Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳия, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пешво – ҳидоятгари мо

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ҳикматулло Мирзоев мегӯяд, ки илму дониш рӯшноии ҳаёт аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор меорад.

– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат соли таҳсили 2020-2021 таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон равона намуда ва барои бо дастовардҳои чашмрас ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайраташро равона карда истодааст, – изҳор дошт мавсуф.

 Маълумоти оморӣ

Дар ҳудуди ноҳияи Рашт 113 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 19 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 26 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ фаъолияти пурсамар доранд. Илова бар ин, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 2 муассисаи томактабӣ ва 56 маркази инкишофи кӯдак амал мекунанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1773 нафар омӯзгор фаъолият бурда, аз онҳо 394 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумораи омӯзгорон 1296 нафар, аз ҷумла 224 нафар зан дорои маълумоти олӣ, 99 нафар (33 нафарашон зан) дорои маълумоти олии нопурра, 43 нафар (9 нафарашон зан) дорои маълумоти миёнаи махсус, 429 нафар (119 нафарашон зан) дорои маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ ва 70 нафар (29 нафарашон зан) дорои маълумоти миёнаи умумӣ буда, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ғоибона ва ба тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Айни ҳол, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 29319 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин миқдор 14212 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Забони таълим дар ҳамаи 113 муассисаи таълимии ноҳия ба забони тоҷикӣ мебошад. Шумораи умумии синфҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1499 ададро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар 2 муассисаи томактабии давлатӣ 160 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба таълими онҳо 10 нафар мураббия вобастаанд. Дар ин кӯдакистонҳо тамоми шароитҳои зарурӣ барои таълиму тарбияи томактабӣ муҳайё карда шудааст.

 Таъмини кадрҳои омӯзгорӣ

Дар соли 2020-ум 107 нафар омӯзгори ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия фиристода шуданд, ки аз ин шумора 82 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шуда, бо кори ба ихтисосашон мувофиқ таъмин карда шуданд. Норасогии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба 19 ҷойи корӣ мерасад. Шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт барои бартараф кардани ин норасогӣ саъю кӯшиш дорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт 210 нафар омӯзгор бо тахассуси олӣ, 467 омӯзгор бо тахассуси якум, 227 омӯзгор бо тахассуси дуюм, 869 омӯзгор бе тахассуси муқаррарӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.

 Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони пешқадам Сомони Саймузаффар, Зиёратшо Раҳматов, Бахтиёр Холов, Сайдаҳмад Сайшарифов, Қосимҷон Хуҷандиев, Муборакшо Ҷӯраев, Исмоил Раҷабов, Шуҳрат Азизхоҷаев, Мирзо Хоҷаев, Хуршед Назруллоев, Тоҳир Каримов, Аҳсануллоҳ Ташрипов, Фазолат Қодирова, Алимаҳмад Ҳоҷиев, Ҳокимбек Шарифов, Додархӯҷа Фақиров, Тоҳир Шарипов, Сайхоҷа Сафаров, Абдураҳмон Ҳоҷиев, Қулфуддин Қандилов, Себарга Нуриддинова, Зикрулло Сайғуфронов, Сайнисо Абдураҳмонова, Меҳрубони Суҳроб, Усмон Замонов, Садод Мираков, Маҳмадсодиқ Саидов, Маҳмағафур Маҷнунов, Абдувалӣ Назаров, Ҳасанҷон Мирзоев, Муқараб Акрамов, Мирзоҷон Абдурасулов, Сайфуддин Қаҳҳоров, Маҳтоб Ҷӯраев, Муҳриддин Абдуразоқов, Балаҷон Авродов, Шералӣ Ҷомиев, Саидбек Наҷмуддинов, Абдулазиз Ҳомидов, Маҳмуд Мирзохоҷаев, Давлаталӣ Ҳаётов, Маҳмадюнус Иблоев, Аҳтам Шарипов, Сулаймон Бобизода, Ҳайдаралӣ Роҳатов, Гулдаста Осимова, Холида Ибрагимова, Гулбарг Мирзошарифова, Парвиз Шарипов, Аслиддин Назиров, Хайрулло Низомов, Исмоил Раҷабов, Эраҷ Умронов, Азизхоҷа Музаффаров, Қурбоналӣ Нодиров, Ҷамшед Исҳоқов, Камина Шерова, Файзалӣ Кулонов, Атохӯҷа Комилов, Рокиъа Маҳмадова, Истамбул Додарбекова, Муллоҷон Аҳмадов, Сафарбег Раҳимов, Дилшод Сайғуфронов, Алиаскар Давлатов, Маҳмарасул Давлатбеков, Ҷамила Камолова ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Таваҷҷуҳи махсус ба кӯдакон

Бо мақсади беҳтар намудани шароит ва иҷрои талаботҳои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди 56 муассисаи таълимии ноҳия бо фарогирии 1226 нафар кӯдаки сини 4-6 сола дар 57 гуруҳ маркази инкишофи кӯдакон фаъолият мекунанд. Дар марказҳои инкишофи кӯдак 60 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул мебошанд.

