Пеш аз оғози мавзӯи мазкур латифаи халқие ба ёдам расид, ки чунин аст:

Дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ҷавоне бо тайёра аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд омадааст. Ӯ пеш аз парвоз аз ошхонае хӯроки шабмонда хӯрда будааст, ки ишкамаш тоб додааст. Ҷавон то аз тайёра фаромадан базӯр тоқат кардааст. Чун ӯ аз тайёра поин шудааст, банди эзораш дар даст ба ҷустуҷӯи ҳоҷатхона даромадааст. Ниҳоят ҷавон посбони фурудгоҳро дида, пурсидааст:
– Бобо, ишкамам тоб дода истодааст, дар куҷо дашт кунам?
– Ҳамин ҷо кардан гир, фурудгоҳ дашти калон аст,- маслиҳат додааст мӯйсафед.
– Не, айб аст, ин ҷо одамон гашта истодаанд,- гуфтааст ҷавон.
– Душанберо дашт кардед, шарматон наомад? Дашт кардан гир, писарам,- гуфтааст ҷиддӣ мӯйсафеди хуҷандӣ.
Дар суҳбате як нафар, ки аз Ҳиндустон баргашта буд, хотираҳои сафарашро аз ин кишвари афсонавӣ ба ваҷд нақл мекард. Яке аз ҳозирин аз лаҳзае хомӯш мондани суҳбаторо истифода карда, аз ӯ пурсид: «Ба наздикӣ аз телевизиони Русия барномаеро оид ба Ҳиндустон тамошо кардам. Дар навор дидам, ки мардум дар кӯча қазои ҳоҷат мекунанд, оё ин воқеият дорад?».
– Бале, дуруст аст. Ман ҳам инро дидам,- тасдиқ намуд ноқил бо таассуф.
– Мардуми бефарҳанг будаанд,- луқма партофт яке.
– Тамаддуни онҳо аз мо ҳам пешрафта аст,- гуфт дигаре ва афзуд:- Агар вазъ чунин идома ёбад, дар Душанбе ҳам мардум ба қазои ҳоҷат кардан дар кӯча одат мекунанд. Кадоме аз шумо ягон ҳоҷатхонаи ройгони ҷамъиятиро дар пойтахт медонед?,- суол кард ӯ.
– Пеш, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар бозору паркҳо ва хиёбону гулгаштҳои серодам ҳоҷатхонаҳои бепул буданд,- гуфт яке.
– Ҳозир чӣ?,- боз пурсид ӯ.
Ҳама хомӯш буданд. Касе аз ҳозирин намедонист, ки дар Душанбе ҳоҷатхонаи ҷамъиятии ройгон ҳаст ё нест?
Воқеан ҳам, ба маълумоти ин ҷониб дар шаҳри Душанбе кайҳо боз ҳоҷатхонаи ҷамъиятии ройгон вуҷуд надорад. Баъди бозсозии горбачёвӣ ва пайдоиши соҳибкорӣ ашхоси корчаллон ба пулакӣ кардани ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ пардохтанд. Зеро ҳоҷатхонаҳои пулакӣ бизнеси камхарҷ ва сердаромад маҳсуб мешавад. Имрӯз ҳатто ҷавонони ҳузарб сари дарвозаи ҳоҷатхонаҳо нишаста, аз муштариён як сомонӣ хизматона талаб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳоҷатхонаҳо чиркин буда, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Воқеан, кор ба ҷое расидааст, ки ҳоҷатхонаҳои муассисаҳои давлатиро низ пулакӣ кардаанд. Аз ҷумла, 19-уми июли соли равон пирзане, ки худ базӯр ҳаракат мекард, дар назди дари ҳоҷатхонаи шуъбаи бақайдгириву имтиҳоноти Раёсати БДА-и Тоҷикистон меистод ва аз издиҳоми рақамивазкунандагон истифода намуда, аз муштариён пул мегирифт.
Ба мушоҳидаи мо, ҳоло танҳо дар дохили бинои фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳоҷатхонаҳои ройгон фаъоланд. Шояд аз шарми хориҷиҳо онро пулакӣ накардаанд. Вагарна чунин бизнеси сердаромад ин ҷо аз чашми корчаллонҳо дур намемонд.
Дар кишварҳои Аврупо ва ИМА дар ҳамаи муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, мағозаву бозор, фурӯшгоҳҳои сӯзишвории нафтӣ ва ғайра ҳоҷатхонаҳои тозаву озодаи ҷамъиятии ройгон фаъоланд. Ашхоси ҳоҷатманд корафтодаи ин муассисаҳо набошанд ҳам, ройгон аз ҳоҷатхонаҳо истифода мебаранд.
Ин амал аз як тараф барои дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон равона шуда бошад, аз тарафи дигар, барои тозаву озода мондани шаҳрҳо роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки маданияти соҳибхонаро аз ҳоҷатхонааш баҳо медиҳанд. Агар ҳоҷатхона тозаву озода бошад, пас шахс озодаву тозакор аст.
Ин нуктаро ба назар гирифта, умед ба он мебандем, ки роҳбарияти нави шаҳрдории пойтахт шабакаҳои ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии ройгонро дар бозору мағозаҳо, паркҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ менамояд. Бовар дорем, ки ин амали некро сокинони пойтахт ва меҳмонони он истиқбол мекунанд.

Ҷовид МУҚИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь