Нимаи дувуми солҳои ҳаштодуми асри гузашта, хусусан баъди истиқлолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон имконияти робита бо ҳамқавмонамон, ки ҳаводиси рӯзгор дар давраҳои дуру наздики таърих бо ҳар баҳона онҳоро ба ҷилои ватан во дошта, ба ҳар кунҷу канори дунё андохта буд, фароҳам омад. Бо нияти шинохти онҳо ва барқарор кардани алоқа бо онҳо моҳи

октябри соли  1989 созмони байналмилалии Ҷамъияти робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ  таъсис ёфт, ки ба худ номи рамзии “Пайванд”-ро гирифт, яке аз муассисони фаъоли Ҷамъияти “Пайванд”, арбоби номвари илму фарҳанг ва ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ нахустин  раиси ин созмони байнамиллалӣ интихоб шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хидматҳои устод Осимӣ баҳои баланд дода, чунин иброз намудаанд: “Устод Муҳаммад Осимӣ ба ҳайси бунёдгузори  ин Анҷуман ва пайвандгари робитаҳои бародарона бо хамватанони бурунмарзӣ дар рушди илму фарҳанги Ватани мо хизматҳои шоиста кардааст”.

Албатта, миллати тоҷикро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз тавассути осори гаронарзиши олимону адибонаш шинохтаанд. Дар ҳамаи давру замон, олимону зиёиёни тоҷик машъалафрӯзи мардум буданд ва роҳи тараққию созандагиро мунаввар месохтанд. Яке аз чунин олими номдору маъруфи кишвар, академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ буданд, ки дар пашрафти илму фарҳанги Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ  1-уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1937 дар рабфаки хоҷагии деҳоти шаҳри Хуҷанд таҳсил кардааст. Сипас таҳсили худро дар шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд идома дода, онро дар соли 1941 бомуваффақият хатм менамояд. Баъди хатми донишгоҳ Муҳаммад Осимӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват мегардад ва  солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашистӣ иштирок мекунад.

Муҳаммад Осимӣ баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти кории худро дар Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи физика ва ниҳоят ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ кор мекунад. Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадиашро ҳимоя мекунад.

Малака ва таҷрибаи фаровоне, ки дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ соли 1966 ба сифати ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (Институти политехникии Тоҷикистон), ваазири маорифи ҷумҳурӣ, котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ ва муовини Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ниҳоят соли 1965 дар мансаби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъин мегардад ва муддати 23 сол дар ин вазифа  кор карда, дар рушду нумуи ин боргоҳи илму маърифат  хизматҳои шоён кардааст. Ҳамзамон Муҳаммад Осимӣ аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор буд, дар тӯли ҳаёти пурбаракати худ тавонист барои рушд ва нумуи соҳаҳои мухталифи илм мусоидат намояд ва саҳми арзандаашро гузорад.

Инчунин, Муҳаммад Осимӣ    вакили  Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти «Дониш» -и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҳии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб» -и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буданд.

Муҳаммад Осимӣ, ки панҷ сол дар набардҳои хунини фашистони истилогар барои сулҳу субот, ободии диёр, мубориза бурда номи миллати тоҷикро баланд бардошт ва  ҳамчун қаҳрамон аз ҷанг ба Ватан баргашт, вале субҳи 27-уми июли соли 1996  аз дасти ҳамватанони ҷоҳилу бадхоҳи миллат, наҳзатиҳои хунхор ба қатл расонида шуд.   Куштани Осимӣ ин куштани илму дониш, нобудсозии маърифату пешрафт буд.  Бо куштани Осимӣ душманони миллати тоҷик, ки ағлабашон ҳаводори исломи сиёсӣ буданд, мехостанд, ки рушду нумуи илм ва фарҳангро дар кишвар боздоранд ва ба ифротгароии худ роҳ кушоянд. Аммо террористони наҳзатӣ ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, чунки рӯҳияи озодихоҳонаи мардуми моро шикаста натавонистанд ва худи онҳо маҳву нобуд  гардиданд.

Имрӯз дар Тоҷикистони озоди мо бо шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Сарвари давлат илму дониш рушд карда истодааст,  корномаҳои марҳум Муҳаммад Осимиро олимону равшангарони тоҷик идома медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои беназир ва шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ин абармарди тоҷик гузоштанд.

Хотираи неки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, олими тавоно Муҳаммад Осимӣ ҳамеша дар дилу дидаи мардум  абадӣ боқи хоҳад монд. Ёдат ба хайр Устоди гиромиқадр!

Абдурасулов  Анвар, мушовири Ректори ДТТ ба номи М.Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь