Дар рӯзи панҷуми озмуни “Фурӯғ, вақте ки бо диққати тамом дафтарҳои довталабонро варақ мезадаму номгӯйи асарҳоро медидам, табъам болида шуду як баҳси порсоларо ба ёд овардам: сухан аз маҷбурӣ будан ё набудани хондани осори бадеӣ буд

Банда дар он баҳс бо қатъият изҳор мекардам, ки адабиёти бадеиро маҷбурӣ намехонанд, ин кор ғайримумкин аст. Адабиётро аз рӯйи шавқу рағбат мехонанд, барои шуруъ кардан ба қироати каломи бадеъ таҳкурсиву асосу заминае бояд ба вуҷуд овард, ин корҳо дар айёми кӯдакӣ бояд иҷро шаванд: аз афсонаву ривоёт, аз устураву қиссаҳои ҷолибу ҷаззоб, ки ҳушу ёди тифлро фаро бигирад, ӯро мафтун кунад ва баъдан ба асарҳои ҷиддиву мураккаб раҳнамо шавад.

Яъне аз чизҳои сода ба душвор. Аммо баъзе дӯстонам мегуфтанд, ки то касро маҷбур накунӣ, китоб намехонад. Ба фарзи мисол, агар донишҷӯёни донишкадаҳои забону адабиётро маҷбуран нахононӣ, ҳамин тавр, бо сад “имкониятҳо”-и дигар ҳатто як китоби бадеӣ нахонда, донишгоҳҳоро хатм мекунанд.

Шодравон Худойназар Асозода, профессори Донишгоҳи миллӣ, ҳамин хатари “нохонда хатм кардани донишҷӯёнро” эҳсос карда, дар ҳар гурӯҳе, ки аз адабиёти муосири тоҷик дарс мегуфтанд, то оғози имтиҳонҳо қироати 20-25 асари бадеиро (аз осори устод Айнӣ сар карда то эҷодиёти Баҳманёру Сайф Раҳим) тақозо мекарданд. Худашон вақти кам доштанд, ки шогирдонашонро бипурсанд, ин корро Боймурод Шарифзода (ҳоло профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, яке аз устодони пурмутолиа дар тамоми донишгоҳ) иҷро мекард. Дар се-чор сол ин амал натиҷаҳои хуб дод, зеро хатари хориҷ шудан аз донишгоҳ ҷавононро маҷбур мекард, ки бихонанд.

Афсӯс, ки ин таҷрибаи нек баъди фавти устод тамоман барҳам хӯрд. Ҳоло агар аз ин мавзуъ сухан кунӣ (банда борҳо пешниҳод кардам, ки ҳамин шакли таълим эҳё шавад), далел меоранд, ки “дар донишгоҳ дигар одам намемонад”, “гурӯҳҳо баста мешаванд”, агар донишҷӯёнро бино ба нахондани китоби бадеӣ хориҷ кунем. Гумон мекунам, ки решаи пӯсидаи проблемаи заъфи донишу ҷаҳонбинии ҷавонон ҳамин аст, ки муаллиму мударрис ягон воситаи маҷбур кардани донишҷӯёнро ба китобхонӣ надорад. Ягон воситаи фишор (ба маънои мусбаташ, албатта) надорад.  Хуб, чаро аз ин мавзуъ имрӯз сухан мегӯям? Чунки дирӯз ду маротиба аз ин хусус боз баҳс ба вуҷуд омад. Аввал дар сари хони ғизои нисфирӯзӣ. Касе гуфт, ки (доваре, албатта, ки аз эҳтиром номашонро намегирам) шуруъ аз соли оянда довталабонро маҷбур кардан лозим, ки тибқи низомнома ҳарчӣ бештар китоб хонанд. Асос бояд низомнома бошад. Банда эътироз кардам ва чанд ташбеҳро низ ба кор бурдам. Гуфтам, ки ин кор мисли ҳамон аст, ки мани муаллимро маҷбур кунед, ки дуредгарӣ кунам. Ё моҳиро аз об гирифта бибаред ба биёбон…

Агар ҷиддӣ бигӯем, низомнома танҳо як коғазе ҳаст, ки дар он рӯйхати адибон (беҳтарин ва маъруфтарин нависандаву шоиру драманависон) сабт шудаасту халос. Довталаби озмуни “Фурӯғ” донишҷӯйи мактаби олӣ нест, ки бо мақсади филологи хуб шудан ҳатман асари бадеӣ мувофиқи нақшаи таълим бихонад.

Ин ҷо фарқ аз замин то осмон аст. Довталаби “Фурӯғ” ҳаваскор аст, аз рӯйи шавқу ҳавас бояд машғули хондани осори бадеӣ шавад, яъне аз ҳамон рӯйхати муаллифон ҳамонҳоеро мехонад, ки писандаш ҳаст, барои ҳамаи он рӯйхатро фаро гирифтан солҳои сол лозим аст. Мисли он ки ба бозор мераваду ҷиҳози лозим ва мақбули дилашро мехарад.

Дафъаи дувум ҳамин гуфтугӯ (дар масъалаи интихоби асарҳои бадеӣ мувофиқи синну сол, ки дар мақолаи пешинаи банда матраҳ буд) ҳангоми ташрифи муовини Сарвазири кишвар, муаллимаи муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ба номинаи “Адабиёти ҷаҳон”, яъне ба номинаи мо, аз нав сар зад.

Муаллимаи азиз вақте ба толори мо даромаданд, ки танаффуси кутоҳе (барои нӯшидани чою қаҳва) доштем. Фурсати муносибе барои суҳбат фароҳам шуд. Банда ба таври мухтасар аз дастоварду навгониҳо (дар миқдори ширкаткунандаҳо ва сифати дониши довталабони имсола) ва баъзе нақсу иллатҳои он низ (чун ягон суҳбати банда бе ишора ба проблемаҳо набуду нест) ба муовини Сарвазири мамлакат гуфтам. Хотиррасон кардам, ки баъзе кӯдакон асарҳоеро хондаанд, ки аз нигоҳи ахлоқ ва масъалаҳои руҳиву равонӣ ба онҳо мувофиқ нест…

Зимни суҳбат андешае ҳосил шуд, ки барои ислоҳи ин иллат рӯйхати асарҳои ба синни кӯдакон мувофиқ тартиб ёбад, то барои соли оянда тавсия шавад.

Албатта, ин пешниҳоди бад нест, вале як “АММО”-и бузург дорад: тамоми довталабони соли оянда ҳамон асарҳоеро хоҳанд хонд, ки тавсия шудаанд… Ин кор хатари азим дорад! Чаро? Ҳозир мефаҳмонам.

Мардум одат кардаанд, ки ҳарчӣ аз боло тавсия шуд, чун фармон ё дастур барои иҷрои ҳатмӣ қабул мекунанд. Фикр намекунанд, ки ин тавсия аст, мисли як фармон мепазиранд. Дар натиҷа чунон якрангӣ мешавад, ки аҳаммияти аслии ин озмуни муътабарро аз байн мебарад ва обрӯву мақоми онро низ.

Ин корро ба ҳеч ваҷҳ кардан мумкин нест, чунки ба ин озмун довталабоне меоянд, ки сатҳи тарбия, маърифат, дониш ва тамоилоти завқиашон гуногун аст ва бояд ҳамин гуна бошад. Ҳоло зебоӣ ва ҷаззобияти озмун дар рангорангии он аст, ҳар касе ба ҳар асаре майл дорад, ҳамонро мехонад, дар ин хусус садҳо маротиба гуфтаему навиштаем.

Ин ки баъзе кӯдакон осори ба ахлоқу маънавияти миллӣ ва фарҳанги миллӣ номуносибро мехонанд, айбу гуноҳи аксар муаллимони ба сарнавишти кӯдакон беэътибор, директорони каммутолиа ва бепарвофалаки мактабҳо ва мудирони нохондакитоби маорифи маҳалҳост…

Як бор рӯйхати асарҳои интихобшударо таҳрир кардан ва аз он рӯйхат осори ба кӯдакону наврасон номувофиқро баровардан магар мушкил аст???

Аснои суҳбат пешниҳоди дигаре аз ҷониби мо шуд, ки онро дар мақолаи ҷамъбастии соли севуми озмун, яъне се сол қабл, навишта будам: бигзор дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон ҳамоишҳои махсус барои довталабони “Фурӯғ” (дар оғози мавсими озмун, яъне пеш аз даври аввал) баргузор шавад ва донишмандони соҳа ба он минтақаҳо рафта, дар ин хусус суҳбатҳо барпо кунанд. Беҳтарин роҳи ин масъала ҳамин аст, на тартиб додани рӯйхати асарҳо, ки шаъну эътибори озмунро паст мекунад…

Муаллимаи азиз Дилрабо Мансурӣ пешниҳод карданд, ки ин корро дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимон ҳам кардан мумкин аст, вале агар ҳарду иқдом пайиҳам шавад, боз беҳтар… Хуб, дар ин хусус гап бисёр шуд, кошки ин матлаб, ки ба нафъи озмун ва ҳазорон хоҳишмандони он аст, аз ҷониби масъулин ба эътибор гирифта шавад, кошки…

Акнун мухтасар дар бораи натиҷаҳои рӯзи панҷуми озмун.

Дирӯз 10 довталаб – Симои Исмоил (аз Кӯшониён), Рухшона Норова (аз Панҷекат), Мунир Нуралиев (аз Турсунзода), Амина Файзуллоева (Душанбе), Орфея Муборакқадамова (аз Хоруғ), Нодира Рауфова (аз Хуҷанд), Сайфидин Маҷидзода (аз Кӯлоб), Рухшона Латифова (аз Ваҳдат), Шукрона Мирзоазизова (аз Хоруғ) ва Ҳузайфаи Рамзӣ (аз Ванҷ) донишу идрокашонро аз қироати осори бадеӣ ба маъраз гузоштанд, ки ростӣ, ба ҷуз ду кас (яке хубу дигаре андаке хуб) таассуроти матлуб нагирифтем.

Асари бадеиро хонда магар мумкин аст, ки занро марду мардро зан гумон бикунӣ? Яқинан, ин натиҷаи шиносоии сарсарӣ ва он ҳам аз мазмуни мухтасари асари ҳунарист…

Кадоме (ҳарчанд медонам, аммо ба хотири он ки ҳоло озмун давом дорад, аз гуфтани исмаш худдорӣ мекунам) рисолаи сиёсиву ҳуқуқиро низ ба номгӯйи асарҳояш ворид кардааст, ки ин посух ба чанд суол аст: ё ҳамон мактаб муаллими адабиёт надорад, ё директори мактаб ба фарқи адабиёт аз ҳуқуқ намерасад, ё …

Ин ҳолат дар чанд рӯзи пеш ҳам буд, гумон мекардам, ки баногаҳ шудааст, яъне иштибоҳ шудааст. На, дониста шудааст…

Килиманҷаро баландтарин кӯҳи қитъаи Африқост, ҳеч имкон надорад, ки қиссаи ҳамноми Ҳемингуэйро бихониву надонӣ ин чӣ гуна мавзеъ аст…

Дар ёддошташ аз ин қитъа Эрнест Ҳемингуэй менависад: “Ман ба Африқо бармегардам. Ман ба ин ҷо ҳатман меоям, чунки зиндагии воқеӣ дар ҳамин мавзеъ ба кас муяссар мешавад. Зиндагӣ кардан, на вуҷуд доштан…”. Бигзор руҳи ин бузургвори сухан мову довталабони бепарвои озмунро бубахшад…

Ин чӣ навъ хондан аст, ки “Ромео ва Ҷулйетта”-ро хониву надонӣ чанд қисм аст ва дар он қисматҳо чӣ ҳаводисе мушаххасан рух медиҳанд…

Зӯрозӯр ба забонҳои русиву англисӣ суҳбат кардан ва вонамуд кардан, ки “ана бинед, ман забонҳои зиёд медонам”, ба чӣ хотир бошад? Оё беҳтар нест, ки бо забони худат андешаҳоятро буррову гиро бифаҳмонӣ? Ин мавзуи гуфтумони дигар аст…

Хеле довталабон шеърҳоро на аз маҷмуаву куллиёти шуаро, балки аз китобҳои дарсӣ аз бар кардаанд. Барои ҳамин аксарият ҳамон як шеърро аз осори Иқбол, ё Соя, ё Шекспир мехонанд, ки ин ҳам мавзуи гуфтори дигар аст.

Умедворам, ки рӯзҳои хубтаре дар пеш бошанд.

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь