Аз назари бештари муҳққиқон пайдоиши коронавирус авҷи баланди як тамаддунест, ки аз як ҳолати иҷтимоӣ ба ҳолати дигари иҷтимоӣ гузашта истодааст. Ин мавзӯъ, ки бисёр доманадор аст ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти табиию иҷтимоии инсониятро фаро мегирад, ки инқилоб дар тамоми олами табиӣ ва руҳонии инсон ба вуҷуд овард. Дар ин мақола кушиш мекунем бештар ба ҷанбаи воқеӣ ва шинохти он таваҷҷуҳ намоем.

Анҷоми даҳаи дуюми асри 21, ки бо суръати технологияи иттилотӣ рӯи заминро ба як деҳкада табдил дод, муносибатҳои иҷтимоии инсонро дар фазои маҷозӣ ва онлайнӣ ба ҳам наздик кард. Ин иртиботи доимӣ ва қарин рӯз то рӯз тавсеа ёфта, зиндагии инсон ё фарҳангу маданияти ӯро дар ҳоли гузариш ва таҳаввули пайваста қарор дода истода буд, ки таҳаввул ё ҳолати гузариш ном дорад. Таҳаввулот, ки як раванди сайрурият ё ҳолати ба воқеият табдил ёфтани имконияти ҳастии чизҳост ва доимо аз як ҷониб характери азияткунанда ва дардовар дорад, аз ҷониби дигар поёни ин дарду ҳолати беқарориест, ки ба ҳолати сифатан нав руҳияи инсонро мерасонад, ки ҳолати суруру қаноатмандӣ ё таваллуди дигар бо воқеиятҳои дигар дар ҷисми инсон мебошад.

Ин ҳолат ба таври умум моҳияти деҳкадаи ҷаҳони имрӯзест, ки дар таърих доим ба шаклҳои мухталиф, аммо на ба ин суръати зудтағйир ва таҳввули динамикӣ такрор шуда буд ва имрӯз низ ба сифати дигар дар ҳоли такроршавист ё ба ибораи дигар таҳаввул, рушд ва тавсеа ёфтаистодааст.

Ин ҳолатҳоро дар маҷмуъ лаҳзаҳои муҳими таърихӣ ном мегузорем. Таърих китобест, ки чунин фактҳоро дар худ нигоҳ доштааст, ки барои донистани чизҳои надониста ё нашинохта, омили шинохти муаммоҳо ва мушкилоти номафҳуми ҳолати сардаргуми инсон огоҳонад ва бозомузӣ намояд. Яке аз мушкилоти имрӯзи башарӣ, ки дар таърих низ ба ғайр аз тохтутозҳо ва ҷангҳои тавсеаталабонаи сиёсатбозону сиёсатмадорон доштанд, мисли вабо, касалиҳои гуногуни сироятӣ қариб дар тамоми асрҳои гузашта инсонҳои рӯи заминро ба ҳайрат, тарс, воҳима, парокандани ҳамагуна робитаҳои инсонӣ, нотавонӣ, маъюсӣ, гушанишинӣ, ваҳшатзадагӣ, ноумедӣ, дунёбезорӣ, таънасорӣ аз худу бегона кардан, эътирозҳои фардию ҷамъиятӣ, фалаҷ кардани низомҳои идорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, суол гузоштан ва масхара кардани тавоноиҳо ва донишу илми инсон, бечора сохтани тамоми суннатҳои қудсиву заминӣ умуман ба як буҳрони фарогиранда оварда расонида буданд, имрӯз ба шакли дигар ё бо номи дигар Ковид-19 ё бемории сироятии Куруно. Аз рӯи пайомади таъсири хусусиятҳои зикршуда, ки дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овардааст, ин вижагиҳо ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ном дорад.

Ҳар падидаи иҷтимоие, ки чунин вижагиҳоро дорост, дар илми фалсафаи иҷтимоӣ инқилоб ном дорад. Албатта, таърифи инқилоб аз нигоҳи файласуфон ва ҷомеашиносон ба тарзҳои мухталиф баён шудааст. Воқеияти имрӯза низ водор месозад, ки фаҳмиши инқилобро натанҳо ба равандҳои иҷтимоӣ маҳдуд созем, балки фаротар аз таҳаввулоти иҷтимоӣ донист, яъне агар ба воқеияти падида назар кунем, ин падида фаъолиятҳои инсонро воруна сохта, воқеиятҳоеро рӯи кор овард, ки тамоми арзишҳои инсониро ба ларза дароварда, пора – пора пароканда сохта ва дар зеҳнияти инсон ҳолати холигӣ, бесомонӣ ва нобоварӣ (шок) дар баробари қудратҳои ҳастаию ҳарбӣ ва сармоядории афюнзада бечора кард. Аммо инсон дар баробари ҳамаи ин мусибатҳое, ки шояд ба дасти худ ё муҷозоти табиат ё қувваҳои ношинохтаи мовароуттабиат гирифтор шудааст, ягона вожае, ки ҳолати мубориза барои зинда мондан ва зиндагиро арҷ гузоштан сохтааст, умед ё ормон мебошад. Умедвориҳо ва армонҳои тамоми инсоният гоҳо аз воқеият фаротар мераванд, гоҳо ночиз ва бечора мегарданд, ки ҳолати тафриту ифротро бозгӯӣ мекунанд.

Шинохти инсон аз падидаҳои нав дар марҳилаи аввал ҳайрат ва мубҳамотро рӯи кор меоварад. Ин ҳолатест, ки дар таърихи андешаи башарият аз Суқрот, то ба имрӯз чунин падидаҳои печида ва мубҳам дар ибтидо башариятро дар ҳайрат ва номафҳумӣ мегузоранд, аммо дарк ва мушаххас кардани сифатҳои ашё ва таснифи ҷанбаҳои мусбию манфӣ ва дигар вижагиҳои ношинохта ва ноаёнии ашё ё падида, ҳамзамон барангехтани шубҳаҳо оҳиста- оҳиста ин даҳшати девсуратро, ки номаш нодонист ва мисли яхест, ки нури офтоб онро ба оромӣ об мекунад даричаи рушноиро дар зеҳни инсон боз мекунад ва инсон шурӯъ мекунад ба худосозиву муқобилият дар баробари қувваҳои аҳриманиву шайтонӣ, то мушкилоти худро бартараф кунад. Ин ҳолат чихеле, ки воқеати имрӯз нишон медиҳад ба вижа аз тарафи табибони ҳозиқ ва ҷасуру бебок ва дигар коршиносон, ки дар ибтидо онҳоро ба ҳайрат гузошта шуда буд, доноию ғурури онҳоро шикаста карда буд бо шинохти ҷанбаҳои гуногуни ин падидаи девсурат шинохти роҳҳои давобахшии он қадам ба қадам ошкор шудаистодааст. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки ҷанг бо ин вабо ҳақиқатҳоеро ошкор ва равшан сохт, ки мо худро бештар шиносем. Ин як фурсати муколама ва гуфтугӯ бо худ мебошад, ки дар худ фуру равем воқеаиятҳои норушани зеҳни худ ё моҳияти пинҳонии худро бишиносем. Агар воқеияти онро таъриф диҳем, як навъ шикори инсон бидуни силоҳ мебошад.

Ин падида ҳамзамон чандин амалҳоеро ба мо омӯхт, ки ба зиндагии хонаводагӣ расем, зан, фарзанд ва муҳити хонаводагии хешро бештар шиносем, нисбати онҳо бештар таваҷҷуҳ дошта бошем. Ҳамзамон ин падида худдорӣ ва худидоракуниро низ омӯзонд, то аз моҳияти инсонии худ огоҳ шавем ва дар зиндагӣ ба конформизм ё роҳатталабии ифротӣ худро қаноатманд кунем.

Ҳамзамон ин падида инсонро ба мустақилият, тасмимгирӣ, иродатмандӣ ва тавонмандиҳои иродаи инсон ташвиқ кард, то мо худро бештар аз нигоҳи танқидӣ баҳои воқеӣ гузорем. Яъне бо таҳлили амалҳои худ онҳоро арзиш гузорем, ки то чи андоза амалҳоеро дуруст ба манфиати ҳамагон ва то чӣ андоза амалҳои худро руякӣ ва бо иштибоҳҳою нодидагирифтанҳо анҷом додаем.

Чихеле, ки мушоҳида мекунем, ин падида тамоми башариятро имрӯз ба худмаҳдудкунӣ талқин менамояд, то мо ҳудуди хешро шиносем. Ҳавову ҳавас маъмулан дар инсон ҳамроҳ бо шуҳратталабӣ, худнамоӣ ҳамроҳ аст, ки ҳудудҳои воқеии худро беканор месозад ва дар ҳолати бехудӣ қарор медиҳад. Ҳамакнун ин падида заъфҳои моро ба худамон шиносонд ва барои пируз шудан ба ин заъфҳо чорасозӣ ва ҳадафгузорӣ карданро омӯзонад, махсусан дар режими хурдани хӯрокҳо, тарбияти бадан, пушаймони аз амалҳое, ки қасдан ё амдан (тасодуфан) анҷом додаем, баҳо дар тазкияи нафс ва пируз шудан дар баробари завқияти беҳуда ва чандин амалҳою масрафкориҳои бебанду борамон.

Ин падида бори дигар исбот кард, ки мо аз табиат ва моҳияти инсонии худ дур шудаем. Инсон ҳар қадар ҳам дар ҳалли ин мушкилот ташаббусҳои зиёд ҳам нишон диҳад, ки бо ҳамоҳангии табиат зиндагии худро таҷриба кунад ва фидокорӣ нишон диҳад кам аст. Аммо аз бахти бад ҷараёноти имрӯз дар масири мухолиф сайр мекунад. Маҳама Гандӣ мегуяд “Мо ҳеч хиҷолате намекашем, ки ба манзури тазйни (ороиши) ҷисми фанопазир ва дароз кардани умр барои чанд лаҳзаи гузарон зиндагии иддаеро фидо созем дар натиҷа руҳу ҷони худро бикушем. Ҳангоме, ки барои пай бурдан бо як бемории қадимӣ кушиш мекунем, садҳо бемории тоза, меёбем ва замоне, ки саъй дорем аз лаззати ҳавас баҳравар гардем, дар поёни кор зарфияти лаззатёбии худро аз даст медиҳем. Ин ҳақиқатҳо дар пеши чашмони мо мегузарад, аммо пур кас аст, ки ин ҳақиқатҳоро надида мегирад”.

“Табиати инсон таврест, ки агар дигарон маҳдудиятҳое барои ӯ қоил шавад, туғён мекунад ва зери бор намеравад. Аммо ҳар гоҳ худ ба он иқдом варзад, сахтарин маҳдудиятро ба осонӣ мепазирад.”

Хулоса, воқеияти имрӯз моро водор месозад, ки аз ифротгароии ақидатӣ даст кашем ва таҳаммули ақидаҳои дигарон бо ҳамоҳагии роҳалҳои мушкилоти зиндагисоз даст ба кор шавем.

Бояд бидонем, ки дар ояндаи наздик аз ин мушкилот зуд наҷот намеёбем, агар дастаҷамъона мубориза барои зинда мондан ва зиндагиро сохтан мубориза набарем.

Дар гузашта мо дар баробари худо ва қонун баробарӣ ва озодии худро талаб мекардем, мушкилоти воқеияти имрӯз нишон медиҳад, дар бораи ҷаҳоншиносӣ ва роҳҳалҳои ин мушкилот ҳар як нафар зарурат ба тағйири арзишҳои фардӣ ва иҷтимоӣ дорад, то бо барномарезиҳои дақиқу мушаххас аз ҳаргуна шиорпароканӣ даст кашида, бархурди бевосита ба мушкилот дошта бошем. Яъне дигар идеологияҳои диниву сиёсие, ки рафторҳои инсонро қолабсозӣ мекунанд ба дарди мо давобахш нестанд. Танҳо бо истифодаи таҷрибаҳои гузаштагон, ки заминаи бозандеширо дар баробари мушкилоти имрӯзи ҷомеа моро бедор месозанд ва барои роҳкорҳои муносиб дархури мушкилоти мо ҳастанд, имрӯзу ояндаи худро бисозем.

