Сирояти коронавирусии COVID-19, ин бемории контогенозии баланд буда, асосан ба роҳҳои нафас осеб мерасонад.
Аввалин бор дар вақти татқиқоти илтиҳоби атипикии шуш, духтур – Ли Вэнлян ин бемории вирусии навро 2019-nCoV, дар байни беморони шаҳри Ухани мамолики Чин муаян намуд, ки эпидемияааш дар авалҳои моҳи декабери соли 2019 оғоз гардид.
Номи беморӣ бо забони англиси «CоronaVIrus Disease- 2019» мебошад. Ин бемори аз тарафи сардори иттиҳоди нигоҳдории тандурустии ҷаҳон Тедроса Аданома Гебрей низ эълон гардид. Маълум гардид, ки коронавируси нав аз ҷиҳати таркиби антигенӣ ба коронавируси- SARS-CoV (Severe Acute Respiratory Syndrome), ки соли 2002 эпидемияааш гузашта буд ва сарчашмаи сирояташ куршапаракҳо ва морҳо дониста шуда буданд, монадӣ дорад. Ҳамин тавр дар ҳолати истифодабарии истилоҳ бояд донем, ки «COVID-19» ин номгӯи беморӣ буда, онро коронавирус 2019-nCoV пайдо намудааст. Синоним COVID-19-NCP (Novel Coronavirus Pneumonia), ин номгӯи лаҳзавист, ки олимони Чинӣ онро 9-уми февраля соли 2020 номгузорӣ намудаанд.
Имрӯз чи маълумоте дар бораи ин вирус медонем, сарчашмаи сирояти коронавируси «COVID-19» одамони сироятёфта, кӯршапаракҳо ва морҳо мебошанд.
Давраи инкубатсионнии беморӣ, яъне марҳилае, ки вирус ба организм дохил мешавад, то пайдоиши аломатҳои бемори то 14 рӯзро ташкил мекунад.
Ҳамин тавр фарқияти коронавируси «COVID-19» аз рӯи эпидемиологӣ аз дигар вирусҳои бо ӯ монанд ин аст, ки ин вирус метавонад дар марҳилаи инкубатсионӣ қобиляти сироятнамоиро дошта бошад. Ана ин ҷиҳат фаъолияти контагенозии ӯро вусъат медиҳад.
Ҳамин тавр ин хусусияти коронавирус 2019-nCoV барои тез паҳншавии вирус дар бештари мамоликҳои ҷаҳон мусоидат намуд. Сирояти коронавирусии COVID-19 аз ҷиҳати клиникӣ бештар бо ду ҳолат дида мешавад, намуди сабуки беморӣ, ки аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафаси маъмулии мавсимӣ фарқ кардан мушкил мебошад ва намуди вазнин, чун илтиҳоби атипикии шуш дида мешавад. Дар ин ҳолат метавонад оризаҳо ба монанди норасоии шадиди шушҳо ва синдроми дистрессии респиратории шадид дида мешавад.
Аломатҳои асосии бемории сирояти коронавирусӣ COVID-19 инҳо ба шумор мераванд: Таб, аломатҳои заҳролудӣ (беҳолӣ, бемадорӣ, дард дар мушакҳо) хориши гулу, дарди сар, сулфаи хушк.
Аз рӯи малумотҳои табибони чинӣ ба мо маълум гардид, ки дар ин беморон аломати ҳароратбаландӣ то 98% дида мешавад. Ҳарорат то 38-39% баланд мешавад, беҳолӣ бемадорӣ бошад то 69% ба қайд гирифта шудааст. Сулфаи хушк бо мушкилоти ҷудошавии балғам то -59% , дарди мушакҳо (миалгия) – 34%, нафастангӣ дар 6-8 рӯзи беморӣ пайваст гашта, бемориро ба ҳолати вазнин меоварад, ки то 31-55% дида мешавад. Ноҷӯрӣ дар қафаси сина, махсусан дар марҳилаи нафасбарорӣ то 30% ва сардарди то 18% дида мешавад.
Аломатҳои камвохӯранда ин балғам бо риштаҳои хунӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, шикамравӣ, дард дар шикам, дарди гулӯ, атсазанӣ, обравӣ аз бинӣ, табларза.
Дар байни оризаҳои муҳими сирояти коронаровирусӣ COVID-19 ин дистрисс-сидроми шадид, норасоии нафаскашӣ, садмаи токсики сироятӣ, илтиҳоби миокарди дил ва марг мебошад.
Бештар оризаҳо дар мардуми норасоии масъуният дида мешавад, сироятнокии ВНМО, бемории респиратории шадид, мардуми куҳансол, бемориҳои ҳамоҳанг.
Ба мо маълум гашт, ки кӯдакон камтар ба ин беморӣ дучор мешаванд ва дар ҷавонҳо хафӣ фавт қариб, ки дида намешавад.
Чорабиниҳои тавсияшавандаи пешгирикунанда, ҳангоми сирояти коронавирусӣ COVID-19:
Риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар хона ва ҷои кор, шустани дастон бо собун, агар шароити шӯстани дастҳо набошад, бо дастпокунакҳои бо моеъҳои безараргардон, ба мисли бо спирт намноккарда пок кардани дастон.
Барҳам додани одатҳои бо панҷаҳо палмосидани рӯй, даст расонидан ба чашм ва лабон.
Ҷамъшавии анбуҳи мардум, ба маросимҳо, намозгузории ҷамъиятӣ ва ғ.
Дар масофаи то 2 метр сухан гуфтан бо одамон.
Ҳамаи маҳсулотҳои хурокаро аз коркардӣ гармидиҳӣ гузарнидан.
Дар ҳолати баландшавии ҳарорати бадан, аломатҳои заҳролудшавӣ ва ҳамроҳшавии нишонаҳои сулфаи хушк албатта, ба духтури оилавӣ ба тариқи телефонӣ муроҷиат намоед. Қабули витамини С.
Худро аз мондашавӣ, беҳолӣ, гуруснагӣ, хунукхӯрӣ эҳтиёт намудан, то 2,5 литр истеъмоли оби ҷушида, ё оби бегаз дар давоми рӯз.
8 соат ба хоби бароҳат рафтан. Истифодаи ҳатмии ниқоб.
Рӯбучинӣ хона ва шамол додани он 2 – 3 маротиба дар 1 рӯз. Ҳамаи меваю сабзавотҳои харидашударо дар оби равон тоза шӯстан. Хусусан, дар калонсолон баланд бардоштани масъунияти бадан (истеъмоли мева, шарбатҳо, шир бо асал, лимӯ, хуришҳо), сайругашт, хурсандию хушҳолӣ.
Либосҳои рӯпушро (палто, рӯймол, сарпуш) дар ҷойи шамолрав гузоштан.
Дар пеши дар гилемчаи дар маҳлули безараргардон таркардаро гузоштан. Чайқонидани гулӯю бинӣ бо маҳлули чойкаҳаку намак.
Қаюмова Дилшода Абдурасуловна, роҳбари шӯъбаи ғизои кӯдакони муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илми клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона.
Одинаев Ниёз Сафарович, мудири шуъбаи кафедраи эпидемиологии ДДТТ