Ҷавоне, ки мо имрӯз пиромунаш қисса мекунем чор сол инҷониб дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад ва рӯзгори худро пеш мебарад. Ӯро ном Фарҳод Байг буда, дар шаҳри Ваҳдат истиқомат мекунад ва барои худ касби хайётиро ихтисос кардаву аз ин пеша ноновари хонаводаи худ аст. Ӯ моҳи январи соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи алоҳидаи хайётии худро боз кард. Қаблан дар Афғонистон низ муддате хайётӣ карда буд. Баъди пеш омадани мушкилу чолишҳои амниятӣ дар Афғонистон бо оилаи худ ба Тоҷикистон фирор кард.
Ӯ дар коргоҳи худ либосҳои афғониву тоҷикӣ таҳия мекунад. Тавре худаш нақл кард, кӯшиш намуд, бо кӯмаку ҳамкории давлати Тоҷикистон, USAID ва фонди Оғохон нархҳоеро дастраси ҳамшаҳриҳои тоҷику афғони худ қарор бидиҳад, ки тавонанд бо як пули кам ба даст оранд. Ӯ либосеро дар даст дошта гуфт, “масалан, ин либосро ман ба 80 сомонӣ таҳия мекунам, медӯзам ва ба муштариёни худ мефурӯшам. Ҳамчунин либосҳои тоҷикӣ, афғониро, ки ҳам афғонҳо истифода мекунанд ва ҳам тоҷикон бо нархҳои хеле хуб – 100 сомонӣ мефурӯшам.”
Арзиши дӯхти либосҳо вобаста ба амсилаи либос ва вақте ки барои таҳия сарф мешавад, аз 50 то 250 сомонӣ аст. Коргоҳи мазкур дар нозироти андоз ба қайд гирифта шудааст. Фарҳод мувофиқи иҷозатномаи корӣ ва патент фаъолият дошта, ҳармоҳа маблағи андозро пардохт мекунад.
Ба ӯ дарзмоли замонавӣ, мошинаҳои тугманасбкунӣ ва қайчии бузурге, ки дар як навбат чанд матоъро бо як андоза мебурад, тақдим гардид. Ӯ мегӯяд, ҳар кадоме аз инҳо нархи гарон доранд ва дар шаҳри Ваҳдат ин гуна дастгоҳро кам дӯзандагон соҳибанд. Ба гуфтаи Фарҳод, бо истифода аз ин таҷҳизоти замонавӣ метавон дар як рӯз 50-60 дона либос дӯхт.
“Ҳам муштариёни хуби афғон дорем, ҳам муштариёни тоҷик. Ҳамеша меоянд аз ин ҷо харидорӣ мекунанд ва ҳамчунон либосҳои худро барои дӯхтан меоранд, ки бо нархи бисёр хубу муносиб барояшон тайёр мекунам”, – мегӯяд ӯ.
Фарҳод нақша дорад дар оянда барои ҳамқисматони худ, ки эҳтиёҷманданду сарпараст надоранд, ҷойи кор эҷод кунад. Дар ояндаи наздик ҳадди ақал 4-5 корманд ҷалб карданист. Мехоҳад маҳсулоти дӯзандагии худро ба шаҳри Душанбе оварда фурӯшад ва аз ин ҷо низ муштарӣ дошта бошад. Ӯ алакай бо савдогарони бозорҳо ҳамкорӣ дорад ва аз ҷониби дӯкондорон низ пешниҳодҳо зиёданд.
“Қаблан ба шумо ишора кардам, ки вақте ин либосҳоро таҳия мекунам, ба 80 сомонӣ мефурӯшам. Метавонам дар як рӯз 10 дона аз ин либос омода кунам ва аз ҳар яки инҳо ба ман 20 сомонӣ фоида мемонад. Ва 20 сомониро вақте манфӣ мекунаму кирояи дӯкон ва патентро месупорам, барои ман пуле мемонад, ки махориҷи рӯзмарраи худро ба даст биёрам. Вақте ман тавлиди маҳсулотро бештар кунам, метавонам чанд нафарро дастгирӣ кунам, барояшон ҷойи корӣ эҷод кунам, тавлид бештар шавад ва фурӯшоти зиёдтар дошта бошам. Ҳам ман фоида мебинам ва ҳам касони дигарро метавонем кӯмак кунем.”, – изҳори умедворӣ мекунад хайёти ҷавон.
Хонуми ӯ низ дар хона ба кори дӯзандагӣ машғул аст. Фарзандонаш бошанд дарсу таълим мегиранд.
Фаъолияти ин ҷавони афғон як намуди соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки интизор меравад дар Тоҷикистон бо ин ном қонуне қабул гардад. Мувофиқи лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод гардидааст, муҳоҷирон низ ба қишри осебпазири ҷомеа дохил мешаванд ва фаъолияти Соро Ҳакимӣ, ки барои чанд муҳоҷири афғон ҷои кор муҳайё кардаасту маош медиҳад, соҳибкории иҷтимоӣ ҳисобида мешавад.