Ҳар шаб, вақте ки шаҳр ором мешавад ва чароғҳои хира хомӯшона кӯчаҳоро равшан мекунанд, ман роҳи худро ба зали бокс мегирам. Дар ин зал ман ва халтае, ки ба мисли бори зиндагӣ вазнин аст, мемонем. Ҳар зарбае, ки ҷониби халта равона мекунам, ба қалбам оромӣ мебахшад, зеро бо ин зарбаҳо ман ғубореро аз дил берун месозам. Ин як намуд ҷанг аст, яъне ҷанг бо хастагӣ ва азоб, ки танҳо онро ман дарк мекунам. Ҳангоме, ки аз толор берун мешавам ва ба сохтмон мерасам, кори ман шуруъ мешавад. Сохтмон дар торикӣ хомӯш ва пурасрор аст. Дар зери чароғҳои пастравшан вазни халтаҳои рег, ки ман бояд бардорам, мисли кӯҳ ба назар мерасанд. Ҳар боре, ки регро мебардорам, гӯё тамоми танам мешиканад. Дастонам сахт фишурда мешаванду пӯсташон таранг мешавад ва ҳар гоҳе дардро ҳис мекунам, мисли оне метобад, ки бозувонам аз кор монда бошанд.
Шабҳои зимистон хусусан душвортар мешаванд. Хунукӣ ба устухонҳоям мерасад, ангуштонам карахт мешаванд ва ҳар дафъа мех ё халтаҳои регро мегирам, пӯсти сарам ба арақи сард ғӯтида мешавад. Дигар коргарон мисли ман дар хомӯшӣ кор мекунанд, аммо хастагии ҳар яке барҷаста аст. Аҳёнан касе сухан мегӯяд, ҳар кас дар ҷаҳони азобу машаққати худаш шино мекунад. Дар ин лаҳзаҳо, вақт гӯё дар ҷояш истодааст. Ҳар дақиқа мисли соатҳо дароз мешавад ва ман бо ҳар нафас кӯшиш мекунам, ки дарди ҷисми хастаамро таҳаммул кунам. Ман медонам, ки фардо дар донишгоҳ аз хастагӣ чашмонамро кушода наметавонам. Ҳар як лаҳза фикрам дар бораи дарсҳои анҷомнашуда мегузарад. Вазифаҳои хонагӣ интизори мананд. Аммо ман наметавонам корро бас кунам. Маоши ин кор ҳаёти ман аст. Бе он наметавонам таҳсилро идома диҳам. Баъзан вақте, ки мехоҳам даст аз ҳама чиз бардорам, ояндаи беҳтарро дар пеши чашмам тасаввур мекунам, ояндае, ки барои он ин ҳама азобҳоро таҳаммул мекунам.
Шаб тамом мешавад, вале хастагӣ бо ман мемонад. Қувватам дигар намерасад, аммо ҳар субҳ, вақте ки корро ба охир мерасонам ва ба хона меравам, танҳо як фикр маро ором мекунад: ин азобҳо танҳо як марҳилаи гузаронанд. Ман медонам, ки бо ҳар як шаби хастагӣ ва машаққат, ман ба ояндаи дурахшон наздиктар мешавам.
Амир ХОЛЗОДА,
донишҷӯ