(Чунин нидо мекард ҳар дафъаи вохӯрӣ устоди зиндаёд, кинорежиссёр Тоҳир Собиров. Албатта, инро мо ҳамчун ҳазл қабул мекардем, чунки эшон бештар марди ҳазлгару шӯх буданд).

Борҳо мушоҳида кардаам, ки мардуми камбизоат аз афроде, ки соҳиби машинҳои зебои хориҷӣ ҳастанду дар даст телефонҳои қимматбаҳои киссагӣ, дорои “ноутбук”-ҳо, дар тан либосҳои озодаву шинам, бо одоби ҳамида сайл мекунанд, рашк мебаранд. Балки онҳоро бад мебинанд. Ин ҳолатро дида, нидои устод ба ёдам меомад…

Дуруст аст, ки миёни одамони сарватманд гоҳе нафроне дида мешаванд, ки аз ҳисоби нопокию авомфиребӣ соҳиби чизу чора шудаанд. Ва ин ҳолат воқеан, нафрати касро бедор месозад. Вале ин гуна афрод дар ҷомеа бо фоизи кам вуҷуд доранд. Аз ин сабаб, аҳли дороро ба ин нафарон нисбат додан аз рӯи воқеият нест.

Ба андешаи ман бо кору фаъолити ҳалолу дӯстдоштаи худ машғул будаву сарватманд шудан ниятест табиӣ ва мантиқӣ.

Ҳисси бадбинии сарватмандонро аз замони федализму давраи Шӯравӣ дар мо мепарастиданд. Лекин замона дигар шуд. Дар воқеъ, имрӯз мисли Тоҳир Собиров “Мурад камбағалӣ!” гуфтан ҷоиз аст! Чароки имрӯз давраи бо меҳнати ҳалолу касби дӯстдоштаи худ ифтихор кардан ва дар натиҷа сарватманд шудан, расидааст. Имрӯз шиори “даст бакору дил ба ёр” мубрам аст. Аз фарди бекор ҳама безор. Фарди озод нафаре мбошад, ки камбағалӣ азияташ медиҳад, намехоҳад, ки худаш ва хешовадонаш аз нодорӣ ночор бошанд. Зиндагиро барои хушбахтӣ офридаанд.

Албатта, сарватманд будан ҳадафи асосӣ ва охирини инсон нест, набояд бошад. Вале натиҷаи кору фаъолияти дӯстдоштааш ин фазоро бояд ба вуҷуд орад.

Имрӯз камбағалӣ бояд айб дониста шавад. Давлату ҳукумат ҳама чораҳоро барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандонаш мебояд биандешад. Ва ҳамчунин, худи шаҳрванд низ набояд интизор шавад, ки кай ба ӯ бо дасти адаб кору вазифаи дилхоҳ эҳдо мекунанд. Тарзи зисти наву замонавӣ расидааст. Инсони имрӯза бояд фаъол бошад, бунёдгар, эҷодкор. Аз ин рӯ, вай бояд озод бошад. Побанди суннатҳои ақибмонда набошад. Маҳз озодӣ шахсро эҷодкор менамояд. Файласуфи шинохтаи рус Н.А. Бердяев дар мавриди иртиботи озодиву эҷодкорӣ чунин андеаҳоро арз кардааст.

Эҷодкорӣ ва озодӣ бо ҳам тавъаманд. Танҳо фарди озод эҷодкорӣ карда метавонад. Эҷодкорӣ чизест, ки аз дарун, аз умқи бепоёни нофаҳмо, пасошуурӣ бармеояд, на аз берун, на аз зарурати моддӣ. Худи кӯшиши майлу хоҳиши фаҳмо гардондани амали эҷодӣ, дарёфт кардани асос барои он, аллакай нодуруст фаҳмидани он аст. «Озодӣ пояи асосии ҳастӣ аст ва он аз ҳама мавҷудот амиқтар аст»,- таъкид кардааст Бердяев.

Озодии рӯҳи инсонӣ барои Бердяев рамзи муқаддасест, ки маънои онро бо шаклҳои муваққатӣ ва гузариши ин ё он давра алоқаманд кардан норавост. «Озодии ҳақиқии инсон манбаи маънавӣ дорад, на манбаи иҷтимоӣ, балки амри вуҷуд доштани он дар олами маънавӣ муайян карда мешавад, на дар асоси олами иҷтимоӣ».

Дар баробари ин, расидан ба озодӣ кори осон нест: «Одам аслан дар ҳолати ғуломӣ қарор дорад. Ин ҷо ғуломиро Бердяев ба сифати рамз истифода мекунад. Аксаран “ғуломии” худро пай намебарад ва гоҳо “ғуломиашро” дӯст медорад. Гумон кардан хато мебуд, ки одами одӣ озодиро дӯст медорад. Фикр кардан аз ин ҳам хатост, ки озодӣ кори осон аст. Муҳаббат ба озодӣ, хоҳиши озод будан аллакай нишондиҳандаи баландии мақоми худшиносии инсон аст. Ин чиз шаҳодат медиҳад, ки шахс дар ботини худ аллакай “ғулом” буданро инкор менамояд.

Озодӣ бори вазнинест, ки одам бар дӯш меград. Инсон агар дар вуҷудаш вазъияти болоравии эҷодиро эҳсос намояд, озодиро дарк мекунад. Ҳамин тариқ, эҷодкорӣ- озодии инсон аз асорат аст. Эҷодкориро Бердяев ҳамчун “парвоз ба беохирият, беканорӣ” маънидод кардааст. Вай навишта аст, ки «эҷодкории ҳақиқӣ» майли дигаргун сохтани ҷаҳонро дорад, ки боиси пайдо шудани «кайҳони нав ва замини нав» мегардад.

Бердяев моҳияти озодӣ ва эҷодиётро аз назари ман аслан дуруст қайд кардааст. Иштибоҳи ӯ фақат дар он аст, ки ин падидаҳоро новобаста аз иҷтимоиёт дидааст. Озодӣ ва эҷодиёт сахт бо иҷтимоиёт вобастаанд. Чун ин мақулаҳоро вай моли имону дин медонад, пас имону дин худ падидаи иҷтимоӣ мебошанд.

Боз як идеяи асосии Бердяев- идеяи шахсият ҷолиб аст. Вай шахсиятро хеле қадр кардааст. Мегӯяд, ки шахсият будан- ин сарвати асосии инсон аст ва ҳар як фард дорои шахсияти беназир шуда метавонад ва ҳар кас олами атрофашро қадр мекунад ва ҳеч кас ҳақ надорад, ки шахси дигарро муҳокима кунад. Ҳар кас подшоҳи худ ва “ғуломи” худ мебошад.

Боз мегардем ба сари мавзӯи сарватмандиву камбағалӣ. Чаро ин руҳияро ба мо идеологияи Шӯравӣ, идеологияи пролетарӣ, идеологияи дохундаҳо таблиғу тарғиб мекард?

Хуб. Гӯем, ки шумо дуруст қайд мекунед, ки руҳияи дохундаҳоро дар вуҷуди мову шумо ҷаҳонбинии “диктатураи пролетарӣ” ғунҷонда буд. Ва шояд яке аз сабабҳои фавтидани ин “диктатура” маҳз ҳамин ғалат буд, ки идеологияи камбағалиро таблиғ мекард. Зиёда аз 30 сол мешавад, ки “раҳматӣ” аз байн рафтааст. Кишварҳои собиқ Шӯравӣ кайҳост, ки ҳадаф ва тамоилҳои миллии худро иваз кардаанд. Ва яке аз он ҳадафҳо сарватмандии шаҳрвандон аст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ин рӯҳия аз вуҷуди мо тоҷикон намеравад? Мо то ҳанӯз “камбағалӣ айб нест мегӯем”, “Бигзор гадо бошам,- месароем,- дар хоки ватан бошам”.

Албатта, камина инҷо мақсади гӯяндаву сарояндаи ин матнро мефаҳмам- дар он васфи ҳисси ватанпарастӣ зуҳур ёфта. Вале мусаллам аст, ки боигариву сарватҳои ману шумо ва дигар ҳамватанон ватани моро иқтидор меорад, шӯҳратманд месозад, ба бозори ҷаҳонӣ раҳ мекушояд.

Камбағалии мову ватани моро касе кор надорад. Оё мушоҳида кардаед, ки ба камбағалон одатан қарз намедиҳанд, метарсанд, ки баргардонда наметавонад…

Дар Русия силсилаи латифаҳо паҳн шудааст, ки намояндагони “новый русский”-ро зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Оё таваҷҷуҳ кардаед, ки ҳадаф аз ин латифаҳо на танқиду маҳкуми сарватмандӣ, балки сарватмандони бехирад аст, сарватмадоне, ки аз ҳисоби авомфиребӣ ба ин мартабаи дороӣ расидаанд…

Чаро мо тоҷикон аз руҳияи камбағалӣ халос шудан намехоҳем? Дуруст аст, ки барои бой шудан фазои казоӣ надорем. Вале мусаллам аст, ки ин фазоро барои мо ба ғайр аз худи мо каси дигар муҳайё нахоҳад кард. Аммо барои ин мо бояд аз рӯҳияи дохундапарастӣ озод шавем. Яке аз сарчашмаҳои иҷтимоии он, ки сохти феодализму ҳокимияти Шӯравӣ буд, аз байн рафт. Монд сарчашмаи дигар- психологияи миллӣ, ки дар он ҳисси бадбинӣ ба сарвату моддиёт, парастиши зиндагии дарвешона зуҳур меёбад. Ин сарчашма устувортар аст, чунки он асрҳои аср таблиғу тарғиб меёфт ва мутаассифона, дар давраи Шӯравӣ он дубора қувват гирифт. Ва шароити зиндагии камбизоатии қишре аз аҳолии имрӯза.

Воқеан, дар омади гап, дар тамаддуни маздоясноӣ, бахусус зардуштия сарвату боигарӣ парастида мешуд. Зардуштиён агар ба якдигар мадҳе гуфтанӣ мешуданд, ҳатман дар қатори аввал сарватмандии якдигарро таманно мекарданд. Қурбонии касалу нотавонҳоро қабул надоштанд. Тилову нуқра ва ҷавоҳиротро меписандиданд. Эзидбонуи зеботарини маздоясноӣ Ардвисура Анаҳита дар сару либоси зебову шинам, қиматбаҳо, бо лавозимоти ороишии тилоиву сангҳои қиматбаҳо пеши муғон падидор мегашт…

Боз пеши назарам нигоҳи маҳкумкунандаи қисми зиёди шаҳрвандон меояд ва кинояҳои дағалонаи ишонро оид ба ҷавонони хушандому мошинсавор, ки ба куҷое шитоб доранд, мешунавам. Чаро мо онҳоро бад мебинем?! Барои он ки онҳо бойанд, сарватманданд?! Барои он ки ишон иртибот бо бозори моддию маънавии ҷаҳонӣ доранд, аз иттилооти ҷаҳонӣ бохабаранд ва моле доранд, ки ҷаҳониён ба он ниёз доранд?! Чӣ содаем мо дар ин ғазаби беасоси хеш. Чаро мо ба ин масъала аз тарафи дигар нигоҳ намекунем- аз он тараф, ки мо худамон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳамин зайл бою сарватманд гардем, инглисидон шавем, тоҷик будани худро на барои худ, балки барои ҷаҳониён собит созем?! Шояд дигар бас будагист камбағалӣ. Шояд кӯшиши бой шудани мо беҳтар будагист аз он, ки асрҳои аср моро дар рӯҳияи камбағалӣ тарбия менамуданд. Итминони комил дорам, ки имрӯз тоқат намудан ба ризқи ночиз ва онро амри тақдир донистан- ҳамаи ин рӯҳияест, ки зимомдорону ҳокимони пешинаи мо барои мо бофтаанд. Дар асл ишон намехостанд, ки дар мисоли авлодони мибаъдаи мо рақибе дошта бошанд, мехостанд танҳо худашон соҳиби мутлақи сарвату моликият бошанд.

“Камбағалӣ айб нест” аз назари имрӯз хурофот аст, балки ақидаи зарарнок. Ақидаест, ки моро ба қафо мекашад. Мову шумо дар тайи чанд соли охири зиндагӣ хуб дарк кардем, ки камбағалӣ руҳияи хатарнок аст, инсонро руҳафтода, аз зиндагӣ дасту дилканда менамояд. Инсони руҳафтода дар дил орзу надорад ва ҳатто агар дошта бошад ҳам, мурғи ормонаш паршикаста аст. Камбағалӣ ба инсон пайваста маризиҳо меорад, ки табобати он тавре, ки аз таҷриба медонем, хеле гарон аст. Мусаллам аст, ки инсони руҳафтода бештар ба маризӣ дучор мешавад ва ғолибан ба касалиҳои рӯҳӣ. Камбағал- инсони муғамбир мешавад, ночору нотавон, дасташ кӯтоҳ, пеши хешону фарзандонаш миннатшунаву сарафканда. Аз тарафи дигар камбағал гуфта, шахси танбалу беҳавсала ва бесаводу бехирадро гӯянд. Аз ин хотир, биёед ба  одамони сарватдор эҳтиром гузорем, ба онҳое, ки бо истеъдоду меҳнати ҳалоли худ раҳ ба бозори ҷаҳонӣ ёфтаанд, аз он истифода кардаанд ва худашонро ба он муаррифӣ кардаанд. Ва пайрави онҳо шавем.

Шиори миллии мову шумо дар асри нав мебояд сарватманд шудан бошад. Сарватмандӣ ба хотири пешравӣ, ба хотири дастро дар набзи ҷаҳон доштан. Ба хотире, ки Бердяев моро ба озодии маънавӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят кардааст, биравем.

Минбаъд пирӯзу дастболо касеву қавме хоҳад шуд, ки агар даст дар набзи ҷаҳони паём дошта бошад. Аммо ин кор дар руҳия ва вазъи камбағалӣ ҳечгоҳ сурат нахоҳад гирифт. Аз ин лиҳоз, биёед ҳамакаса тарзе меҳнат бикунем, ки доро бошем. Барои сарватманди асил будан неруҳои худододиву меҳнати ҳалол кардан лозим мешавад ва худшиносиро дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ қиёс кардан лозим меояд. Давлатдорӣ мову шуморо оптимист месозад, аз мо созандаву эҷодгар тарбия менамояд.

Ашрофони Юнони Қадим маҳз тавассути сарватмандӣ шоҳасарҳои адабию ҳунарӣ, фалсафию илмӣ эҷод кардаанд.

-Чӣ, Эзоп ғулом буд, мегӯед? Дуруст аст. Вай ғулом буд, вале рӯҳан озод буд. Олами ботонии вай озод буд. Аз ин ҷост, вақте ки ғуломдор аз ӯ таоми болаззат талаб мекунад, вай забонро меорад. Ва баъд бо дархости соҳибаш таоми белаззат меорад- ҳамон забонро…

Шояд гӯянд: муаллифи ин мақола сафсаттаҳои умумиро мегӯяд. Мушаххасан чӣ кор кардан мумкин, ки мардум аз паи ин кор шаванд?

Масъалае, ки дар атрофаш баҳс мекунем, кашфиёт нест. Инҷо дубора велосипедро ихтироъ кардан нашояд. Пешниҳоди мушаххасе, ки муаллиф ба таваҷҷуҳи хонанда вогузошта метавонад, ин пеш аз ҳама омӯхтани таҷоруби Урупову Амрико ва Ҷопон аст, дар ин бахш. Масалан, психология ва усулу услубҳои сарватмандшавӣ, дар асарҳои Дейл Корнегӣ, ки хушбахтона, дастрас кардан мумкин аст, хеле содаву оммафаҳм баррасӣ шудаанд. Қироати асарҳои Корнегӣ хонандаро ба устувории чунин ақида меорад: худи ҳозир ҳар кадоми мо баробар бидуни истисно соҳиби хазинаи гаронбаҳоем. Яъне чи хел? Боигарии аз ҳама гирову арзишнок ин мағз аст, мағзе, ки эҷод мекунад. Дар тамаддуни пешсафи башарӣ маҳсули мағзи эҷодгар ҳамеша қадру арзиши воло дошт ва дорад ва хоҳад дошт.

Потенсиали интелектуалии миллати мо тавре ки медонем, бе шак қавию бой аст. Ин ҳолат дар қиёс бо ҳамкорӣ бо хориҷиён хеле рушан мушоҳида мешавад. Дар баъзе мавридҳо қобилияти фикрии намояндагони миллати мо болотар аз хориҷиён менамояд. Вале мо дар дигар чиз бой медиҳем ва маҳз аз ҳамин сабаб неруи ақлии моро хориҷиён мисли маҳсулоти агросаноатиамон беғаразу боғараз ба сифати “маҳсулоти хом” истифода мекунанд. Нерӯи ақлии мо ба “технологияи” пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқ кунонида нашудааст. Мисоли одии ин идда дар он аст, ки олимони мо дар таҳқиқи баъзе масоили хосаи илмӣ хеле пеш рафтаанд, вале аз баски забони инглисиро намедонанд, аз тарзу низоми нави пешниҳоди кашфиётҳои илмӣ бехабаранд ва ҳам аз ҷарайёни умумиҷаҳонии фаъолияти илмӣ берун мондаанд ва кашфиётҳои хеле гаронбаҳои худро, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзиши хеле баланд доранд, ба маънои мусбиаш ба фурӯш бароварда наметавонанд.

Сабзалӣ Шарифов- рассоми халқии кишварамон дар яке аз сӯҳбатҳои хоса нақл кард, ки чанд сол пеш дар Олмон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардида буд ва нафарони зиёди хориҷӣ ба асарҳои ӯ мароқ зоҳир карда, аз ӯ харидани онҳоро дархост намудаанд, вале аз сабаби он ки низомҳои маъмули умумиҷаҳонӣ дар ин кор риоя нашуда буд, фуруши асарҳои рассоми хеле боистеъдоди мо ба амал наомадааст. Ин ҳама нишонаи беиттилоотии мо аст. Технологияи маънавиёту моддиёти бозори ҷаҳониро намедонем ва нисбати он беэътиноӣ мекунем.

Дар кишвари мо як иштибоҳи умумимиллӣ аз азал реша давондааст.  Мо ақлу хираду истеъдодро худод дониста, барандагони онҳоро иззату эҳтиром мекунем, вале маҳсули меҳнати онҳоро сазовор, тарзе, ки ин кор дар тамаддуни пешсафи ҷаҳонӣ суннат шудааст, музд намедиҳем. Вале умед ҳаст, ки дер ё зуд мо аз ин суннат даст хоҳем кашид, чаро ки маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ дигар аст ва чун мо худро ба ҷаҳониён гаравидан мехоҳем, умед аст, дар ҳамин маҷро хоҳем рафт ва воқеан, рафта истодаем ҳам. Аз ин нигоҳ, биёед худамон соҳиби тақдири хеш шавем, дониш бардорем, ҷаҳони навро биомӯзем, технологияи нави онро азхуд кунем, фарзандонамонро дар руҳияи нави ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ тарбия намуда, ватандориву ватанпарастиамонро дар қиёси ҷаҳоншиносӣ бубинем. Аз ин нигоҳ, сарватманд будан айб нест. Балки шараф аст…

Саъдулло Раҳимов, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь