Аз 12-уми июли соли равон баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ шуруъ гардид. Чунин нишастҳо дар асоси Фармони Президенти мамлакат доир гардида, далели возеҳи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба фаъолияти журналистон ва эътимод ба онҳо маҳсуб мешавад. Ин иқдом идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ – ба тасвиб расидани Фармони Роҳбари мамлакат “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма” буда, имкони хубест барои беш аз пеш боло бурдани мақому манзалати журналистон.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки чунин муносибат ва арҷгузорӣ аз ҷониби Сардори давлат нисбат ба журналистон дар ягон мамлакати олам роиҷ нест. Мутаассифона, мо – журналистон аз ин имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намебарем. Манзури ман муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудану бетафовутии баъзе масъулини воситаҳои ахбори омма ба нишастҳои матбуотӣ мебошад.
Аксар маврид ба чунин чорабиниҳо журналистон бе омодагӣ ва бидуни доштани маълумот дар бораи ниҳоди нишасти матбуотӣ доирменамуда мераванд. Дар натиҷа, саволу пешниҳод ва дархости ба фаъолияту ваколат рабтнадошта ва ҳатто дар баъзе маврид содалавҳона ироа менамоянд. Табиист, ки дар чунин ҳолат соҳибмансабон ба журналистикаи муосир ва касбияти журналистон маҳз аз ҳамин зовия баҳогузорӣ менамоянд.
Ҳамон гунае, ки дар нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт», аз он ки директор Темурҷон Абдулваҳҳобзода дастур дод, то ба саволҳои пешниҳодгардида ашхоси масъул, аз ҷумла, муовини якум Раҳмоншо Давлатзода, муовинон Ситора Шерзода ва Мансур Сафарзода, сардори Раёсати корҳо ва ҳуқуқ Ҳабибулло Ғуломзода, сардори Раёсати таъминоти метрологӣ Ҷурахон Раҳимзода ва сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Суҳроб Ашурзода посух диҳанд, яке аз ҳамкасбон “нигаронӣ” кард. Илова бар ин, далел пеш овард, ки дар дигар нишастҳо роҳбарони аввал худашон ба тамоми саволҳо ҷавоб медиҳанд.
Ба иззати нафси касе расиданӣ нестам, вале эътироф бояд кард, ки дар мо фарҳанги муносибати роҳбар ва муовинон то ҳанӯз пурра шакл нагирифтааст. Борҳо шоҳид будем, ки дар нишастҳои матбуотӣ баъзе роҳбарон ба муовинон имкони даҳон кушодан намедиҳанд, чӣ расад ба шарҳу тавзеҳ…
Дар қиболи чунин ашхос амалкарди директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳҳобзода қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш буда, аз фарҳангу фаросати баландаш шаҳодат медиҳад. Аз ҷониби дигар, директори «Тоҷикстандарт» бо ин ибтикор собит кард, ки тими кормандонаш, воқеан ҳам, муттаҳиду соҳибкасб ва масъулиятшиносанд.
Ҳифзи бозори истеъмолӣ, такмили малакаи кормандон, фаъолияти озмоишгоҳҳо, сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақдири минбаъдаи маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда аз мавзуҳои меҳварии нишасти матбуотии ниҳоди зикршуда буд. Дар он, ки 19-уми июли соли 2021 баргузор гардида буд, директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода якҷо бо зердастон ба саволҳои журналистон посухҳои муфассали бо далелу рақам асоснокшуда доданд.
Бо истинод ба факту арқоми пешниҳодгардида метавон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ фаъолияти кормандони агентӣ қобили сутудан аст. Зеро маълум гардид, ки мутахассисон дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ 274 005 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ошкор кардаанд. Зимни раддабандии маҳсулот зикр шуд, ки 26068 килограмм аз лиҳози бехатарӣ ва 247937 килограмм аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набудаанд.
Инчунин, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯроквории «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 122 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 6022 кг равғани растанӣ, беш аз 4 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1555 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1500 кг маҳсулоти қаннодӣ, 20056 кг маҳсулоти нонӣ, 18 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 40151 кг консерва, 80 кг иловагиҳои ғизоӣ, 5214 кг қанд, набот ва асал, 31016 кг намак, 36 ҳазор дона тухм ғайристандартӣ эътироф шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораандешӣ шудааст.
Далели дигари ҷолиб он аст, ки дар ин давра маҳсулоти ғайрихӯроквории гуногун, аз ҷумла, 13411 кг масолеҳи сохтмонӣ, 25202 метр ноқил, 110 метр тунука, 668 литр антифриз, 29021 адад бозича, 1737 дона фурӯзонаки тафсон, 2648 дона фурӯзонаки каммасраф, 22709 адад маҳсулоти парфюмерӣ, 18200 дона халтаи полиэтиленӣ, 597 дафтар бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрӣ аз муомилот гирифта шуда, барои нобудсозӣ ё коркарди дубора пешниҳод шудаанд.
Журналистон ба раванди санҷишҳои аз ҷониби сохтор гузаронидашуда низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Маълум гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар 4328 субъекти хоҷагидор санҷиш сурат гирифтааст.
Вобаста ба теъдоди умумии санҷишҳои гузаронидашуда иттилоъ гирифтем, ки 4181 нақшавӣ ва 147 ғайринақшавӣ мебошанд. Тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санҷишҳои ғайринақшавӣ набояд аз 10 фоизи нақшаи умумӣ зиёд бошанд. Темурҷон Абдулваҳҳобзода таъкид кард, ки ин муқаррарот риоя шуда, санҷишҳои ғайринақшавӣ 3,4 фоизро ташкил медиҳад.
Доир ба воситаҳои ченак миёни аҳолӣ сарусадоҳо гуногунанд. Масъулин зимни шарҳу тавзеҳи ин масъала далел пеш оварданд, ки дар шаш моҳи соли 2021 дар озмоишгоҳҳои агентӣ 153345 воситаи ченак аз санҷиши мутобиқат гузаштаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13054 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 102976 ададро воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода мешаванд. Ҳамчунин, дар давраи мавриди назар аз тарафи мутахассисони агентӣ 15350 ҳисобкунаки обӣ низ таҳти санҷиши мутобиқати давлатӣ қарор гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1198 адад зиёд мебошад.
Дар робита ба масъалаи доғи рӯз – санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ зикр шуд, ки бо мақсади кам кардани талафоти барқ ва татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ибтикорот амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо ШСХК «Барқи тоҷик» нақша-ҷадвали санҷиши давлатии ҳисобкунакҳои барқӣ барои соли 2021 таҳия, мувофиқа ва тасдиқ гардида, фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷишӣ пурра дар асоси нақшаи мазкур ба роҳ монда шуд.
Ба шарофати ин иқдом дар давоми нимсолаи якуми соли 2021 ба ҷойи 66834 ҳисобкунаки барқии банақшагирифташуда 84981-то аз санҷиш гузаронида шуд. Таваҷҷуҳбарангез он аст, ки аз 375 310 воситаи ченаки зери санҷиш қароргирифта 11076-то бо сабабҳои муҳлати санҷишашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуд.
Воситаҳои ченаки муқаррароташон тиббӣ, аз ҷумла, 2099 ҳароратсанҷ, 2186 фишорченкунаки тиббӣ, 512 ареометр, 317 тарозуи лабораторӣ, 764 тарозуи тиббӣ, 411 дозатори тиббӣ, 89 фотоколориметр ва 1307 мановакумметру фишорченкунакҳои кислородӣ низ таҳти санҷиш ва андозагирӣ қарор гирифта, вобаста ба ҳар як санҷиш дар алоҳидагӣ хулосаҳои асоснок манзур гардид.
Илова ба ин, кормандони «Тоҷикстандарт» бо роҳбарони бозорҳо оид ба риояи қоидаҳои савдо, хизматрасонӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вохӯрӣ гузаронида, онҳоро вазифадор намудаанд, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.
Дар фарҷом аз ҳамкасбони гиромӣ хоҳишмандам, ки дар нишастҳои матбуотии минбаъда бо омодагӣ ширкат варзида, ба ин васила касбияту маданияти баланди журналистонро ба намоиш гузоранд. Ин иқдом барои баҳравар гаштани шаҳрвандон аз матолиби пурмуҳтаво ва таваҷҷуҳбарангез мусоидат намуда, инчунин, ба болоравии нуфузу манзалати журналистон таҳрик мебахшад.
Далер МЕРГАНОВ,
журналист