Хонандагони пешқадам

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт 6 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳияи Рашт бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои хонандагони дигар намунаи ибратанд.

 Гирандагони стипендияи Президентӣ

Камолова Ганҷина, муҳассили МТМУ №1,

Муродова Омина, муҳассили МТМУ №1,

Мафтунаи Қодирҷон, муҳассили МТМУ №100,

Абдурасулов Баҳром, муҳассили МТМУ №32,

Балаева Миҷгона, муҳассили МТМУ №27,

Гулчеҳраи Аҳсанулло, муҳассили МТМУ №12.

Гирандагони стипендияи раиси ноҳия

Мирзоев Алишер, муҳассили МТМУ №2,

Мафтунаи Тавакал, муҳассили МТМУ №1,

Лолаи Фахриддин, муҳассили МТМУ №29,

Ҳалимов Искандршоҳ, муҳассили МТМУ №22,

Умедҷони Пӯлод, муҳассили МТМУ №19,

Шарипова Меҳрона, муҳассили МТМУ №8,

Сияршоев Шаҳбоз, муҳассили МТМУ №3,

Назрбии Маъбуриддин, муҳассили МТМУ №106,

Саидова Мукаммал, муҳассили МТМУ №100,

Ятимов Кароматулло, муҳассили МТМУ №32.

Роҳхат ба донишҷӯӣ

Дар соли 2020 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия байни хатмкунандагони синфи 9 ва 11 оид ба ҳуҷҷатсупорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот гузаронида шуда, аз 1662 нафар хатмкунандаи синфи 11 (аз ин 749 нафараш духтар) 1045 нафар (аз ин 220 духтар) тариқи Маркази миллии тестии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, 699 нафар (аз ин 117 духтар) сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Ҳамчунин, дар ин давра ба таври анъанавӣ 28 нафари дигар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар шомил шуданд. Аз шумораи 2141 нафар (аз ин 1052 духтар) хатмкунандаи синфи 9 тариқи Маркази миллии тестиии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 224 нафар, аз ҷумла 92 нафар духтар ҳуҷҷат супорида, 90 нафар (аз ин 39 духтар) донишҷӯ гардиданд.

22-юми июни соли 2020 баъди санҷиши комиссияи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар довталаб (аз ҷумла 11 нафар духтар) аз муассисаҳои таълимии №№ 3, 4, 7, 8, 14, 22, 25, 26, 27, 33, 41, 49, 52, 59, 61, 67 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2020 тавассути барномаи робитаҳои байналмилалӣ ва шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии шаҳри Кемерови Федератсияи Русия ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф 101 нафар довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки аз ин шумора 70 нафар, аз ҷумла 3 нафар духтар ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Федератсияи Русия дохил гардиданд.

Дар умум, дар соли таҳсили 2020-2021-ум 909 нафар (аз ин 170 нафар духтар) ба донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ

Дар ноҳияи Рашт 1 Муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро ҷавони кордону фидоии касб Шокир Наимов бар уҳда дорад. Дар муассиса 13 нафар омӯзгор кору фаъолият мекунанд, ки аз ин 7 нафар бо маълумоти олӣ, 1 нафар бо маълумоти олии нопурра, 2 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 1 нафари дигар бо маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд. Дар назди муассиса 11 маҳфил, аз ҷумла маҳфилҳои гулдӯзӣ, экологӣ, ҳунарҳои мардумӣ, физикони наврас, тенниси рӯйи миз, дӯзандагӣ, дуредгарӣ, мусиқӣ, рассомӣ, хониши бадеӣ, шашка ва шоҳмот амал мекунанд, ки нисбати соли гузашта 4 маҳфил зиёд мебошад. Ба маҳфилҳои муассиса 409 нафар кӯдаку наврас фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта 45 нафар зиёд мебошад. Дар қаламрави ноҳия тавассути ин муассиса озмунҳои «Ихтирокорони наврас», «Ғунчаҳои умед», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Дунёи кӯдакии ман» баргузор гардида, шогирдони зиёди муассиса дар ин озмунҳо ширкати фаъол варзида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд ва сазовори ифтихорномаву ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ду нафар шогирди муассиса – Шаҳриёри Қосимҷон, хонандаи синфи 11-и МТМУ №1 ва Бурҳонов Бурҳониддин, хонандаи синфи 8-и МТМУ №52 дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ширкат варзида, ҳарду сазовори ҷойи сеюм ва мукофоти пулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Илова бар ин, дар баробари иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» – Абдулаҳадова Оиша, як нафар тарбиятгирандаи муассисаи томактабии №1-и ноҳия низ ширкат варзида ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифт, ки ӯ 6 сол дошта, хурдтарин иштирокчии ин озмун мебошад.

 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф, ки тайи 5 соли охир фаъолият дорад, дар кори дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва омода намудани онҳо барои иштирок дар озмунҳо, олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои байни хонандагон корҳои назаррасеро ба сомон мерасонад.

Ҳамин аст, ки дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ 3 нафар хонандаи синфи 11 аз фанҳои дақиқ ва 2 нафар хонандаи дигар аз фанҳои гуманитарӣ сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардиданд. Дар олимпиадаи даври минтақавии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бошад, 7 нафар сазовори ҷойи якум ва медали тилло, 15 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра ва 22 муҳассили дигар мушарраф ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

 Корҳои созандагиву ободонӣ

Бобати расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои дар «Барномаи рушди ноҳияи Рашт барои солҳои 2017-2020» гузошта шуда, дар соли таҳсили 2020 аз ҳисоби соҳибкорон 8 бинои иловагӣ, аз ҷумла дар назди муассисаҳои таълимии №26 бинои иловагии дорои 5 синфхона, №67 бинои иловагии дорои 6 синфхона, №33 бинои иловагии дорои 6 синфхона, №20 бинои иловагӣ дорои 6 синфхона, №14 бинои иловагӣ дорои 4 синфхона, №40 бинои иловагӣ дорои 4 синфхона, №113 бинои иловагӣ дорои 2 синфхона ва №50 ду синфхонаи иловагӣ сохта мавриди баҳрабардории хонандагон қарор дода шудааст.

Яке аз дастовардҳои шуъбаи маориф дар соли 2020, ки бо дастгирии МИМҲД-и ноҳияи Рашт амалӣ гардид, ин ба истифода додани нахустин мактаби хусусӣ дар ноҳия мебошад. Ин муассисаи таълимӣ дар деҳаи Қалъанаки ноҳия аз ҳисоби маорифдӯсти асил, сокини ин деҳа Усмон Замонов сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои 3 синфхона, 1 ҳуҷраи корӣ бо 48 ҷои нишаст мебошад.

Ҳамчунин, барои бартараф кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, маблағҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, саҳми аҳолӣ ва Созмони байналмилалии «Шафқат» дар муассисаҳои таълимии №№ 20, 26, 16, 14, 67, 33, 3, 8, 40, 2, 83, 61, 27, 53, 7, 12, 22, 23, ки 19 муассисаи таълимиро дар бар мегирад, дар маҷмуъ 1872 ҷойи нишасти иловагӣ муҳайё карда шуд.

Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир

Рафти иҷрои қарори ҲҶТ дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии шуъбаи маорифи ноҳия қарор дошта, оид ба иҷрои қарори мазкур пешравиҳо мавҷуд буда, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт 1006 адад комютеру ноутбук, 191 адад принтер, 13 адад тахтаи электронӣ ва 42 адад проектор мавҷуд мебошад, ки як комютер ба 16 хонанда рост меояд.

Дар маҷмуъ, иҷроиши нақшаи барномаи мазкур аз ҳисоби компютер 93 дарсадро ташкил медиҳад. Барои пурра амалӣ гардонии Барнома муассисаҳои таълимии ноҳия ба 123 адад комютерҳои муосир эҳтиёҷ доранд.

Баҳри иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» то имрӯз дар 71 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, математика, география, суруд ва информатика ва ғ. ташкил карда шудааст, ки сарчашмаи маблағгузории он аз сметаи хароҷотии худи муассисаҳои таълимӣ ва соҳибкорони саховатманд мебошад.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фароварди суҳбат, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ҳикматулло Мирзоев иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм соҳаи калидӣ, пешбаранда ва сарнавиштсозу афзалиятнок боқӣ мондааст, ки аз ин маорифчиёни ноҳияи Рашт зиёд ифтихор мекунанду меболанд.

– Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мунтазам бо кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ гузаронида, пайваста дар ҳаққи омӯзгорон ва соҳа ғамхорӣ зоҳир месозад. Ҳамчунин, эшон ҳангоми вохӯриҳо бо омӯзгорон ба вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат дар самти таълиму тарбия бармеояд, муфассал фикронӣ намуда, дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Дар ин асос нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф ба тавсиб расонида шуда, мавриди иҷро қарор мегиранд. Подоши неки ин ғамхориву заҳматҳоро баъди даҳсолаҳо наслҳои ояндаи мо хоҳанд дид, агар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо камоли майл илму дониш омӯхта, бо ҳиси баланди ифтихори миллӣ ба нафъи пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо содиқона хизмат намоем, – илова намуд дар фарҷом Мирзоев.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь