Дӯсти мо- Латиф Камолӣ, Аълочии фарҳанг ва Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Беҳумуҳобот, ӯ ровӣ, ноқил, мутриб, муғаннӣ, актёр, ширинкор, бастакор, коргардон, алқисса, чиҳил ҳунар куҷо, бисёркораву садҳунара аст. Носеҳи ширингуфтор ва базлагӯи маъракаорост. Аз даҳонаш насиҳат, мақолу панду зарбулмасал канда нест. Падару модараш дониставу фаҳмида, пайғамбарона номи мувофиқу мутобиқро ба ин марди майдони ҳунар додаанд, аҳсант!

Гуфтем-ку, забони ин шахси латифгуфторро мақолҳои “Буз каму чигӣ-чигияш кам”, “Кори буз хирманкӯбӣ нест”, “Буз ҳозир-дузд ҳозир”, “Така бошад, шир диҳад”, “Бузак намур, ки баҳор меояд”, “Мебахшед, бузи мурда шохи заррин дорад, ҳа, агар як шох мезад”… ва ғайраву ва ҳоказо зебу фар мебахшанд. Дар кадом маъракае, ки ин шахси ширинкор ҳузур дошта бошад, он ҷо ҳатман садои қаҳ-қаҳа гӯши фалакро ба қомат рост мекунад.

Рӯзе дар маъракае, яке аз боғ мегуфту дигаре аз роғ, ҳамин ровии ахбору ноқили хушгуфтор чун шамъи тобон ворид шуд ва ҳамагон бо тамоми гӯшу ҳуш мутаваҷҷеҳи ӯ шуданд. Медонист, ки мардум то қиссае нашунаванд, ҷояшонро холӣ намекунанд. Маътал накард ҷомеаро ва оғозид ба қиссапардозӣ:

-Қиссаи ман бофтаву сохта нест. Шумо ин қаҳрамонро медонед. Кабкбоз мегӯянд қаҳрамони маро. Боракаллоҳ, мана, чанд кас ӯро медонистаанд. Номи аслияшро мумкин якчанд нафар бидонад, вале ӯро Кабкбоз ном мебаранд-вассалом! Медонад ва шумо ҳам, ҷонҳои ширин, медонед, ки аз кабк калимаву ибораҳои гуногун пайдо шудаанд, ба мисоли кабкӣ, кабкрафтор, кабкхиром, кабкчӯҷа, кабкҷанг, кабкнӯл, кабки дарӣ, кабки ҳилол ва ҳоказо. Яъне кабк ҷонвари бисёр зебову хушхону дилкаш аст. Барои ҳамин ҳам овозхонҳо месароянд: “Кабк- кабки масти ман, қақра зада меояд”.

Кабкбоз ошиқи ашадии кабк буд. Як кабк дошт, ки онро бо хироҷи тамоми дунё иваз намекард. Чунон дӯст медошт, ки Маҷнун ё Фарҳод, ё Тоҳир ва ё Хусрав маъшуқаашро ин хел дӯст надошта буд. Шефтаву шайдои кабкаш буд. Дар оилааш касеро баробари кабкаш намедонист. Беҳтарин дону таомро ба кабкаш медод. Кабкашро ҳамроҳ мегирифту мерафт ба маъракаи кабкбозон ва аз он ҷо лаб то ба баногӯш бармегашт. Ангор кӯҳеро ҳамвор карда, ба киштукор мувофиқ гардонда бошад. Нидои “Зафар!”, “Ғалаба!”, “Пирӯзӣ!” ҳавлиро пур мекард ва ҳатто ҳамсояҳо ҳам мешуниданд ин бонги шодиро.

Кабк дар хонаву ҳавлӣ озод буд, хоҳад-ба хонааш-қафас медаромад, нахоҳад-не. Ба хонаи соҳибхона низ озодона даро-баро мекард. Дар сари дастархон ҳозиру нозир мешуд, ягон кас вайро намеронд ва ҳад ҳам надошт. Кабки тозаву озода буд, ягон ҷойро ифлос намекард. Бисёр вақт дар сари зонуи хоҷааш менишаст ва агар дароз кашида бошад, ба сари синааш ё кифташ баромада меистод. Ба рафтори ин кабки аҳл хурду калон одат карда буданд.

Ҳар кор ва ҳар роҳе анҷому фарҷом доштагист, охир. Чархи таърих дар дастамон нест, ки боздорем ё худ ба тарафи дилхоҳ равона кунем. Аз дасти сарнавишт ҷойи гурез нест.

Дар ҳавлии Кабкбоз  Вафодор ном саге ҳам буд, ки дӯсти дуюмдараҷа маҳсуб мешуд. Ҳайбат дошт, аммо баҳудаву беҳуда акос намезад. Ягон чорворо ба назди киштукори ҳавлӣ роҳ намедод. Аз ҷойи муқарраргардидаи худ ба ҷойи дигар по намемонд. Чӣ тавре, ки мегӯянд, нусха ба аслаш баробар буд.

Нигоҳи меҳрбори Кабкбоз ҳар дам ҷониби кабкаш парвоз мекард. Ин дафъа ин нигоҳ ба як нуқта сахт банд шуд. Ранги рӯйи марди хона парид, чашмонаш гӯё аз косахонааш баромаданд. Бо шаст рафту ду зону ба замин зада нишаст. Дар рӯ ба рӯяш Вафодор дар болои ду пойи ақибаш нишаста буд. Дар байни онҳо кабки беҷон мехобид. Аз чашмони Кабкбоз шашқатор ашк ҷорӣ буд, дар ҳоле ки зор-зор мегирист, шевану нолаву фиғон мегард ҷониби сагаш:

-Ту шиками говро мекафондӣ, хуб набуд? Ба ҷойи кабкро куштан як линги гӯсоларо канда нагирифтӣ? Ё каллаи бузғоларо аз танаш ҷудо мекардӣ, як бор ҳам ҳайфи ту намегуфтам. Эй бевафо! Эй ҷафокор, эй золим! Эй бемурувват! Ин бечора чӣ гуноҳ кард, ки ӯро аз ҳаёт маҳрум кардӣ?! Ба ту дар ин хона ҷой нест! Эй шумқадам, дигар ман туро набинам!…

Касе намедонист, ки ин воқеаи мудҳиш чӣ тавр рух додааст. Саг хостааст, ки чун дигарон бо меҳрубонӣ сари кабкро навозиш кунад, ки банохост нохунҳояш ба сари кабк сахт расидаанд, ё худ аз рашку ҳасад кабкро задааст…Худо медонад.

Фалокат аз таги по мехезад, мегӯянд. Ҳама аз ин фоҷиа ғамгин буданд, ҳарчанд кирдори соҳиби хона рашку ғашашонро меовард, ба кабк одат карда буданд. Кабкбоз дар ҳамон ҳолати бар зону нишастан то бегоҳ, қариб 7-8 соат дар сари мурдаи кабкаш гирист ва рӯзҳои минбаъда низ то хеле вақт ба худ наомад.

Воқеаи ҳайратангезу баҳсбарангез ва нуқтаи кулминатсионии воқеа ҳамон буд, ки Вафодор, ки ягон соат дар рӯ ба рӯйи соҳибаш нишаста буд, ғайб зад; ба осмон баромад ё ба замин даромад, касе намедонад. Онро касе назадааст, дашном ҳам надодааст. Саги велгард набуд. Баъди даҳ рӯз ҳам пайдо нашуд, пас аз як моҳ ва як сол ҳам аз он дарак нашуд, ки нашуд. Ҳатто бачагони сагбози ашадии кунҷков ҳам, ки тамоми сагҳои деҳаро медонистанду мешинохтанд, онро дар ягон ҷо надидаанд…

Мазмун ва нақли ҷозибаноки қиссапардоз таъсири зиёд бахшид. Ҳозирин аз ду лаҳзаи ҷолиб лаззати маънавӣ гирифтанд: аввало, ноқил чунон бо ҳаракатҳои аҷибу ғариб, бо ғафсу борик кардани садо, бо чашмакзаниву абрӯпарронии бамаврид, имову ишораҳои мувофиқ ва дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳикоя изҳор кардани хушҳоливу ҳам ғамгинӣ шунавандагонро мафтуну шайдо карда бошад; дуюм ҳар кас мувофиқи табъи худ навори кинои шавқоварро ба пеши назараш овард. Хуллас, беҳтараш, мазмуни ҳикояро аз даҳони марди суханоройи шаҳир шунавед, зеро қалами беҳтарин ҳам дар тасвир кардани ҳунари волои ин санъаткори забардаст оҷиз аст.

Қиссагӯйи мумтози мо Латиф Камолӣ имсол 70-сола мешавад, вале касе синни ӯро аз 50-сола боло намегӯяд. Сирри ҷавону зиндадил мондани ин ҳунарманди мардумӣ, мумкин, дар ширу қаймоқро дӯст доштанаш бошад. Бахусус, ӯ шири бузро беҳтарин ва серғизотарин таом меҳисобад.

Ҷашни камолот муборак, эй Латиф Камол, ҳамеша бошӣ дар камол, кору борат бошад ҳалол, ягон тори мӯят наёбад завол, ба сад дароӣ бемалол!

Ҳаким АЛӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь