То охир хон!
Одамони ин замона куллан тағйир ёфтаанд. Шинохта намешавад. Ҳама ниқоб доранд. Чеҳраи аслиашонро дида намешавад. Одамон аз ҳама ҷиҳат озод ҳастанд. Ҳуқуқи интихоб, ҳуқуқи иштирок ва ҳуқуқи баёни фикр доранд. Аммо на! Онҳо озодии худро танҳо барои худ медонанд. Хушҳол аз онанд, ки худашон бепарво мегарданд, аммо парандаеро дар қафас нигоҳ медоранд. Ё сагро бо занҷир бастан. Ин озодӣ аст? Агар аз аввал бо ҳайвон муносибати хуб кунӣ, мисли дӯстат мемонад. Саг аз дӯст дида хубтар аст. Ман дӯстамро мисли бародарам донистам, ба хона роҳаш додам. Мисли бародар муносибат мекардем. Хотираҳои зиёд доштем. Модараш мисли модарам буд ва баръакс. Аммо ҳамааш хотири хоҳарам будааст. Бо ман дӯстӣ кардааст, то ки ба хоҳарам наздик шавад. Аз ҳамин хотир барои ман дӯстӣ бо зоти инсон мурд, душман мурд. Ишқ мурд, орзу мурд. Бароям ханда мурд, гиря мурд. Сигор мурд, шароб мурд. Танҳо як умед ҳаст, умеди зиндагӣ.
Сокинони ин кӯча рафтори аҷиб доранд. Агар ҳамсояе бо онҳо рафтори дағалона кунад, ба телефони мобилӣ сабт карда, ба сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Шахси зиндаро мекушанд, аммо шахси мурдаро мепарастанд. Дар вақти зинда будани волидон ҳар рӯз ҷангу баҳс, аммо баъди марги онҳо сатилҳо ашк мерезанду аз Худованд зора мекунанд, ки онҳоро баргардонад. Касе ақидаи худро баён намекунад. Метарсанд! Агар ақидаҳояшонро гӯянд, ҳаёти боқимондаашонро дар “ким-куҷоҳо” паси сар мекунанд. Барои ҳамин сокинони ин кӯча аз ҳаёти ҳозираи худ розӣ ҳастанд ва шукр доранд. Қонун ҳаст, озодии сухан ҳаст. Суханатро гӯй, аммо бо факту далел. Сензура нест, вале худсензура амал мекунад. Баъди нашри ягон навор ё аксе, шояд дар ягонҷо пешпо мехӯрию нохост дасту поят мешиканад. Барои ҳамин хубаш хомӯш бош. Бале-бале гуфта, чапак зан. Ин кӯча аз тарс пур шудаасту аз ишқ дур.
Мехоҳам рассом бошам. Навиштаҳоямро касе хонда натавонист, шояд расмҳоямро касе бинад. Мехоҳам расме кашам, ки маънои озодиро диҳад. Масалан, мехоҳам зиндонро тасвир намоям ва ҳама дарҳояш боз бошанд. Мехоҳам ҷавонеро бо дили бузургтар тасвир намоям. Чунки бе тарсу ваҳм ва нобоварӣ ҳама хоҳишҳояшро ба танҳоӣ анҷом диҳад.
Чӣ рӯзҳоеро надидем, дар ин кӯча. Чӣ шаллоқҳое нахӯрдем, барои ҷурмҳои нокарда. Чӣ девонаҳоеро надидем, ки суханони мондагор доранд. Чӣ сагҳоеро надидем, ки дар назди дарҳои пулдорони ин кӯча хобида. Чӣ корҳое накардем, барои мардуме, ки озодӣ мехостанду баъди чанде боз ба қафо бармегаштанд. Дасти касеро гирифтем, ки қарор буд то охири умр бо мо бошад. Аммо дар чорроҳаи зиндагӣ дастамонро сар доду дунболи он пулдор рафт. Чанд сол гузашт. Шунидем, ки ба он писар ба шавҳар баромадаасту баъди 2 рӯз ҷудо шудааст. Ман ҳам дар байни чанд сол кори хуб ёфтаму пулдор шудам. Дирӯз боз дидамаш. Ба наздам омад ва гуфт, ки ёдат кардам ва мехоҳам бо ту бошам. Рақамҳояшро дар телефонам сабт кард. Имрӯз телефонам вайрон шуд, рақамҳо пок шуд. Бубахш. Дар фейсбук ҳам туро “блок” мондам. Бубахш, нохост дастам яке рафт. Он қадар балад нестам, намедонам, ки чӣ хел аз “блок” барорам.
Косаи сабри ман аз аммову агар ва кош пур шуд. Кош кӯдаконамонро огоҳ мекардем, то ба ҷойи ваҳшат аз хатар гузар мекарданд. Кош духтаронамон ба ҷойи 7-12-солагӣ лоақал аз 16-солагӣ шавҳар мекарданд. Кош касе, ки бо мо дӯстӣ кардан хоҳад, бе ниқобу найранг бошад. Кош ҷавонон танҳо хушбахтии худро хоҳанд ва муносибати ошиқонаи беғашро шуруъ кунанд. Кош фарзандон дар вақташ қадри волидонро донанд. Кош сокинон далеру ҷасур бошанд, то нависанд, ки дар кӯча оби ошомиданӣ ва майдончаи варзишиву мактаби хуб нест. Кош навишта тавонанд, ки пулдорон ҳамеша дар фикри худ ҳастанд ва парвои моро надоранд.
Эй кош!
Бояд биравем, шояд рӯзе далелашро гӯем!
А. Т. ва С. Ҳ.
P.S. Суханони моро танҳо инсонҳои нобино, кар ва лол мефаҳманд. Ин ҳама андешаҳои мост ва ба шарҳ навиштани шумо низ эҳтиёҷ нест, чунки андешаҳо гуногунанд.