(Нашри мақола ба ифтихори зодрӯз, ки ба китоби ҳоло нашрнашудаам «Нақди чеҳраҳои донишгоҳ» ворид шудааст)

Албатта дар ин нигориш кӯшиши мукаммали рӯйи саҳифа овардани чеҳраи муаллим Иброҳим Усмоновро надорам. Шояд ин аз дастам наояд, барои он ки ман монанди дигар андешамандони наздик ба кору фаъолияту таҳқиқоти устод ва ҳам шогирдони ҳамешагии пешидарии эшон дар ҳалқаи асливу меҳварии усмоновшиносӣ ҳаргиз ҷой надоштаам. Фикр мекунам, то ин дам бояд аҳли назар, аҳли таҳқиқ ва хоса шогирдонашон, ки як умр бо муаллим ва ормони эшон ҳамроҳ будаанд, аллакай ин сурати аслро барои наслҳо офарида бошанд ва дар оянда ҳам биофаранд. Ман дар ин раҳгузар танҳо ба сифати як тан мушоҳидакор ҳастам, ки аз канор ва ҳошия баъзан ба умқи рӯйдодҳову ҷойгоҳи аслии чунин шахсиятҳо нигоҳ мекардаму ба хулоса меомадам. Бо вуҷуди ин банда ҳам равзанаи ба худ хосу муносиби нигоҳ ба чунин шахсиятҳо ва натиҷагириҳо дорам. Бинобар ин, ҳарчанд ин бозгӯйии ман аз муаллим Усмонов кори ба тамом комил нест, аммо ба ҳар ҳол шояд андак барои дарки бештари воқеиятҳои замона муфид ба кор ояд…

…То он ки бо чеҳраи ҷиддии профессор Иброҳим Усмонов бори аввал дар толору роҳравҳои факултети филологияи тоҷики университет (донишгоҳ), – ошёнаи панҷум дар бинои ҷазира, маъруф ба Буни Ҳисорак, – ва баъдан дар дафтари кории декани вақт бархӯрам, дар замони мактабхонӣ дар Исфара шефтаи чунин симо шуда будам. Инро ҳам бояд гӯям, ки имкони ошноӣ бо бисёр чеҳраҳои намоёни донишгоҳиямро пеш аз ворид шудан ба ин даргоҳи муаззам аввал аз ҳама ба мани толибилми мактаби миёна телевизиони ягонаи Тоҷикистон фароҳам кардааст. Ин нукта шояд аз нуқтаи назари имрӯз чандон ҷолиб нанамояд. Аммо он замон, ки василаи иттилоӣ ва ошноӣ бо рӯзгори ҷомеа танҳо аз чанд нашрия ва ягона телевизиону радиё иборат буд ва телевизион дар он рӯзгор комилан дигаргуна шуҳрату арзиш дошт, ин нукта хеле ҷолиб ба назар мерасид. Бо ҳама наврасиям аввал аз ҳама бо равишу андешаҳои устодон ва дигар шахсиятҳои илмиву адабӣ аз оинаи нилгун ошно шудаам. Баъдан довталаб-абитуриенти донишгоҳ шудаму дар толорҳои имтиҳонӣ чеҳраҳои дар телевизион дидаамро аз наздик ба чашм гирифта ва аз ин дидор олами хаёли айёми навҷавониям такон хӯрд. Ҷозибаи суҳбатҳои устодон Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторов, Раҳими Мусулмониён, Иброҳим Усмонов, Турдихон Бердиева, Мукаррама Қосимова ва шояд боз чанде дигар маҳз аз суҳбату гузориши телевизиниашон диққати маро бурда ва шайдои назарашон шудаам, ки он замон мактаб мехондам…

Чеҳраи Иброҳим Усмоновро барномаи бисёр маъруфи «Муҳаббат ва оила» дар телевизиони Тоҷикистон ба мо ошно кард ва, ба ин васила, садояшон гӯшмон шуд. Ин барномаро муштоқона интизор мешудем, муштоқона медидем, он ҳаводори зиёд дошт. Ба фаҳми онвақтаи ман дар ин барнома муҳимтарин матлабҳои хонаводагӣ, пояҳои аслӣ ва тарҳи ростини муҳаббатварзӣ аз нигоҳи завқи зиндагисозии солҳои 80-уми асри гузашта, дар айни замон, мушкила ва муаммоҳои оиласозӣ, «моҷароҳои хонаводагӣ, худкушию худсӯзӣ ва сарнавишти тифлакони зиндаятим» баррасӣ мешуданд. Дар ин барнома сабабу омилҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш, худкушии занону духтарон таъйину таъйид мешуд ва нақду таҳлили ин гуна мавзуотро муаллифи ҳодисашинос ва ровии хушгузориш басо коршиносона анҷом медоданд. Як пояи шоистаи барнома интиқоди асли хонаводагӣ буд ва муаллиф усулҳои бисёр корвару чорасоз ба миён мениҳод, то чораи ҳаллу фасли кӯргиреҳи хонаводагӣ кушода шавад. Ровии мумтоз маҳорати бисёр хоси ба сухан овардани ҳамсуҳбатонро дошт. Баъзе гуфтаҳои муаллим аз он барнома ҳаргиз аз ёд намераванд. Равшан буд, мардум ҳам ба муаллифу ровӣ эътиқоди зиёд пайдо карда ва баъзе хондаҳоям бо гузашти солҳо собит карданд, ки бархе аз оиладорон ба муаллим Усмонов «дар номаҳояшон дар баробари арзи миннатдорӣ ҳамчунин аз дарду доғи рӯзгори хеш қисса мекарданд». Ба ин маънӣ, ҳадафи «Муҳаббат ва оила» худафрӯзӣ буда ва ин бовари аҳли ҷомеа арзишманд аст, ки ин барнома «киштии бахти садҳо оилаи ҷавонро аз шикаст наҷот бахшид»-ааст…

Вақте донишҷӯи донишгоҳ шудам, донистам, ки ҳамин сурату сирати ёдмон дар барномаи «Муҳаббат ва оила» декани факултетамон будаанд. Ва ҳам декан яке аз журналистони сафи аввал, гузашта аз ин муҳаққиқи варзидаи таърихи матбуоти тоҷик мебошад, ки ҳамон солҳо ба дараҷаи баланди илмии доктори илмҳои таърих ва профессорӣ расидааст.

Инаш дар омади гап ва аммо зикраш хеле муҳим аст, ки бештари устодони тадрису таҳқиқи донишгоҳӣ дар он солҳо то замоне, ки мо ба ин ҳалқаи аъзаму азими илму таълим пайвастем, дар кишвари Афғонистон ба сифати тарҷумон ё дигар вазифаҳо хидмат анҷом дода ва аз ин кишвар бо баҳраи фаровони илмиву фикрӣ баргашта, набзшиноси олам дар масъалаҳои сиёсат ва иҷтимоиёт гардида, аз эҳтимол дур нест, ҳатто набзи умри охири шуравиро шинохта ва шояд аз оқибати кори шуравӣ огоҳ шуда буданд.

Бисёре аз устодон бо мақсади такмили таҳқиқашон аз сарчашмаҳои дараҷаи аввалу сонии илмии ин кишвар баҳраманд шуда, дар муассисаҳои оливу илмии Кобул ва дигар шаҳрҳо ба пажуҳишу тадрис пардохта ва дар доираҳои илмиву расмии олами даризабон эътироф шуда ва осорашон он ҷо ба нашр расида ва пасон дар шуравӣ ҳам соҳиби мартабаҳои расои илмӣ гардида буданд. Аз ҳама муҳим, ин устодон – чӣ солору чӣ насли миёнаву чӣ ҷавон дар он марҳалаи охири умри шуравӣ аксар соҳиби дару хона хуб ва мошин ва ба худашон тинҷ шуда буданд. Ин нукта ҳам, албатта, агарчанде аз нишонаҳои зиндагии шахсии ин устодон аст, бо вуҷуди ин ба ҷаҳоншиносии мо таъсире расо дошт. Дар он замон дар назди факултет мисли ҳозира ҳар устоду ноустод ва ҳар донишҷӯйи сараву носара чапу рост мошинаашро намегузошт. Хоса фақат чанде аз устодони мо Волгаи маъруфи «Газ-24-10» доштанд ва онон бо салиқаҳои хос сари чанбараки «Газ» менишастанду онро бо завқи хос меронданд. Яъне, таҳқиқашон ҳам вежа буду шеваи зисту олами зиндагидориашон ҳам. Шояд ҳамакнун ин нуктаро гуфтан мумкин бошад: зиндагии он устодони суханшиноси донишгоҳ як андоза ба сатҳи зиндагии ашрофона расида буд, аммо рӯйдодҳои замон дар буришгоҳи ду сохт – шуравӣ ва пасошуравӣ он тарзи зисти ашрофиро халалдор кард. Ба ин маънӣ вазъи иҷтимоии он устодон асосан дар сатҳи шоиста қарор дошт. Ҳатто ба тарзи рафту омади устодон, тарҳи либоспӯшиашон диққат додаем. Он замон дипломатбардорӣ, шляпапӯшӣ, галстукбандӣ барин зуҳурот дар шакли баланд расми хос ба даст оварда буд. Аҷаб замоне, аҷаб бардоште аз устодон аст. Ҳоло андеша дорам, ки байни шеваи зиндагӣ ва расму равиши кори он устодон бо намуди зиндагии устодони нав ба арсаи фаъолият омадаи баъди солҳои 90-ум хеле кам қобили арзёбӣ аст. Онҳоеро дар назар дорам, ки ба тадрису таҳқиқи донишгоҳӣ дар охири умри шуравӣ ва ё аввали истиқлол – замони тангно ва тиҳигоҳи иҷтимоӣ, камсадоқатӣ ба ормонҳои миллӣ, камимонӣ, аҳди вазнини баҳсу набарди қишрҳои ҷомеа, гургҷӯшӣ, кашокашу кушокуш, ғорат, кампуливу гуруснагиву камнонӣ сари кор омада ва умдатарин вежагии омадани онон ба арсаи кори таҳқиқ бо маҳрумияти иҷтимоӣ ва қашшоқии маънавии ҷомеа гиреҳ мехӯрд. Хоҳем нахоҳем, бархе устодони баъди анҷоми кишвардории шуравӣ ба арса омада, – аз пешонову тақдирашон будааст, – дар айни авҷи беназмӣ, дар замони зуҳури камталабӣ ба илм пайвастанд, аз талаби сахту сангини илм ва аз ҷӯшишгоҳҳои бузурги илмӣ нагузаштанд, ба маънои томаш мактабшиноси илм нашуданд ва аз ин хотир, табиист, ки дар деги танги афкори замон ҷӯшиданд… Агар ҷӯшида ҳам бошанд, буҳрони он замон ва кашокаши танги иҷтимоӣ инҳоро аз бисёр чизҳо маҳрум кардааст.

Яке аз мондагиҳо ва нодидагиҳои аҳли илм дар солҳои навадум маҳрум будан аз иқтидори баланди ҳаққи қалами олимӣ аст, ки дар замони шуравӣ он устодонамон аз он хубу хуш ва фаровон баҳравар буданд. Ман агар шунидаҳоямро аз устоди шодравон Атахон Сайфуллоев ва шоири номӣ Аҳмадҷони Раҳматзод дар бораи файзи ҳаққи қалам ба олимону адибон дар аҳди шуравӣ нақл кунам, оби даҳонатон ҳатман хоҳад рехт. Зимне, ки устод Раҳматзод чунин нуктаҳоро бо як ҳаяҷони ба худ хосашон нақл мекарданд, нависанда Муҳаммад Субҳон (ҳоло бемор) «биё, мон, Аҳмадҷон, ҳаваси бачаро наёр, дилашро аз кор хунук накун» гуфта гапро ба дигар тараф такон мебахшиданд…

Бо вуҷуди ин, шукр, ки ба идомаи гузашти вақт ва вусъати замон бисёр чизҳо ба ҷойи худашон омаданд. Шукр, ба Истиқлоли миллии мо 33 сол шуд ва то ҳол ҳам устодони хушманиш, хушравиш ва баҳраманд аз шеваҳои корвару чорасози таҳқиқ, ки дар марказҳои бузурги илмии он давра ва бо андухтаҳои фаровон ба камол расидаанд, ҳастанд. Яке аз онҳо муаллим Усмонованд, ки барои имрӯзиён намоди бисёр равшани илму таҳқиқанд, аз шеваҳои мумтози онон имрӯз фаровон суд ёфтан аз вазифаҳои муҳимми замони мост.

Устодоне монанди Усмоновро додаҳо, фарояндҳо ва фаровардҳои илмии шуравӣ ба дараҷаҳои баланд расонида ва инҳо дар сатҳи зарур дар тахассуси баргузидаашон мактабдида ва таҳсилдида шуда буданд. Инҳоро мактабҳои неруманд ва даргоҳҳои азими ормонҳои матбуотшиносӣ дар қаламравҳои рақами якуми он замон – Маскаву Лениград ва дигар шаҳрҳо обу тоб дода буданд. Садоқати инҳо ба ормонҳо ва принсипҳои аслии таҳқиқ комилан дигар аст…

Пас, ин падидаҳо, чунин зуҳурот ва азаммати илмиву ҷозибаи сухани ин гуна чеҳраҳои шинохтаи илму адаб ва матбуот аввалин василаи таконбахши руҳу ормонҳои донишҷӯйии мо буданд. Сонӣ ин бардоштҳои моро дигар падидаҳои айёми бозсозӣ ва зуҳуроти оғозини даврони истиқлоли миллӣ ва давраҳои дигар такмил ва равнақ бахшиданд. Ман аз он хеле хушнудам, ки пайванди мо ба олами илму адабу иҷтимоъ маҳз дар ҳамин солҳо рух дод ва агарчи ба сабаби дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва вайрон шудани вазъи зисту рӯзгор, фароварди як давлати муқтадир ва ибтидои фарорасии истиқлол, сар задани муноқишаҳои ҳангуфти иҷтимоӣ ва ғайра баҳраёбии мо аз замона ва таркиби улуму фунуни замона шояд дар аввал чандон амиқу усулӣ нашуд, бо вуҷуди ин моро аз бисёр нуктаҳо баҳравар гардонид.

Чеҳраи Иброҳим Усмонов дар чашмандози ман чун як декани идеалӣ, тахассусманди ба маънои томаш таҳсилдида, сарвари бисёр донову огоҳи факултети филологияи тоҷики донишгоҳ дар як давраи ҳассос, мураккаб ва сарнавиштсози миллати тоҷик ва… монд. Ҳарчанд ба мо – тахассумандони нави ормонҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс надода, аммо ману мо шефтаи ҳузури маънавӣ ва сарварии Усмонов будем, ба бисёр масъалаҳо дасти дари деканат ва деканро медоштем, то ба хоставу мушкиламон расанд. Сухани Усмонов, ҷозибаи таъсири гуфтаҳояшон диққати маро ба дуриҳо бурдааст.

Хуб, давраи аввали таҳсили мо (1988-1990) ба замони бозсозӣ рост омад, ҳарчанд як давраи бисёр тезу тунде буд, ба ҳар ҳол тоҷик ном мардум ҳоло муноқишаи бемаъниро ба сар нагирифта буд, аммо баъди баҳманмоҳи соли навадум гӯё дунё дар назари мо хеле чаппа гашт, бехабар аз он ки рухдодҳои мазкур аввали кор буда ва дар идома боз аз он бадтар гӯшношудаҳояш рух хоҳанд дод. Ҳарчи ҳам бошад, ба сатҳи фикру назари мо рӯйдодҳои баҳманмоҳи 1990, тирамоҳи 1991, хоса баҳорони 1992 ва дигар ҳаводиси айём бо ҳама дуруштиву харобиовариашон сахт такон бахшидааст, то ин ки сараро аз носара ва сиёҳро аз сафед каму беш тафовут ва тамйиз бахшем.

Дар давраи донишҷӯйии мо аз сабаби он ки баъди фаро расидани бозсозии давраи Михаил Горбачёв муносибат ба ҳар падидаи ҷомеашиносии шуравӣ бо такя бар усули таълимоти марксистӣ-ленинӣ, аз ҷумла таърихи ҳизби коммунист, асосҳои фалсафа – материализми диалектикиву таърихӣ, таърихи фалсафа, коммунизми илмӣ, иқтисоди сиёсӣ, атеизм ва ғайра тағйир ёфт, ҷойгоҳи онҳо дар назари донишҷӯи он замон ҳам хеле танг-танг гашт. Марксизму ленинизм дигар назарногирона як таълимоти бисёр камарзиш менамуд. Афзун бар ин бисёр устодони фанҳои ҷамъиятӣ – таърихи ҳизб, коммунизми илмӣ, иқтисоди сиёсии марксистибунёд дар назди донишҷӯ камэътибор шуда монданд. Айёми бозсозӣ чунин пеш овард. Ҳатто баъзе донишҷӯён баъзан дар муносибат ва ҳурмату эҳтироми устодон аз доираи одоб берун шуда буданд. Баҳсҳо сари митингҳои назди ҷазира, қаҳрамонони онро бисёриҳо ёд доранд, аксари онҳоро ҳоло ҳам сари бисёр корҳои муҳим мебинем. Моҳияти он давраро барои насли имрӯз фаҳмондан мушкил аст, ин нуктаро онҳое дарк мекунанд, ки дар меҳвари ҳаводису рӯйдодҳои он айём қарор доштанд.

Чунин тарзи муносибати донишҷӯро ба устоди он замона ман дар мисоли рӯйдодҳои вобаста ба масъалаи дарсҳои файласуф Камол Ёқубӣ метавонам собит намоям. Чун замони ошкоргӯйӣ буд ва донишҷӯйи аз ҷиҳати мафуравӣ нав аз қафаси фикрӣ баромадаи нимаи дувуми солҳои 80-уми якравии хоси иҷтимоӣ дошт, гӯё дар қазовати дониши устод ҳам пешдастӣ мекард, шахси устодро ба басаводу бесавод ҷудо менамуд. Ва, аз ҳама аҷоиб, донишҷӯ гӯё ҳаққи чунин қазоват пайдо кард, ки ин дарс ба мо даркор инаш даркор нест. Дар ҳамин маврид, бархе ҳамдарсони мо ба дарси фалсафаи Камол Ёқубӣ часпиданд: Фалсафа чӣ даркор аст, фалсафаи Маркс дигар ба кӣ ва чӣ ба кор меояд? Тоҷикон фалсафа ва файласуфони қадимии бузурги худиро доранд, чӣ ҳоҷат ба Марксу Энгелсу Ленин? То кай мо аз маймун пайдо шудани одамро мехонем ва монанди ин. Албатта, дуруст, баъзе аз қазоватҳо аз дигаргун шудани меъёри шинохти замон, нуфуз ёфтани арзишҳои милливу мазҳабӣ ва вусъати афкори ҷомеа дар он марҳалаи ҳаёт дарак медоданд, аммо бо вуҷуди ин баҳсҳо сари ин гуна нуктаҳо баъзан бисёр шадид ва тезутунд мерафт.

Дар айни авҷи масъалаи Ёқубӣ баъзе аз донишҷӯёни курси мо бо руҷуи хаттӣ ба декани факултет ин хостаро пеш ниҳоданд, ки дигар ӯ дарс надиҳад. Кашокаш зиёд гардид. Декан Иброҳим Усмонов як маҷлиси хеле калон барои мо дар толори ба истилоҳи замон ТСО ташкил карданд. Ба ҳамаи суханони донишҷӯ бисёр вазнин ва бо мусолиҳа гӯш карда ва бардошткорона, бисёр мунсифона, бе расидан ба амбитсияи донишҷӯйӣ, устодона, чун раҳбари оқили як маркази муҳимми илмиву таълимии донишгоҳ ба ҳамаи саволҳо ҷавоби расо ва мушаххас доданд. Гап аз даҳони донишҷӯ набаромада, ба он посух расониданд. Ана донишу мана дониш, мегуфтам ман, ана фаҳмишу биниш. Дар он ҷаласа масъалае намонд, ки донишҷӯ аз болои он арзу доду шинкоят накарда бошад ва ҷавобе намонд, ки домулло Иброҳим Усмонов ба он надода бошанд. Дигар касе лол нагуфт, ҳам ҷиму ором монд, ба даҳанаш об гирифт, ба ҷуз чанд донишҷӯи ба назар даҳонкалон, ки барояшон аз аспи ғурур ва ё узангуи фикр фаромадан шояд мушкил дошт. Ба назарам маҷлис аз се соат бештар барпо шуд. Натиҷа ин гардид, ки муаллим Камол Ёқубӣ алорағми шикояти донишҷӯён аз дарс додан маҳрум нашуд…

…Дар таҳқиқ ва шигофиши илмӣ ҳам ҷойгоҳи Иброҳим Усмоновро як шахсияти бисёр матин, сахткӯш ва иродатварзи камназир метавон арзёбӣ кард, аммо ба таври ҷудогона бояд ин корро анҷом дод, дар зимни ин мақола ман ҳам имкон надорам аз ин ҷанбаи кори муаллим васеъ сухан ба миён оварам. Танҳо хеле фишурда чанд нукта менависам: Поймардиашон хоса дар сари ақида як вежагии умдаи олимии эшон аст. Агарчи дар ин чандин сол ба тарафашон сангу порсангҳо зиёд партофтанд, аммо аз ақида ва азму суботу матонати илмияшон заррае дур нарафтаанд, шояд заррае накоҳида бошанд. Ба ҳаллу фасли мавзуи рӯйовардаашон бо як равиши мумтоз муносибат карда ва ба ҳар матлаб бо мӯйшикофии хос ва дониши бештари фароҳамомада аз таҷрибаҳои умда ва мутолиаи пайваставу густурда рӯй овардаанд. Дар баҳсу баррасӣ ба тарзи худашон якраванд. Албатта, ин нукта нав нест, ки фикри илмии ҳар олим дар ҳар марҳалаи баҳсангез дар айни кашокашҳои сахту тундрави иҷтимоӣ шакли хос мегирад. Медонем, ки осоре монанди «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ дар давраи ҳассоси фикрии ҷомеа ва ҷунбуҷӯшҳои сахти иҷтимоӣ ба миён омадааст. Иброҳим Усмонов баробари муҳаққиқи номвари таърихи матбуоти тоҷик кӯшидаанд, ки чеҳраашонро чун тоҷикшинос низ муаррифӣ кунанд. Аз асарҳояшон дар ин замина хуб мефаҳмем, ки тайни солҳои дуру дароз саъю талош дошта, то мавод ва матолиби зиёде дар мавриди аслу насаби миллати тоҷик ва забону адабиёти он ҷамъ оваранд ва бо пофишории хос ва бо такя бар далелҳои ба назарашон раднопазир дар шинохти умдаи ҷойгоҳи тоҷикон ва забону адабиёташон саҳми арзанда гузоранд. Тамоми ҷусторҳои илмии тоҷикшиносии Иброҳим Усмонов дар асари сеҷилдаи «Тоҷикнома» (2018, ба тоҷикӣ ва русӣ «Таджикнаме», дар маҷмуъ 866 саҳифа) фароҳам омада, ки иборат аз китобу рисола, мақола ва мусоҳибаҳо дар ин замина дар зарфи 45 сол аст ва онро чандин бор гаштаву баргашта варақ гардондам, то ба хулосаҳои амиқ расам. Ин асарҳо тарҳи навини бознамоии таърихи тоҷикон ва андешаи расои тоҷикона дар дарозои асрҳои гуногун ва арзёбии муаммоҳои умдаи он дар замони имрӯза мебошанд.

Муаллиф бо шеваи шоистаи илмӣ ва гоҳо бо истифода аз сабки матини публититсистии таҳқиқи таърих ба бознамоии арзу тӯли гузаштаву имрӯзаи тоҷикон, тақдири забон ва адабиёти эшон камари ҳиммат баста ва сайри кунунии тоҷикшиносии ватаниву беруниро ранги равиши хос бахшидаанд.

Вежагии умдаи ин китоб баҳсу мунозираҳои пайваста дар заминаи меҳварии миллати тоҷик – баҳсҳои номи забони миллии тоҷикон ва раванди дигаргуниҳои хати онҳо мебошад. Инҳоро бояд бо бардошту тамкин хонд, то дар бисёр маврид нуктаҳои он ба таври зарурӣ ва судбахш ба кор гирифта шавад.

Инро ҳам гӯям, ки ба ҷойгоҳи ин асари муаллим Усмонов дар баробари арзишҳои умдааш ҳатто аз дидгоҳи интиқодӣ ҳам метавон наздик шуд. Яъне, албатта, имкон дорад дар чанд маврид бархе аз дидгоҳҳои эшон рад шавад ва бо ин нуктаҳо бо муаллифи равшанзамир дар бархе қазияҳо, албатта, баҳс шояд кард, ки ин ҳақиқати безарар ва раванди мусоид ба пешрафти афкори тоҷикӣ аст. Аммо бояд чунин баҳсҳо дар доираи талаби асли таҳқиқ ва риояи расму одобу этикети илмӣ, бе расидан ба нафсу иззати шахсият сурат гирад. То ҷое, ки медонам, профессор Усмонов ва ҷонибдорони ашаддии баҳси истилоҳи форсӣ-тоҷикӣ ва тарғибгарони тағйири хат дар Тоҷикистон беш аз бист сол аст, ки дар пархоши васеъи илмиянд (албатта инро ҳам бяд гӯем, ки на ҳама матлабҳои устод Усмонов дар ин замина қобили пазиришанд).

Аз назари ман, бархе аз он мунтақидони Усмоновро ҳаргиз ёрои он нест, ки аввал аз ҳама ба дастранҷи илмиву пажуҳандагии муаллим дар зарфи ним қарн баҳо диҳанд ва сари имону ихлос оранд, нуктаҳои барои худшиносии тоҷикон муфидашро сарабинона арзёбӣ ва пазироӣ кунанд ва, дар баробари ин, он чи нуктаҳои заъф ва камбуду нуқси ҷусторҳои эшон аст, усулан ва илман, бо эътибор ва эътирофи инсониву илмии соҳиби пажуҳиш ҳаллу фасл намоянд.

Интиқоди яксӯнигаронаи корҳои муаллим Усмонов аз боби тоҷикшиносӣ ва баҳсҳои тундравонаи забону алифбо ҳаргиз бар суду манфиати илм дар ҷомеаи кунунии мо ва ба хотири равнақи афкору андешаҳои илмӣ нест, баръакс он баҳсҳои шадиди саркӯбкунанда асту халос. Бояд аз тариқи вежаи илмӣ ба кор бурд, аммо баҳсу пархошҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тайи чанд сол ҳузур доранд, комилан фурӯгузор кард, ки ба худшиносии миллии мо дар ин асри пурҷаро кам манфиат меоваранд (доираи баёни мавзуъ дароз аст, боз дар ягон вақти муносиб имкони нигариш бар он шавад)…

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь