Муошират яке аз қисмҳои илми психология ба ҳисоб меравад. Мафҳуми муошират барои соҳаи руҳияи иҷтимоӣ низ муҳим аст, зеро он ҷараёни дарки ҳамдигару якдигарфаҳмӣ, сарварию роҳбарӣ, муттаҳидию зиддиятҳои дохили гуруҳҳои иҷтимоиро меомӯзад.
Одатан, дар тадқиқотҳои психологӣ муошират ҳамчун қисми таркибии фаъолият ҳисобида мешаваду ҳам намуди фаъолият тадқиқ мегардад. Бояд гуфт, ки ҳаргуна шаклҳои муошират дар навбати худ шаклҳои хусусии фаъолияти якҷояи одамон мебошад, ҳамин тавр, муошират равандест, ки дар рафти фаъолияти одамон ба вуҷуд меояд. Муошират ин раванди бисёрҷабҳаи барқарор намудан ва инкишофи додани алоқаи байни одамон буда, дар фаъолияти якҷояи одамон зоҳир мешавад. Бо натиҷаи дигар гӯем, муошират ин ҳамкори байни одамон ба воситаи аломатҳо мебошад, ки аз талаботи ҳамкорӣ намудан дарак медиҳад.
Дар тадқиқотҳои имрӯза муошират ҳамчун маҳсули фаъолият баҳо дода мешавад. Бояд қайд кард, ки дар ин сурат низ муошират ҳамчун маҳсули фаъолият дониста мешавад.
Аз ин рӯ, ҳамин тавр дар тадқиқотҳои Леонтев А.Н., Анонев Б.Ф. муошират ҳамчун қисми таркиби чор намуд: асоси фаъолият, меҳнат, маърифат ва муошират тадқиқ мегардад.
Аз тарафи дигар, тадқиқотҳои Ломов Б. Ф., Зонков В. В. ва Реан А. А. муошират ҳамчун мафҳуми мустақил ва аз фаъолият фарқкунанда омӯхта мешавад. Дар ин сурат ҷараёни муошират барои шахс натанҳо восита, балки чун мақсад шуда метавонад. Одамон барои давом додани суҳбат бе мақсади муайян муошират намуда, баъзан танҳо хоҳиши давом додани онро доранду бас.
Психология башардӯстӣ дар мадди аввал талаботи шахсро ба муоширате мегузарад, ки майли фаъолияти якҷояро надорад. Мувофиқи ақидаи психологияи башардӯстӣ ба шахс барои он зарур аст, ки дар рафти он оид ба ғаму андуҳ ва шодии мусоҳибон суҳбат меравад. Шахс дар ҷараёни муошират ҳиссиёту ҳаяҷони худро ба дигарон зоҳир намуда, талабот ба дарки ҳиссиёт ва ҳаяҷони ҷавобии онҳоро дорад, аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, муошират барои шахс унсури пурқиммат аст, талаботи шахс ба муошират ниҳоят калон аст ва баъзан дар сурати қонеъ намудани он шахс ба ҳолати фурустратсия афтиданаш мумкин аст. Фурустратсия ҳолати руҳие мебошад. Дар лаҳзаи мавҷуд будани ҳамаи шароитҳо шахс наметавонад, ки талаботи худро қонеъ намояд.
Мавқеъ мақоми иҷтимоӣ ва вазифаҳои субъекти муошираткунанда метавонад гуногун бошанд. Мисол, ин гуна мақоми нобаробарӣ- иҷтимоӣ шуда метавонад.
Муошират кори дар байни роҳбару коргар ё муоширати педагогӣ дар байни муаллиму хонанда. Субъекти муошират будан маънои онро надорад, ҳар ду тараф мавқеъи баробари мутлақро дошта бошад, яке аз шартҳои муҳими ӯ омӯзиши алоқаи байни одамон, ба монанди муошират ба инобат нагирифтани объекти таъсирёбанда мебошад, зеро шахс ҳамчун субъекти иҷтимоӣ аз лаҳзаи аввали ҳаёт ҳамин сифати муҳимро дорад.
Ҳамин тавр ҳамаи гуфтаҳои дар боло зикр шуда, тарзи нави омӯзиши мафҳуми муоширатро ифода мекунад. Дар асоси як қатор тадқиқотҳои психологӣ, оиди ба принсипи нави методологияи психологи умумӣ принсипи муошират мебошад, инъикос меёбад. Яке аз онҳоро мисол меорем:
Муошират – алоқаи байни ду ва зиёд одамон буда, аз мубодилаи маъхази маърифатӣ ва эмотсионалӣ иборат мебошад. Одатан муошират қисми таркибии алоқаи байни ҳамдигарии одамон дар ҷараёни меҳнат, таълим, муносибатҳои коллективона ва ғайра буда, ба нақшагирӣ, назорат ва амали гаштани фаъолияти одамонро таъмин менамояд. Дар баробари ин, муошират талаботи махсуси шахс бо одамони дигар алоқа намуданро қонеъ менамояд. Майли муошират намудан яке аз маромҳои пешбарандаи шахс буда, шахсро бо фаъолияти якҷояи амалӣ ҳидоят менамояд.
Ба андешаи Давидов В. В. Ва Зинченко В. П. мафҳуми муошират метавонад аз дигар шаклҳои фаъолият фарқ намояд ва мустақилии нисбиро доро шавад. Муаллифони ин ақида кӯшиш ба яке аз шаклҳои фаъолият вобаста намудани муоширатро надоранд. Мафҳуми муошират барои онҳо маънои мустақилиро дорад, зеро фаъоли махсуси шахсро инъикос менамояд, ки он ба талабот ба шахсони дигар алоқа намудан, вобаста аст. Баъзан ин ду ақида дар ягонагӣ мебошанд, фаъолияти якҷоя шакли зоҳиршавии муошират мебошанд. Аз тарафи дигар, майли муошират намудан яке аз маромҳои пешбаранда буда, одамонро ба фаъолияти якҷоя ҳидоят менамояд. Бояд қайд намуд, ки Давидов В. В. ва Зенченко В. П. дар мадди аввал муоширатро ҳамчун яке аз шаклҳои фаъолият ҳисобида, танҳо дар баъзе лаҳзаҳо мустақилии нисбиро ба он хос медонанд. Ақидаи мустақили муошират дар асарҳои Зонков В. В. оварда мешавад. Ӯ зери мафҳуми муошират «чунин шакли алоқаи байни субъектҳоро мефаҳмонад, ки аз аввал бо маром ва майли дарки сифатҳои психологии якдигар зоҳир мешавад. Дар рафти он дар байни одамон муносибатҳои байнишахсӣ ташаккул меёбанд».
Дар психологияи муошират се қисми таркибиро одатан фарқ менамоянд. Когинтивӣ (маърифатӣ), оффективӣ, эмотсионалӣ, рафторӣ (Обозов Н.Н., Коломинский Я.Л.) ва муофиқи таснифоти дигар – гнесологӣ, оффективӣ перестивӣ (Бадалев А.А.). Ломов Б. Ф. низ се қисми таркибии монандро ҷудо менамояд: Ахборӣ- комуникативӣ, идоранамоӣ – коммуникативӣ, афективӣ, – каммуникативӣ. Барои шарҳи муошират инчунин, сохти чорқисмаи Реан А. А. истифода бурда мешавад, ки онҳоро ҳамчун қисмҳои ахбори – коммуникативӣ, идоранамоӣ – рафторӣ, оффективӣ, эмпативӣ ва иҷтимоӣ – персетивӣ қабул намуданд. Онҳоро бо таври мушахас каме шарҳ медиҳем. Қисмати когнитивӣ – ахборӣ бо ҷараёни қабул намудан ва баргардонидани ахборот ба воситаи аломатҳо алоқаманд мебошад. Қисми аффективӣ – эмпативӣ муоширатро ҳамчун ҷараёни мубодила ва идоранамоӣ эмотсияҳо шарҳ медиҳад. Қисми иҷтимоӣ- персептивӣ бо ҷараёни дарки якдигар фаҳмидан ва донистан одамон дар рафти муошират алоқаманд мебошанд.
Гуруҳҳои одамон дар асоси хусусиятҳои умумиашон ба микрогуруҳҳо ҷудо мешаванд. Аз тарафи дигар, дар асоси хусусиятҳои умумии психологи ташкил намудани микрогуруҳ- ин нишонаи инкишофи гуруҳ мебошад, зеро аъзоёни гуруҳ ба омилҳои ҳамдиёрию ҳамҷинсӣ нигоҳ накарда, муттаҳид мешаванд. Дар заминаи хусусиятҳои психологӣ (шавқу завқ, ақида, мақсад, маром ва ғ.) муттаҳид шудани одамон, аз тарафи дигар, нишонаи баланди шуури ҷамъиятӣ мебошад. Масалан, гуруҳи донишҷӯёни бахши аввал дар ибтидои ташаккулёбиашон бисёртар дар асоси хусусиятҳои ҳамдиёрӣ микрогуруҳро ташкил медиҳад. Зеро онҳо дар байни якдигар умумиятҳои гуногунро (шеваи гапзании якхела, хотираҳову манзараҳои бо якдигар шинос ва ғ.) пайдо карда, тез ба якдигар унс гирифта, робитаи дӯстиро миёни мебанданд. Баъди дар як гуруҳ ду-се сол таҳсил намудан, онҳо дар ҷараёни муошират аз хусусиятҳои шахсии якдигар бохабар шуда, дар асоси хусусиятҳои умумии психологиашон микрогуруҳи навро ташкил медиҳанд.
Чи тавре ки маълум аст, дар ҷараёни муошират шиддати он метавонад, оҳиста-оҳиста баланд шавад ва ё баъзан метавонад аз аввал дар ин дараҷаи баланд бошад. Вобаста аз дараҷаҳои зуҳуроти шиддат усулҳои гуногун аз байн бурдани он низ тағйир меёбад. Қувваҳои гуногуне мавҷуданд, ки онҳо имконияти паст намудани шиддати асабӣ ва психикиро доранд. Дар баробари ин, қоидаҳои нодуруст низ бисёранд, ки ба баландшавии шиддати ҷараёни муошират боис мешаванд. Ба ҳамсуҳбат додани имконияти гапашро то ба охир гуфтан- яке аз қоидаҳои паст намудани шиддати ҷараёни муошират аст. Вақте, ки шахс имкон пайдо мекунад, ки ҳамаи дарду аламҳояшро беягон мамоният баён намояд ва дар баробари ин, ҳеҷ кас суханашро набурад, он гоҳ ин бо пастшавии муоширати асаби ӯ сабаб шуда метавонад.
Таҳаммул ҳамчун хусусияти шахс барои ҳамаи касбҳо «одам-одам» (яъне касбҳое, ки дар рафти он одам бо одамони дигар муомила бояд намояд. Ба монанди -муаллимӣ, фурӯшандагӣ, рӯзноманигорӣ, равоншиносӣ ва ғ.) аҳамияти муҳим дорад. Барои муаллимон бошад таҳаммул беҳтарин сифати шахсии ӯ ба ҳисоб меравад.
Насимҷон ҚОДИРОВ,
Басгул САБУРОВА,
омӯзгорони ДДФСТ