(Ё худ, чанд иштибоҳоте дар иртиботи телефонӣ)
Имрӯз дигар ҳаёти аз кӯдак то пири деҳаву шаҳрро бе телефон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мо ҳамагӣ аз субҳ то шом ва ҳатто шаб то саҳар бо телефон пайвастагӣ дорем. Бо ҳар ният – ё занг мезанему занг қабул мекунем ё аз интернет истифода месозем, ё чун ман нафарони эҷодкор ҳатто дар телефон мақолаву достон менависем.
Аммо, оё мо дар бораи муоширати телефонӣ ё одобу низоми он чизе медонем? Агар бидонем, онро риоя мекунем? Ва агар намедонем, чаро бояд онро биомӯзем?
Донистани ҳар чизе, ин дониш аст, ки ҳатман ба кор меояд ва қадри туро боло мебарад ва надонистанаш ё риоя накардани меъёрҳои одобаш ҳади аққал дар хиҷолатат мекунад, ҳамчуноне, ки ман хиҷолатзада шудам.
Чанд рӯз пеш ба як дӯстам сӯҳбати телефонӣ доштем. Ӯ ба ман занг зада буду ҳатто напурсид, ки ман вақт барои сӯҳбат дорам ё не?
Шарти 1. Вақте шумо занг мезанед, баъди салом, муаррифии худ ва як ҳолпурсии кутоҳ бояд ҳатман бипурсед, ки он ҷониб вақти сӯҳбат дорад ё не.
Зеро шумо бо масъала ё маслиҳате сим задаеду бояд вақти каси дигарро бигиред. Ин як. Дигар ин ки одами он тараф дар чӣ ҳолат аст, кор дорад ё бекор аст. Пешаш кӣ аст, сӯҳбат карда метавонад ё не. Ҳатто хоҳиш дорад ё не? Ба тановули субҳона, шом ё хӯроки чошташ халал намерасад? Хулоса, иҷозат мегиред барои сӯҳбат. Албатта, на барои як чизи оддиеро пурсидан, ки масалан “шумо меоед?” Ё “куҷоед?”.
Ин дӯсти ман баъди ҳолпурсии фасеҳ, дар бораи як сафари дурӯзааш ба ноҳия, фавти як хешаш дар Макка. Чи гуна хеш будани ӯ, кӣ будани ҳамсараш, чи гуна зиндагӣ доштани онҳо, фарзандонашон, муҳоҷирати писарони ин хонадон, ҷойи кори онҳо дар Русия, ба кор гирифтани онҳо аз ҷониби ҳамхизмати падарашон, зиндагии серу пури онҳо аз ин ҳисоб, пештар чи тавр зиндагӣ доштани падари онҳо, як дунё тафсилоти дигари ҳаёти хешонаш ва оқибат барои таъзия ба хонаи онҳо рафтани худаш ва ғайра бароям қисса кард.
Ман ҳам ҳамаро бо таҳаммулу сабурӣ гӯш кардам, гарчанде онҳоро ҳатто намешиносам.
Одоб дар ин ҷо аз ҷониби банда, ҳамин буд, ки сухани ӯро набуррам, ҳарчанд хеле вақтам зоеъ шуд.
Баъд навбати ман шуду чанде аз кор сӯҳбат кардем (мо як ҳамкорӣ дорем) ӯ аз ҷойи кораш занг мезад, аз телефони идора.
Шарти 2, агар шумо неву ба шумо занг бизананд, ҳатман ғами дақиқаҳои пулакии телефони он тарафро ҳам бояд хурд. Медонистам, ки ин занг ба ҷайби ӯ зарари молӣ намедод ва аздусар кори худам сӯхт, майл ба идомаи сӯҳбат кардам.
Ана акнун аз ин ҷо иштибоҳи ман сар шуд. Баъди дар бораи кор тамом шудани сӯҳбат, як ҳодисаи замони гузашта ба ёдам омаду азбаски ҳамаи иштирокчиёни онро ӯ мешинохт, пардохтам ба нақли он қисса.
Бо итмоми он қисса мо дар бораи кор як ҷумлаи дигар гуфта хайрухуш кардем.
Ин вақт чизеро шунидам, ки бояд намешунидам… Садои писханддори дӯстам, аз гӯшии ҳанӯз накуштаи ман омад: “Эҳҳ, и ҳамиқа бисёре гап мезана, киии”…
Ман шокӣ шудам, гарангу хиҷолат будаму ба гуфти кампиракҳои деҳаамон: “саги гӯҳхӯрда пушаймон” дар ҷоям чанде дигар шиштам.
Таҳлил кардам, ки чиҳо дар гуфтори ман “аз ҳад беш” буд. Ҳамон қисса.
Худро мазаммат кардам, ки чаро чунин номаъқулӣ кардам?
Худро бо он таскин додам, ки охир ӯ ҳам журналист буду шояд ин қисса, ки ҳам ба ноҳияашон, ҳам ба яке аз устодононаш, ҳам ба яке аз ҳамкасбаш, ки ҳоло аз ин касб рафтаву қисса ҳам ба ҳамин хабар алоқа дошт. Наход барояш ҷолиб набуд?
Шояд ӯ пеши ҳамкораш гуноҳи зиёд банд кардани телефони идораро собит карданӣ шуда онро бори ман кард?
Не. Ин ҷо айби ман буд, ки ҳамон қиссаро барояш гуфтам. Ман бо он ки дар синну сол калонтарам, дар он ҳамкорӣ ба вай ҳақи устодӣ дорам, шояд сӯистифода аз инҳо кардам? Вақташро напурсида гирифтам.
Аммо ӯ, ки худ занг зада буд, худаш хеле бо гапҳои барои ман нодаркор вақти худашро гирифт- ку? – мегуфтам ба худ. Мани хиҷолаткашида барои худам “оправдание” мекофтам, то сурхии зоҳиру ботинамро, то он изои кашидаамро барои худ, бегуноҳи хешро собит созам. Аммо наёфтам.
Айби ман буд.
Шарти 3. Вақте ки мусоҳибатон дар он тараф хомӯшона гоҳ- гоҳе “ҳм” “ҳмм” мекунад, миёндаврӣ пурседаш, ки ӯ идомаи сӯҳбатро шунидан мехоҳад ё не? Боз вақт дорад?
Хулоса, ман ду рӯз аз ин хиҷолат набаромадам. Хеле азоб рӯҳан кашидам. Худро таҳқиршуда ҳис кардам…
Тасмим гирифтам, ки дигар барои кор ёд додани он дӯстам, “гапи бисёр” назанам. Ва умуман кас бояд ҳолати рӯҳии ҳамсӯҳбаташро аз он сӯйи телефон ба назар бигирад.
Баъзеҳо як феъли бад ҳам доранд. Гапҳои фачу лачи худро мегӯянду баъд каси дигарро гӯш намекунанд.
Вале инсон ҳамеша бояд қадри сухани хешро донад. Яъне, дар ҷойи нолозим ва ё каси нодаркор гапашро ҳайф накунад. Зеро қадри зар танҳо заргар медонад.
Одоби муоширати онлайн ё телефонӣ боз қоидаҳои дигаре дорад, ки онҳоро то қадри фаҳмишам, хоҳам бароятон навишт. То шумо ҳам мисли ман иштибоҳ карда худро зиқ накунед…
Кам бигӯ, то муштоқи суханат бимонанд.
Зуд бирав то пешат накунанд)))- гуфтам ба худ…
Телефонҳои мобилӣ субҳу шом ва шабу рӯзи моро ба ҳам задаанд.
Масалан, субҳи барвақт дӯсте ва гоҳе як шиноси камакаке, ҳатто ношиносе барои кадом кораш, ки аз куҷое шумораи телефони туро ёфтааст, ба худ иҷоза медиҳад, ки нисфишабӣ ё субҳи козиб ба ту занг зада, бе он ки хоҳиши туро бипурсад, бо шавқ чақ- чақ кардан бигирад.
Шарти 4.
Аз рӯйи одоб субҳ танҳо баъди соати 8 ва шаб то соати 22, ба кас ҳақи занги телефониро дорад. Аз он пештар ва ё аз он дертар мулоим карда бигӯем, бефарҳангии касро нишон медиҳад. Ҳам тавассути мессенҷерҳо ва ҳам занги телефонҳо.
Албатта, ин меъёрҳо барои хешу табор ё дӯстони хеле қарин шояд ҳатмӣ набошанд. Аммо дар маҷмӯъ ин меъёри қабулшудаи одоб аст.
Ёд доред, дар бораи ҷавонҳо ё мардони ношиносе, ки шаб чароғаки сабзи интернети занҳоро дида, гумон мекунанд, ки ба муошират бо ин бонувон комилан ҳақ доранд, матлабе навишта будам, зери унвони “Хутбаи никоҳ”. Баъди ду сол пайиҳам нашр шудани он, дар саҳифаи фейсбукиам “чунинҳо” батамом ГУМ шуданд.
Албатта, бархе аз “хира”-таракҳояшро муаддабона “блок” кардем.
Зеро на синну соли ба ҷое расидаи ман ва “писарам”-у “бародар” гуфтанҳои банда таъсире надошту нимашаб, агар интернетамро хомӯш намекардам, ҳатто видеозвонокро ҳам ба худ иҷоза медоданд. Шукр хелеҳояш “тарбия” шуданд.
Баъзеҳо як чиро ба назар намегиранд, ки инсонҳо мутобиқи хислатҳои модарзодияшон вақти хобу бедории ҳархела доранд. Онҳо ё саҳархезанд, ё гирифтори хоби субҳгоҳӣ. Ва дигар халқҳо инро эътироф месозанд, ки яке “Сова” асту дигаре “Жаворонок”. Сова (бум) шаб бедор асту саҳар хобро нағз мебинад, жаворонок баръакс.
Ман аз лиҳози илмӣ намедонам ин аз чӣ сарчашма мегирад, вале ҳамчунин ҳаст.
Масалан, ман шаб ҳар қадар дер хоб кунам, азоб намекашам, вале хоби саҳарро нагирам, он рӯзам “МЕСӮЗАД”. То дараҷае, ки сардард мешавам, майнаам хуб қабул намекунад, асабӣ мешавам ва ғайра.
Модарам тамоми умр хост ҳамин одати маро дигар кунад, натавонист. Азобҳои солҳои аввали арӯсиямро дар қиссаи ба Замира бахшидаам, навишта будам.
То ҳанӯз ҳамаи апаву акаҳоям, дӯстони наздикам ва ҳатто фарзандони ман субҳ ҳаргиз ба ман занг намезананд. Ҳатто гоҳо дар мавриди хеле зарур ҳам.
Аммо бисёр вақт соатҳои 6-7 ягон каси бегона бемалол хоби маро барои ягон масъалаи худаш метавонад “ҳаром кунад”. Гоҳо бо фиристодани як “картинкаи гул” ё як “қаҳваи суратӣ”, ки гӯё бароям субҳи бо хайру нишот мехоҳанд, метавонанд субҳи барвақт маро миннатдор кунанд. Аммо онҳо намедонад, ки садои ин паёмак рӯзи маро хароб месозад.
Ахлоқ “дикта” мекунад, ки ба ин таваҷҷӯҳи дӯст, ҳади аққал бо як ишора ва ё бояд посух бигӯйӣ, то вай ҳам ки нияти нек дорад, наранҷад.
Баъзеҳо боз дар посухи ин посухат ҳамин гуна смайликро аз ту дареғ намедоранд, ки садоҳои онҳо хобатро батамом мепаронанд. Вале онҳо кай парво доранд, ҳатто дарк намекунанд, ки ин “таваҷҷӯҳ”- ашон дар ин саҳари рӯз он қадар хушоянд нест.
Ин ҳама ба муошиатҳои дери шаб ё саҳари барвақт рабт дорад, албатта.
Ин субҳ як дӯстам, ки як мулоқоти кориро ду рӯз пеш бо ӯ мувофиқа карда будему аз роҳи дуртар меомад, соатҳои 6- и субҳ бо занги телефонияш маро аз “хоби маст” бедор кард. Ман қарибиҳои соати 4 шаб хобида будаму аз 6 соати маъмулии хобам ҳатто нисфашро ҳам нагирифта будам.
Баъди риояи одоби салому ҳолпурсӣ, ки аз ҷониби ӯ муфассалу аз ҷониби ман бо ғӯрунгоси хоболуди хеле мухтасар, танҳо барои он ки бигӯяд, ки “намеояд” як соат гап зад. Ҳоло он ки мо бояд соатҳои 10-11-и рӯз бояд вомехӯрдему вай метавонист, масалан, соатҳои 9 бигӯяд, ки омаданӣ нест.
Пурсид, ки “муаллима, чӣ шуда, овозатон гирифта?”. Гуфтам, ки тинҷист, вале ҳанӯз хобам, барои ҳамин. Вале ӯ, ки шояд саҳархез асту соати 6 барояш “нисфи рӯз” аст, ҳамоно гап мезаду шояд эҳсос намекард, ки ман ҳанӯз “ҳушёр” нашудаам, аммо ба гапаш, ки дигар он қадар зарурат надошт, идома медод.
Билохира, гапамон напӯхту ҳарчанд омаданаш бароям хеле муҳим буд, гуфтам, ки: ” майлаш наоед”. Зеро мехостам сӯҳбатро қатъ кунад, то боз каме бихобаму аз ранҷи рӯзи дарози “аз хоб сер нашудан” худро бираҳонам. Аммо “ба кӣ мегӯй?”…
Ҳам нақшаи барбоду ҳам хоби нобаҳангом паридаам, ки медонистам, як рӯзи маро ба бод хоҳад дод, асабамро вайрон кард. Чашмам ба соати деворӣ буду ӯ гап мезад, асабам вайрон мешуд, ки ин шахси босавод наход намефаҳмад, ки маро аз хоб бедор кардан, он қадар аз рӯйи одоб нест. Ӯ, ки аллакай ба ваъдаи додааш вафо намекард, бо ин пургӯйияш боз бори дигар маро бовар мекунонд, ки на ҳамаи дипломдорон қавонини одии муоширатро медонанд.
Ҳамаи ин аз ҳамон маърифати суҳбати телефонӣ мисолҳои бо ман рухдодаанд, ки мехоҳам ба дӯстонам бе малол гаштани онҳо ҳамчун як ишораи дӯст ва ба дигарон панд шаванд.
Шарти 5.
Аз садои хаста, овози гирифта, бо даҳони пури хӯрок гап задан ва аз “нотка”-и суҳбати норозиёнаи ҳамсӯҳбат бармало эҳсос кардан имкон дорад, бифаҳмӣ, ки он тараф ба ин суҳбати телефонӣ таваҷҷуҳ надорад. Инчунин имкони гап задан наёфтани он тарафи гӯширо метавон аз суханҳои умумӣ ва бе рабти он шахс метавон пайхас кард. Ва зинҳор ба чунин сӯҳбатҳо пофишорӣ накунед.
Гоҳе ҳам дар маҷлис ё нишасте ҳастӣ, ки имкони суҳбати телефонӣ надорӣ ва бо овози паст ба он тарафи зангзада мегӯйӣ, ки наметавонам гап зада. Аммо дар ин ҳол ҳам баъзеҳо ба гапашон идома медиҳанд. Намедонам, чаро?
Агар танҳо хабари марг ё ба ҳодисаи ногуворе гирифтор набошад, бояд таваққуф кард.
Гоҳи дигар кас дар нақлиёт ё ҷойи ҷамъиятӣ асту имкони суҳбат надорад. Вале дод гуфта гапатро гузаронидан ҳам нишонаи соҳибмаърифатӣ нест.
Магар ба шумо маъқул аст, ки дар нақлиёт ё таксӣ ҳамсафаратон бо овози баланд тамоми роҳ бо телефон лақ- лақ кунад? Албатта не.
Дар баъзе аз ин ҳолатҳо паёмак метавонад ҷойи сӯҳбатро бигирад.
Як кори нохубе, ки зимни зангҳои телефонӣ рух медиҳад, ин беисту пайваста занг задани тарафи дигар ҳангоми суҳбати шумо бо шахси дигар аст. Зангзананда хуб медонад, ки гӯшии шумо банд аст, вале пофишорӣ мекунад.
Дар ҳоле, ки аз рӯйи одоб 3 зангро шунида нагирифтани гӯшӣ гувоҳи он аст, ки ё одам банд аст ё намехоҳад гӯширо бигирад. Агар он ҷониб бихоҳад, худаш ба шумо занг мезанад.
Шумораи телефони шахси дигарро ба нафари сеюм бе иҷоза додан ҳам аз рӯйи одоб нест.
Хулоса, ин баъзе ҳолатҳои ногуворро аз таҷрибаи муоширати телефонӣ ин ҷо коштани банда зинҳор барои ранҷонидан ё интиқод кардани касе нест. Танҳо барои ба дӯстон ёдрас кардани баъзе қоидаҳои оддии муоширати бофарҳанг асту бас…
Аз муоширати барои тарафайн фораму муфиди онлайнӣ бо фарҳанги волои инсонӣ ҳаловат баред, дӯстони хубам.
Ҳуриннисо Ализода