Боиси шодмонист, ки солҳои охир фарҳехтагону фозилоне дар ҳар маҷалла аз маҷаллаҳои адабиву касбӣ, таърихиву динӣ ройгон муаррифӣ ва дигар донишмандон ба унвонҳои илмӣ шарафёб ё ба мансабҳои баланд барафрохта мешаванд. Аммо, баъди муддате мебинӣ, ки муомилаи бархе аз онон бо атрофиёнашон куллан тағйир ёфта, зердастону дӯстони пешин ва ниёзмандонро нодида мегиранд, барои радди дархосташон ҳазор баҳона пеш меоранд, ё ононро ҳатто дархӯри салому суҳбати худ раво намедонанд. Агар роҳи фирор пайдо накунанду ночор бо онон сарбасар шаванд, чандон бархӯрди дурушту сарду мутакаббирона мекунанд, ки дилозурдаашон месозанду хотирашонро мешикананд.

Дар бисёр ҳолатҳо шоҳиди он мешавем, ки баъзе “навмансабон” бархилофи талаботҳои имону виҷдон, ё бинобар надоштани таҷрибаи кофии хизмати давлатӣ, ҳатто дастурҳои роҳбарони воломақоми давлату ҳокимиятро сарфи назар намуда, нисбати шахсони ба халқу давлат хизмати содиқонаю арзанда дошта беэътиноӣ карда, ба чорабиниҳои давлатӣ баъзе арбобони варзидаи илму санъат ва собиқадорони барояшон “номаъқул”-ро даъват карданро зарур намешуморанд, яъне бо ҳар роҳу васила онҳоро “фаромӯш” мекунанд.

Чунин амалҳо ба обрӯю эътибори мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонҳои ба халқу давлат содиқона хизматнамударо аз чунин соҳибмансабон хеле дилсард мекунаду пояҳои ваҳдати аслии миллиро ноустувор мегардонад.

Баҳри чунин ашхос гуфтаниам: «Ҷони бародар, илме, ки ту омӯхтаӣ ва мансабаке, ки барои чанд рӯз ба даст овардаӣ, амонатест бар гардани ту, то ҳаққи онро бо суд овардану хидмат кардан ба мардуми ин меҳан бипардозӣ ва дар рушди ин ватану диёр содиқона ҳиссагузор бошӣ!».

Беҳуда нест, ки яке аз хирадмандон гуфтааст: «Зишттарин навъи кибр он аст, ки кас бо илми худ бар дигарон такаббур варзад ва ба сабаби фазилаташ, хештанро дар дили худ бузург пиндорад».

Барои чунин касон оқибат ҷуз ин нест, ки ин шахсро илмаш суде набахшидааст, зеро ҳар кӣ барои охират дониш омӯзад, донишаш ӯро шикастанафс созад, қалбаш хушбину худ фурӯтан гардад, нафсаш хор шавад ва ҳамвора муроқиби нафси хеш бошад ва аз муроқабаташ дилгир нашавад, балки онро ҳар вақте муҳосаба кунад ва ҷӯёи аҳволаш шавад, зеро агар аз он дар ғафлат монад (чун аспи бадром), аз роҳи рост саркашӣ кунад ва ӯро ба ҳалокат расонад.

Хулоса, ҳар касе донишро барои фахру сарварӣ ҷӯяд ва бар инсонҳои хоксору дурандеш бузургманишӣ варзида, худро хирадманду дигаронро  бехирад ҳисобида, бар онон беадолатӣ кунад, ин аз бузургтарин навъи кибр аст ва дар китоби муқаддаси Қуръони карим гуфта шудааст: «Касе, ки дар дилаш ба андозаи заррае кибр бошад, ба биҳишт ворид нашавад».

Ҳамватанони арҷманд, биёед қалбҳои хешро аз тамоми зуҳуроти кибру шурур, кинаву адоват пурра пок созему боқимондаи умри хешро дар фазои муҳаббату мардумсолорӣ, боадолатию некномӣ ва садоқат ба ватану хизмати содиқона ба волидайн, меҳрубониҳои беғаразона нисбати ҳамдигар гузаронем.

Дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бобати арҷгузорӣ намудан ба ниёгон ва қадршиносӣ намудан нисбати онҳое, ки ба халқу давлат хизмати шоиста доранд, дар ҳама сатҳҳои ҳокимият бо сухан не, балки дар амал ба иҷро расонида, барои дар ин самтҳо ба камбудиҳо роҳ надодан, бо кормандони ҷавони дастгоҳҳои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои идоракунии давлатӣ гузаронидани машваратҳои омӯзишӣ вобаста ба зиндагиномаи чеҳраҳои шинохтаи минтақаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз манфиат холӣ нест.

Боиси таассуф аст, ки дар кишвари мо баъзе ҷавонони соҳибмансаб аз таҷрибаи бойи зиндагию касбии собиқадорони муваффақу донишманд нокифоя истифода мебаранд. Шахсан омода ҳастам, ки дар ин самтҳо бо намояндагони ваколатдори МИҲД-и вилоят ё худ, дигар сохтори давлатӣ, ҳамкории судманд дошта бошам, зеро ба ақидаи банда, бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар ин ҷода ба манфиати тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон хоҳад шуд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки муроҷиати навбатии Пешвои миллат ба кулли мардуми кишвар ҳангоми мулоқоташон бо сокинони шаҳри Норак дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсола ҷиҳати нисбати  ҳамдигар сидқан меҳрубону ғамхор будан ва ба қадри ҳар як лаҳзаи зиндагӣ расида, иззату эҳтироми волидайн, дӯстону ҳамсафон ва наздикону пайвандонро ба ҷо овардан, боз як далели дурандешию хиради волои ин шахсияти нодири таърихии давлати тоҷикон буда, тибқи ин пандҳои ҳакимона амал намудан якояки моро ба қуллаҳои баланди муродамон хоҳад расонд.

Дар мавриди муошират бо дигарон дар ин умри кӯтоҳи хеш, моро зарур аст, ки маънои мисраҳои зеринро хуб дарк карда, бештар ба амалҳои нек дастдарозӣ намоем:

Дило, ин олами фонӣ ба як арзан намеарзад,

Ба дунё омадан бар заҳмати рафтан намеарзад.

Агар сад сол дар дунё ҳама шаҳду шакар нӯшӣ,

Ба он як соати талхии ҷонкандан намеарзад.

 

Карамулло ОДИЛОВ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь