ШАҲИДИ НАХУСТИН

Мулло Аъзам дар рӯзҳои охирини моҳи апрели соли 1992 аз минбар ваъз мегуфт. Ба воситаи баландгӯяк ба намоздорони шаҳраки Туғаланг даъвати ситодро мерасонд.
– Бародарони аҳли ислом! Ба ҳукмронии ҳизби бехудоён рӯзҳои башумор мондааст. Имрӯз ё пагоҳ онҳо аз арсаи сиёсат барканор мешаванд. Боз як зӯри дигар занем, ҳокимият ба дасти худамон мегузарад. Моро лозим аст, ки муборизони роҳи исломро, ки тайи як моҳ дар пойтахт гирдиҳамоӣ доранд, дастгирӣ намоем. Аз ин хотир, ҳамаро бо қасами занталоқ ба майдон даъват менамоям. Касе, ки аз амри ман сар мепечад, кофираш эълон мекунам ва ба ҷазои сангсор маҳкумаш мекунам. Ҳама ба пойтахт, ҳама ба майдон!
– Ба майдон!,- овози мардум дар саҳни масҷид даҳшатнок садо дод ва пиру ҷавон аз дарвоза баромаданӣ шуданд.
– Ба куҷо?,- пеши роҳи онҳоро марди сиёҳҷурдаи резапайкар бо чеҳраи ҷиддӣ ва чашмони оташбор дар назди дари баромад баст ва худаш ҷавоб дод: «Ба майдон!». Шумо ба гапи кӣ гӯш дода истодаед? Сафсатагӯиҳо ва варсоқихониҳои мулло Аъзамро! Ҳамон савдогари ҳаннотро! Оё медонед, ки ӯ дар тӯли умри 40-солааш ба меҳнати ҳалол даст назадааст? Ду маротиба барои дуздии моликияти ҷамъиятӣ ба зиндон афтида буд. Ду сураро дар дорулахлоқ азхуд карда, сари шумоёнро бо шиорҳои ҳангомаҷӯёна пур намуда, як маҳалро бо маҳали дигар муқобил гузошта истодааст.
Мо, коммунистон чӣ гуноҳ кардем? Ман намегӯям, ки мо моҳи беайб набудем. Вале ҳамин мо коммунистон набудем, ки шумоёнро аз куҳу дара ба водӣ муҳоҷир намудем ва ин чӯли биёбон бо дастони заркори шумо ба сарзамини обод табдил ёфт? Мо, коммунистон набудем, ки шумо соҳиби як бурда нони ҳалол гаштед? Имрӯз ин муллои чалласавод мо, коммунистонро наҳ зада, аз номи Худо мардумро ба тафриқа андохта, мехоҳад, ки давлати ором ва кишвари ободро ба мисли Афғонистон оғӯштаи ашку хун намояд. Ба ҳеҷ куҷо намеравед!…
– Чаро маҳтал шудед?,- овози марғуладори мулло мардумро аз ҳолати карахтӣ баровард. Мулло Аъзам одамонро ба ду тараф тела дода, ба пеш баромада, яке аз собиқ роҳбарони ноҳияро дида, якбора оташ гирифт.
– А-а, Ҳомид Бадриддинов! Коммунисти ашаддӣ!,- гуфт ӯ ва дарҳол аз дил гузаронд: «Агар бо ин марди донишманди бо дилу гурда ба баҳс дарояд, ин касофат чанд саҳифаи сиёҳи ҳаёташро варақгардон карда, обрӯяшро дар байни ҳомиёни дин ду пул мекунад. Илоҷи ягона ӯро аз сари роҳ дур андохтан аст». Аз кисаи хилъати кабудаш силоҳро бароварда, дод зад:
– Бо хубӣ мегӯям, ки ба пешаи интихоб кардаи диндорон монеагӣ накун ва ба иҷрои супориши ситод халал нарасон!
– Ман намегузорам, ки ту муллои ҳангомаҷӯ, дузду ҳанноти ҳаромхӯр мардуми гумроҳро ба майдон кашида, зиндагии осудаи одамонро ба мусибат табдил диҳӣ!,- далерона посух гардонд Бадриддинов.
Ибораи «дузду ҳанноти ҳаромхӯр» мулло Аъзамро аз худ бехуд кард ва ӯ худаш надонист, ки чи тавр куланги силоҳро зер кард. Тир ба синаи Ҳомид расид. Мардум аз овози тир тарсида, худро як тараф гирифтанд.
Бадриддинов даст ба рӯи сина гузошта, бо табассум суханони пеш аз маргашро баланду шунаво ба забон овард:
– Ҳой, мардум! Ба гапи ин дунёбехабар гӯш надиҳед! Ӯ шуморо ба сӯи ғаму кулфат мебарад. Аз Ватан маҳрум гардида, дар ғарибӣ хору залил гашта, баъд суханони маро ба ёд меоред. Вале дер мешавад.
Ва ӯ болои хоки роҳ пуштнокӣ афтид.
Мардум аз бари шаҳиди нахустини дар лаб табассум гузашта, симтӯрҳои сарҳадро канда, худро ба оби сарди дарё ҳаво дода, дар соҳили муқобил суханони ҳикматомези нахустин шаҳидро ба хотир оварданд…

ГАҲВОРАЮ ҲИКОЯИ СӮЗОН

Адиб Нур Табаров аз дур дар назди дари бино ҷавонмарди болои аробаи маъюбӣ нишастаро дида, дар тааҷҷуб монд. Наздик омада, ӯро шинохт.
– Давронҷон,- рӯзноманигори варзида бо як дилсӯзии махсус номи шогирдашро ба забон овард.- Ин чӣ ҳолест, ки мебинам?
– Устод,- дар чашмони Даврон ашк ҳалқа зад.- Якбора ба сарам ду фоҷиа фаромад.
– Якеро бо чашмони сарам дида истодаам,- Нур Табаров дасти дӯсташро бо меҳр фишурд.- Мусибати дуюмаш чист?
– Шаҳноза аз қавли додааш рӯй тофт,- овози ҷавон ларзид.- «Ба ман марди маъюб даркор нест» гуфта, ба як хеши дураш ба шавҳар баромад.
– Ана, инаш кулфати вазнин аст.
Дар зери нигоҳҳои тааҷҷубу ҳайратангези зердастонаш сардабир аробаи маъюбиро тела дода, ба дафтари кориаш даровард. Ба котиба чойи сабзи баланд фармуда, дар ин муддат пайваста фикр мекард, ки бо кадом роҳ рӯҳу қалби ҷавонро ором кунонад. Бесабаб Даврон сад чақрим роҳро тай карда, бо чи қадар азобу машаққат аз деҳаи Узуни ноҳияи Колхозобод маҳз ба дидори ӯ омадааст. Котиба чойники чойро оварда, болои миз гузошт. Соҳиби дафтари корӣ ба пиёлаҳо чой рехт ва оқибат сукути вазнину доманадорро шикаст:
– Давронҷон! Дасту бозуят барҷост, танат сиҳат ва руҳат қавист. Ту бояд пеш аз ҳама дар бораи модари пират ғамхорӣ намоӣ…
– Ба чӣ кор машғул шавам?,- ҷавон пеши сухани адибро бо алам бурид.- Ҳунаре аз дастам намеояд.
– Набояд руҳафтодаю дилшикаста шавӣ,- овози адиб нарму тасаллобахш садо дод ва таваккалан гуфт:
– Ақаллан, чӯбтарошӣ мекунӣ. Бозичаҳои кӯдакона месозӣ.
– Не, беҳтараш гаҳвора метарошам,- бо дили пур ҷавоб гардонд Даврон.
– Ва ҳикоянависиро давом медиҳӣ,- илова кард Нур Табаров.- Хиёнати Шаҳноза бояд дар маркази қисса бошад…
– Ҳатман…
Деҳаро гӯё бо ҷорӯб рӯфта бошанд. На овозе мебаромаду на садое ба гӯш мерасид.
– Очаҷон, чӣ кор мекунем?,- Даврон рандаро як тараф гузошт.
– Ба масҷид меравем, ҷони оча,- кампир аробаро тела дод.- Ба фикрам силоҳбадастон ба хонаи Худо кордор намешаванд…
Сарбоз ба дари масҷид наздик шуд. Сараш аз ғояти кайфи мавод ғуввос мезад. Ба назараш ҳама чиз бадвоҳимаю сеҳрангез менамуд. Касе аз қафо фарёд зад:
– Онҳо дар масҷид пинҳон шудаанд ва аз он ҷо ба сарамон борони тирро мерезанд. Чолак, бо гранатаандоз қабри онҳоро бикан!
Таркиши мудҳиш аробаи маъюбиро як тараф ҳаво дод. Пас аз паст шудани чанги хок ва парокандаю хомӯш шудани дуду оташ Чолак шоҳиди манзараи даҳшатнок гардид. Ҷавонмард бо лабҳои пуртабассум сар дар оғӯши модар гузошта, модар рӯй ба меҳроб ҷон дода буданд. Дар рӯи дастони мард пораҳои коғази нимсӯхта чун боли парандагон дар лапиш буданд. Аз гаҳвора дуди борик чун мори печон рӯ ба боло ҳаракат дошт…

СУРУДИ НОТАМОМ

Марди қоматбаланди зебочеҳрае аз бари роҳи калони мошингард, аз тарафи ҷануб ба сӯи шимол бардамона қадам мезад. Сарҳади ноҳияи Қумсангирро гузашта, пой ба сарзамини ноҳияи Колхозобод гузошт. Ӯ ба деҳаи Айнӣ, ба зодгоҳаш бармегашт. Суханони силоҳбадаст ҳанӯз дар гӯшаш садо медоданд: «Ба хонаат баргард ва сурдхониатро давом деҳ!».
Дар деҳаи Айнӣ, хоҷагии пахтакории ба номи Ленин ва ҳатто дар тамоми гӯшаю канори ноҳияи Колхозобод ин ҳофизи хушовоз, Хуҷаев Азизро ҳама бо эҳтиром Хуҷа Азиз ном мебурданд. Ягон тӯю маъракаи мардум бе иштироки ин ҳунарманди мумтоз намегузашт.
Ба хона даромада, ӯ нахуст дуторашро аз мех гирифт ва ба навохтан даромад. Садои мусиқиро шунида, яке аз паси дигар мардуми деҳа ба ҳавлияш даромаданд. Чеҳраҳо ба шукуфтан даромада, лабҳо ба табассум моил гашт…
Як деҳа поён, аниқтараш дар деҳаи Бешариқ Нурмат базм дошт. Ба қавле аз деҳа фирор кардани Азизро бо ҳаммаслаконаш қайд менамуд. Ёру дӯстонашро ба гирди хони пурнозу неъмати ғораткардааш гирд оварда, худнамоӣ дошт:
– Хуҷа Азиз гурехт. Акнун дар тӯю маъракаҳо ман ҳунарнамоӣ мекунам.
Дӯстони ширакайфаш оташи кибру ғурури Нурматро бод медоданд:
– Нурмат, дар ҳақиқат дар гирду атроф ту барин булбули гӯё нест. Биё, Нурматҷон, ба ин муносибат сад грамм ба гулӯ резем.
Ва қадаҳҳо бо ҳам бармехӯрданд, садоҳои таҳсину офарин ба сақф дакка мезад…
Дар кушода шуда, Қорҷов ҳарсасзанон болои сари майнӯшон рост шуд.
– Шумо дар ин ҷо айшу нӯш доред ва бехабар аз он, ки Хуҷа Азиз ба хонааш баргаштааст.
– Наход?!,- хун ба сари Нурмат зад ва ӯ аввалин шуда аз ҷой хест.- Рафтем, йигитҳо, ҷазои ин ҳофизи дайдуро диҳем!
– Рафтем,- дигарон низ қомат боло карданд.
Хуҷа Азиз оҳанг замзама карда, суруд мехонд:
Сад бор бадӣ кардию ҳайфи ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ?…
– Ман ҳеҷ гоҳ некӣ намекунам!,- дар пойгаҳи дар қомати пасти Нурмати маст рост шуд ва мили силоҳро ба синаи Хуҷа Азиз гузошта, дӯғ зад:
– Бархез ва пеш даро!
Суруд нотамом монд…
Нисфи шаб моҳи пура дашти болои деҳаи Бешариқро мунаввар мегардонд. Ҳамдеҳагон болои сари Хуҷа Азиз рост шуда, бо сароҳат аз дил гузаронданд: «Табассум ҳам садақа аст ва ӯ дар дами марг ба сӯи душманаш бо табассум нигоҳ кардааст»…

Зариф ҒУЛОМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь