Узви навбатии “Сад журналисти маъруфи қарни 20 и тоҷик”

Қабл аз андешадавонӣ дар майдони ақлу заковат, роҷеъ ба рӯзгор, салиқа ва ҳунари Хуршеди Атовулло ба хонандагон иттилоъ медиҳам, ки ин тавсифнома ва ё очерки тақвимии ҷашнӣ нест.

Ман ҳатто зодрӯзи Хуршеди Атовуллоро намедонам. Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Сад журналисти маъруфи қарни 20-и тоҷик, ки бо сарпарастии Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва дастгирии зеҳнии худам роҳандозӣ мешавад, нашр мегардад.

Аслан банда ҷонибдори тантанаҳои 50, 60, 70 ва 80 солагиҳо нестам. Ба синни яклухт расидани инсонҳо қаҳрамонию шуҷоат нест. Барои сохтани ҳайкали маҳорат ва салиқаи Хуршеди Атовулло сарсонии зиёд лозим нест. Аз ғайбатномаҳои сисола ва санги мазори абарқаламони хуфта симои Хуршеди Атовулло ҳувайдо мешавад.

Боре дар доирае гуфтам:

-Мушкилот ва азоби рӯзгор ва зиндагии Хуршеди Атовулло аз Гардан сар мезанад.

Дӯст ва бародари дилсӯзи мо Раиси Иттифоқи журналистони Точикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода бо маъюсӣ пурсид:

– Магар гардани Хуршед мариз аст?

-Не устод, Гарданаш 50 сол боз ӯро азоб медиҳад. Хуршед гарданғафс аст. Аз овони ҷавонӣ ба касе тан намедод ва дар арбадагӯҳои кучагӣ, ҷавонӣ пирӯз мешуд.

Хуршед гарданшах аст …

Бо гарданшахӣ ба нуқсу доғи зиндагӣ муросо ва оштӣ намекард. Шахии гардани ӯ адолат меҷуст, ҳақиқат месохт, ормони “ман” мусбати ғурурсозро такмил медод. Шахии гардани ӯ садҳо ҷавононро ба соҳили мурод расондааст. Ва қаҳрамони он аст, ки шахии гарданаш бо ҷабр, ситам, уқубат шикасти гардани ҷавононро рафъ кардааст.

Хуршед гарданшикан аст…

Гардани сухани носуфтаро суҳон мекард, ҳақиқати ногуфтаро фарёдрас мекард, адолати хуфтаро бедор мекард.

Хуршед гардансоз аст…

Аз ду нафар қабилаи қаламӣ, аз даҳ кас рӯзнома ва аз сад кас Ҷамъияти дорои масъулияти бе маҳдуди журналистӣ сохт… Дарахти журналистика хеле нозук ва дар боғистони ҷомеа зуд хушк мешавад. Сӣ сол боз даҳҳо дарахти журналистика шинонда шуданд, сарсабз низ буданд, аммо шамоли буҳронҳо онро руфта бурд. Зеро на ҳар дарахти эҷодии журналистика чун “Шоҳнома” аст.

Биноҳои обод гарданд хароб,

Зи борону аз гармии офтоб.

Пай афгандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Иқтибоси ин шоҳқитъа ба он далолат мекунад, ки имрӯз биноҳои ободи “Фараж”, “Самак”, “Ману ту” ва “Маркази тадқиқоти журналистӣ” чун “Шоҳнома” дар муқобили туфонҳо бегазанд истодаанд.

Хидмати босазои Акбари Саттор, руҳаш шод бод, Умед Бобохон, Шариф Ҳамдампур дар он аст, ки онҳо зиёиёни баркамолро ба журналистикаи миллии муосир ҷалб карданд. Аммо Хуршед аз донишҷӯ, корафтода, журналист тайёр намуд. Хуршед равияи нави итилоотрасониро дар асоси пажуҳиш ва тафтиш, санҷиш ба роҳ монд. Ӯро “Шерлок Холмс”-и журналистикаи муосир гуфтан метавон. Ин усул замоне идораҳои қудратиро ба ҳамкории зич водор намуд. Тадқиқот ва журналистикаи изтирории Хуршед натиҷаҳои хеле хуб медод. Ончуноне дар Русия Олег Панфилов, Любимов, Александр Познер дар ИМА Конрад Метю, дар Гурҷистон Сандро ҳақиқатро бо омор рӯи об мебароварданд. Ӯ усули пажӯҳиши доманадор, корбарӣ бо омор, истифода аз қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ҷорӣ намуд.

Хуршед гардандароз аст…

Дарозии гардан дар баданшиносии инсон аз андешаи солими амиқ дарак медиҳад. Олимони Донишгоҳи Гарвард собит карданд, ки одамони гардандароз чуқур андеша ронда, сабур ҳастанд…

Хуршед гарданғафс аст…

Ғафсии гарданаш имкон намедиҳад, ки дар назди мушкилоти ночиз, одамони касиф сару гардан хам кунад. Банда борҳо шоҳид будам, ки неруҳои тавтиасозу иғвоангези дохилию хориҷӣ дар ивази сармоя, маблағу касрҳо имону виҷдонро ба фурӯш гузоштанд. Аммо барои Хуршед “бохти мол” фурӯши ватан, номусу нанг ва миллат бегона буд ва борҳо онро даронда партофт. Ҳанӯз соли 1992 банда танзе нашр кардам, ки нерӯҳои бо ном демократӣ ба хашм ба ман ҳамла оварданду пузишу бахшишҳо талаб карданд. Танз тахминан ба ҳамин муҳтаво буд…

“Бозор…

Аз ҳар гӯша садои гӯшхароши “Картошкаи Ҷиргатол” мерасад.

Пиёзи Уротеппа мефурӯшам!

Моҳии Қайроқумда биё!

Шимҳои ҷинси аълосифат мефурӯшам!!!!

Аз дур овози “Ба Дӯкони ҳафтум, марҳамат, бидуни Ватан ҳамаи молу ашёро мефурӯшам!!! Ба дукони 7, Олами ақл марҳамат! Ба ғайр аз Ватан ҳама чизро мефурӯшам!!!

Маро ин шиор, –  реклама ба ҳаяҷон овард. Хурсанд шудам. Хайрият як тан ватанпараст будааст. Ахиран як ватандӯст низ мондааст, ки Ватанро намефурӯшад, гуфта хурсандона, ба дуконаш давидам.

– Бародари азиз! Ман хеле шодам, ки Шумо ватандӯсти асил ватанро намефрӯшед!! Раҳмат!

– Бародари гиромӣ, ман барои он ватанро намефурӯшам, ки он дар амбори ман нест. Ватанро пеш аз ман кайҳо фурӯхтанд…

Воқеан дар дукони Хуршед Ватан барои фурӯш нест.

Вале Хуршед аз гардани ғафс, шах, шикан минатпазир аст. Зеро ин гардани бечора 50 сол боз ин каллаи инқилобии ноорому тӯлониро бардошта аст.

Ва хушбахтии Хуршед дар он аст, ки гардани ӯ чандирӣ буда, ношикан аст. Гардани дигаре бо ин ҳамлаҳои сисола кайҳо пора мешуд. Ҳамзамон, гардани Хуршед зин надорад. Ба он савор шудан номумкин аст…

Хуршед то ба ҳол инсонҳоро ба қишрҳо, табақаҳо, қавму қабилаҳо ҷудо накардааст ва намекунад. Аз ин рӯ ба вазир, сағиру шоҳу гадо бо як оҳанг, як забону як рӯ бархӯрд дорад. Барои ӯ танқид манбаи тиҷорат нест. Аз таъриф низ танҳо дар шакли маъмулии давр фоида мегирад. Ҳақиқатро аз тиҷорату сармоя ҷудо мекунад.

Чанд даҳсола қабл душманон ё худ “Десанти сиёҳ” -и иттилотии мухолифин барои паст задани обрӯ ва мақоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷи кишвар бригадаҳои таблиғотӣ созмон дода, зиёиён ва рӯшанфикроне, ки дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистонро таблиғ мекарданд, таънаборон намуданд. Аз ҷумла ба фарзанди содиқи миллат, яке аз ходимони маъруфи давлатӣ ва иштирокчии фаъоли барқароркунии Ҳукумати Конститутсионӣ Қосим Раҳбар ҳуҷумҳои иттилоотӣ равона гардид. Дар яке аз туҳматномаҳо навиштаанд, ки Қосим Раҳбар дар хонааш делфинхона сохта, аз мамлакати Араб дарахтони хурмо оварда, шинондааст. Ҳангомаю овозаи нахлҳои арабию делфинҳои Баҳри Сиёҳи хонаи Қосим Раҳбар Хуршедро низ бетараф нагузошт. Ба Хуҷанд рафт. Хонаи хоксоронаи Қосим Раҳбар дар ҳақиқат ду моҳича дар аквариум ва дарахти хурмои плостикии ороишӣ дошт. Хуршед бо як хабараш шамолу тӯфони иттилоотии самти Қосим Раҳбарро ба самти худ кашид. Воқеан Қосим Раҳбар барои мардуми вилояти Суғд боғоти нахлистони воқеӣ бунёд намуда, аз баҳри маърифат уқёнуси маънавии мо дурру ҷавоҳироти нодирро берун кашида буд. Девони Камоли Хуҷандӣ, Куллиёти Лоиқ Шералӣ, Осори Фарзона, Муҳиддин Хоҷазод, Суруш, Ҳасанбой Шариф, Отахон Сайфуллоев, “Донишномаи хуҷанд” нашр намуда, дар тӯли 11 соли сарварӣ 267 нафар зиёини вилоятро бо маблағ, хона ва замини назди ҳавлигӣ таъмин намуд.

Хуршед ба касе монанд нест. Фақат ба худаш камтар монанд аст…

Журналистикаи касбии муосир давраи гузаришро сипарӣ мекунад. Яке ба умқи буҳрон равон аст. Дигаре ба нестӣ меравад. Хеле кам бо шиканҷаю машаққат ботлоқи молиявиро тай мекунанд. Ва касеро дар ин сарсониҳои ноайёни беҳудуд айбдор кардан лозим нест. Зеро инсоният дар Сайёра имрӯз ба бӯҳрони ақлӣ дучор аст. Журналистикаи касбии дунё бо буҳрони ақлӣ ба ҷарии фалокат раҳсипор аст.

Ҳамаи инро ҳанӯз соли 2010 Хуршед эҳсос карда буд. Ба ин хотир ба ташкили журналистикаи бидуни ашё гузашт. Силсилаи расонаҳои электронии Хуршед журналистони руъёи “як каллаю сад хаёл” -ро ба нуктаи мутамарказ гирд овард. Журналистикаи фазоии музофотӣ қадаме ба пеш гузошт. Хуршед дар ин “ботлоқ” -и иттилоотӣ ба касе такя накард. Ба касе умед надошт. Ба касе тақлид низ надошт. Фақат камтар ба худаш тақлид намуда, дар яъстарин лаҳзаҳо табассум мекард.

Хуршед бо Хуршеди публитсист, Хуршеди Атовуллои адиб ва Хуршеди Атовуллои тоҷир низ ҳамкории зич дорад. Дар менеҷменти журналистикаи Хуршед андешаронии фарохи публитсистӣ, ғавғои қиссаҳои моҷарогароёна ва хариду фурӯши ҳалоли иттилоот мушоҳида мешавад. Дар 40 соли охир Сайёраи замин бренди нави “Ҳалол “ барои одамон ихтироъ намуд. Афсус ва бадбахтона дар Сайёраи Замин алҳол ғизои маънавие бо унвони овозадори “Ҳалол” истеҳсол намешавад. Ҳамзамон то миллион адад ғизои маънавӣ бо тамғаи ”Ҳаром” нашру пахш мешавад. Хуршед барои иттилооти ҳалол нерӯ ба харҷ медиҳад…

Аҳсан ба журналистони пешсафи журналистикаи муосири тоҷик Умед Бобохонов, Хуршед Атовулло, Шарифи Ҳамдампур, Асомидин Суннатӣ, Сайёфи Мизроб, Муним Олам, ки ҳам ба мардум иттилоъ мерасонанд ва ҳам рӯзгори басо вазнини журналистони касбиро кашола мекунанд.

Хуршед медонад, ки ҳунару касби рӯзноманигорӣ бозоргир нест. Қимати очерк ба як шишаи майи “Шоҳона баробар аст. Барои Хуршед аён аст, ки дар тамоми давр, дар ҳамаи кишварҳои демократию исломӣ, шоҳигари имперотурӣ ҳунарварию сухансозӣ бидуни маблағ имконнопазир аст. Нерӯи миллатдӯстӣ, ватанпарастӣ, башарпарварӣ дар журналистика захираи кофӣ нест. Барои қутти лоямут журналисти пешсаф салиқаашонро ба фурӯш мебароранд. Маҳз дар ин ҳолат аз журналисти касбии соҳибсалиқа ба террорист, хоин ва разил мубаддал мегардад.

Барои Хуршед журналистика “нашъа” аст. Ӯ ба ин ботлоқ даромада баромадан наметавонад, гарчанде садҳо имкони дигари зиндагии шоҳона барояш муҳайё буд ва ҳаст. Ва қабл аз нуқта гузоштан ба ин андешаҳо ёдрас мекунам, ки Хуршеди Атовулло ҷавонтарин устод дар журналистикаи муосир аст. Дар 50 сол 50 нафар қаламкашони мисли Холиқназари Ҷумъа, Акрами Санг, Дилшоди Абдумаҷид, Шамсуллои Фозил, Гулафшон Соқиева, Муҳайё Нозимоваро ба шоҳроҳи журналистикаи касбӣ гусел кардааст.

Худро хушбахт ҳис мекунам, ки замоне бо дастгирии Хуршеди Атовулло саҳифаи танзи “Партизан”ро иншо кардам. Ба ҳайси танзнавис бори дуюм тавассути “Миллат” ва “Фараж” зинда шудам.

Марҳабо ба G100 журналистикаи Тоҷик!!

Наҷмиддин Шоҳинбод.

Муаллифи лоиҳаи G100 журналистикаи Тоҷик

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь