Андешаҳо дар бораи расму оин ва тафаккури миллӣ

Муаррих, этнограф ва забоншиноси даврони шӯравӣ М. С. Андреев дар асари пурарзишаш «Тоҷикони водии Хуф», ки фарогири таърих ва маданияти қадимии мардуми тоҷик аст, дар саҳифае аз расму одати мардуми кӯҳистон чунин нақле меоварад: Агар ду нафар савораи кӯҳистонӣ дар пайроҳаи танги кӯҳӣ рӯ ба рӯ оянду он ҷо дигар имконияти пас гаштан ва ба касе роҳ додан набошад, пас ҳар ду ба чунин қарор меомадаанд: агар бори кадоме камарзиш бошад, аз ҷар поён меафкандаанд ва бори нафареро, ки арзишаш боло будааст, байни худ қисмат мекардаанд. Чунин муносибат аз як ҷиҳат аз ғурур, мардӣ, ҳимматбаландӣ, чашмсерӣ ва муросокории мардуми тоҷик дарак медиҳад, аз ҷиҳати дигар, агар назари дақиқ афканем, нишоне аз фоҷеаи ин миллати сарсахт аст. Зеро ба ҳама чиз муносибати хунукназарона доштану сарфакору сариштакор набудан касро ба қашшоқию нодорӣ бурда мерасонад. Миллате, ки қашшоқу камбағал аст, фардо аз ӯ наметавон рӯйидани фарзанди солим ва ё ягон нобиғаро интизор шуд.
Аз ҷорӣ гаштани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» даҳ сол пур шуд. Ба қарибӣ бо хоҳиши тамоми мардум дар қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид. Бо вуҷуди ин, баъзе мардуми тоҷик ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Яъне, тӯйҳои пурдабдаба мегузаронанд.
Хуб, чаро мардуми мо сарфакору сариштакор нестанд? Ин сабабҳои гуногун додад. Аммо сабаби асосиаш тӯли солҳои сол дар хурофот печидани тафаккури ин миллат аст.
Аслан тарғибгарони хурофот ҳадафи хоси худро доштаанд. Яъне, мардумро ба кӯчаи сарбаста афканда, аз ҳисоби онҳо хазинаи пури худро боз лабрезтар мегардонидаанд. Ин идеология то имрӯз мардуми моро тарк накардааст. Мисоли барҷастаи ин дар тӯю маросимҳои дафнӣ харҷи аз ҳад зиёд ва беҳуда аст.
Дар деҳае, ки ман ба воя расидаам, як давра чунин расму оин ҷорӣ буд. Агар нафаре тарки дунё кунад, наздиконаш дар маросими дафн ба андозаи як рӯмолча газворро пора намуда, ба ҳозирин сафедӣ медоданд. Рафта-рафта ҷои матоъро пули яксӯма иваз кард, дертар як сӯм ба се сӯм табдил ёфт. Худ тасаввур кунед, агар дар маросими дафн ҳазор кас ширкат варзад, се ҳазор сӯм пул бар иловаи харҷи хӯрок сарф мешавад.
Имрӯз зиндагӣ тамоман тағйир хӯрдааст. Мӯйсафедон ва раисони маҳаллаи зодгоҳам вазнинии зиндагиро зуд пай бурда, дар ибтидо дар маросими дафн ба ҳозирин додани сафедиро аз байн бардоштанд. Дертар ин мӯйсафедон ва раисони маҳалла дар маросимҳои майите, ки то шаст сол умр дошт, ҳама гуна пухтупаз ва дастурхонороиро манъ намуданд. Чунин муносибат тайи чанд сол аст, ки миёни мардуми деҳа ҷорист. Аллакай ин ба шакли анъана даромадааст ва мардум ҳам одат кардаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар пайдоиши ин ё он анъана ғарази иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии ин ё он шахс ё гурӯҳ пинҳон аст. Барои тақвияти фикри хеш як мисол меоварам.
Чанде пеш барномаи «Зан чӣ мехоҳад?»-и телевизиони Русия як нафар арзи модарро намоиш дод, ки духтари қадрасаш тарки хонадон намудааст. Аз рӯи гуфти модар, духтараш ба гурӯҳе пайвастааст, ки онҳо шабу рӯз дар тоату ибодат менишастаанд. Гурӯҳ қавоид ва расму одати хоси хешро доштааст. Агар ду нафар аъзои гурӯҳ бо ҳам издивоҷ намоянд, расми никоҳи онҳо чунин сурат мегирифтааст: каллаи духтарро дар рӯи кунда гузошта, пас нӯги мӯи ӯро бо табар мебуридаанд. Чунин муносибат гӯё муҳаббати ин ду дилдодаро ба якдигар то охири умр нигоҳ медоштааст.
Баранда чанд нафар аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла духтар ва домоди он занро низ ба барнома даъват намуда буд. Онҳо русуми ақди никоҳро дар саҳна нишон дода, гуфтанд, ки чунин зиндагӣ барояшон хуш аст. Пас барандаи барномаи мазкур сабабҳои пайдоиши чунин ақидаро аз аъзои гурӯҳ пурсон шуд. Дар рафти сӯҳбат маълум гашт, ки муаллифи ин идея ва сарвари гурӯҳ марде будааст, ки як давра аз дасти занаш заҳри хиёнатро чашида, рӯ ба парҳезу парҳезкорӣ ниҳодааст.
Дар созмон додан ва роҳбарӣ намудани ин гурӯҳ ҳолати ботинии бунёдгузорашро пай бурдан душвор нест. Хиёнати зани аввал ӯро андӯҳгин сохта, ба ҷинси латиф чандон эътиқодманд нест. Бо вуҷуди ин, мехоҳад дар зиндагӣ ҳамсафари худашро дошта бошад. Барои ӯро тарк накардани ҳамсари дуюмаш ин «дин»-ро «эҷод» намудааст. Ба ақидаи ӯ, дар рӯи кунда бо табар буридани мӯй муҳаббати ҳамсарро қавӣ нигоҳ медорад. «Дин»-и офаридааш аллакай дар миёни ҷавонон пайравони худро пайдо намудааст.
Чуноне, ки дар боло зикраш рафт, сабаби асосии камбағалӣ ба пул ва ашё муносибати сарфакорона надоштани миллати мост. Баръакси ин, аврупоӣ ва амрикоиҳо арзиши пул ва ашёро хуб медонанд. Онҳоро наметавон хасис, мумсик, чашмгурусна, ҳарис номид. Дар ҳақиқат, ин хислатҳо барояшон хос нест. Онҳо аслан мардуми меҳнатӣ, сарфакор, эҳтиёткор, покизаву пухтакор ҳастанд.
Ба қавли Макс Зюган ном як нафар сарватманди амрикоӣ, як давра қашшоқтарини мардуми Амрико ӯ будааст. Дар нуқтаи бензинфурӯшии як нафар аҳли сарват адои хизмат намуда, моҳе 200 доллар маош мегирифтааст. 200 доллар дар зиндагии амрикоиҳо ҳеҷ арзише надорад. Бо вуҷуди ин, ӯ кӯшиш менамудааст, ки сарватманд гардад. Ӯ аз ҳамин маоши ночиз андак-андак захира намуда, дар охир маҷаллаҳо оид ба техника ва касби ронандагиро харида, дар дӯкони бензинфурӯшӣ ба савдо мегузорад. Макс Зюган дар як вақт ҳам бензин мефурӯшаду ҳам маҷаллаҳоро. Аз ҳисоби фурӯши маҷалла имрӯз ӯ яке аз сарватмандони Амрико маҳсуб мешавад. Соҳиби чанд корхонаи саноатӣ, чандин нуқтаи бензинфурӯшист. Дар баробари ин, 26 номгӯй маҷаллаҳоро оид ба соҳаи техника интишор мекардааст.
Сабаби соҳиби сарват гаштани Макс Зюган дар чист? Сабаби асосии он ба мавод муносибати сарфакорона доштан ва пулро дар ҷои даркорӣ харҷ намудан аст.
Пӯшида нест, ки имрӯз аксари ҷавонони тоҷик дар Русия заҳмати сангин кашида, маблағ ба даст меоранд. Ҳамин ки ба зодгоҳашон расиданд, ҳама он азобу шиканҷаашон дар кишвари ғайр фаромӯш мегардад. Агар як нафар гузаштагонашонро бармаҳал дар хоб дида бошанд, зуд дар пайи дастурхон кушодану даъват намудани меҳмон мешаванд. Ва монанди ин чандин баҳонаҳои дигари зиёфат оростан…
Ман ҳеҷ гоҳ садди чунин муносибат намешавам. Аммо инсон бояд бо андешаи фардо зиндагӣ кунад. Агар фардо ё фардои дигар меваи ширин хӯрдан хоҳед, бояд имрӯз ниҳол шинонед.
Сарзамини Тоҷикистон пур аз талу теппаҳост. Аз паҳлуи як тал агар дарё гузарад, дар замини қафои он об намерасад. Агар як нафар фарзанди тоҷик аз нӯги маблағи аз Русия ба даст овардааш якто дастгоҳи обкашӣ харида, ба замини лабташнаи паси тал об гузаронад, метавонад аз он дар як сол се бор ҳосил рӯёнад. Дар ин ҳолат чандин аҳли хонадонаш бо кор таъмин мегарданд ва сатҳи зиндагиашон ҳам хеле боло меравад.
Ман инро ҳамту ба тариқи мисол мегӯям. Мақсади камина аз ин оварда яктост. Бо пул муносибати сарфакорона намуда, ба ҷои зарурӣ ва фоидаовар харҷ кардан лозим аст.
Имрӯз кишварҳои пешрафта мамолики қашшоқро ҳамчун ғулом ва қувваи кори арзон истифода мебаранд. Барои он, ки миллати мо ҳам дар қатори ғуломон набошад, бояд тафаккурамонро тағйир диҳем. Хурофотро, ки сабаби асосии ҳама гуна пешравист, аз мағз-мағзи ҷонамон ба дур афканем. Бо пул ва маводи зарурӣ муносибати сарфакорона намуданро ёд бигирем. Ҳукумат ҳеҷ гоҳ ҳамаи моро якбора аз гирдоби камбағалию нодорӣ раҳо сохта наметавонад. Ҳукумат фақат қонунҳои заруриро пешкаши мо мекунад, ки бояд аз рӯи он амал намоем. Боқимонда кори мову шумост.
Хушбахтона, ҳар қитъаи замини Тоҷикистон пур аз канданиҳои фоиданок аст. Барои дарёфт ва коркарди он мутахассис ва дастгоҳ намерасад. Бояд мо кӯшиш кунем, ки фарзандонамон бештар илми дақиқ ва компютериро омӯзанд, соҳиби ихтисоси зарурӣ гарданд.
Собиқ вазири нақлиёти Ҷопон Синтаро Исихара дар «Японияе, ки метавонад «не» бигӯяд» ном асараш ифтихор аз он дорад, ки миллати ӯ эҷодкор асту имрӯз аз таҳдиди Амрико ва кишварҳои дигари абарқудрат заррае ҳарос надорад. Аз рӯи гуфтаи собиқ вазир, ракетаҳои миёназани баъзе кишварҳои абарқудрат дар ҳудуди 15-20 метр меафтидааст. Яъне имкони аниқ ба нишон расиданро надоштаанд. Кишварҳои абарқудрат то имрӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нишонрасии ракетаҳои ҷангиашонро афзалият бахшанд.
Синтаро Исихара ифтихор аз он дорад, ки мутахассисони Ҷопон дар компютер барномае офаридаанд, ки ракетаҳои миёназанро аниқ ба нишон мерасонад. Чунин эҷоди мардуми ин кишвар ба қавле дасту пойи мамолики соҳиби аслиҳаи атомиро бе ресмон бастааст. Имрӯз ин кишварҳо аз Ҷопон илтиҷо доранд, ки дар истеҳсоли чунин барномаи компютерӣ ҳамкорӣ намоянд.
Барои ба чунин пояи баланди эҷод расидани мардуми тоҷик заминаи ирсӣ фароҳам аст. Дар ҳақиқат, хоки ин сарзамин бузургтарин нобиғаҳоеро, ки ҷаҳон то имрӯз аз офаридаҳои онҳо истифода менамояд, дар оғӯшаш парвариш намудааст. Имрӯз ҳам, бешубҳа, мардуми тоҷик дорои чунин нерӯи офариниш аст. Он нерӯ худ аз худ даст намедиҳад. Бояд дар пайи он кӯшиш намуд.
Нахуст бояд хурофотро аз мағз-мағзи ҷонамон дур созем. Ба маводу пул муносибати сарфакорона дошта бошем. Ба ҷои маросимҳои пуршукӯҳ кӯшиш кунем, ки фарзандонамон солим ба воя расанд ва илми замонро хубтар омӯзанд, дар пайи эҷоду бунёдкорӣ бошанд. Агар чунин корҳоро анҷом надиҳем, ҳамеша дастнигари кишварҳои дигар хоҳем буд.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь