Ронандагии Лола Камоловаро беш вақте намешавад. Вале ӯ таваҷҷӯҳи истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятиро ҷалб кардааст. Дидгоҳҳои гуногун ва табассумбори сокинону меҳмонони пойтахт варо шавқманд сохтааст. Вебгоҳи ҷавонии “jom.tj” аз як рӯзи ин бонуи ронанда матлаб таҳия намуд.
Лола Камолова кист?
Бештар аз 2 моҳ мешавад, ки Лола чанбараки троллейбуси №12-ро дар пойтахт ба даст дорад. Ӯ то ин дам хонашин буд, вале меҳри касби падарӣ варо ба сӯи худ мекашид ва бар ин ҳамеша андеша мекард. Ӯ мегӯяд, ронандагиро аз падараш омӯхтааст ва кунун бидуни тарсу ҳарос нақлиёти калонро ҳам ронда метавонад.
“Падарам ронанда буданд. Моро ҳамеша дар канорашон мешинониданд ва ба ҳар ҷо барои сайругашт мебурданд. Бо дидани ронандагии он кас мо шавқманд мешудем. Баъди бузург шуданамон, он кас ронандагиро ба мо омӯзониданд. Вале замоне ҳарос доштам. Метарсидам. Ҳоло не, одат кардам, бо дили пур троллейбусро меронам”, – мегӯяд Лола.
Ин бонуи ронанда мегӯяд, акнун падараш ба нафақа баромадааст, вале ӯву бародарашро ҷойгузини худ карда, ҳоло ба хидмати ҳамватанонаш гузоштааст.
Як рӯзи Лола чӣ гуна мегузарад?
Лола аз субҳи барвақт ба кор шурӯъ мекунад. Хатсайри троллейбуси №12 тариқи кӯчаҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қаробоев ҳаракат дорад. Ба таври маъруф, хатти роҳи Лола аз маҳаллаи “Путовский” оғоз шуда, дар маҳаллаи “Автосентр” дар ҷанубу ғарбии Душанбе ба охир мерасад.
Ин бонуи ронанда мегӯяд, дар як рӯз ҳудудан 6 маротиба аз ин нуқтаи хатсайр то ба нуқтаи дигараш рафту омад дорад. “Дар истгоҳи аввал 10 дақиқа ё бештар аз ин ки троллейбуси аз ман пешбуда ҳаракат кунад, таваққуф мекунам. Мусофирон як-як омадан мегиранд. Пас аз ин ба роҳ мебароям. Аз ин истгоҳ то ба истгоҳи дигарӣ”, – мегӯяд ронанда.
Ӯ ба ҳаяҷон меояд, вақте ки мусофирон ба нақлиёти мусофирбараш ворид мешаванду ронандаи занро дар сари чанбакари мошин дида, табассум мезананд. То ба ҳол варо ин таваҷҷӯҳи истифодакунандагони нақлиёти ҷамъиятӣ рӯҳбаланд мегардонад ва таҳайюри онон Лоларо хушҳол ҳам мекунад.
“Баъзе мардҳо мебинанд, ки зан ронандагӣ дорад, ҳайрон мешаванд. Мепурсанд, ки “чандсола ҳастӣ?”, “чӣ хел кор мекунӣ?”, “ба ту маҳқул ҳаст?”. Як қисмат мегӯянд, “раҳмат ба падарат!”. Заноне ҳастанд, ки метавонанд, ҳастанд, ки наметавонанд”, – бо эҳсоси хуш нақл мекунад Лола.
Мусофирон чӣ назар доранд?
Аз истгоҳ то истгоҳ қалби Лола тунд метапад. Ҳар гаҳе нақлиёти мусофирбарро бозмедорад, нафарони нав вориди он мешаванд ва суханони тозаро ба бонуи ронанда мегӯянд. Назари истифодабарандагони троллейбуси №12 ба кори Лола, як ронандаи зан дар мошинаи дарози пур аз одам, мусбат аст ва онон аз ин хушбинӣ доранд.
Мусофирон мегӯянд, “дар ҷомеаи мо баробарӣ дар байни зану мард дида мешавад. Масалан, дар солҳои пеш рондани троллейбус ё автобус ва ё мошинҳои вазнин аз ҷониби занҳо як чизи ғайримаъмул буд. Имрӯз бинед, ки занҳо ҳам трактор меронанд, ҳам троллейбус меронанд, ҳам автобус. Инро пешрафти ҷомеа гуфтан мумкин аст”.
Онҳо аз муносибати мардон шикоят ҳам доранд, вале перомуни фаъолияти ронандагии бонувон дудгоҳи хушбинона пешбинӣ мекунанд. Як ҳамсӯҳбати мо дар ин хатсайри Лола мегӯяд, “беҳад хидматрасонӣ нисбати бонувон нағз аст. Мо собиқадори Кумитаи ҳифзи ҳуқуқ. Вақте ба нақлиёт медароем, баъзеяш моро ранги душман ҳисоб мекунанд. Ҳуҷҷати нафақахӯриро нишон медиҳем, мегӯянд, “ҳуҷҷататон қалбакӣ аст, карта гиред”. Аммо зан беҳад хуб аст. Мо ҳуҷҷатамонро нишон додем, баръарк, нағз пешвоз гирифт”.
Занони ин хатсайр бошанд, аз баробарҳуқуқии зан ва мард таъкид меварзанд.
Дар ин ҳол, мусофирони дигар мегӯянд, фирк намекунем, ки байни ронандагони зан ва мард ягон тафовут бошад, вале “дар аксар маврид, баръакс, мебинем, ронандагони зан хубтар меронанд, боэҳтиёткоронатар”.
Ба Лола назари мусофирони ин хатсайри ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Ба пурсишҳои онон ҷавоб медиҳад. Нигоҳи мусоринонро аҳамият медиҳад. Ӯ мегӯяд, бештари истифодабарандагони хатсайраш ба ронандагии вай хушбинанд ва ба сӯи ин ронанда табассум мекунанд.
“Ин ҳолатҳо чандин бор шудааст. Медароянд, табассум мекунанд, механданд. Ҳаматарафа хушҳол мефароянд. Шукри Худо мекунам, ки ягон мусофири ман зиқ нарафтаст” – мегӯяд Лола.
Нигоҳи интиҳоии Лола
Лола дар ин баробар аз эҳтиёт кор мегирад. Дар ҳар танаффус нақлиёти ҷамъиятиро аз назар мегузаронад. Ӯ мегӯяд, ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад, ки ҷавобгӯи ҷони мусофиронаш аст.
М. НАҶИБӢ