Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар

Модар қиматтарин неъмати рӯи ҷаҳон, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо, фариштаи рӯи замин ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбалантарин шахси башарият аст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар дар олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгирию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар – ин худ биҳишти аввалини ҳаёти мост.

Дастонатро мепарастам модар! Ҳамон дастонеро, ки бо як меҳрубонӣ сари моро навозиш мекунанд. Ҳамон ангуштонеро, ки зару зеварро як сӯ монда, ба кори вазнини зиндагӣ тоб овардаанд. Ҳеҷ як аз пурқувваттарин дасти мардони паҳлавон ба дасту бозуи ту баробар шуда наметавонад.

Модар, ман туро зиёд дӯст медорам, ки ҳатто тасаввур карда наметавонам. Ҳар қадар, ки дар васфи модари меҳрубон ҳарфҳои бешумор бигӯем ва шеъру таронаву ғазал нависем ҳам, достони меҳри модар поён надорад. Ва ман такрор ба такрор мегӯям: “То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст…”.

Фаридун САФАРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь