Ман ин навиштаҳородостоятменомам. Ин вожаро аз панҷ ҳарфи нахусти достон (досто) ва ду ҳарфи поёни ҳикоят (ят) сохтаам. Пеш аз ин дигарон чи дар Бохтарзамин ва чи ҳавзаи забони форсии дарӣ аз ин вожаҳо сохтаанд; чун тахлотира (тахайюл+хотира), акошӣ (аккосӣнаққошӣ), қисорих (қисса+торих), размоиш (размӣ+озмоиш) ва дигар. Ин навиштаҳо, рӯиҳамрафта, омезаҳое аз ҳикоятҳои суннатӣ ва достонҳои кӯтоҳ ҳастанд ва низ, кӯшидаам то дар ин навиштаҳо забони ҳикоятҳои суннатиамон, то андозае, нигаҳ дошта шавад.  

Раҳнаварди Зарёб

…Ва шайх гуфт: Дар ин шаҳр пирмарде буд сахт нодору бенаво. Ин марди пир рӯзҳо ба кӯйҳои аъённишини шаҳр рафтӣ, зуболадонҳои ағниё ҷустуҷӯ кардӣ ва ҳар порае аз обгина ва филиз, ки дидӣ, бардоштӣ ва дар кисае бикардӣ то он киса аз он пораҳо анбошта шудӣ.  Он гоҳ, он киса бар дӯш гирифтиву ба бозор шудӣ ва он пораҳои обгинаву филиз ба дирҳаме чанд бифрӯхтӣ ва бо он нақдинаи ночиз ду-се гирда нон харидиву ба кулбааш бурдӣ, ки ба дур аз шаҳр ҳамебуд.

Рӯзе наздики сарои бозаргоне порафилизе бидид, ки гӯште бар он часпида буд. Хост он порафилиз бардораду дар киса кунад, ки саге хашмгин ғуррид ва бо чашмҳои шарарбор ба ӯ нигаристан гирифт.

Солхӯрдамард дарёфт, ки ин саг низ он порафилиз хоҳад, аз баҳри он порагӯшти гандида. Пас, навмеду ғамзада бар замин биншаст ва ба саг гуфт: “Эй махлуқи Худо, биё то муомилае бикунем!”

Саг хашмгинона пурсид: “Чи муомилае, эй мард?”

Мард бо фурӯтании бисёр гуфт: “Ту колбуди сагиат ба ман бидеҳ ва ин колбуди одамии ман баргир!”

Саг лахте диранг кард ва сипас гуфт: “Эй одамӣ, магар девона шудаӣ? Охир, ин кор чӣ гуна тавонад шуд?”

Мард гуфт: “Ман дарвеше шиносам, ки тавонад аз паси ин кор барояд. Акнун агар мувофиқат кунӣ, ба наздики ӯ шавем.”

Саг пас аз таамуле гуфт: “ Хуб аст… Ман бад-ин муомила ризо диҳам!”

Пас ҳар ду ба наздики дарвеш шуданд ва моҷаро бозгуфтанд. Дарвеш, ки гуфтаҳои он одамӣ ва он ҷонвар бишнид, сар фурӯ андохт ва риққате ба ӯ даст бидод.

Саг ришхандомез гуфт: “Эй дарвеш, чунон бинам, ки аз паси ин кор барнаёӣ!”

Дарвеш сар баланд кард ва оҳе сард аз сина баркашид. Он гоҳ вирде бихонд ва бар он ду бидамид. Дар дам колбудҳои он ду иваз шуданд. Он мард саг бишуд ва он саг ба сурати одамӣ даромад.

Мард, ҳамин ки худашро дар колбуди саг ёфт, шодмона овоз баровард ва бе он ки диранге бикунад, шитобон аз он ҷо бигрехт ва нопадид бигашт.

Рӯзе чанд ки бигзашт, саг аз он зиндагии одамивору он муомила сахт пушаймон шуд. Пас, ба ҳар кӯву барзан ҳамегашт ва он марди сагшуда талаб ҳамекард, то колбуди сагии худаш бозгирад ва он сурати одамӣ ба пирмард вопас диҳад.

Ва шайх гуфт: Шунидам, ки он мард дар колбуди сагии худаш басе хушнуд буду шодиҳо ҳамекард ва низ аз бими он ки он саги одамишуда мабодо аз муомилае, ки рафта буд, пушаймон гардаду колбуди сагии худаш бозхоҳад, ин шаҳр раҳо бикард ва ба сарзамине дурдаст бирафт.

Ман ин ҳуруф навиштам, чунон ки ғайр надонист,

Ту ҳам зи рӯи каромат чунон бихон, ки ту донӣ.

Ҳофиз

Хатгардони Юнус ЮСУФӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь