Хабари ба садама дучор шудани Фирдавси писари амаки Ҳотам дар як дам дар тамоми маҳалла паҳн гашт. Дар забони ҳама ҳамин гап буд: «Фирдавс бо мошини худ ба мошини дигар бархӯрду ҳарду мошин пачақ шудаанду Фирдавсро ба морг бурдаанд».
Ин хабари шумро ба падари Фирдавс одамони наздикаш бо душворӣ фаҳмониданд. Падар роҳи хонаро пеш гирифт. Дар назди дарвозаи хонааш одамони зиёдеро дида, бовар ҳосил кард, ки сар задани ҳодисаи нохуш воқеият аст. Базӯр худро ба даст гирифту аз мошини ҳамкораш Саттор фаромад. Дар назди дарвоза ӯро ҳамсояҳои наздикаш Мухтору Бобоҷон тасаллӣ доданд:
– Худатонро ба даст гиред, ҳамсоя. Аз тақдир ҷойи гурез нест…
Амаки Ҳотам бо дастрӯймолаш чашмони пурашкашро пок карда, худро ба даст гирифт ва аҳён-аҳён ба гап даромад:
– Ҳамроҳи писарам кӣ буд?
– Ҳамроҳи писаратон рафиқи ҳамсинфу ҳамсояи худамон Рустам буд,- ҷавоб доданд ба ӯ.
– Рақами телефони Рустамро ба ман диҳед, худам бо ӯ гап зада, асли воқеаро фаҳмам,- ҳам хоҳиш кардаву ҳам фармон дод ӯ.
– Ҳозир рақами телефонашро меёбем,- фаврӣ аз пайи иҷрои хоҳиши мусибатзада шуданд ҳамсояҳо.
Баъди ду-се дақиқа амаки Ҳотам бо Рустам дар тамос шуд:
– Рустамҷон, писарам, воқеаи бо писарам рӯйдода дуруст аст?
– Ҳа, амакҷон, як соат пеш садама сар зад ва ман шоҳиди он будам.
– Фаҳмотар гап зан, чӣ хел садама рӯй дод?
– Ман дар паҳлуи Фирдавс нишаста будам. Дар чорроҳаи назди корхонаи мо мошине рӯ ба рӯямон бошаст омада заду ҳарду мошин пачақ-маҷақ шуданд. Ронандаи мошин моро гунаҳкор кард. Моро базӯр аз мошин бароварданд. Ҳозир бо ҳамроҳии Фирдавс дар моргем.
– Дар морг?,- аз шунидани ин калимаи хунук ҳуш аз сари амаки Ҳотам парид ва пас аз ба рӯяш пошидани чанд панҷа об ба худ омаду телефонро ба даст гирифту хоҳиш кард, ки ӯро боз бо Рустам пайваст кунанд.
– Рақами мошини он лаънатиро навишта гирифтед?,- пурсид аз Рустам.
– Ҳа, навишта гирифтем, лекин милиса моро айбдор кард, ба фикрам, шиноси ҳамон ронанда аст,- ҷавоб дод Рустам.- Шумо хавотир нашавед, амак, мо ҳозир дар моргем. Як-ду чизи даркориро мегирему баъди ягон соат дар хона мешавем,- дилпур кард амаки Ҳотамро Рустам.
– Чӣ хел хавотир нашавам, ки…,- гиря гулӯгираш кард ва дигар маҷоли гап задан надошту телефон аз дасташ афтид.
Ҳамсояву хешу табор зуд хараку кӯрпача оварда, дарвозаро калон кушоданд. Мардум як-яку гуруҳ-гуруҳ меомаданд. Занону духтарон бо рӯймолҳои сафеду ашкрезон вориди ҳавлӣ мешуданд.
– Баъди ягон соат Фирдавсро аз морг меоранд,- базӯр ба забон овард ин суханҳоро ҳамсояашон амаки Мухтор.
Аз байн як соат гузашт, аз онҳо хабаре нест, ду соат гузашт, боз хабаре нест. Аллакай кӯча аз одам лабрез шуда буд. Ниҳоят аз дур мошине намоён гашт. Баъд аз ду-се дақиқа мошин дар назди дарвоза истоду аз даруни он аввал Рустам ва баъд… Фирдавс фаромаданд. Издиҳом ҳайратзада шуд. Аз дидани Фирдавс падараш – амаки Ҳотам боз аз ҳуш рафт. Бо душворӣ ӯро ҳушёр карданд. Худро дар оғӯши писараш Фирдавс дида, ҳайратзада пурсид:
– О, ҳамаро талхакаф кардӣ-ку! Гап зан, чӣ воқеа рӯй дод? Ҷӯраат Рустам гуфт, ки дар моргем ва баъди як-ду соат туро меорем…
– Ҳа, дар морг будем. Мошини ман ва он шахси ба мошини мо бархӯрда камтар пачақ шуда буд. Барои ёфтани қисмҳои эҳтиётӣ ба морг рафта будем, барои ҳамин камтар дер кардем,- мухтасар фаҳмонд Фирдавс.- Ман ба харидани қисмҳои эҳтиётӣ машғул будаму бо Шумо дӯстам Рустам телефонӣ суҳбат карда буд.
– О, морг ба қисмҳои эҳтиётии мошин чӣ дахл дорад?,- ҳанӯз ҳам чизеро нафаҳмида, пурсид амаки Ҳотам.
– Дар наздикии бозори «Саховат» бозори қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ҷойгир шудааст ва он дар байни мардум бо номи «Морг» машҳур аст. Дар ин бозор мошинҳое, ки ба садама дучор мешаванду дигар имкони барқарор карданашон нест, барои қисмҳои эҳтиётӣ истифодаашон мебаранд. Ана аз ҳамон ҷой мо як-ду қисми эҳтиётӣ ҳам барои мошини худамон харидорӣ кардему ҳам барои мошини он одами калоншаванда,- хулоса кард матлабашро Фирдавс.
– Э, бар падари ин нома баровардагӣ лаънат, қариб буд аз ин хабар маро ба морги ҳақиқии беморхонаи Қарияи боло мебурданд,- оҳи сабуке кашида, гуфт амаки Ҳотам.
Ҷумъа МИРЗО