Ба гуфтаи файлсуфи олмонӣ Юрген Ҳабермас, ки фаъолиятҳои инсониро, ба фаъолияти оянданигарӣ (стратегическое), нормативӣ ё меъёрию қоидавӣ, дараматургӣ ё намоишӣ ва комуникативӣ (иртиботӣ) тасниф месозад, фаъолияти иртибототи иҷтимоиро, ки заминаи ҳамгироии ҷомеаро дар баробари хатарҳои вуҷудӣ тақвият ва таъмин месозад, бештар кор гирем, то ба ҳар гуна меушкилоти ҳамагонии инсонӣ роҳҳалҳое дошта бошем. Таснифи фаъолият ё амалҳои иҷтимоию фардии инсонӣ чихеле, ки дар ин назарияи ратсионалистӣ нишон дода шудаанд, ҳар фарди ҷомеаи шокзадаи имрӯзиро бори дигар ба худ оварда, оянданигарӣ, маъёрҳои рафторӣ, намоишӣ ва худмуъаррифиро дар баробари иртибототи ҳамагонӣ ё баробарӣ бознигарӣ карда барқарор созад, то мо ба марҳилаи нави муносибатҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо роҳкорҳои нав ворид гардем. Ин мушкилот на ба маҳал, миллат ва минтақа хисорот ба ҷой гузоштааст, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ки бори дигар аз як ҷониб раванди ҷаҳонишавию ҷаҳонигардониро суръат мебахшад ва аз ҷониби дигар миллатҳо ва минтақаҳоро, ки аз осебпазир ҳастанд ва бо фаъолиятҳои мунҳасирона худро маҳдуд месозанд варшикаста карда, дар ҳолати комуникативӣ ё иртибототӣ қарор медиҳанд.

Ба гуфтаи футуролог Матиас Хоркс дар як мақолаи худ “ Ҷаҳон баъд аз Тоҷвирус чӣ гуна хоҳад буд?” Мегӯяд: Шикастҳое, ки маҷбур будем ислоҳ карда анҷом диҳем, моро ба танҳоӣ ва гушагирӣ оварда расонид. Баракс баъди шоки аввалия бисёри онҳо, мисли мусобиқаҳо дар силоҳсозӣ, гуфтугуҳои тунду хашин ва нарм дар шабакаҳои телевизионии умумиҷаҳонӣ ногаҳон бозистоданд. Ин бозистонанҳо ба маънои шикаст нест, балки як имконоти наверо ба рӯи башарият боз намояд”. Яъне фосилагирӣ дар баробари маҳдудсохтан, ҳамзамон иртибототро ба гунаи дигар ба ҳам бештар наздик кард, то ба ҳамдигар бештар наздик бошем ва ҳамдигарро боэҳтиром ва ба ҳар чизу падидаи олам арзиши нав қоил шавем. Ин вирус моро маҷбур сохт бештари кинаҳои пинҳониеро, ки нисбати ҳамдигар доштем аз байн раванд ва меҳру самимият нисбати ҳамдигар аз нав гирифта шавад. Он маҳдудиятҳои қолабӣ ва бартариятҷӯиҳоеро, ки сохтаю бофтаи тахайюли мо будан аз байн хоҳад бурд. (https://www.msn.com/de-de/nachrichten/coronavirus/wie-wird-die-welt-nach-der-corona-krise-aussehen-ein-zukunftsforscher-schildert-seine-vision-%e2%80%94-und-sie-macht-hoffnung/ar-BB11AitX).

Ин падида моро ба ҳайрат меоварад, ки чи қадар фарҳанги фановариҳои сареъи диҷиталӣ маъмулӣ ва дар амал васеъ истифода хоҳад шуд, мисли конференсияҳои телевизионӣ ва видеоии мустақим, дарсҳои фосилавӣ, ки бештари кормандон мухолифат мекарданд, бадоҳатан маъмулӣ ва пурмаҳсул шудаанд. Бештари омӯзгорон аз таълими интернетӣ бархурдор гаштанд, ки худ ба худ коргоҳҳои хонагӣ тавсеа пайдо кард ва дар оянда густариш меёбад. Яъне имрӯз бештари корҳо дар хона анҷом ёфта, аз тариқи фазои маҷозӣ иртиботот бештар тақвият хоҳад ёфт.

Албатта, боз натиҷаҳои мусбию манфии дар имконотбударо, ки воқеиятҳои дигареро руйи кор хоҳад омад, ҳамагон хоҳем дид.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,

Директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь