Набуди огоҳии равшан аз низоми сиёсии динӣ ва шинохти озодӣ аст. Баъзеҳо иттилои дуруст аз дунявият ва аз низоми сиёсии динӣ надоранд ва дақиқтараш аз пайдоиши дину оин ба ҳайси як падидаи иҷтимоӣ ва раванду таҳаввули он огоҳ нестанд. Дар тасаввурашон чунин ба назар мерасад, ки гӯё низоми сиёсии динӣ, ки аз амру найҳи динӣ маншаъ мегирад, одилонатарин низоми сиёсӣ буда бошад. Аммо гоҳе ба таҳқиқ сари масъалаи мазкур меандешӣ, хоҳӣ дарёфт, ки воқеият чизи дигар аст.
Аввалан нишон додани одилонатарин низоми сиёсиро чун низоми динӣ ба ҷуз як таблиғи гурӯҳҳои манфиатдор чизи дигаре нахоҳад буд. Сониян низомҳои сиёсии шариатбунёдёфтаи то имрӯз амал карда ҳеҷ як мардумонро на танҳо ба саодат нарасонидааанд, балки аз саркубтарин ва бераҳмтарин низомҳо низ будаанд, ки дар онҳо кӯчактарин озодиҳои инсонӣ маҳдуд будааст.
Набуди донишҳои саҳеҳи илмӣ доир ба раванду ҳодисоти дунёву ноогоҳии илмӣ аз дину шариат, набуди огоҳии равшан аз мафҳуми озодии инсон ва мазҳаб дар миёни бархе аз мардумони боварманди кишварҳои мусалмоннишин бисёр роиҷ аст. Аксар аз мардуми боварманд, ки аз дину бовари дигарон бехабаранд аз лиҳози равонӣ ба чунин боваранд, ҳеҷ дине беҳтар аз дини онон ва ҳеҷ шариату мазҳабе болотар аз шариати онон вуҷуд надорад.
Ин навъи бовар ҳанӯз аз замони кӯдакӣ аз ҷониби волидайн ва аҳли шариат ба онҳо ба такрор гуфта мешавад ва ором-ором ба як боваре, ки он ҳукми қатъӣ буда, барояш ҳеҷ ҷои шубҳае вуҷуд надорад, табдил меёбад. Чунин бовар дар ташаккули ақидатии иҷтимоӣ ба як тасссубияти хоси гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ табдил меёбанд. Онон чун огоҳии дуруст надоранд, фикр мекунанд, бовармандони дигар мазоҳибу динҳо ё нобоварон гумроҳшудагонанд ва ба онҳо ба назари нафрат менигаранд ё аз ҳамнишиниву равобит бо онон мепарҳезанд ва ё ҳадди ақал кӯшиш мекунанд, ки ононро ба мазҳабу бовари хеш биёоваранд ва “роҳи мустақим”-ро барояшон нишон бидиҳанд.
Аксар аз чунин нафарон мутмаъинанд, ки чун дар роҳи мустақим ва растагорӣ қарор доранд, пас боястӣ Худо ба онон буда бошад ва ҳаргуна амалкард барои онон раво ва хуб аст. Ин гуна биниш сабаб мешавад дар онон як дидгоҳи нобаробар ва табъизӣ ба миён ояд. Гоҳе ки чунин биниш ва ақоид ба сатҳи баланди таассубият мерасад соҳибони он дигар тасаввур карда наметавонанд, ки бовармандони дигар ва ё нобоварон низ инсонанд ва онон аз лиҳози инсонӣ тамоми ҳуқуқҳои баробарро бо онон доранд.
Аз ин ҷост, ки табъизи дигарандешон агар дар сатҳи ақаллиятанд ба миён меояд. Бовармандони таассубзада дигар ононро дар баробари инсон қабул надоранд ва ононро аз қабили маҳкумшуда ва ғайри инсон бо барчаспҳои зиёде ном мебаранд. Замоне таассубият ба сатҳи ифрот мерасад, бовармандони дигар дину оин ё нобоварон аслан аз ҷониби ин гурӯҳҳо таҳаммул карда намешаванд ва ба табъизу тавҳин ва латту кӯбу ҷисман аз байн бурдан ва ғорати сарвату дороии онон оварда мерасонад.
Низоми сиёсии динӣ ҳам, ки дар чорчӯбаҳои шариат ба роҳ монда мешавад, наметавонад ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои бошандагони як ҷомеаро, ки аз ақшори гуногуни боварманди ба дину оинҳои гуногун ё ҳеҷ як дину оинанд, таъмин намояд. Зеро дар ҷавҳар ҳар дину мазҳаб ва шариат даъвои ҳақ буданро дорад ва низоми зиндагии мардумонро мехоҳад дар асоси арзишҳои худ ба танзим дарорад. Гузашта аз ин, низоми сиёсии динӣ дар аксар маврид худро ҳукумати адли илоҳӣ эълон медорад ва чунин вонамуд месозад, ки гӯё ҳама он корҳоеро анҷом медиҳанд, ки фармудаи Худову Расуланд. То андозае ин гуна низом посухгӯ будани хешро дар баробари амалкардҳояш назди мардум сарфи назар месозад ва масъулияти ҳамаи амалҳои хешро назди Офаридгор мегузорад. Аксар аз ҳокимони низоми сиёсии динӣ даъвои он доранд, ки онон амаликунандаи иродаи илоҳиянд. Чунин даъво ва чунин биниш оноро машруъият мебахшад то ҳама гуна амалкардҳояшонро тақаддус бахшанд ва нисбати ақшори гуногуни иҷтимоӣ аз воситаҳои гуногуни таъсиргузорӣ сӯйистифода намоянд. Ҳамин аст, ки гурӯҳе, ки ҳамчун аксарияти як мазҳаб ё дин қудрати сиёсиро ба даст мегиранд, онро дар асоси арзишҳои мазҳабии худашон танзим месозанд, ки дар натиҷа барои ақалиятҳои бовару дину мазҳаби дигар ғайри қобили қабул ё ҳадди ақал ҳуқуқу озодиҳои онон маҳдуд гардида, поймол мешаванд.
Биҳишти аднеро, ки ҳукуматҳои мазҳабӣ таблиғ мекунанд, ин танҳо то замони расидан ба қудрати гурӯҳҳои муайяни манфиатҷӯст ва ин навъи таблиғот танҳо ба хотири сӯйистифода намудан аз бовари аксари бошандагони ҷомеа аст. Зеро таҷриба нишон додааст, ки даъвогарони низоми сиёсии динӣ натанҳо пас аз расидан ба қудрат дар кишварҳояшон биҳишти адн сохтаанд, балки мушкилоти зиёдеро дар муносибат ба мардуми кишвари худ ва кишварҳои ҳамҷаворашон ба миён овардаанд.
Бисёриҳо ба ин тасаввуранд, ки бо иҷроиши қавонини шариатӣ гӯё ҷурму ҷиноят кам мешавад, масалан, бо амалӣ кардани қатъи дасту пой ҳангоми ҷурми дуздӣ ё сангсор намудан ҳангоми амали зино, ин навъи корҳои зишт аз байн хоҳанд рафт. Аммо воқеият нишон додааст, ки на танҳо кам шудааст, балки дар кишварҳои дорои низоми сиёсии динӣ боло рафтааст. Чун ҷурму ҷиноятро боястӣ сараввал таҳлил намуда, онро аз лиҳози сабабу омилӣ баррасӣ намуд ва омилҳои ба вуҷудорандаи ҷиноятро кам кард, то ҷиноят пешгирӣ шавад. Ҳоло ҳам дар кишвари мо нафароне, ки низоми сиёсии диниро таблиғ мекунанд ва дар зеҳнҳои сода ин навъ итминонро ба вуҷуд меоваранд, ки гӯё дар он озодиҳои инсонӣ дар сатҳи баланданду аз ҳуқуқи башар дифоъ мешавад ба он монанданд, ки бисёре аз ононе, ки ҳоло дар низоми сиёсии динӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ба сар мебаранд, қабл аз инқилоби исломӣ намедонистанд, ки ҳукумати исломӣ чист, вале фарёд мезаданд аз ҳукумати теократӣ ва аз он тасаввуре дар зеҳн сохта буданд, ки ин навъи ҳукумат ҳамаро ба баробарии моликиятӣ ва рифоҳ мерасонад. Ин идда пас аз руй кор омадани салтанати рӯҳониён баъдан дарк карданд, ки то чи андоза ҳукумати диниву мазҳабӣ истибдодӣ ва ғайриодилона ҳоҳад буд.
Бисёре аз бовармандон тасаввур мекунанд, ки озодии дину мазҳаб, яъне ин ки ҳама озод бошанд ва мазҳаби онҳоро интихоб карда ва ба фармудаҳои шариати онон амал кунанд. Тасвире, ки рӯҳониён аз озодӣ доранд ва низоми исломиро ба унвони озодтарин кишвари дунё муаррифӣ мекунанд, дақиқан бар ҳамин тасаввур такя мекунад, ки ҳамин қадар худи онҳо озод бошанд, кофӣ аст. Онҳо намедонанд, ки озодии мазҳаб озод будани афрод дар диндор будан ё набудан интиқод аз дин ба ҳамон шакле, ки дар дунёи сиёсат, озодӣ яъне озодии мухолифандешон низ дар назар аст. Дар низомҳои динӣ фаҳми озодии дин фаҳми чаппа ва воруна аз он аст. Зеро онҳо таҳти мафҳуми озодии дин танҳо муътақид буданро дар дину боварҳои суннатии хеш меҳисобанд. Ҳарчанд ба назар мерасад, иддаи каме низ мехоҳанд то дарки умумӣ ва тақозои замона дар айни бовар ба суннатҳои дигарон канор биёянд ва тасаввур мекунанд, ки мусолеҳа дар ин миён мумкин аст.
Озодии динӣ дар ҷаҳони имрӯз як амри мақбул ва пазируфта шудаву як ҷузъи асосии ҳуқуқи башарро низ ташкил медиҳад. Имрӯз дигар ҳеҷ як фард, давлат, милллат ба танҳоӣ наметавонад, бе иртибот бо дигарон вуҷуд дошта бошад ва бо ҳама ниёзҳои иҷтимоии хеш канор ояд. Дар ин сурат танҳо низоми сиёсии дунявӣ ва ҳукумати мардумсолор метавонад озодии диниву мазҳабии инсонҳоро таъмин намояд ва он асли ҳуқуқи башарро риоят намояд. Низоми сиёсии динӣ наметавонад озодии инсонҳоро таъмин созад ва бо мардумони фарҳангу боварҳои гуногун канор ояд. Ҳамин аст, ки ин навъи низом ҳамеша дар равобит мушкил дорад.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа