Танзими маросим ва расму оинҳо иқдоми амалии бутшиканиро мемонад ва ин амал бояд пайгирӣ гардад!
Танзими маросимҳо – ин зоҳиран як маъракаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, ки ҳадафи он сабукӣ овардан ба зиндагии рӯзмарраи мардум мебошад. Он дар рӯзгори кунунии мо ба манфиат мебошад, аммо дар асл, як ҳодисаи ба маротиб амиқтар нисбат ба як ҳодисаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст, ки бо кулли раванди таърихи маънавиёти мо алоқамандӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, мо ҷанбаҳои сиёсӣ-иҷтимоии онро сарфи назар мекунем ва аҳамиятнокии онро дар озодсозии зеҳнияти инсонҳо аз маъниҳои дар асли худ бемаънӣ ва дар бедорсозии маънии воқеии инсонӣ дар ҷомеа мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Назари асосии мо он аст, ки маънии инсонӣ чи дар зиндагии рӯзмарраи иҷтимоӣ ва чи дар тӯли зиндагии иҷтимоии мо онгуна, ки мебоист, ношинохта монда ва баҳри бедорсозии ин маънӣ ва пиёдасозии он дар огоҳии инсонҳо иқдоме ҳам сурат нагирифтааст. Тоҷик танҳо ба хотири маъниҳои дорои табиати мутлақгаро будаи осмонӣ ва заминӣ нафас кашидааст, ба онҳо бовар кардааст ва сабурона асорати онҳоро тоқат намудааст. Бояд ба ин ҳақиқати талх тан дод, ки аз рӯзгоре, ки оини бутпарастӣ роиҷ буд, то ба рӯзгори мо дар маънавиёти инсон камтар таҳаввуле ба вуҷуд омадааст. Ягона меросе, ки оинҳои бутпарастӣ ба вуҷуд оварда буданд, ин “инсони боимон” ва ё “инсони боэътиқод” буд, яъне навъи инсоне, ки набояд ба худ ҳамчун аввалин ҳақиқат, арзишгузор ва инкоркунанда муроҷиат намояд, балки бояд маънии зиндагии худро ҳамеша дар берун аз худ ҷустуҷӯ намояд, аз ҷониби мазҳабҳо ва идеологияҳои ҷаҳонӣ ҳифз ва неруманд гардидаанд.
Тамоми динҳои ҷаҳонии ҷойгузини таълимотҳои бутпарастӣ гардида ва дигар таълимоти фалсафӣ ва идеологияҳои ҷаҳонӣ ба он андоза, ки мебоист натавонистаанд мероси офаридаи оинҳои бутпарастиро аз байн баранд. Онҳо ин меросро фақат обу ранги дигар дода ва ба ҷои бутҳои куҳна бутҳои нави чи воқеӣ ва чи мавҳумӣ ба вуҷуд овардаанд. Бутҳои чӯбин ва гилин дар марҳалаҳои минбаъда ба бутҳои осмонӣ ва заминӣ ва бутҳои беҷон ба бутҳои ҷондор табдил ёфтанд, яъне худо ҳамчун бути осмонӣ ва инсон ҳамчун бути заминӣ. Акнун инсон барои инсон бут буд, яъне инсон ба сифати фиръавн, пайғамбар, шоҳ, президент, раис, файласуф, шоир, устод ва ғайра мебоист мавриди парастиши инсонҳои дигар қарор гирад. Дар тӯли садсолаҳо объекти парастиш тағйир ёфт, аммо субект ва принсипи парастиш, ки ҳамоно имон ва эътиқод мебошанд, бетағйир боқӣ монданд.
Агар аз диди равоншиносӣ ба раванди боэътиқодгардонии инсон назар андозем, онро метавон ба як ҳодисаи беморгуна гардонидани инсон ифода намоем. Ба хотири он, ки инсон бо имон ва эътиқод зиндагӣ намояд, бояд тамоми эҳсосҳои табиӣ ва ҳаётӣ ва ҳамингуна тамоми ғаризаҳои ҳаётии ӯ бояд хунсо, якранг ва дар як нуқта сарҷамъ ва саркӯб гарданд. Дар ин муносибат инсон чи дар поинтарин ва чи дар олитарин ҳадди худ бояд ҳамчун як фармонбардор ва мутеъ амал намояд, ки чунин хосиятҳо фақат хоси як ғулом ҳастанд. Ғаризаи парастиш қадимтарин ғаризаи инсоният мебошад ва инсон ҳанӯз наметавонад бидуни ин ғариза ҳаёт ба сар барад. Таърихи башарият ҳамон қиссаи Мӯсо ва қавми ӯро ба хотир меоварад, ки чун Мӯсо он қавмро аз бутпарастӣ, дақиқтараш аз парастиши гӯсола раҳонида буд, аммо чун андаке аз онҳо фосила мегирад ва чун дубора бармегардад, боз ҳама дар пайи парастиши ҳамон гӯсола қарор доштанд. Имон ва эътиқод овардан ба ҳар чизе, ки фаротар аз худи инсон қарор дорад, маънии худро қурбонӣ кардан, худинкоркунӣ ва бемаънигардонии зиндагии инсонро дорад. Дар чунин вазъият инсон дар бегонагии мутлақ аз воқеияти худ зиндагӣ мекунад ва барои ӯ ҳамагуна дигаргунӣ, дигарандешӣ, такомул ва тағйир ғайри қобили қабул ва тасаввури олами ҳастӣ ва бахусус ҳаёт, ҳамагуна “шудан” ваҳшатовар мебошад. Барои чунин навъи инсон хоҳиш кардан, ирода кардан, “на” гуфтан бемаънӣ мебошад. Сабаби пойдории чунин марҳала агар аввалан танбалии ботинии худи инсон бошад, ки аз фармонбардори дигарон будан лаззат мебарад, дувум ин моҳияти тамоми таълимотҳои динӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва бевосита худи инсонҳои алоҳида мебошад, ки дӯст медоранд худро ба як бут ва инсонҳоро ба бутпараст табдил диҳанд.
Он чизе, ки дар мавриди инсони эътиқодманд номбар намудем, албатта заминаи ноогоҳи шуури моро ташкил медиҳанд ва шояд аксари хонандаҳо худро ба ин навъи инсон мансуб намедонанд, ки ин худфиребии маҳз аст. Он ҳаракатҳои бутпарастонае, ки имрӯзҳо дар сари ҳар қадам аз мо сар мезананд, ба мисли он қисматҳои ниҳоят андаки куҳҳои яхине (Айсберг) аст, ки дар чашм намоён ҳастанд ва дар қадами аввал инсон гумон мекунад, ки ҳақиқати куҳи яхин ҳамон қисмати ба чашм намоён аст, ҳол он ки, қисмати азими ин куҳҳои яхин дар зери оби уқёнусҳо ҳастанд, ки мо бо чашм дида наметавонем, аммо медонем, ки онҳо вуҷуд доранд. Ҳамин тавр, ҳақиқати бутпарастонаи мо хело азимтар аст нисбат ба оне, ки мо тасаввураш мекунем. Маросим ва расму оинҳои зиёди мо ҳамон бутҳое ҳастанд, ки маънии инсонии мо дар назди онҳо холӣ аз ҳаргуна арзиш ва мо дар фармонбардорӣ аз онҳо зиндагӣ мекардем.
Ҳеҷ як аз маросим ва расму оинҳои мавриди танзим қароргирифта асоси ақлонӣ ва мантиқӣ надоранд, онҳо на реша дар ягон дин доранд ва на дар ягон идеология. Пас онҳо аз куҷо ва чигуна ба вуҷуд омадаанд? Онҳо маҳсули офаридаи инсони эътиқодманд мебошанд. Онҳо офарида мешаванд, то ин ки ин навъи инсон худро ба онҳо бубахшад, худро дар гирудори онҳо машғул дорад, воқеияти худро то имкон дорад, фаромӯш созад ва ҳамин тавр, ба осоиши хотир бирасад. Барои инсони эътиқодманд он маънии инсоние, ки бевосита танҳо ба худи ӯ тааллуқ дорад, вуҷуд надорад, ӯ қодир ба ҳадафгузорӣ, маънигузорӣ ва ирода кардан ба хотири фаротар аз ҳақиқати имрӯзаи худ рафтан нест. Аз ҳамин ҷиҳат, бути маросим ва оинҳои хурофотиаслро ҳамчун ҷузъе аз маънавиёт ва фарҳанги худ муаррифӣ мекунад. Мо дар баробари маросимҳо ва расму оинҳои мавҷуда ҳамонгуна рафтор менамудем, ки як инсони бутпараст дар назди худо, ё худ бути худ ва он маросимҳое, ки хоси шеваи парастиши онҳо буд, анҷом медиҳад. Бояд донист, ки ҳанӯз замони инсони эътиқодманд ба анҷом нарасидааст ва чунин навъи инсон наметавонад бидуни бут, хоҷа ва фармонраво зиндагӣ намояд. Аз ин рӯ, чун бутҳои ӯ шикаста мегарданд, ӯ дар пайи офаридани бутҳои нав мегардад. Вуҷуди ин навъи инсон танҳо замоне дорои ҳастӣ мегардад, ки агар буте барои парастиш вуҷуд дошта бошад.
Агар мо каме зиракона таваҷҷуҳ намоем, дар ин ҷо як айният ва шабоҳати азимро миёни ҳақиқати ботинии худамон ва он расму оинҳое, ки хоси ҷомеаи мо буданд, мушоҳида менамоем. Ҳардуи ҳақиқатҳо, яъне ҳам он эътиқод ва имони беморгуна ва ҳам маросимҳои бемаънии хатна, чил, сол, ид ва ғайра, ки дар вуҷуди инсон ва ҷомеа намебоист вуҷуд медоштанд, аммо вуҷуд доранд, ниёз ба зудудан доранд. Ба ҷои онҳо он ҳақиқатҳое бояд зинда гардонида шаванд, ки мебоист вуҷуд дошта бошанд, аммо вуҷуд надоштанд. Бидуни шубҳа, он иқдоми амалие, ки барои танзими расму оин ва маросимҳо роҳандозӣ гардидааст, дар ниҳоят бо шифоёбии навъи инсони эътиқодӣ ва ҷойгузини ӯ гардидани инсони солим ва озод аз биму ҳароси кадом як маросим, бо ирода ва нерӯи офарандагии шахсии худ меанҷомад.
Дар таърихи тамаддуни мо овардани саҳифае, ки инсон ченаки ҳама чизҳо қарор гирифта бошад, бисёр душвор аст. Новобаста аз дастовардҳои сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои охир рухдода, то дирӯз ҳамин маросимҳои хурофотасл ченаки зиндагии мо ба ҳисоб мерафтанд. Барои як биниши хурофотӣ маҳаки асосӣ ҳамеша ин садоқат ва эътиқод ба ҳар маънии ғайр ва бегона мебошад, на худи инсон. Аммо барои як ҷомеаи солим маҳаки асосӣ ҳамеша инсон, озодии ӯ ва саодати ӯ ба ҳисоб меравад. Дорои истиқлолияти сиёсӣ будан маънии азбайнравии ингуна маросимҳоро надорад, аммо он шароит фароҳам меоварад, то ин ки ин бутҳо шиносоӣ ва мавриди нобудӣ қарор гиранд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар идомаи баҳс мо масъалаи танзимро дар алоқамандӣ бо масъалаи нодири дигар, яъне истиқлолияти сиёсӣ матраҳ мегардонем.
Танзими маросимҳо – ин натиҷаи дорои истиқлолияти сиёсӣ гардидани мо мебошад, аммо моҳиятан боаҳамияттар аз худи истиқлолияти сиёсии мо мебошад. Ҳадафи асосӣ аз бадастоварии истиқлолият ва ё озодӣ – ин раҳо гардидан аз ҳамагуна бандҳо мебошад, ки инсонро чи маънаван ва чи ҷисман ғулом гардонида буданд. Одатан, ҳаракатҳои озодихоҳӣ танҳо қабати ниҳоят болоии омилҳоеро асос қарор медиҳанд, ки хусусияти маъмурӣ ва сиёсӣ доранд, масалан ба хотири раҳоӣ ёфтан аз зулми ягон абарқудрати истеъморгар, системаи зиддиинсонӣ, ё идеология мубориза мебаранд, аммо он бандҳое, ки дар тӯли асрҳо суфта ва маънавӣ гардидаанд ва бо зебогии фиребанда на ҳамчун душман ва омили бадбахтии воқеӣ, балки як бахше аз зиндагии воқеӣ ва як маънии зиндагӣ ва обуранги он гардидаанд, аз қазоватҳо берун мемонанд. Агар таърихи ба истиқлолияти сиёсӣ расидани худро таҳлил намоем, ба хубӣ дармеёбем, ки касе ба ин расму маросимҳо аҳамият надодааст ва баръакс, ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ шояд мавриди пуштибонӣ низ қарор гирифта бошанд. Шояд дар рӯзгоре, ки мо ба истиқлолияти сиёсӣ расидем, даст задан ба масъалаҳое чун танзими маросимҳо як кори бемаънӣ ва ғайрисаривақтӣ низ буд. Дар рӯзгоре, ки кӯшишҳо барои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мерафтанд, ҳадафи асосӣ “тоҷик ҳамчун миллат” дар назар дошта мешуд ва мебоист он ҳамчун миллат дорои истиқлолият бошад, аммо дар мавриди сиёсати танзим бошад, тоҷик ҳамчун фард ҳадаф қарор гирифтааст ва он бояд ба сифати як фарди иҷтимоӣ ба истиқлолияти маънавӣ расад, ки дар умум ба тағйири сифатӣ дар тоҷик ҳамчун миллат меанҷомад.
Аз ҳамин сабаб, танзими маросимҳо ва расму оинҳо идомаи мантиқии ҳарақати истиқлолхоҳӣ мебошад. Дорои истиқлолияти формалии сиёсӣ, аммо бо инсонҳои сар то по гирифтори бандҳои маънавии ғуломона будан арзиши чашмрасе надорад. Истиқлолияти сиёсӣ замоне арзиш ва зебоӣ дорад, ки онро инсонҳои ба маънии воқеии калима озод, озодандеш, нотарс дар баробари ҳамагуна беадолатиҳои иҷтимоӣ ва новобаста аз банду қайдҳои хурофотӣ ва маънавӣ муаррифӣ намоянд. Дар як вақт бояд донист, ки танзим ин як пирӯзӣ ва анҷоми кор нест, он танҳо як иқдоми аввалини амалӣ мебошад, ки метавон онро ҳамчун даромад ва ё муқаддимае дар роҳи озод сохтани инсон аз банди хурофотҳо ва бедорсозии маънии инсонӣ дар ҷомеа номид.
Аз байн бурдани маросим ва оинҳои хурофотиасл пеш аз ҳама дар муносибат бо воқеияти рӯшанфикр ва донишмандони мо боаҳамият ҳастанд. Ин бутҳо пеш аз ҳама бо афкори озодандешӣ зиддият меварзанд. Вақте ки рӯшанфикр бо чунин бутҳо созиш намудааст, пас ӯ аз асолати рӯшанфикрӣ маҳрум аст.
Дар ин ҷо кӯшиш мекунем маънии танзими маросимҳоро дар баробари воқеияти рӯзмарраи рӯшанфикр ва донишмандон мухтасаран таҳлил намоем. Вобаста ба шеваи андеша, биниш ва мавқеияте, ки нисбат ба худ доранд, инсонҳо ба замонҳои гуногун тааллуқ доранд. Масалан, баъзе инсонҳо ба ояндаҳои дур тааллуқ доранд, баъзеи дигар ба гузаштаҳои дур ва гуруҳи дигаре ба замони худ. Ҷомеаҳо низ дар ҳукми инсонҳо мебошанд, вобаста ба воқеиятҳои мавҷудаи худ ва арзишҳое, ки аз ҷониби аксарият қобили қабул мебошанд, ҷомеаҳо низ ба ояндаҳо ва гузаштаҳо тааллуқ доранд. Зоҳиран мо ҷомеаи худро бо мафҳумҳое чун “дунявӣ”, “модерн” ва мисли инҳо тавсиф менамудем, аммо ин забон ва қонунмандиҳои хоси забон аст, ки ҳамагуна ҳақиқатҳоро хаспӯш ва ҳаргуна дурӯғро ҳамчун ҳақиқат ҷилва медиҳад. Новобаста аз он мафҳумҳои зебое, ки барои муаррифии ҷомеаи худ истифода мебарем, он расму оинҳое, ки вуҷуд доштанд ва он эҳтироме, ки нисбат ба онҳо доштем, ба ҷомеаи мо асолати асримиёнагӣ мебахшид. Дар худ таҷассум намудани мероси солими гузашта албатта айб нест, аммо ҳифз намудани олудагиҳои хурофот ва беморгунагиҳои гузашта ғайри қобили қабул аст. Ҷомеае, ки дар худ баъзе таъсирҳои ҷомеаҳои пешрафтаро касб кардааст ва дар як вақт унсурҳоеро дар худ зинда нигоҳ медорад, ки дорои хусусияти хурофотӣ ва оқибмондагӣ дорад, аз инсонҳое бархӯрдор аст, ки дорои ду шахсият ва ё умуман бешахсият ҳастанд. Расму маросимҳо бо зоҳири бегуноҳона ва ҳатто зебои худ дар як бархӯрди сатҳӣ ва рӯякӣ гӯё вобастаи мо мебошанд, аммо дар ҳақиқат мо батамом аз онҳо вобаста будем, ҳар қадар ки имкон доштанд, онҳо инсонҳоро хаста, мутеъ, ғулом ва дар айни ҳол ба онҳо осоиши хотир мебахшиданд. Ин бутҳои ноаён то ба андозае боаҳамият буданд, ки ҳеҷ як пешрафти илмӣ ё сиёсӣ наметавонист аз ҷиҳати арзиш ва эътироф бо онҳо баробарӣ намояд. Масалан, як муҳандис, ки дар ҷомеаи мо зиндагӣ мекунад, дар тамоми ҳаёт агар ягон кашфиёте намекард, ҳеҷ вақт азоби виҷдон намекашид, аммо агар ягон маросими анъанавиро анҷом намедод ва ё дар маросимҳои ҳамдиёрон, ё ҳаммаҳаллаҳо иштирок намекард, ин амал ба як фоҷеа баробар буд ва чунин ҳодисаро ӯ тасаввур карда наметавонист. Ва ё баръакси он, агар як нафар дар ягон соҳаи илм ба тозакориҳои нав муваффақ меагрдид, аммо расму русумҳои мавҷударо нодида мегирифт, боз ҳам ӯ дар назди омма аз ҳеҷ арзише бархӯрдор набуд. Новобаста аз он, ки чунин шахс дар ҷодаи касби худ муваффақ аст, дар ҳаёти оилавӣ низ камбудие надорад, боз кадом як унсури ноаёне бар вуҷуди ӯ фишор меовард, эҳсоси худкамбинӣ ва муттаҳамӣ дар назди чизеро неруманд мегардонид, ки он албатта ҳамон ҳама чиз, ё худ ҳеҷ чиз, яъне “бовариҳо ва интизориҳои умум дар баробари маросим ва расму оинҳои мавҷуда” мебошад.
Зеҳнияти моро маросимҳо ва расму оинҳои хурофотиамон идора ва такурӯ менамуданд ва маҳз онҳо асолатнокии моро муайян мекарданд. Ҳар қадар, ки дар ин маросимҳо худнамоӣ менамудем, ҳамон андоза аз пуштибонии омма ва инсонҳои мазҳабӣ бархӯрдор мегардидем ва воқеан ҳам дар мо ҷасорати пушти по задани ин ҳама хурофотҳо камёфт ва фидоӣ будан дар роҳи илм тасаввурношуданӣ буд. Агар аз ҳақиқат нагузарем, маҳз ба хотири ҳамин маросимҳо буд, ки ҳар як корманди илм, фалсафа, фарҳанг ва ҳар ҷодаи дигар худро дар назди як инсони мазҳабӣ мутеъ меёфт. Ҳамин маросим ва расму оинҳо рӯшанфикри моро гипноз карда буданд ва ба рӯшанфикр талқин менамуданд, ки ҳамагуна пешрафти илм дар баробари онҳо бемаънӣ аст.
Сухани яке аз дӯстон дар мавриди рӯшанфикрони имрӯза дуруст аст, ки мо дар маънии ростини калима “худоихӯрҳо” будем. На ба сифати як инсон, балки ҳатто ба сифати як рӯшанфикр мо дар ҷомеа аз озодии воқеӣ бархӯрдор набудем. Ин расму маросимҳо ҳамон қудратҳои ноаёне буданд, ки душахсиятӣ, дурӯягӣ, худфиребӣ, бешармӣ ва беасолатиро дар вуҷуди рӯшанфикрон парвариш медоданд.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки собиқаи инсонҳо дар фаъолияти илмӣ ва эҷодии донишмандон таъсири бунёдӣ мерасонад. Муваффақ нагардидани баъзе инсонҳо ва ҳатто баъзе миллатҳо дар роҳи азхудкунии илм ва технологияи пешрафта ва ё ҳар шохаи илми дигар низ аз он вобастагӣ дорад, ки чӣ ҳақиқатҳо заминаи ноогоҳи он инсонҳо ва он миллатҳоро ташкил медиҳад, онҳо маҳсули чигуна тарбия ҳастанд.
Эътиқоди кӯркӯрона ба маросимҳо ва расму оинҳо, ки ҳама хурофотӣ ҳастанд ва дар як вақт ба фалсафа ва илм машғул гардидан, боиси бавуҷудоии душахсиятӣ мегардад. Он нафаре, ки мебояд сари ягон парадигмаи математикӣ, ё биологӣ машғул гардад, шояд танҳо 20 ё 40 фоизи захираи зеҳнии худро ба он равона карда тавонад ва боқимондаи нерӯи зеҳнии худро ӯ ба он маросим ва расму оинҳои хурофотиасл равона месозад, зеро маҳз онҳо ченаки эътибор ва мақоми ӯ дар маҳалла ва миёни ёру дӯстон ба ҳисоб мераванд.
Манфиати маънавие, ки танзими расму оинҳо меоварад, ғайри қобили муқоиса бо манфиати иқтисодии он мебошад. Ин амалро набояд дар доираи як чорабинии иҷтимоӣ-сиёсӣ маҳдуд намуд. Ҳамаи он маросим ва расму оинҳои акнун азбайнрафта худ аз худ ба вуҷуд омада, дорои шакли муайяне гардида буданд ва як тоифаи муайян аз бутҳои маънавии моро ташкил карда буданд. Амали бутшиканӣ бояд ба як шеваи андеша табдил ёбад ва тадриҷан неруманд гардад ва мо бояд эътироф намоем, ки бутҳои аз онҳо қавитар ва устувортар ҳаёти моро фаро гирифтаанд, ки ниёз ба шикастан доранд. Инҳо бути мазҳаб, бути маҳал, бути ҳизб, бути бузургон ва ҳазору як бути дигар. Инсон вақте тавлид мегардад, аз ҳеҷ як аз ин бутҳо ва ҳазору як таълимоти дигаре, ки бутҳои зикргардида ба вуҷуд овардаанд, вобаста нест ва ҳеҷ рабте бо онҳо надорад, аммо ин бутҳо тавассути таълиму тарбия ва одобомӯзӣ ҳақиқати ҳаётӣ ва инсонии ӯро аз худи ӯ меситоянд ва то имкон доранд, ӯро дар бегонагӣ ва бехабарӣ аз ҳақиқати ӯ нигоҳ медоранд.
Ҳамагуна пешрафт ва дигаргунии воқеӣ маҳз аз шикастани бутҳои маънавӣ ва вуҷудии худамон, озод сохтани маънии инсонӣ аз банди хурофотҳо ва ниҳоят парвариши озодандешӣ оғоз мегардад. Танзими маросим ва расму оинҳо моҳиятан ҳамон иқдоми амалии бутшиканиро мемонад ва ин амал бояд пайгирӣ гардад.
Нуриддин ШАҲОБИДДИНОВ