Дӯст дорам, ҳама бидонанд, ки дунё ҳеҷ арзише надорад…
Агар дошт, касе аз касе боло набуд, имрӯз рӯи замину фардо зераш намехобидем. Имрӯз дорову фардо нодор намешудем, чизеро ва ё касеро, ки ба даст овардем, фардо аз даст намедодем…
Бо ин ҳама, боз ҳам инсоният наметавонад барои худ зиндагӣ кунад.
Ҳатман хотири касе аз ҷой баланд мешавад, ҳатман ба хотири нафаре худро маҷбур месозад, ҳатман хотири нафаре ӯро маҷбур месозад, ки зиндагиашро давом бидиҳад…
Агар чунин набуд, боқии умрамро ба касе медодам, ки воқеан мехоҳад зиндагӣ кунад…
Дили шаб буд. Ҳаяҷонзада будам. Мехостам ҳарчӣ зудтар садои гиряаш атрофи таваллудхонаро пахш кунад. Мехостам баробари шунидани садои гиряи тифлонааш дастонамро сӯи осмон кушояму дод бизанам, ки “Ман писардор шудам”…
Бале, ниҳоят, шудам!
Писаре, ки исмашро дар хобам пеш аз таваллудаш монда будам.
Умар!
Умар, аз модараш дида, бештар дар оғӯши ман буду дар домани ман бузург мешуд. Фарзандонамро чунон дӯст медоштаму хушҳол будам, ки гумон мекардам, дунё бо ҳама азаматияш дар кафи дасти ман ғунҷидааст…
Орзуҳо маро рӯз аз рӯз хушнудтар мекарданду аслан бовар надоштам, ки дар дунё ғам вуҷуд дошта бошад.
Умар калонак мешуду нағмаву бозиҳои тифлонааш мастам мекард.
Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки зудтар аз кор баргардам ва ҷигарбандамро дар оғӯш гирифта бибӯям. Ҳатто намегузоштам касе ба номаш “ҷон” илова намояд. “Умарҷон” нагӯед мегуфтам. Нозукаш накунед. Ӯ Умар аст, ӯ мард аст!
Ҳеҷ шабе бидуни ман наметавонист бихобад. Ҳатман вақти хоб маро оғӯш мегирифту баъдан хобаш мебурд. Мабодое шабонгаҳ дер меомадам, ӯ хоб набуд… Маро интизор мешуд ва ё дар набудани ман мепурсид, ки “дадаам кай меояд”.
Зиёд дӯсташ медоштам, ХЕЛЕ ЗИЁД! Вале…
Таъбире ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ ба дунё ва он чи ки дар он аст, сахт дил набандед…
Акнун мо ҷудоем… Зиндаҷудо!
Намедонам дигар Умар аз модараш мепурсида бошад, ки “Дадаам…”
Намедонам, ки Умар шабҳо интизор мемонда бошад…
Намедонам чӣ гуна акнун хоб мекарда бошад… Маро мисли гузаштаҳо “хоби хуш дадаҷон” мегуфта бошад…
Ҳеҷ аз назарам дур намешавад, ки вақти ҷудо шудан, чашмонаш пури об шуду “дадаҷон биё трам қатимон” гуфт. Буғз гулӯямро пур карду оғӯш кашида, гуфтам “бачаҷон, ман аз модаратон ҷудо шудам, на аз Шумо”… Тоқат накардам, балкон баромадаму сигор рӯшан кардам ва қатраи ашк бари рӯямро мешуст…
Акнун дигар дунё дар кафи дастам набуд. Акнун шодиҳо якбора ба ғам мубаддал гаштанд. Акнун, дигар намедонам Умар шабҳо чӣ гуна хоб мекунад, чӣ гуна бозӣ мекунад, чӣ гуна хӯрок мехӯрад, чӣ гуна роҳ меравад… Намедонам, ҳамроҳи апааш ҳангоми суҳбати тифлонаашон аз дадаашон мегуфта бошанд…
Дунё ҳамин будааст. Бо ман одат карда буданд, акнун бе ман низ одат кардаанд. Гарчанде ҳамеша дар иртиботам, вале дигар он гармӣ нест. Дигар он орзуҳо нестанд. Дигар он маънӣ нест!
Умар! – бачаҷон, вале ман ҳар шаб дар танҳоӣ ба ту “хоби хуш” мефиристам. Вале ман ҳар шаб дар танҳоӣ аз рухсораҳои апаат мебӯсам.
Вале ман ҳар шаб ба модарат дуои нек мекунам, хушбахт шавад, ки шумо азоб накашед!
Он тарафаш дасти Худо!
Бачаҷон! – дигар омӯхтам, ки ба кори Худо дахолат накунам. Нақшаҳои Худо беҳтар аз нақшаҳои мост!
Чанд моҳ пеш аз зодрӯзат аз ман талаби ҳар чизе мекардӣ… Пас аз ду рӯз акнун зодрӯз дорӣ, ман танҳо аз Худо талаб мекунам, ки ҳеҷ гоҳ дардро набинӣ!
Худоё! – имон дорам, ки беҳтарин амонатнигоҳдоранда ҳастӣ, пас ба худат супоридамашон!
Муборак гардон мавлудашро!
Қурбон АҲМАДЗОДА