваллуд кардан дардро таҳаммул кунад. Ба вай умед дод, то ҳангоме, ки ҳама ноумед шуданд, ба роҳ идома диҳад. Худо (ҷ.ҷ.) занро аз устухони синаи мард офарид, то сипаре ба дили мард шавад, ба вай отифа дод, то хонаводаашро нигаҳдорӣ кунад. Ба вай сабри бузурге дод, то дар ҳар ҳангом аз фарзандонаш нигаҳдорӣ кунад, ҳатто агар худаш бемор буд ва саранҷом Худо (ҷ.ҷ.) ба вай ашк барои резондан дод. Ин ашкҳо аз вай аст ва моли худи ӯст ва ҳар ҷое, ки зарурат шуд, бе ихтиёр, бе ангеза, бе далел ва бе тавзеҳ аз он кор мегирад. Ва барои мард дасте офарид, то он ашкро аз рухсори зан пок кунад”.
Пирамард дар идомаи суханонаш чунин гуфт: “Бубин писарам! Зебоии зан дар тарзи ҷомапӯшии вай ё дар рангуборкунии нохунҳои вай, бо тарзи бастани мӯйҳои вай нест. Зебоии зан дар чашмҳои вай нуҳуфтааст, чун чашмҳои вай дарвозаи вурудӣ ба дили ӯст ва дили ӯ ҷоест, ки ишқаш дар ҳамон ҷо хона кардааст. Мард мавҷуди дурбину оянданигар ва зан бошад, мавҷудест аниқу дурандеши ҷаҳон!”.
Занро нашиканед, чун Худованд (ҷ.ҷ.) ҳар қатраи ашки ӯро хоҳад шуморид.
Шавҳари ҳақиқӣ онест, ки дар дили ҳамсар ба ҷойи дард муҳаббат ҷо мекунад, ба ҷойи шаппот шафқат ҷо мекунад, ба ҷойи ашки чашм ишқи самимӣ мебахшад.
Қадру қимати зан дар Ислом чунин аст: вақти таваллуд ба падараш дари ҷаннатро мекушояд, вақти издивоҷ нисфи имони шавҳарашро пурра мекунад ва вақти модар шуданаш ҷаннат зери пояш мегардад.
Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) фармудааст: “Худованд баракати ризқи оиларо дар муҳаббати зану шавҳар пинҳон кардааст!”. Аз ин лиҳоз, ҳар мард, алалхусус ҷавонони нав хонадоршаванда дар мавриди зиндагии заношӯӣ ин пандҳои исломиро низ бояд риоя кунанд, то дар ин дунёю охират аз азобу машаққатҳо наҷот ёбанд. Занҳо низ аз ин гуфтаҳо саргум нашаванду дар оиладорӣ муносибати тарафайни некхоҳонаро риоя намоянд.
Мардуми мо дар бисёр ҳолатҳо “келина нағзаш нағз дия” мегӯянд. Дар асл, келина гандааш нест. Келини эрка ҳаст, келини якрав ҳаст, келини худкор ҳаст, келини нихта кунед, баъд давида-давида кор мекардагӣ ҳаст. Келини дар ҳар сари кор “ина кунам, майлаш мӣ?, ҳамин хел кунам, майлаш мӣ?” гуфта мепурсидагиаш ҳаст, келини “мо хони бувамба ҳамин хел мекуним” гуфта, донистагиаш бо ин кор мекардагиаш ҳаст, келини фақат ба озодагӣ аҳамият медодагӣ ҳаст, келини фақат худашро фасон мекардагӣ ҳаст. Келинҳое ҳастанд, ки ба гапатон гӯш карда меистанд, келинҳое “аз худам дониста кунам, хурсанд мешаванд” мегуфтагиаш ҳаст, келинҳое ҳастанд, ки анҷомашонро пӯшидаву рӯи ҳавлӣ баромада, баъд “мо хонамон рафта истодаем” мегӯянд ва келинҳои як рӯз пеш “модарҷон, мо пагоҳ хонаи модарам равем, майлаш-мӣ?” мегуфтагӣ ҳам ҳастанд…
Хуллас, келина гандааш нест.
Меҳр монед, меҳр бармегардад, танқид кунед, танқидбор амал мекунад, модарвор рафтор кунед, келинҳо ҳам духтарвор ҷавоб медиҳанд. Ба ҳар ҳол, қарсак аз ду тараф мешавад ва доруи ҳалли кулли муаммоҳои зиндагӣ табассуми зебо ва муносибати хушбинонаи тарафайн мебошад.
Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванд дар пойдории оилаю тарбияи фарзандон, алҳол зарурияти дар Кодекси амалкунандаи оила ва дигар қонунгузориҳои ба ин масъалаҳо марбут ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо ба амал омадааст. Аз ҷумла, хуб мебуд, агар тибқи қонунгузории кишвар бастани қарордодҳои тарафайни зану шавҳари оянда қабл аз сабти асноди шаҳрвандӣ ҳатмӣ дониста шуда, дар он ҳуқуқи занҳои кӯдакдор ба талаби манзили алоҳида ҳангоми ҷудошавии оилаҳо бо ташаббуси шавҳарон (бидуни гуноҳи хиёнатпешагии зан) пешбинӣ карда шавад, чунки маскунсозии занҳо дар хонаи шавҳарони собиқ имрӯзҳо ба як муаммои ҷиддии иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтааст.
Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пойдории оилаҳо, таҷрибаи хоси таърихии мардуми мо ҷиҳати таҳти назорату сарпарастии шахсони барӯманд ва пирони хиради маҳаллаю коргоҳҳо гирифтани оилаҳои ҷавони муаммодор ба ҳукми анъана дароварда шуда, ҳангоми ворид гардидани аризаҳои даъвоии ҷудошавии оилаҳои кӯдакдор мақомоти ваколатдори давлатӣ қабл аз ҳама ба масъалаи аз тарафи шахси даъвои ҷудошавии оиларо ба миён гузошта пурра ҷуброн кардани тамоми хароҷоти нигоҳубини ин кӯдакон то ба синни балоғат расидани онон эътибори махсус диҳанд, ки ин фишанги асосии молиявии куллан коҳиш додани вайроншавии оилаҳо хоҳад шуд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бисёр мардони худобехабар ва булҳавас бо сабабҳои ночизе ақди никоҳашонро бекор кунонида, ҳамсару фарзандони хешро ба ҳолати ногувор гузошта, аз пайи гирифтани занҳои дуюму сеюм мешаванд ва воридсозии тағйиротҳои дахлдор ба қонунгузориҳои амалкунанда нисбати шадидтар гардонидани ҷавобгариҳои моддию маънавӣ ҳангоми бекоркунии ақди никоҳи оилаҳои кӯдакдор, ба ақидаи банда, боиси нисбатан камшавии вайроншавии оилаҳо хоҳад шуд.
Ин омилҳо дар навбати худ ба тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон, аз байн бурдани ҳама гуна низоъҳои қавмию авлодӣ ва дар кишвар таъмин намудани фазои хуби хонаводагӣ мусоидат менамоянд.
Карамулло ОДИЛОВ,
муовини раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви ИЖТ