Бисту панҷ сол қабл, дар рафи китобҳои писархола Толиб Раҷабзода китоби калонҳаҷми муқовааш фарсудаеро дида, онро варақ гардондам. Хондам, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхии Румӣ, чопи Теҳрон бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ, китоби зебову мунаққаш, мутаассифона, муқова ба ҳаҷм мувофиқат намекард. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифт. Аз куҷо ва аз кӣ будани он махзани асрорро ҷӯё шудам.

-Ин дурри маънӣ аз Сангалии Баҳриддин аст, – посух дод Толиб…

Воаҷаб, дар гӯшаи хаёл набуд, ки Сангалии ҳофиз тавони хондани чунин китобро дошта бошад. Толибҷон ҳайратзада шуданамро дида, бо завқ хандида афзуд:

-Чӣ, гумонатон ботил баромад?

-Бале…

-Моро ба чашми кам мабин. Сангалии мо дар назар ҳамин хел марди одӣ, хоксор менамояд. Дар асл шахси бедарак босавод, фозил ва муғаннии хубест…

Сангалиро ғоибона мешинохтам, аммо аз доираи рӯзгор, фаъолияти ҳунариаш бархӯрдор набудам. Дар ду-се маъракаи хурсандӣ ҳофизиашро аз дур дида будаму халос. Пас аз тавсифи писархола қасд кардам, ки ҳатман бо ҳунарвар ошно хоҳам шуд.

 Дидори аввал

Чанд рӯз пас, баъд аз зуҳр Толиб занг зада, хонааш хонд. Бо камоли майл даъватро пазируфтам. Ҳанӯз по ба остонаи хона наниҳода, ба гӯшам садои навозиши пурхурӯши ғижак ва навои дилангези думбра расид. Сангалии ҳофиз месуруд:

Домони дида ба ҳар сурма маёло, Бедил,

Интизоре шаву гарди сари роҳе дарёб…

Шефтаи садои хушу оҳанги дилнишин, оҳиста ба ҳуҷра ворид шудам. Лаҳзае пас меҳмононро шиносонданд. Ҳофиз ва мутриби ғарғарагӣ (ноҳияи Данғара) Сангалии Баҳриддин ғижакии чирадаст аз рустои Даҳаи намаки Кангурт Маҳмадсаиди Тӯра…

Мисли ошноҳои қадима гарм вохӯрӣ намудем. Боқӣ вақтро бо суҳбату нишот: сурудхонию нағмапардозӣ ва ҳазлу шӯхӣ масраф намудем. Ба ҳунари мутрибию ҳофизии Сангалии Баҳриддин он шом ҳасанот хондем. Гӯиши ба худ хос, садои хотирмон, баҳравар будан аз хазинаи ғании ниёгон ва маҳорату малакаи ӯ гувоҳӣ медод. Он шаб муғаннӣ аз эҷоди шуарои классик Хоҷа Ҳофизу Мавлои Рум, Мирзо Бедилу Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон ғазалу шеърҳои дилошӯбро месуруд. Ончунон диловезу дилнишин базм оростанд, ки садояш ба гӯши фалак расид. Чуноне Низомӣ фармуда:

Муғаннӣ соз дар айвон кашида,

Хурӯши чанг дар Кайвон кашида.

 Боре дигар

Ду-се ҳафта пас, рӯзе меҳмони хонадони ҷавонмарди дарёдили сахопеша Саидмурод паҳлавон (Хайриддинов Саидмурод Нуриддинович, соли таваллуд 21.3.1957, деҳаи Туябуюни ноҳияи Совет, ходими давлатӣ…, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2001…) шудем. Акаи Саидмурод аз рӯйи меҳр чанд тан аз дӯстони қадрдони хешро сари як пиёла чой ҷамъ оварда буд. Маҳфили онрӯзаро сарояндаи хушнаво Сангалии Баҳриддин обод кард…

Бо хатми ду даври ҳофизӣ, фурсати муносибе даст дод ва ман муғанниро ба гап гирифтам. Ҳамроҳон низ пас аз истеъмоли нуқлу наво суҳбати ширин доштанд.

Маро, қабл аз ҳама, ҳамон китоб – «Маснавии маънавӣ» пеши рӯ буд. Аз ин рӯ, нахуст, аз Сангалӣ ҷӯё шудам, ки ин китоби қиматро аз куҷову бо кадом раҳ ба даст овардааст. Бо шунидани ин суол мусоҳибам аз таҳти дил, қарақаст баланд хандид. Акаи Саидмурод ҳайрон пурсид:

-Тинҷияй Умарҷон?

Гуфтам:

-Ба некист. Ва фаҳмондам, ки гап сари кадом ғел хӯрд.

Соҳибхона гуфт:

-Сангалии хешбачаи мо марди донишмандест. Ӯ аз наврасӣ назди муллои деҳаи Ғарғара китобҳои «Қоидаи бағдодӣ», «Ҳафтяк», «Чаҳор китоб», «Қуръон», «Маснавии маънавӣ» ва ғайраро дар наврасӣ хатм намуда. Аз ин рӯ, забонҳои (ҳуруф дар назар аст) форсӣ ва арабиро балад аст. Пас аз мутолааи тамомии ин китобҳо бо мо – некмардони гулбӯ пайваст, ки бад накарда…

«Маснавии маънавӣ»

Сангалӣ парда аз роз бардошта, ки дар Институти давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мехондам. Мисли дигар донишҷӯёни кӯҳистон дар ҳавлие иҷора мешиштем. Ба фарзанди ин хонадон, фарди комил Саидбек дӯстӣ пайдо намудем…

Ба тахмин охири солҳои 80-ум Саидбек дӯстонро ба хатнасури писарчааш даъват кард. Ба ҷуз тӯёнаи дӯстон, ман аз зодгоҳ барои ӯ як шохи сайди ҳафт – ҳаштсолаеро гирифта, ба гузари Чортути пойтахт роҳ пеш гирифтем. Ҳеҷ гумон надоштам, ки шохи сайд марди тӯйдорро ба ваҷд меорад.

Воқеан, Саидбек тарҷумони хубест. Забонҳои англисиву арабиро хуб медонист. Солҳо дар Афғонистону Ҷумҳурии Ироқ адои хизмат намудааст.

Пас аз итмоми тӯй дӯстам ба ман ду китоби гаронбаҳо ҳадия кард, ки яке аз онҳо ҳамин «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ буд. Аз ҳамон вақт аз ин асари оламшумул ҳудуди 1000 байт аз ёд намудам…

 Оҳанге диловез

Суҳбат ба қиём омад. Саидмурод паҳлавон гоҳ-гоҳ сӯи мо дида дӯхта, «ҳай, бале…» мегуфт. Лаълиҳои оши палавро ҳам оварданд. Ошпаз оши хубе пазонда буд. Бо дилхушӣ чанд пайки дигар аз мусалласи тоҷикӣ руҳи бародаронро болида дошт. Боз навбат ба Сангалӣ расид. Акаи Саидмурод хоҳиш кард:

-Сангалии ҷон, медонам, ки ту сурудҳои ҳофизи беҳамто Дӯстмурод Алиевро дӯст медорӣ. Дӯстмуродӣ бихон, ҷон ҳузур кунад…

Сангалӣ тори мунаққаши соҳибхонаро ба даст гирифта, ба тори он хуш нохун зад ва ширину гуворо садо дардод. Мегуфтӣ, ки Дӯстмурод мехонад…

Чун фурсати дам рост кардани ҳофизи хушадо расид, ҷӯё шудам:

-Акаи Сангалӣ (ӯ се сол аз ман бузург аст), дар ду-се маҳфиле, ки бо ҳам будем, шумо дар навои оҳанги дилнишине суруд мехонед. Он оҳангро аз куҷо дарёб кардед?

Сангалӣ гуфт:

-Солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-ум дар собиқ вилояти Кӯлоб овозхони зӯре буд бо номи Зариф Наҷмиддинов. Огоҳон нағз медонанд, Зариф асосгузори дастаи ҳунарии «Чашма»-и овозадори колхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Восеъ (раис Миралӣ Маҳмадалиев) мебошад. Сад дареғ, ки дар садамаи автомобилӣ риштаи умри ӯ бармаҳал канд. Оҳанги ба шумо хушомада моли ҳамон ҳунарвар – Зариф Наҷмиддин аст…

 «Гӯрғулӣ»-хон

-Фаҳм бурдам, ки шумо даврае гӯрғулӣ мехондаед. Мегӯянд, шуғли санъату санъатварӣ дар шумо хонаводагист. Ё ман хато кардам?…

-Дуруст, бобоям Садирбой, ки дар деҳаи сарбафлоки Виёни Ҷамоати Хазлаҳати Балҷувон мезист, соқии гӯрғулисаро будаанд. Аз рӯи нақли қиблагоҳ бобоям ҳофизи хубе будаву дар байни мардум маҳбубияти зиёд доштаанд. Чаҳор фасли сол кораш фақат маъракагардӣ. Ба қавли имрӯзиён, ҳофизи тӯйгард будаанд. Аз сабаби «серкорӣ» доимо рамаи бузҳояш бе хӯрока мемондааст. Аҳли деҳа дар фасли сармо ба кумаки ҳофизи маҳбуб шитофта, ҳар яке чор-панҷ банд алафӣ оварда, мушкили гӯрғулисарои номварро сабук мегардондаанд…

Ҳамчунон, дар авлоди мо худораҳматии тағоям Азиз низ, навозанда ва ҳофизи ширинадое будаанд. Аз рӯи хусумат ҳарифонаш дар як карчи харбуза ба ӯ заҳр медиҳанд. Тағоям бо гӯрғулисарои машҳури тоҷик Ҳикмат Ризо аҳди дӯстиву бародарӣ доштаанд. Чуноне зикр намудам сарояндаи нотакрор Зариф Наҷмиддин писархолаи банда аз ҳамин кунда мебошанд…

Ҳини дар синфи ҳашт хондан яку якбора, ғайриихтиёр ба гӯрғулисароӣ пардохтам. Дар муддати кӯтоҳ 7 достони «Гӯрғулӣ»-ро (аз варианти гӯрғулисарои маъруфи тоҷик Қурбоналӣ Раҷаб – У. Ш.) аз бар намудам. Дар тӯю маъракаҳои мардумӣ ҳофизӣ мекардам.

Хушбахтона, маҳз дар ҳамин давра тақдир маро ба деҳаи Буни Ҳисорак бурд. Аз дидори ҳофизи маъруфи мамлакат Ҳикмат Ризо хушнуд гаштам. Устод Ҳикмат Ризо ҷияни Азизи ҳофизи балҷувонӣ буданамро фаҳмидан пас ашки шодӣ рехт. Баъдан борҳо бо гӯрғулисарои забардаст ҳамсуҳбат будам ва аз файзи рӯяшон шарафёб гардидам.

Ҳикмат Ризо аз солҳои «донишҷӯияш» дар Сари Хосор, дар хонаи устодаш Ҷонмуҳаммади Сарихосорӣ ёд мекард…

Аммо ба зудӣ тарки гӯрғулисароӣ кардам:

-Сабаб?

-Гуфт: – Ин ҷо як нозукӣ ҳаст. Агар кас пайваста гӯрғулисароӣ кунад, аз хониши дигар намуди ҳофизӣ маҳрум мемонад. Ба қавли дигар қолабӣ мешавад. Аз ҳамин сабаб, ман аз ин раҳ канор рафтам…

 «Тай-тай попо»

Чун аз қадамҳои нахустини роҳи ҳунарии ҳофизи ширинадо Сангалии Баҳриддин ҷӯё гаштам. Гуфт, ки мисли кӯдаки навроҳгард, ба қавле «тай-тай попо», яъне бо оҳистагӣ ва зина ба зина роҳ паймудам. Ҳангоми дар синфи чор хондан, аллакай, дар сози думбра хуб нохун мезадам…

Аз синфи панҷ то ҳаштумӣ дар Мактаб – интернати №1-уми шаҳраки Данғара таҳсил кардаам. Роҳбари синфамон, муаллими таълими меҳнат Ҷорӯбалӣ Алиев роҳбари дастаи худфаъолиятии Мактаб, яке аз ғижакнавозони машҳури собиқ вилояти Кӯлоб буданд.

Дар зарфи чор соли таҳсил дар интернат навохтани ғижак, дутор ва думбраро андӯхтам. Дар кружок ман рубобу дутори парда менавохтам. Он замон писархолаам – Зариф Наҷмиддин дар Хонаи маданияти ноҳияи Данғара кор мекард. Баъди чошт аксар вақт ба назди бародар рафта, дарси маҳорати навозандагӣ ва сарояндагиро машқ мекардам…

 Торе аз Зариф

Ба тахмин соли 1969 писархолаам Зариф Наҷмиддин ба ман як тори зебое туҳфа карданд. Ҳамагон ба хубӣ медонанд, ки он давра ва имрӯз ҳам сози тор гарон аст. Аз ман дида он рӯзҳо каси хушбахт дар рӯи олам набуд. Бо шавқу рағбати зиёд ба тамрин пардохтам ва дар муддати кӯтоҳ торнавозиро аз худ кардам. Ва бо ин навъ, дар роҳи ҳунар чанд зина боло рафтам, зеро торнавозӣ саҳлу сода нест.

Қабл аз хатми мактаби миёна, аллакай, ҳафт асбоби мусиқӣ: рубоб, думбра, дутор, тор, ғижак, тутик (як навъи най) ва таблакро бо хубӣ менавохтам. Меҳри ҳофизиро, аслан, дар қалби ман падарам бедор кардаанд. Қиблагоҳ ягон асбоби мусиқиро навохта наметавонист, аммо садои ширини марғуладор доштанд…

 Институти санъат

-Аз Институти санъат чӣ чизеро ба кулбори ҳунар бардоштаед? – ҷӯё гаштам аз ҳунарманд.

Сангалӣ гуфт:

-Ҳич ягон таҳсил, хоҳ назди устоди сарак, хоҳ омӯзгори донишкада, он кӯтоҳ бошад ва ё тулонӣ ба дилхоҳ нафар бесамар намемонад. Се соли таҳсил дар институт, дар ин боргоҳи ҳунар бароям барабас нарафтаанд. Аз устодони нозукбаёни машҳури мамлакат Карим Ҳалим, Рӯзиматов, Рамазонова ва дигарон дарси маҳорат омӯхтам. Муҳити фаромӯшношуданӣ дар ҳаёти кас ин айёми студентист…

Мутаассифона, пас аз се соли таҳсил бо сабаби бемории захми меъда Институтро тарк намудам. Бори дигар зикр карданиам, ки ман то ба Институт омадан кулбори пур доштам. То ба он дам дар 7-8 сози мусиқӣ ҳунар менамудам. Шеъру ғазали зиёде медонистам. Қиссаҳои маъруфу маъмули, ба қавле наътҳои классиконро аз ёд карда будам. Ба қавле репертуари хуби пурмазмуни ҳунарӣ доштам. Хуллас, дар ин раҳ навсафар набудам…

 «Бобулистон 10»

Баногаҳ садои хуши акаи Саидмурод моро ба худ овард:

-Умарҷон, некекӣ, ёфтӣ вақти мусоҳибагирита. Як фурсат мон, ки Сангалӣ бо думбра аз «каллаи пӯсида» ягон даҳан гирад…

Гуфтам: – Чаро на.

Ҷарангоси соғарҳо нағмапардоз шуд. Сангалӣ думбраро ҷӯр карда, қиссаи фармоишӣ – «Дашти Карбало»-ро суруд…

Суруд ба охир расид. Ҳофиз дам ҳот кард. Чанд тан аз аҳли ҳузор, чандкоғазии сабзи пурбаҳо ба кисаи пеши бари сарояндаи хушзавқ хастанд. Ҳофиз руҳ гирифт.

Суҳбат ғел хӯрд. Ман ба қавле нӯги гапро баровардам:

-Наътхонӣ, қиссагӯӣ барои ҳофизони сарояндаи манотиқи баланди тоҷик обрӯ ва манзалатест ногуфтанӣ…

Сангалӣ шукуфт ва инони суҳбат ба даст гирифт.

-Соли 1998, возеҳтараш моҳи сентябр бо дастаи ҳунарии «Ганҷинаи умед»-и ноҳияи Данғара дар кишвари Ироқ, дар Фестивал-озмуни ҷаҳонии ҳунарҳои халқӣ «Бобулистон-10» ширкат варзидем. Дар Фестивал аз 60 давлати дунё дастаҳои ҳунарӣ дар сабқат шуданд. Дар ниҳоят «Ганҷинаи умед» ба гирифтани Дипломи сурх ва ҷойи якум мушарраф гашт.

Дар рафти сафар, дар Қасри Президенти Ироқ, телевизион, меҳмонхонаи фаластиниҳо «Фаластин», толори меҳмонхонаи «Меҳрҷон» ва арсаҳои пуршукӯҳ ҳунарнамоӣ кардем…

 «Дашти карбало»

-Лаҳзае хотирмонро бигӯед, ки то кунун дар лавҳи хотири шумо нақш баста бошад.

-Аз ин сафар як лаҳзаро бароятон махсус зикр намуданиам, – изҳор дошт Сангалӣ. – Сафари мо ба Ироқ тулонӣ буд. Аз Данғара бо автобус ба роҳ баромадем. Ҳангоми убури сарҳади Эрон бо дархости сардори гумруки сарҳадӣ як навбат сурудхонӣ кардем. Бо ишораи роҳбари гурӯҳ Маҳмадраҳим Каримов ба ман навбат расид…

Қиссаи «Дашти Карбало»-ро бо думбра ба дод овардаву бо тамоми санъат, аз таҳти дил сурудам. Он лаҳзаро бо чашми сар дида, баҳо додан далеле мебуд бас вазнин. Оби дидаи тамошогарон ба гуфтаи пирони кӯҳистон сели борони баҳориро мемонд. Аҳсанту шодмонии гумрукчиён ва сарҳадбонони эронӣ канор надошт…

Ҳуҷҷатҳои сафар они воҳид тахт шуд ва ҳайати ҳамсафарон бо табъи болида сарҳадро убур намудем. Ин аст подоши ҳунари асил. Бо ин баҳона ба нафаре бояд дуруд бифиристам. Ногуфта намонад, ки қиссаи «Дашти Карбало» ва чор-панҷ қиссаи дигарро аз забони ҳамдеҳаам, акаи Боймуҳаммад аз ёд кардаам. Боймуҳаммади галабон қиссаҳои фаровон медонистанд…

Аз ин сафар дар кӯлбор танҳо ба танҳо китоб гирифтам. Ҳангоми бозгашт шаҳрҳои бостонии Эрон – Машҳаду Нишопурро низ зиёрат намудем. Даҳ китоб: «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Аттор, ғазалиёти Румӣ, Шамси Табрезӣ, Ҳаким Саноӣ, Соиб ва ғайраро савғо овардам…

 Ҳофизи дастрас

Дар 25 соли охир бо сарояндаи маҳбуб, Сангалии Баҳриддин як «қиёмат» дар маҳфилу маъракаҳо, нишастҳои чортанӣ бо ҳунармандони маъруфи кангуртӣ Ҳабибуллои Бегмуҳаммад (Гурги Бег), Маҳмадалӣ Увалов, Чилахон Холов (равонашон шод бод), Раҷабалӣ Увалов, Шоҳин Абдуллоев (шогирди Сангалӣ), ғижакӣ Маҳмадсаиди Тӯра, шоирони ширинадо Тӯлқин Хоҷа, Саид Ғоиб, маҳфилоро Толиб Раҷабзода, Саидмурод, Алиҷон ва дигар дӯстон бедарак маҳфилороӣ кардаву ҷаҳон фараҳ бурдаем…

Чархи таърих тоб хӯрду Сангалии Баҳриддин дар неругоҳи аср коргар шуд ва то дами ба нафақа баромадан дар НБО «Роғун» фаъолият кард. Дар маҳфилу маъракаҳои нурофарон бо сурудҳои диловез, дар қалби бисёриҳо маскан гузид. Алҳол дар ҳалқаи набераҳои дӯстрӯякаш, дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара умр ба сар мебарад…

 Бознишаста

Сарфи назар аз синну сол, то ба ҳамин наздикиҳо шеър аз бар мекард. Аз ашъори шоирон Шайх Аттор, Шамси Табрезӣ, Саноӣ, Соиб, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Лоиқ, Муҳаммад Ғоиб, Эмом-Алӣ ва дигарон ғазалҳои нобро ба оҳанг дароварда месуруд …

Дар яке аз нишастҳои ёдмон аз Сангалӣ пурсидам: – Аз умри рафтаи хеш розиед.

Гуфт: – Бале. Дар ин рӯзгор 70-сол умр дидан худ як давлати бузург аст. Хонаи обод, зану фарзанд, набераҳои дӯстрӯ дорам. Ҳазорон бор шукрона…

Ман нафари хушбахтам, аз мардуми диёр, ҳамватанон меҳрубониҳо зиёд дидаам. Нону намак чашидаам. Дар навбати худ бо дилу нияти пок ба халқам хизмат кардам. Давоми умр ашхоси некхоҳу олиҳиммати зиёдеро вохӯрдаам. Некиҳо бас фаровон дидаам. Ман низ ба қавли ҳамдиёрони хеш тамоми умр «ҳофизи дастрас» (тахаллуси ҳофиз) будам.

Макони зистам деҳаи гулободи Ғарғара аз даврони шуравӣ ба ҳудуди совхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара рост меомад ва то кунун дар ҳамин ҳудуд умр ба сар мебарам. Ҷое дигар нарафтаам. Аз Президенти муҳтарам Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳрубониҳо зиёд дидаам. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз меҳрубониҳои марди сахопеша акаи Нуриддин баҳраҳо бурдаам. Худо дар паноҳашон нигаҳ дорад…

 Аз муаррифӣ

Сангалии Баҳриддин 20.8.1954 дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1971 баъди хатми Мактаби миёнаи №3-юми зодбум дар ДОСААФ-и шаҳраки Гипроземи пойтахт курси танкрониро хатм менамояд.

Солҳои 1972-1975 донишҷӯи факултаи суруд ва мусиқии Институти санъат буд. Баъди як соли хизмати аскарӣ, соли 1976 мудири Хонаи маданияти колхози «Съезди XXII партия»-и ноҳияи Данғара таъин мегардад. Солҳои 1977-1978 ҳамчун мудири клуби деҳаи Ғарғараи ноҳия ифои вазифа менамояд. Аз соли 1978 коргари совхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара буд. Солҳои охир дар НБО «Роғун» кор мекард…

P.S. 20-уми августи соли равон сарояндаи хушадо Сангалии Баҳриддин ба синни мубораки 70 расид. Муғанниро шод бош гуфтем. Дар фуроварди сухан аз номи шоир Саидҷон Ҳакимзода худоҳофизӣ карданд:

Гар одамӣ ту, на аз дигарҳо кам бош,

Дар шодию ғам ба одамон ҳамдам бош.

Суде набувад ба тавбаҳои сари мавт,

Одам бошӣ, ба зиндагӣ одам бош!

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь