Шоири ҷавон ва рӯзноманигори пуркор Бузургмеҳри Баҳодур китоберо бо номи “Эътирофи тоҷик” тақдим кард, ки ба тозагӣ чоп шудааст. Рӯзҳои шабеву якшанбе бароям гӯё кори аз ин муҳимтар набуд, ки ин китобчаи ҳаҷман хурд, вале хеле ҷолибу хонданиро саропо бихонам.
Аз мутолиаи китоб бешак касро як ҳисси ифтихору фараҳ фаро мегирад. Донишмандоне аз Аврупову Осиёву Русияву Амрико миллати моро аз диди худ муаррифӣ кардаанд. Онҳо дар асарҳои пажӯҳишии таърихӣ, бостоншиносӣ, нақди адабиву осори қадима ба гузаштаву имрӯзи миллати мо руҷуъ кардаву пеш аз ҳама барои ҳамқавмони худ ва ҷомеаи илмиву адабии олам ТОҶИКРО шинос кардаанд.
Бузургмеҳри Баҳодур як хидмати мондагор анҷом додааст. Ӯ бештар ба навиштаҳои касоне рӯ овардаасту аз миёни осори онҳо шарҳи вожаи “тоҷик”-ро чун миллат ҷустааст, ки аксари онҳо барои ҳатто ҷомеаи илмии кишварамон камтар ошност.
Ин иқтибос аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки китоб бо он оғоз шудааст: “Мо ҳақ надорем, ки аз садоҳои ҳангомаҷӯёни худиву бегона сарнавишти таърихии ҳазорсолаҳои мардуми хешро, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ ибтидо меёбад, нодида гирем ё инкор намоем. Мо ҳеч гоҳ ҷонибдори бартарияти милливу нажодӣ нестем ва нахоҳем буд. Ҳар як миллат ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки решаҳои аслии хешро омӯзад, воқеияти таърихиашро донад ва дар бунёди ҷомеаи мутамаддин аз таҷрибаи гузашта истифода кунад (соли 2006)”.
Ҳамзамон хабар медиҳам, ки муаллиф чанд нусха аз ин китобро ба Китобхонаи миллӣ низ тақдим намуд, ки хоҳишмандон метавонанд онро дар ҳар толори хониш дархост ва мутолиа кунанд.
Инак, сарсухани китоби “Эътирофи тоҷик”:
Б.Шафеъ
Мушк он аст, ки худ бибӯяд…
(ба ҷои пешгуфтор)
Нагуфтӣ, надорад касе бар ту кор,
Агарчи бигуфтӣ, далелаш биёр!
Саъдии Шерозӣ
Дар мардуми мо масали хуҷастае ҳаст: “мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд”. Китобчаи мо ҳам ҳамин масалро пурра муҳри тасдиқ мезанад. Дар он ховаршиносону таърихнигорону хомакашону андешамандони хориҷӣ нисбат ба тоҷик, Тоҷикистон ва таъриху тамаддуни он назар додаанд. Ҷамъи гуфтаву навиштаҳои онҳо сифати ҳамон мушк, ҳамон накҳати милливу худшиносии мост, ки на аз забони мо – соҳибони ин миллат садо медиҳад, балки аз забони муштариёну ҷӯяндагони ин фарҳанги хуҷаста садо медиҳад.
Мо ҳатто аз овардани суханони тоҷикшиносону эроншиносон ва ховаршиносони қаламрави Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ худдорӣ кардем. Дар ҳоле ки онҳо, бавижа устодон Садриддин Айнӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Саид Нафисӣ, Маликушшуаро Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Абдул Аҳмад Ҷовид, Ҷавод Сиддиқӣ, Ғулом Ҷелонии Доварӣ, Абдухолиқи Лаълзод… аз рӯи сидқ ва ҳақиқати илмӣ дар шинохти тоҷикон корҳои шоиста анҷом дода, рисолаҳои арзишманд ҳам навиштаанд. Агар нотавонбинони фарҳангу таърихи мо ба масали Абдуллоҳи Ансорӣ: “Дар хона кас аст, як ҳарф бас аст!” сидқ варзанд, танҳо иншои мақолаи ноёбу нодири “Маънои калимаи тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ бас буд, ки ба ин баҳсҳо нуқтаи ниҳоӣ гузорем, аммо чӣ чора… Ҳамаи ин таъкиду эътирофномаҳои, асосан, ҷаҳони Ғарб бахши кӯчаке аз китоби нави мост, ки дар остонаи 100-умин солгарди пайдоиши кишваре бо номи Тоҷикистон дар харита (соли 1924 давлати мухтор дар иҳотаи Ӯзбекистон) ва 100-умин соли нашри рӯзномаи нахустини миллат, рӯзномаи аввалини давлати Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” (соли 1925 бо номи “Иди тоҷик” аз худ паём дода буд) чоп мешавад. Бад-он хотир чопи ин бахши кӯчаки китобро зарур шумурдем, ки таърх такрор шудан дорад. Айнан солҳои бистуми асри ХХ хатари нобудии қавми тоҷик, нобудии забону фарҳанги вай меафзуд ва як гурӯҳ таърихмаобону илмфиребон даъво пеш меоварданд, ки чунин миллате нест. Гуфта мешуд, ки тоҷикон ба Осиёи Марказӣ ё ҳамон Варорӯд омада ҳастанд, на соҳибони ин марзу бум. Агар он замон чунин даъвоҳои бебунён танҳо тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, минбарҳои сурхи инқилобӣ паҳну парешон мешуд, ҳоло – дар оғози солҳои бистуми асри ХХI бо шаклҳои нав, тавассути шаҳри бедарвозаи “интернет”, телевизион ва баргузории конфронсу ҷамъиятҳои пантуркистӣ, чопи китобҳо бо забонҳои хориҷӣ ривоҷ дорад. Дар чунин ҳолу ҳавои буғранҷ интишори эътирофномаҳои бузургони ҷаҳон ба номи тоҷикон саривақтиву зарур шумурда шуд. Фарқ дар он аст, ки дар садаи рафта “нидои” даъвогарони суст ва илованависиву изофанависиҳо бо суръат то ба Маскав мерафт, аммо имрӯз тавассути шабакаи ҷаҳонии Интренет ба ҳама гӯшаву канори дунё мерасад ва якбора мағзу шуури миллионҳо касро фаро мегирад. Кор ба ҷое расида, ки иддаъо ва дурӯғпароканиҳои пайваста мафкура сохтааст. Мебинем, ки дар конфронсу нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳам дурӯғҳои ғайриилмиву ғайримантиқии як гурӯҳ таърихмаобон ба «ҳақиқат» табдил меёбад. Мо дар ин сад соли охир ба баъзе қаламравҳои таърихии тоҷикон, ки дар ҳудуди имрӯзаи ҳамсоякишварҳо мондааст, даъво надорему даъво пеш наёвардем. Ҳар қадр мехоҳанд, бо хуҷастагиҳои он шаҳру он водиҳо бинозанду биболанд, аммо на ба он ҳадде, ки таърихи асрҳои мозиро аз пештоқи он биканӣ ва бигӯӣ ин моли мо буд. Ин ба он монад, ки хона ё кӯшки зебову нақшинро аз касе бибарӣ ё бихарӣ. Пас, ҳама ёру дӯстон, хешу пайвандонатро зери боми он ҷамъ овариву бигӯӣ, ки ин нақшро бобои ман андохта, ин шоҳсутунро падари ман рост карда, хиштҳоро амаки ман рехта, гулгашту боғашро ман шукуфоӣ бахшида… Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чи хуб фармуда:
Газоф, эй дӯст, н-ояд з-аҳли таҳқиқ,
Мар инро кашф бояд, ё ки тасдиқ.
Як гурӯҳ ба ном “пажӯҳишгарону ҷӯяндагони ҳақиқат” дар гирду бари кишвари мо, дар атрофи сарнавишти таърихии мо худро қасдан ба ношунавоӣ мезананд, сарчашмаҳои дасти аввалро нодида мегиранд, ҳатто Зардушту Авесторо ҳам моли худ медонанд ва китобҳои чандҷилда менависанд, то ки ҳақиқатҳои таърих таҳриф гарданд. Мо бояд дониста бошем, ки пушти чунин касон неруҳои дигаре истодаанд, вагарна чанд тан наметавонанд қасдан ва саросарӣ ба инкори пайвастаи сарчашмаҳои куҳани таърих бипардозанд. Ин дар ҳолест, ки Ричард Фолтс (Richard Foltz, зодаи соли 1957), як тан аз ховаршиносони номвари Канада, шогирди Ричард Фрай Нилсон дар як мусоҳибааш бо рӯзноманигорони тоҷик дар соли 2018 гуфтааст: «Дар Осиёи марказӣ ҳанӯз ин гуна даъвоҳо ҳаст, ки чӣ ё кӣ моли кист? Дар дунёи илм ин масъалаҳо ҳал шудааст ва касе шак намекунад, ки фарҳанги Осиёи марказӣ аз тоҷикҳост». Ёдовар бояд шуд, ки Ричард Фолтс нахустин китоби хешро дар ҷаҳони Ғарб бо номи «Таърихи тоҷикон: эрониҳои шарқӣ» («А History of the Tajiks: Iranians of the East») бо забони ангилисӣ чоп кард, ки барои мо падидаи нодирест. Баъди рӯнамоии ин асараш дар Лондон ба радиои ВВС чунин мегӯяд: «Фикр мекунам, бо китоби «Таърихи тоҷикон: эрониҳои шарқӣ» халое (холигоҳи илмиву иттилоотӣ-Б. Б.), ки дар бораи тоҷикон дар Ғарб ҳаст, пур нашудааст, аммо қадами аввал гузошта шуд». Чаро мо дар ин дебоча аз Мейендорфу Семёнов, аз Ханикову Бартолд иқтибос наовардаву якбора аз насли нави шарқшиносон мисол овардем. Ба он хотир, то даъвогарони нав донанд, ки дар садаи ХХI ҳам бузургони андешаманди ҷаҳон соҳибону офаринандагони ин тамаддунро – тоҷиконро эътироф доранд. Бори дигар “ба кӯр асо” нишон дода шавад, ки дар асрҳои минбаъда низ фардҳои боҳиммат ва ҳақиқатҷӯ меоянду буҳтону ҳазёнҳои таърихнамоёнаро хати бутлон мезананд. Боз хоҳишеро афзуданӣ ҳастам, ки на танҳо таърихнигорони мо, балки ҳар фарди бедор ва барои сарнавишти миллаташ дилсӯз дар тақвият ва ҳамовозии бузургони дунё дар эътирофи “қавми муаззами тоҷик” (таъбири устод Садриддин Айнӣ) камари ҳиммат бибандад ва коре бикунад. Танҳо бо умеди номаҳои эътирофии хориҷиҳо нанишаста, “ин кори таърихшиносон аст” нагуфта, худ низ аз ҷилд-ҷилд сарчашмҳои ҳанӯз рӯ нанамуда, зери чангу ғубор хуфта далелу мадракҳои дандоншикан ёбанду ба ҷаҳониён, пеш аз ҳама ба худамон муаррифӣ намоянд. Ҳоло дарёфтани як паёми кӯчак, аммо тасдиқшуда аз гузаштагон ва тарҷумаву тарғиби он бо забонҳои эътирофшудаи дунё баробар ба навиштани як рисола шудааст. Як навиштаи кӯчаки таърих ончунон баҳсу мунозираро гоҳе ба миён меорад, ки бо созмон додани ҷаласаҳои бузург чунин мубоҳисаву мусоҳибаҳоро наметавон дарёфт ва ангеза бахшид. Сомон додани ин кори ҳумоюн, яъне дарёфти паёмҳои тоза аз сарчашмаҳои асилу дастнохӯрда тарбияти дастхатхонони хушбин, матншиносони қавӣ, нусхашиносони боҷуръат, тарҷумонҳои доно, шоиру нависандагони милливу бодилугурда ва дипломатҳои зиракро мехоҳад.
Дар ин сурат, мо ниёзмандии шадиди миллат ба давлат ва давлат ба миллатро эҳсос мекунем. Бавижа, ҳушмандиву омодабошии дипломатияи милливу давлатии мо дар ин замина сахт корсоз хоҳад буд. Дирӯз низ ва имрӯз ҳам дар ҷаҳон пушти ниқоби дипломатия ду чеҳра меистад: яке бо чарбзабонӣ туро оғӯш мегираду дастонатро бо табассуми малеҳ мефишорад, ба садҳо коғазу шартномаву ҳуҷҷат имзо мегузорад, дигаре бо додани иҷозатномаву фармону роҳнамоӣ ба ҳаммаслакони хеш дар самту соҳаҳои гуногун ба решаи миллату давлатҳои бо судҷӯиҳои худ носозгор теша мезананд. Ҷалби сармоя ба чопи беҳтарин сарчашмаҳои бузургон бо забонҳои гуногун, тарғиби пайвастаи он дар шабакаҳои иҷтимоиву оинаи нилгун, тарҷумаи ҳамон бахши осори бузургони дунё, ки ба тоҷик, тоҷикон ва Варорӯд бахшида шуда бошад, бениҳоят зарур ва ҳатмист. Ҳар чи зудтар чопи осорномаи тоҷикшиносӣ дар ин росто кори шавқмандонро неру хоҳад бахшид. Яъне, ҳадди ақал ба рӯйхати муфассали сарчашма (осорнома) ва адабиёти илмиву бадеии ба тоҷикон бахшидашуда ниёзмандем. Бидуни шубҳа, ҷаҳони хабару иттиллот ҷанги мафкуравӣ мехоҳад. Шиори “Он кӣ иттилоот дар дасти ӯст, идораи дунё дар дасти ӯст” як каме беқурб шуда, ранги дигар гирифтааст: “Он кӣ иттилоотро дуруст идора мекунад, ҷаҳон дар дасти ӯст”. Ин шиорҳо бесабаб падид наомаданд ва дарки зермаънои онҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки доштани паёму пайғоми гаронмоя аз ниёгон ва имрӯзиён ҳоло сабаби камолу ифтихор нест, балки онро ба даст ва гӯши ҷаҳониён расондан, тасдиқ ё инкори онҳоро ба манфиати миллӣ истифода бурдан, асли кор асту бас! Сарварони кишварҳои зирак дар баробари афзудани неруи низомӣ, асосан ба таҳкими қувваҳои хабарбару хабаррасон такя доранд. Ин шеваи мубориза садҳо бор корсозтар аз ҷангу куштор шуда. Баъзе аз роҳбарон барои таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварашон аз ҳама шева кор мегиранд. Яке агар ба ғорати кишвари дигар ваҳшиёна машғул аст, дигаре бо сохтани ҳаста мехоҳад ном барорад, яке ба коинот мушак равон кардаасту дигаре ба ғорати мероси фарҳангии миллати дигаре сахт саргарм аст, яке бо маблағи ҳангуфт бозигари маъруфи футболро ба кишвараш меорад, то тавассути он дар мадди назарҳо бошаду назарбаландтарин шахсони дунё айнаки сиёҳ аз чашм гирифта, ба онҳо бингаранд, дигаре бо офаридани мағзҳои бузург (базаҳои ҷамъоварии иттилоот) метавонад дар дилхоҳ қаламрав идеологияи хешро роҳандозӣ намояд, ҷангро ангеза бахшад ва табаддулот ба бор орад… Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2006 дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” навишта буд: “Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд халқу миллатҳо симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи муқаддаси ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад”. Бибинед, чопи “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ ва тақсими хона ба хонаи он аз тарафи Сарвари кишвар дар ҷаҳони порсизабонон чӣ шӯру шараре ангехт. Дар Эрону Афғонистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои бузурги Аврупо, ки он ҷо порсизабонон муқиманд, ин ибтикори тозаро бо фараҳи бепоён пазируфтанд ва дар покизагии андешаи миллӣ қадами ҷиддӣ арзёбӣ карданд. Мо, бешакк, ба ин ва бештар аз ин худсозиву худшиносониҳо ниёз дорем. Нависандаи ин сатрҳо як бахши ин навиштаҳоро аз забони русӣ ва хатти порсӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва баргардондааст. Саҳву хатое рафта бошад, аз дӯстон ишора шавад, то дар нашрҳои оянда ислоҳ гарданд. Таъкиди дигар ин аст, ки хонанда ҳар ҷо бо номвожаи “Туркистон” вохӯрд, бояд донад, ин номвожаи сохта ҳамчун ифодагари Варорӯд ё Осиёи Марказӣ истифода шудааст, вале ба Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ҳеч иртибот надорад. Банда дар ин замина пайи ҷамъоварии паёмҳои тоза ва навиштани мақолае ҳастам. Бештари аҳли назар пайи радди ин номвожаи сохта ҳастанд. Дар раванди худшиносӣ ин китобча, агар шараре гаштаву лаҳзае ҷодаи як пажӯҳандаи ҷавони таърих ё дили ташнагони паёми тозаи тоҷикшиносиро афрӯзад, худро ба муродрасида медонем.
Бузургмеҳри БАҲОДУР