Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ёдовар шуд.
Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво
Маҳмадалӣ Одинаев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор мегӯяд, ки маориф соҳаест, ки барои рушду тарақиёти кишвар ва ҷомеаи солиму пешқадами миллату давлат пояи воқеӣ мегузорад.
– Бешак, маориф махзани илму ирфон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар ҳамин асос аҳли кормандони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри иҷрою амалигардонии Барномаҳо, қонунҳою санадҳои меъёрии амалкунанда фаъолияти кории худро ба роҳ монда, баҳри бо дастовардҳои чашмрас ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайраташро равона карда истодааст, – изҳор дошт Одинаев.
Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ
Дар қаламрави ноҳияи Сангвор 64 адад муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 интернати наздимактабӣ амал мекунанд. Ба ғайр аз ин, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 572 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз онҳо 193 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумораи омӯзгорон 366 нафар, аз ҷумла 83 нафар занон дорои маълумоти олӣ, 43 нафар (13 нафарашон занон) дорои маълумоти олии нопурра, 68 нафар (43 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи махсус, 86 нафар (48 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ ва 9 нафар (6 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи умумӣ буда, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ғоибона ва ба тариқи фосилавӣ таҳсил карда истодаанд.
Айни ҳол, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 5069 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин миқдор 2408 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар назди 18 муассисаи таълимӣ «Маркази инкишофи кӯдак» бо фарогирии 275 нафар хонандагон фаъолият карда истодаанд.
Пешқадамони соҳа
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин радиф номи омӯзгорони пешқадам Расул Рафиев, Салоҳиддин Шарифов, Шамсиддин Давлатов, Муҳайё Раҳимова, Аҳмад Шарифов, Ибодулло Давлатов, Саидшо Мирзоев, Ҳошим Азизов, Файзиддин Одиназода, Маҳмадвалӣ Сулаймонов, Ҷамшед Тӯйчиев, Шокир Қосимов, Зафар Фтуров, Саймуддин Ҳисоров, Ҷӯрабек Раҳмонов, Маҳмадулло Шарифов, Бахтиёр Фақиров, Сайидакбар Акрамов, Амриддин Шоҳрухзода, Маҳмадватан Давлатов, Давлатмурод Ҳусайнзода, Аҳмадҷон Олимов, Шобуддин Раҷабов, Назришо Сатторов, Маҳмад Умедов, Сафар Каримов, Файзигул Ҳалимова, Назрулло Нидоев, Маҳмад Ғоибов, Азизхӯҷа Қодиров, Файзулло Хӯҷаназаров, Ҷамила Фарохова, Абдураҳмон Саидов, Ғарибалӣ Сангов, Ислом Ёров, Шералӣ Саидов, Шодмон Шарифов, Ёқуб Саидов, Сафархоҷа Хоҷаев, Идӣ Одинаев, Нуриддин Бедимоғов, Мақсуд Мансуров, Ҳабиб Ҳомидов, Шоҳусайн Латифов, Назокат Ҳусейнова, Ҳанон Шарифов, Ғулом Носиров, Аҳмадӣ Муҳаммадиев, Бурҳон Мирзоев, Ҳурматулло Муҳтоҷов, Сайҷаъфар Ҷумаев, Ҳарамгул Сулаймонова, Сайнасриддин Саидов, Мадина Додова, Абдулҳай Ёров ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба 13 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла ба 8 мутахассиси ҷавон қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст.
Дастовардҳои Сангвор дар соҳаи маориф
Моҳи декабри соли 2020 дар ноҳия олимпиада барои хонандагони синфҳои 9-11 аз рӯи 11 фанни таълимӣ дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот гузаронида шуд, ки дар он 461 нфар хонандагон ширкат варзида, аз онҳо 185 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Санаи 6-уми декабри соли 2020 дар маркази ноҳия даври ноҳиявии олимпиада гузаронида шуд, ки аз шумораи 185 иштироккунанда 44 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд, аз ҷумла 17 нафар соҳиби ҷойи якум, 22 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 27 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин, моҳи декабри соли 2020 олимпиада барои хонандагони синфҳои 5-8 аз рӯи 11 фанни таълимӣ ва озмуни шоҳмот аз тарафи Маркази рушди истеъдодҳо гузаронида шудааст.
Давоми соли гузашта дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сангвор озмунҳои гуногун бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои рӯзи Президент, Парчами миллӣ аз қабили шашка, шоҳмот, расми беҳтарин ва иншои беҳтарин гузаронида, ҷамъбаст карда шудаанд ва маводҳои беҳтарин дар кабинети меътодии шуъбаи маориф нигоҳ дошта мешаванд.
Бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия миёни хонандагон пайваста олимпиада ва озмуну чорабиниҳои дахлдор ба соҳа гузаронида мешавад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Сангвор 3 нафар гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Сангвор бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои хонандагони дигар намунаи ибратанд.
Гирандагони стипендияи Президентӣ
- Мирзоев Аҳком, хонандаи синфи 11-и МТМУ №1,
- Ғайратова Шукрона, хонандаи синфи 10-и МТМУ №3,
- Раҳматуллозода Саламшоҳ, хонандаи синфи 10-и МТМУ №2.
Гирандагони стипендияи раиси ноҳия
- Назарзода Сино, хонандаи синфи 10-и МТМУ №1,
- Рӯзиев Шариф, хонандаи синфи 8-и мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ,
- Меҳрубони Анвар, хонандаи синфи 9-и МТМУ №57,
- Раҳмияи Маҳмадрозиқ, хонандаи синфи 10-и МТМУ №20,
- Мирзозода Шаҳло, хонандаи синфи 11-и МТМУ №9,
- Маҳмадҷонов Баҳриддин, хонандаи синфи 11-и МТМУ №3.
Роҳхат ба донишҷӯӣ
Дар соли 2020 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия байни хатмкунандагони синфи 9 ва 11 оид ба ҳуҷҷатсупорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот гузаронида шуда, аз шумораи 404 нафар (аз ин 173 нафар духтар) хатмкардагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия 311 нафар (96 духтар) ва 15 нафар хатмкардагони синфи 9 тавассути Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ 204 нафар (аз ин 61 нафар духтар) дохил шуданд.
Дар санаи 20-уми июни соли 2020 баъди санҷиши комиссияи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар довталабон (аз ҷумла 20 нафар духтар) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд.
Дар умум, дар соли таҳсили 2020-2021 224 нафар (аз ин 71 нафар духтар) ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардидаанд.
Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир
Рафти иҷрои қарори ҲҶТ дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии шуъбаи маорифи ноҳия қарор дошта, оид ба иҷрои қарори мазкур пешравиҳо мавҷуд буда, дар 38 муассисаи таълимии ноҳияи Сангвор 21 адад видеопроектор мавҷуд мебошад. Айни ҳол 24 муассисаи таълимӣ ба шабакаи Интернет тавассути модемҳо пайваст карда шудаанд. Ҷиҳати иҷрои Барнома дар муассисаҳои таълимии ноҳия 408 адад компютер, 114 адад принтер, 17 адад тахтаи электронӣ, 22 адад проектор мавҷуд мебошад, 115 дарсади нақшаро ташкил дода, ба 13 нафар хонанда як компютер рост меояд. Баҳри иҷрои Барнома дар 5 соли охир 128 адад компютери нав харидорӣ гардид, ки талаботи муассисаҳои таълимӣ бо компютер пурра иҷро шуд.
Баҳри иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» то имрӯз дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ, англисӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ ташкил карда шудааст. Дар асоси маблағҳои буҷетӣ харидорӣ намудани маводҳои лабораторӣ ва адабиётҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ сохтани айёниятҳои худсоз хуб ба роҳ монда шуда, ҳар як дарси омӯзгорон бо айёният гузаронида мешавад ва ин тадбир ҳамчун омӯзиши таҷрибаи пешқадам мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ин масъала мунтазам дар ҷамъомадҳои назоратӣ ва шӯроҳои шуъбаи маорифи ноҳия натиҷагирӣ карда мешавад.
Маркази таҳсилоти иловагӣ
Дар Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф 65 нафар шогирдони муассисаҳои таълимӣ ба машғулиятҳои гуногун фаро гирифта шудаанд, ки он дар рушду нумуъи анъанаҳои мардумӣ аз зумраи наққошӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, ихтироъкорӣ, харротӣ нақши мусбӣ мегузорад. Маҳфилҳои марказ аз қабили «Дӯзандагӣ», «Суруд ва мусиқӣ», «Расмкашӣ», «Бадеӣ-театравӣ», «Шашка ва шоҳмот» фаъолияти пурсамар доранд.
Таъмини омӯзгорон
Дар соли 2020 30 нафар омӯзгори ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия фиристода шуд, ки аз ин шумора 23 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шуда, бо кори ба ихтисосашон мувофиқ таъмин карда шуданд, ки аз ин шумора 19 нафар (9 нафар духтарон) тибқи квота мебошанд. Мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия ин норасоии омӯзгорони дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Айни замон 16 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз фанҳои математика – 2 нафар, химия – 2 нафар, физика – 3 нафар, забони русӣ – 1 нафар, забони хориҷӣ – 1 нафар, технологияи информатсионӣ – 4 нафар, таърих – 1 нафар ва дигар фанҳо 2 нафар намерасанд. Шуъбаи маорифи ноҳия барои бартараф кардани ин мушкилот кор бурда истодааст.
Ба ҷойи охирсухан
Дар фароварди суҳбат, Маҳмадалӣ Одинаев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор изҳор дошт, ки айни ҳол шуъбаи маориф бинои худро надорад. Хушбахтона, дар санаи 24-уми июни соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия санги асоси бинои шуъбаи маориф гузошта шуд, ки орзуи деринаи омӯзгорони ноҳия ба шумор мерафт. Таҳкурсии бино бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст ва дар он корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст. Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, аз 12 ҳуҷраи корӣ ва толори барҳавои маҷлисӣ барои 90 нафар иборат хоҳад буд.
– Барҳақ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома, Оиннома, нақшаи солона, Барномаҳои соҳавии марбут ба соҳаи маориф ба роҳ монда, дар нақша масъалаҳои вазъи таълими фанҳо, ба хусус, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва таълим, омӯзиши фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, таълими фанҳои дақиқ, табиӣ-риёзӣ ва омӯзиши технологияи нави муосир тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар хоҳад намуд, – илова намуд Одинаев.
МТЖТ