Ҳикоя
Момои Салимаро дарди буғуму пойҳо азоб медод. Бо ҳамин сабаб аз ошёнаи дуюми бинои сар ба фалак кашида, ба рӯи ҳавлӣ набаромада, рӯзи дароз дар назди тиреза, ба қавле боқимондаи умрашро паси сар мекард. Дар рӯ ба рӯи бинои баландошёна ҳавлии корманди комисариати ҳарбӣ ҷойгир буд ва рафтуои аҳли хонадони тифоқи майор Самиев гӯё дар рӯйи кафи дасти кампир мегузашт.
Ҳар бегоҳӣ Самиеви қоматбаланди зебочеҳраро ҳамсари мавзунқомати хандонрӯй бо табассуми малеҳ ва лаҳни ширин пешвоз мегирифт. Ин қоидаи истиқболи шавҳари меҳрубон ба ҳукми анъана даромада буд. Ин бегоҳӣ Шараф Насибаи нозанинашро бо чеҳраи шукуфон ба оғӯш гирифта, аз бари рухсораи анормонандаш бӯса ситонд ва онҳо дасто ба даст ба хона даромаданд. Кампири Салима аз дил гузаронд:
– Чӣ оилаи хушбахте, – ва кампир давраи ҷавонии худу ҳамсари азизашро ба хотир оварда, оҳи вазнине аз дили дардмандаш баровард.
Субҳи барвақт чун одати дерина кампир аллакай дар назди тиреза нишаст ва чашм ба рӯйи ҳавлӣ давонд. Насиба бо писархондаш Бегиҷон халтаи пурборро ба сӯи ҳаммом кашола карда мебурданд.
– Зиндагӣ – да, – аз дил гузаронд кампир. – Эҳтимол халтаи картошка ва ё сабзиро ба тағора андохта мешӯстагиянд.
Аз байн як ҳафта гузашт. Ва ҳар рӯз момои Салима медид, ки ҳавлии майор пур аз одамон аст ва онҳо ошуфтаҳол буда байни худ бо овози паст гуфтугӯ доранд. Рӯзи дуюм кампири Салима тоқат накарда, аз наберааш хоҳиш кард, ки барои ба рӯйи ҳавлӣ баромадан ба ӯ кӯмак кунад. Кампир оҳистаю бе овоз ба мӯйсафеди Самӣ наздик шуда пурсид:
– Чӣ ҳодиса рӯй дод?
– Писарам як ҳафта боз ғайб задааст, – ашки чашмонашро бо кафи шахшули дасташ пок карда, бобои Самӣ илова намуд. – На дар хона, на дар ҷойи кор намедонанд, ки писарам куҷост. Ба идораи сафар кардааш занг задем. Ҷавоб дданд, ки Шараф ба ин ҷо ҳозир нашудааст. Намедонем, ки боз куҷоро кобем.
– Ҳеҷ ҷойро накобед, – момои Салима мушоҳидаи худро ба ёд овард. – Ӯ ба ҳеҷ куҷо нарафтааст. Ҳаммомро кобед…
– Аз чӣ сар мекунем? – муфаттиш ба ҷавони ҳаждаҳсолаи қоматбаланди тануманд бо чунин савол муроҷиат намуд.
– Аз он сар мекунем, ки, – баъди хомӯшии тӯлонӣ ва нафаскашии бошиддат бо овози гирифта гумонбар ба додани баёнот оғоз намуд, – мани писарбачаи панҷсоларо зану шавҳар Шараф ва Насиба Самиевҳо аз хонаи кӯдакон ба фарзандӣ қабуд намуданд. Ман дар ин хонадони аҳлу тифоқ ба як писари эрка ва бо нозу нуз парвардае ба воя мерасидам. То шонздаҳсолгиям дар ҳаёти ман ҳеҷ ҳодисаи хотирмоне рух надод. Як шаб замоне, ки падарандарам дар сафари хизматӣ буд, Насиба ба ҷойхобам даромада гуфт, ки шавҳараш безурёт мебошад ва тайи ин солҳо муштоқи меҳрубониву оғӯши гарми марди ҳақиқӣ мебошад. Ва аз ҳамон рӯз муносибати маҳрамонаи мо сар шуд. Тайи як соли охир Насиба талаб мекард, ки бо ҳар роҳу восита бояд Шарафро аз сари роҳ дур кунем. Некиҳои ин марди софдилу поквиҷдонро пеши назар оварда, бо ҳар баҳона нақшаи бадкирдоронаи ӯро ба қафо мепартофтам. Кор ба ҷое расид, ки ба тӯхмат гузашт. Таҳдид кард, ки барои таҷовуз карданам ба мақомот муроҷиат менамояд. Ҳатто маро ба беҷуръатӣ таъна зада, тарсрӯю номард мегуфт. Тайи рӯзҳои охир талабҳояш боисрор ва қатъӣ шуданд.
Ҳамон шаби наҳс падарандарам бегоҳӣ бо чеҳраи кушод ба ҳавлӣ даромада, ба завҷааш бо овози баланд эълон кард:
– Насибаҷон, ҳамсари меҳрубони ман! Пагоҳ ба муҳлати даҳрӯз ба сафари хизматӣ ба вилояти Суғд меравам. Анҷомҳои маро омода бикун.
– Ҳозир, мардакҷон, – гуфта Насиба зуд сару либос ва сачоқу асбобҳои ришгириашро ба ҷомадон андохта монд.
Ба ин муносибат базми оилавӣ оростем. Ҳамин ки соҳиби манзил аз нӯшидани шароб каме сархуш шуд ҳамсараш бо табар ба пушти сари Шараф бо тамоми қувва кӯфт. Падарандар болои фарш афтид. Насиба корди омода кардаашро ба дасти ман часпонд ва амр кард, ки сарашро аз тан ҷудо намоям…
Дар ин ҷойи қисса Бегиҷон даст ба рӯй кашид. Тамоми баданаш ба ларза даромад. Др ҳуҷраи корӣ танҳо овози фиқ – фиқи гиряи гумонбар шунида мешуду халос. Муфаттиш бо ин манзараи ҳузнангез хомӯшона менигарист.
– Шаб аллакай аз нисф гузашта буд, – гумонбар ба давоми ҳикоя гузашт. – Мо дар ҳаммом ба кандани гӯр сар кардем. Шитоб доштем, то ки то дамидани субҳ қабрро канда, ҷасадро пинҳон кунем. Хурӯсфарёд ҷасадро ба ҷувол андохта, ду каса ба ҳаммом оварда гӯрондем. Ва болои қабрро ба тахтасангҳо пӯшондем.
Як рӯз пас корманди ҳарбие аз ҷойи кори Шраф омада, дар куҷо будани ҳамкорашро пурсид.
– Дина пагоҳӣ ба шаҳри Хуҷанд сафар кард, – Насиба худро ҳайрон нишон дода, ба саволи меҳмон ҷавоб гардонд.
– Аз комиссариати ҳарбии вилоят занг заданд, ки аз Шараф дараке нест, – ҷавонмарди ҳамкор ба сӯи дари баромад гом бардошта илова крд. – Аз эҳтимол дур нест, ки мумкин дар роҳ банд шуда бошад.
-Мумкин, – аз ваҷоҳати Насиба маълум буд, ки ӯ мехоҳад меҳмони нохонда ҳар чӣ зудтар ҳавлиро тарк намояд.
Се рӯз баъд ғайб задани Шараф расонаӣ шуд ва ҳар рӯз ба хона падару мода рва хешу табор меомадагӣ шуданд. Ҳолати руҳии маро ба қалам дода намешуд. Ҳаракат мекардам, ки худро ба кунҷи торике занам.
Бегиҷон, ин ҷавонписари паҳлавонҷусса чун кӯдак боз ба гиря даромад. Гиряаш софу бешармона буд. Ӯ эҳсосоти пушаймонии худро аз муфаттиш пинҳон кардан намехост.
– Насиба… баръакс Насиба нақши худро олиҷаноб бозӣ мекард. Ҳамин ки падару модари Шараф пой бар остонаи ҳавлӣ мегузоштанд, овози навҳаи дилхарошаш ба ҳаво мечаспид. Гӯё аз марги шавҳари маҳбубаш кайҳо бохабар бошад, ки либосҳои азодорӣ пӯшида, худро дар ҳақиқат зани мотамзада нишон медод. Ин каждуми таги бурё пайти муносиб ёфта маро дилбардорӣ мекард:
– Худатро мард гир. Эҳтиёт шав, ки бо ягон амалат сирру асрори кушторамонро ошкор накунӣ. Ҳамин ки даву тоз, ҳангомаи кофтуков ба охир расид ишқварзии хушбахтонамонро то охири умр давом медиҳем…
Ба ҷойи Бегиҷон ба курсӣ Насиба нишаст. Ӯ Насибаи пештара набуд. Дар назди муфаттиш як кампири бо рангу рӯйи зард ва қомати хамидаю бо мӯйҳои сафкеди сар менишаст. Аз ҳусну ҷамол ва садои зангуламонади овоз нишонае намонда.
– Нишондоди гумонбарро тасдиқ мекунед? – савол дод муфаттиш.
– Ҳа…, – садо дар гулӯ ба қул – қули аз обдаста рехтни об шабоҳат дошт. Пас аз бо зӯрии ирода хомӯш кардани ларзиши бадан илоа кард – Сӯиқасди барои ишқи булҳавасамро бо тамоми ҷузъиёташ тархрезӣ намуда будам. Лекин…
Гумонбар сукутро ихтиёр кард. Муфаттиш қадре интизор шуд ва дар охир тоқат накарда пурсид:
– Чӣ лекин?
– Субҳи барвақт дар назди тиреза нишастани кампирро ба назар нагирифта будаам, – айбдоршаванда нигоҳи чашмони маҳзунашро ба тарафи тиреза равона кард. – Акнун субҳи ҳар рӯи умрамро дар кунҷи торики ҳуҷраи маҳбасхона мегузаронам.
– Ҳамин тавр барин, – муфаттиш протоколи пурсишро барои имзо гузоштан ба тарафи айбдоршаванда дароз крда илова намуд. – Худ кардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ.
Зариф ҒУЛОМ