ДАР ФУРУДГОҲ  МУҲОҶИР ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?

Фурудгоҳ, билет, парвоз…

Не, ҳоло то парвоз каме вақт ҳаст, саросема нашав, хонанда. Мо бояд бо ту аввал аз бақайдгирӣ гузарем, бағочамонро супорем, назоратгоҳи гумрукро бояд гузарем. Пас аз ин ҳама боз баъди чанде интизорӣ ба тайёра бояд савор шуду то фуруди он гоҳ хоб карду гоҳ мусиқӣ гӯш кард. Чун дар пеш моро 4 соату 25 дақиқа парвоз интизор аст.

Нахуст, хонанда, бо ту меравем ҷониби нуқтаи бақайдгирӣ. Мисли ҳарвақта аз байни издиҳоми мардум, ки аз нисф зиёдашон гуселкунандагонанд, бо як азобе гузашта дар нуқтаи бақайдгирӣ мунтазири навбати худ меистем. Инҷо аллакай метавон дид, ки чӣ гуна баъзе аз кормандони фурудгоҳ бидуни риояи навбат ёру шиносони худро аз бақайдгирӣ мегузаронанд. Ба ин ҳама чашм мепӯшем, чун онҳо инҷо худашон шоҳанду табъашон вазир.

Ниҳоят навбат ба ман мерасад ва аз бақайдгирӣ мегузарам. Ҳангоми гузаштани ин амалиёт шахсе, ки онҷо нишаста буд, суол мекунад, ки оё мехоҳам ба нишастгоҳҳои хубтаре нишинам. Агар ҳа, пас бояд барои ин маблағ супорам. Алббата, ки ман ба ин розӣ нашуда ба ӯ гуфтам, ки ҷой муҳим нест, муҳимаш то манзил расам. Баъди гузаштани бақайдгирӣ ё худ қадами аввал корманди фурӯдгоҳ мегӯяд, ки бағочамро бурда ба ҷои лозима супорам.

Пас аз супоридани бағоч ва аз бақайдгирӣ гузаштан, мебароем ба ошёнаи дуввум барои гузаштан аз қайди дувум. Инҷо низ баъди интизориҳо навбат фаро расид ва аз гузаргоҳи сарҳадӣ гузаштам. Пеш аз оне ки ба толори интизорӣ ворид шавам, ҳангоми тафтиши киф ва ҷайбҳоям як корманди фурудгоҳ бидуни ҳеҷ дудилагие “чойпулӣ” талаб намуд.

Ҳайрон аз он мемонӣ, ки барои чӣ бояд ба ӯ маблағ дод.

Соат 5:23 дақиқа, то парвоз як соати дигар вақт аст. То замони парвоз дар толори интизорӣ мунтазир монда, пасон соати 6:07 дақиқа ба тайёра нишастам.

Тайёраи самти Душанбе-Москва (Внуково), ки марбут ба ширкати Utair буд, соати 6:30 дақиқа мувофиқи ҷадвал ба ҳаракат даромад. Аммо дохили тайёра аз нисф зиёди ҷойҳои нишаст холӣ буданд. Ҳамон нишастгоҳҳои пулакие, ки дар қадами аввал пешниҳод шуда буданд, насиби дигарон гардид.

Парвози мо 4 соату 30 дақиқа давом мекунад. Дар ин вақт аз ҷониби ширкат барои мусофирон на хӯроке, на барои нӯшидан обе пешниҳод гардид. Агар майли хӯрдан ё нӯшидан доред, метавонед бо маблағ фармоиш диҳед.

Ниҳоят баъди чоруним соати парвоз ва гуруснагиҳо тайёраи мо ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва фуруд меояд.

Шояд, хонанда, бо худ гуфта истодаӣ, ки чаро ин қадар аз гуруснагӣ шикоят мекунам, ҳозир баъди чанд дақиқа аз гузаргоҳи сарҳадӣ мегузараму ана баъд шикамро сер мекунам? Ман ҳам то замони расидан ба гузаргоҳи сарҳадӣ чунин фикр доштам.

Қаблан аз шабакаҳои иҷтимоӣ мехондам, ки чӣ тавр мо тоҷиконро дар фурудгоҳ нигоҳ медоранд. Вале беҳуда нагуфтаанд, “Шунидан кай бувад монанди дидан”.

Дар гузаргоҳи сарҳадӣ боз ҳам навбатпоӣ барои иҷозаи вуруд ба хоки Русия тӯлонӣ. Кормандони гумруки Русия ҳамаро бодиққат аз назар мегузаронанд. Баъди чанд дақиқаи саволу ҷавоб ҳуҷҷататро мегиранду худатро ба минтақаи озоди сарҳадӣ мефиристанд. Ҳамин тавр, агар ба як кас иҷозаи вуруд диҳанд, даҳ каси дигарро мегардонанд.

Ниҳоят навбати ман низ фаро расид ва рафтам назди корманди гумрук. Баъди азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо нахуст суол кард, ки мақсади сафар кор аст? Вале баъде фаҳмидани он ки ман инҷо на барои кор, балки барои тамошо омадаам, шигифтзада шуд. Чун инҷо фикр мекунанд, ки ҳама тоҷикҳо барои кор меоянд. Новобаста аз он ки ман нахустин маротиба ба ин кишвар омадааму на барои кор, балки барои тамошо ва барои ин даъватномаи махсус ҳам дорам. Ин ҳама инҷо ба кор нарафт, маро низ мисли дигар мусофирон ба нуқтаи озоди сарҳадӣ (нейтралная зона) фиристод ва гуфт, ман низ бояд аз “сӯҳбат” гузарам.

Инҷо натанҳо мардон, балки занону духтаронро низ бозпас мегардониданд.  Аз инҷо ба мо маълум гашт, ки барои аз сӯҳбат гузаштан бисёртар аз ҳама тоҷикро бозпас мегардонанд ва то нагузаштани сӯҳбат иҷозаи вуруд ба хоки ин кишвар намедиҳанд.

Баъди интизориҳои тӯлонӣ, ки қариб се соат идома ёфт, ниҳоят номи маро хонданду ман барои “сӯҳбат” назди корманди гумрук рафтам.

Онҷо асосан суол дар бораи мақсади сафар ва чанд рӯз инҷо истодан, дар куҷо истодан ва ҳамчунин дар ватан чикора будан сурат мегирад. Ҳамчунин телефони мобилии ҳар як мусофирро ба куллӣ тафтиш мекунанд, шурӯъ аз “галерея” то шабакаҳои иҷтимоӣ.

Баъди он ки мақсади сафари худро ба ин корманди гумрук фаҳмонидаму гуфтам, ки баъди ду ҳафта ман бозпас ба ватан бармегардам ва барои ин бо худ билети бозгаштро низ дорам. Ӯ дар мавриди чикора будан, шуғли дустдоштаву дигар чизҳо боз якчанд суоли дигар дод. Сӯҳбат тахминан даҳ дақиқа давом кард. Дар давоми ин вақт корманди гумрук ҳам суол медоду дар баробари ин телефонамро тафтиш мекард. Ниҳоят баъди ҷавоб гирифтан ба суолҳои худ гуфт, ки телефонро барои муайян кардани дар ҷустӯҷу набудан тафтиш мекунанд.

Маро бошад ба дигар нуқтаи фурудгоҳ раҳнамоӣ намуда, ҳамонҷо интизор шуданамро таъкид кард.

Дар ин нуқта низ мардуми бисёре интизори баромадани номашон меистоданд. Инҳо ҳамонҳое буданд, ки давоми се соат аз сӯҳбат гузашта буданд. Вале баъди чанде корманди гумрук омад ва номи аксариятро хонду пас аз он гуфт, “номи касеро хонда бошам, барои сӯҳбати дигар омода бошанд”.

Баръакси дигарон номи маро баъди даҳ дақиқаи интизорӣ хонданд ва ман бо ҳамроҳи корманди гумрук ба гузаргоҳи сарҳадӣ омадам, инҷо ҳам баъди ҷавоб гардонидан ба суолҳояшон ба ман иҷозаи вуруд ба хоки ин кишвар доданд.

Хонандаи гиромӣ, бояд гӯям, ки ман нахустин нафаре аз бозпас гардонидагон будам, ки баъди се соат иҷозаи вуруд пайдо кардам. Онҷо барои онҳо фарқе надошт, ки нафаре бемор аст, зан ҳомила аст ё кӯдаки хурдсол дорад. Баъд аз 2 соати парвози мо боз як тайёраи дигар аз Тоҷикистон омад, ки бо мусофирони он низ чунин ҳолат рух дод.

Москав, 22.07.2024

PS: Мавод қисман дар тайёра ҳангоми парвоз ва боқимонда субҳи 22-уми июл дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Москав навишта шудааст.

То замони нашри мавод муаллиф дар метрои Москав низ як маротиба аз тафтиши пулиси ин шаҳр гузашт.

Муҳоҷир будан дар ин шаҳр мушкил ва нони муҳоҷир аз санг аст…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь