Такаббур яке аз офатҳои ҷомеаи инсонӣ дар тамоми замон буда, зиёнаш беандоза зиёд аст. Он сифати худсарӣ ва истибдодест, ки аз муҳаббат нисбат ба ҳамдигар ва бо дили соф ба ҷомеа хизмат кардан бозмедорад.

Агар ба ҳаводиси олам чӣ дар гузашта ва  чӣ ҳоло дақиқан назар кунем, такаббур сарчашмаи адоват ва ҷангу низоъҳо буда, асрҳо инҷониб дар байни инсоният вуҷуд дорад. Чунончи сиёсати гегемонии Амрико, ҷанги байни Русияву Украина, ихтилофи Исроилу Фаластин асосан аз ҳамин сифати шайтонӣ – такаббур маншаъ мегирад.

Дар ин бора шоири маънисаро Саъдӣ Мирзо бамаврид гуфта:

Ҷаҳонро ҳамчу осӣ пой дар завлона мебинам,

Заминро пойкӯби як-ду-се девона мебинам.

Чунон бегонахӯйӣ дар тани мо ҷойи хун ҷорист,

Ки гоҳо хешро бар хештан бегона мебинам.

Худписандӣ ва таҳқири дигарон хислати ниҳоят бад буда, кароҳати мардумро нисбат ба шахси худписанд меорад.

Оре, такаббур шахсро ба ҳалокат мерасонад. Такаббур гуноҳи бузургест, ки Худованди Карим ба қавли Хеш моро огоҳ мекунад:

“Саасрифу ъан ойотий аллазина йатакаббируна фи-л-арзи биғайри-л-ҳаққи”.

Ман ононро, ки дар замин ба ноҳақӣ ва аз рӯи кибр даъвои бузургӣ кунанд, аз оёти раҳматам рӯгардон ва мӯъриз гардонам. (Сураи “Ал-аъроф”)

“Иннаҳу ло йуҳиббу-л- мустакбирина”.

“Муҳаққақан Худо бар ботин ва зоҳири онҳо огоҳ аст ва ба кайфари аъмолашон мерасонад ва ӯ ҳаргиз мутакаббиронро дӯст намедорад”. (Сураи “Ан-наҳл”).

Зуҳуроти кибр хеле зиёд аст, ки муҳимтаринашон инҳоянд: худро бузург ва баланд шуморидан, паст задан ва таҳқири дигарон, аз ҳақ рӯй гардонидан ва ғайра.

Пайғамбарамон Муҳаммад (с) нисбат ба кибр чунин гуфта: “Кибр ин аз ҳақ рӯй гардондан ва эътироф накардани мардум аст”.

Сабабҳои такаббур ин аст, ки шахс бо тамизи хеш, бо илм, амал, насаб, молу ҷоҳ, қувва, зебоӣ ва ғайра мағрур мегардад. Бо ҳусну ҷамол такаббур ва тафохур кардан дар байни занон бештар дида мешавад.

Шахси мутакаббиру худписанд худро бузург шуморида, аз шунидани насиҳати дигарон рӯй метобаду бо раъйи хеш амал карда, ба шикаст дучор мешавад. Такаббур нисбат ба мардум ба такаббур нисбат ба Офаридгор бурда мерасонад, яъне худобехабар мешавад.

Чуноне ки дар боло зикр кардем, такаббур сарчашмаи кину адоват, ҷангу низоъҳо ва боиси тамоми бадбахтиҳои инсоният дар ҳама давру замонҳост, ки бузургони адаб онро накӯҳиш кардаанд:

Макун гарданфарозӣ, то насозад даҳр поймолат,

Ки най охир зи ҷурми саркашиҳо бурё гардид.

Ҳамчунин дар байни мардум мегӯянд ки “шохе, ки баланд омад, табар бояд хӯрад”. Дар асл ин байт ва ҳикмати халқӣ як маъноро ифода мекунанд, яъне такаббур, худписандӣ шахсро ба ҳалокат мерасонад.

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар ҳадисе чунин овардаанд: “Табоҳии нафси инсонӣ ба се чиз аст: такаббур, ҳирс ва ҳасад. Такаббур динро табоҳ кунад, чунон ки шайтонро дучори лаънат кард, ҳирс душмани ҷон аст – Одамро аз биҳишт берун кард, ҳасад пешдаромади бадбахтист -Қобилро ба куштани (бародараш) Ҳобил водошт”.

Дар Қуръони Карим дар сураи “Ал-аъроф” оварда шудааст:

“Ва ҳамоно шумо одамиёнро биёфаридем ва он гоҳ ки ба ин сурати комил оростем, фариштагонро ба саҷдаи Одам маъмур кардем, ҳама саҷда карданд, ҷуз шайтон, ки аз ҷумлаи саҷдакунандагон (яъне дар ҳақиқат аз навъи фариштагон) набуд. Худои Муттаъол бад-ӯ фармуд чӣ чизе туро монеъ аз саҷдаи Одам шуд, ки чун туро амр кардам, нофармонӣ кардӣ? Посух дод, ки ман аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ ва ӯро аз хок офаридӣ”.

Худо ба Шайтон фармуд аз ин мақом фуруд ой, ки туро нарасад, ки бузургӣ ва нахват варзӣ. Берун шав, ки ту аз зумраи пасттарин фурӯмоягонӣ. Шайтон гуфт: “Ҳоло, ки рондаи даргоҳ шудаам, пас маро то ба рӯзе, ки халоиқ барои ҷазои неку бадашон барангехта шаванд, муҳлат деҳ”. Худо фармуд: “Албатта муҳлат хоҳӣ дошт”. Шайтон мазҳаби ҷабрро бунёд кард ва гуфт, ки чун ту маро гумроҳ кардӣ, ман низ бандагонатро аз роҳи рост, ки шаръ ва оини туст, гумроҳ гардонам. Он гоҳ аз пеши рӯй ва аз пушти сар ва аз тарафи росту чапи онон дармеоям ва ҳар як аз қувваи омила ва идрокии онҳоро ба майли ботил мекашам, то бештари онон шукри неъматат ба ҷой наёваранд.

Худо шайтонро гуфт: “Берун шав, ки ту рондаи даргоҳӣ ва ҳар ки аз фарзандони Одам туро пайравӣ кунад, ҷаҳаннамро аз туву онон ба яқин пур мегардонам”.

Илоҷи кибру нахват ва манманию худписандӣ он аст, ки ҳар як инсон ба худ ояд ва андеша ронад, ки чӣ тавр офарида шудааст.

Чунон ки Қуръони Карим дар сураи “Абаса” инсонро ба он даъват мекунад, ки чӣ тавр офарида шуданашро пеши назар ораду мулоҳиза намояд ва ҳаргиз кибр наварзад: “Ай кушта бод инсони беимон, чаро то ин ҳад куфру инод меварзӣ. Наменигарад аз чӣ чиз халқ шудааст. Аз оби нутфаи беқадре Худо бад-ин сурати зебо халқаш фармуд. Сипас роҳи хурӯҷ аз нуқс ба камолро ба ӯ саҳлу осон гардонид. Он гоҳ ба вақти муайян ӯро бимиронд ва ба хоки қабр супурд”.

Умари Хайём ин маъниро чунин баён кардааст:

Бар ҳусни ҷавонӣ, эй писар, ғарра машав,

Бас ғунчаи ношукуфта бар хок бирехт.

Худованди Бузург дар сураи “Ториқ” мефармояд: “Пас, одамӣ бояд бибинад, ки кӣ аз чӣ чиз офарида шудааст: аз оби ҷаҳандае офарида шудааст, ки аз миёни пушт [–и мард] ва устухони сина [–и зан] мебарояд. Ҳамоно Худо бар бори дигар офаридани одамӣ Тавоно аст”.

Дар Қуръони Карим дар сураи “Ал-исро” чунин омадааст: “Ва ҳаргиз дар замин ба кибру ноз марав ва ғурури нахват мафурӯш, ки ба нерӯ заминро натвонӣ шикофт ва ба кӯҳ дар сарбаландӣ нахоҳӣ расид”.

Шайх Саъдӣ дар ҳаққи чунинҳо гуфтааст:

Ин боду буруту нахват андар бинӣ,

Он рӯз, ки аз амал бияфтӣ, бинӣ.

Расули Худо гуфтанд: “Дар ҳақиқат Парвардгор зебост ва зебоиро дӯст медорад. Кибр бошад ҳақношиносӣ ва нописандии мардум аст”.

Мунаввари САФАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь